Ба иҷрокунандаи вазифаи Сардабири рӯзномаи "Миллат" Фирдавси Рустам

Сиёсат 19.05.2012 11:09

nomai_u_1Раёсати Ҷамъияти Ӯзбекони Тоҷикистон ба саъми Шумо мерасонад, ки сӯҳбате, ки аз тарафи хабарнигори рӯзнома Ҷамолиддин Усмониён ба раиси Ҷамъияти Ӯзбекзабонони вилояти Хатлон С. Шамсиддинов ташкил карда шудааст, аз тарафи аъзоёни Раёсати Ҷамъияти Ӯзбекони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе воқеъ аст барассӣ карда шуд.

Далелҳое, nomai_U_3ки аз забони С. Шамсиддинов оварда шудааст, асоси воқеъӣ надорад.

Раёсати Ӯзбекони Тоҷикистон дар асоси Оинномаи худ, моддаи 3 қисми 3.1 дар бораи ҳар як аъзои ҷамъият борҳо таъкидҳоро оиди вайрон накардани Оиннома ва Низомномаи одоби Ҷамъиятро риоя карданро қайд намудааст. Аз ҳамин лиҳоз раиси Ҷамъияти Ӯзбекони вилояти Хатлон С. Шамсиддинов одоби (моддаи 7 - и "Кодекси одоби аъзоёни Раёсат") - ро пурра вайрон кардааст.

Ҳамаи аъзоёни Раёсати Ҷамъияти Ӯзбекони Тоҷикистон гуфтаҳои С. Шамсиддиновро тарафдорӣ намекунад ва норозигии худро ба рӯзнома пешкаш менамояд.

Раёсати Ҷамъияти Ӯзбекони Тоҷикистон одоби С. Шамсиддинов дар ҷаласаи худ баррасӣ намуда, ба он баҳои сиёсӣ медиҳад.

Барои роҳ додани хатогиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла аз номи вазири номаълум сухан рондан ва номи вазирро ногуфта аз ҳаво беасос факту рақамҳоро овардан ва бо ин фаъолияташ хонандагонро ба факту рақамҳои нодуруст бовар кардани шудааст, инчунин ба нафсонияти шахсҳои сиёсӣ ва сиёсиву - ҳуқуқӣ расидан аз ақли солим берун аст.

Дар ҳолати мазкур рӯзноманигори ватандӯст ва мардумпарвар аз факту рақамҳои беасос истифода намебарад ва ин ба этикаи журналистӣ рост намеояд.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки раддияи мазкурро дар рӯзномаатон чоп намоед.

nomai_u_2

 

 


Бо эҳтиром ва сипосгузорӣ

Раиси Ҷамъияти Ӯзбекони Тоҷикистон  М. Мирзоалиева


 

 Одоби инсониро риоя кунем?

Мӯҳтарам М. Мирзораҳимова, дар посух ба вокуниши Шумо ҳаминро гуфтаниам, ки сӯҳбат бо Салим Шамсиддинов на бо ибтикори Ҷамолиддини Усмониён, балки бо дархости раиси Ҷамъияти Ӯзбекони Хатлон, ки пайваста эрод мегирифт; «Мо ? % аҳолии кишварему минбари гуфтан надорем» доир гардида буд. Инак, минбари «Миллат» бароятон муҳайё шуд, ки сабабҳояшро поёнтар шарҳ медиҳем. Алъон ҳамин қадар мегӯем, ки масъулияти Шумо бо як ибрози норозигӣ ва муқобил буданатон ба ҳарфи ҳамсафи хеш маҳдуд нашуда, балки масъулияти бештарро ба ӯҳда доред. Бале имрӯз ҳама санги маломат бар сари рӯзноманигор аст, ки ба як гуфте, раиси ҷамъиятеро, ки 19 сол боз раёсати адлияи Хатлон ба расмият намешиносад, мо аз забони худаш раиси Ҷамъияти Ӯзбекони вилояти Хатлон ном гирифтаем. 19 сол як нафар худашро раиси ҷамъият муаррифӣ мекунаду касеро ғам набуд, акнун баъди сӯҳбати «Миллат» якбора ҳамаи ниҳодҳо бедор шуданд. Ин ҳам хуб аст. Он матлаб як ҳушдоруе буд, ки баъди «нӯш»-и он ба ёди нафаре омад, ки ҷамъияти Ӯзбекони Хатлон аз солҳои 1993-1994 инҷониб ягон ҳуҷҷати лозимаро ба расмият надаровардааст. Ба гуфти шумо бошад, Ҷ. Усмониён этикаи журналистиро риоя накардааст. Агар эроди нафари дигарро ҳам ёдрас кунам, яқин он ошно мегӯяд, ки мо этикаи инсониро риоя накардаем. Агар аз мӯҳтавои он сӯҳбат лоақал чаҳоряки гуфтаҳои С. Шамсиддинов пешкаши хонанда мешуд, чӣ? Шумо ҳам гуфтед, ки намояндаи хатлонии Ҷамъият бедалел сухан гуфта, ба иззати нафси шахсиятҳои сиёсӣ расидааст, ки ҳамаи ин аз ақли солим дур аст. Мо мунтазири ҳамон баҳои сиёсии Шумо мешавем, ки худ баҳои сиёсиест ба фаъолияти роҳбар ва Раёсати Ҷамъияти мазкур. Мутмаинем, ки дар фарҷоми ин баҳс Шумо, ки  гуфтед; «ин ба этикаи журналистӣ рост намеояд», иқрор хоҳед, шуд, ки он мусоҳибаи баҳсбарангез хоса ҳушдоруе буд, барои ҳамаи мо.

Мо аз номи шахси номаълуме сухан нагуфтем, ному суроғаи ин мусоҳиби мо маълум аст. Ҳар касе эрод дорад, хоҳ Шумо ва хоҳ мақомоти давлатӣ, марҳамат ба худи ин шахс муроҷиъат кунед. Оё мо ғалат кардем, ки исбот намудем, ки чунин шахсе, бо чунин андеша вуҷуд дорад?! Агар андешаи ӯ барои Шумо ва барои ниҳодҳое, ки писанд нест, марҳамат, ӯ даъво дорад, ки барои суханони худ посух хоҳад гуфт. Аз ҷумла номи ҳамон вазири «номаълумро» барои Шумо хоҳад гуфт. Вале гуноҳро ба сари журналист назанед, вазифаи мо ошкор кардани фикрҳо ва назарҳои афрод дар ҷомеъа аст. Мо вазифаи худамонро иҷро кардем. Шумо зудтар ба ин изҳороти ҳамсафатон баҳои, ба гуфтаи худатон сиёсӣ бидиҳед ва ниҳодҳои дигар ҳам вазифаи худашонро иҷро кунанд ва вақте ки мусоҳиби мо омодаи посухгӯӣ ба ҳамаи суолҳо аст, аз ӯ бипурсанд, ки беҳтар аст, на аз мо. Ҳар чӣ аз дасти мо меомад, кардем.

Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97