Ихтилофи Тоҷикистон ва Узбакистон барои Осиёи Марказӣ чи хатар дорад?

Сиёсат 28.04.2012 09:48

JanobМасъалаи равобити миёни Тоҷикистон ва Узбакистон на танҳо сиёсатмадорони варзидаи ВАУ - и Русия ва ИДМ - ро ба ташвиш овардааст, балки боиси нигаронии сармоягузорон низ гардидааст. Ҳамчунин дар апрели соли 2012 интиқоли дубораи гази Узбакистон ба Тоҷикистон аз сар гирифта шуд. Ин дар натиҷаи ба имзо расидани қарордоди байни "Тоҷиктрансгаз" ва "Узбактрансгаз" сурат гирифт. Бар асари қатъ шудани интиқоли газ аз ҷониби Узбакистон, дар Тоҷикистон як қатор корхонаҳои бузургии саноъатии кишвар, аз ҷумлаи корхонаи калонтарини истеҳсоли алюминий - "Талко" дар Осиёи Марказӣ аз кор боз монданд. Иллати асосии ин проблема дар чист? Ин воқеъаро низ мисли рӯйдодҳои пешин бояд пиндошт? Бад шудани муносибатҳои баъдии ин ду кишвар ба чӣ натиҷа хоҳад расид?

Мавзеъгириҳои ду тараф: Чи гуна ифода меёбанд?

Бо дар назар гирифтани зарурати посух ба ин суол, коршиносони анҷумани ҳамкорон аз муъомилагарон ва сармоягузорони Осиёи Миёна ва Маркази Академияи форекс ва биржаи тиҷории Masterforex-V вазъияти печидашудаи байни Тошканд ва Душанберо ташхис карданд.

Дар навбати аввал, аз он шуруъ хоҳем кард, ки потенсиали бозингарон носозгор мебошад. Дар Узбакистон дар ҳоли ҳозир тахминан 29,5 миллион нафар одам зиндагӣ мекунад, маҷмуъи нохолиси маҳсулоти дохилиаш  (ММД) 43,7 миллиард доллар, дар Тоҷикистон бошад 7.6 миллион нафар одам зиндагӣ мекунад ва маҷмуи нохолиси маҳсулоти дохилиашро (ММД) 5.5 миллиард доллари амрикоӣ ташкил медиҳад. Дар муносибатҳои ҳарбӣ ва сатҳи тамаркуз набояд инҳоро муқоиса намуд, дар асоси он ки Тошканд режими хукдкома, пойдор ва қувваҳои мусаллаҳ, ки аз ҷиҳати интизомӣ бартариятро доро мебошад.

Инчунин як қатор сабабҳо вуҷуд доранд, ки Узбакистон вазифадор аст, то сиёсати берунаи агрессивии хешро дар муносибат ба ҳамсояҳои худ гузаронад.

 - Узбакистон маркази сунатӣ ва анъанавии қудрат дар минтақа маҳсуб мешавад. Тошканд сар аз замони ба даст овардани истиқлол, худро ҳамчун лидери минтақа ба намоиш гузошт. Сиёсатҳои хориҷии ӯ аз ибтидо тамоюл ба сӯи Амрико доштанд ва маҳз ҳамин сиёсат кишварро иҷоза дод, то бо Русия рақобати муассир дошта бошад.

-Аз ҷиҳати таърихи фарҳангӣ. Тоҷикистон то соли 1929 ҷумҳурии автономӣ дар ҳайати ҶШС Узбакистон қарор дошт.

-Заъфи иқтисодӣ. Дар ҳоли ҳозир соми узбакӣ аз ҳама асъори беқурб дар минтақа мебошад. Ба замми ин, рақобатнопазирии мутлақи маҳсулот, як зумра сиёсатҳои бесамари иқтисодӣ ба заъфи иқтисодии бештар оварда расониданд. Барои мисол мумкин аст гуфтан, ки андоз барои воридот 120% - ро ташкил медиҳад.

- Тарс аз нооромихои иҷтимоъии дохилӣ.

Тоҷикистон дар ин вазъият талош мекунад;

-ба ҳар роҳ ҷалб намудани ҳимояи байналмиллалӣ;

-гузаронидани як қатор реформаҳо, барои ворид намудани мабаъҳои энержӣ;

-тавсеъа бахшидани зарфиятҳои энергии худӣ;

-ҳамкорӣ намудан бо мамолики собиқ шуравӣ дар соҳаи сохтани корхонаҳои истеҳсолӣ.

Ба ин тартиб, агарчи Душанбе наметавонад ошкоро дар муқобили Тошканд истодагарӣ кунад, вале манёврҳои дипломатии он, ҳамроҳ бо исрор дар ҳалли проблемаҳои муҳимми зиндагӣ, меваҳои худро ба бор хоҳанд овард.

Оё муноқишаҳои имрӯзӣ дар системаи муносибатҳои Душанбею Тошканд дахл доранд?

Бидуни шак, бале. Ин проблемаҳо давоми сиёсати мантиқии фишори мустақим ба Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Мухолифати ошкоро ҳанӯз дар соли 2000 - ум баъди бархӯрдҳои низомӣ шуруъ шуда буданд. Марҳалаи дувуми мухолифатҳо дар ноябри соли 2009, он замон ки Тошканд бо баҳонаҳои мухталиф ба боз доштани таҳвили молу коло ба минтақаи ҷанубии ҳамсоя ба воситаи роҳи оҳан оғоз намуд дар ҷавоб ба мустақилона сохтани сохтмони НБО - и Роғун. Ба таври куллӣ, мухолифатҳо дар якчанд арсаҳои мушаххас мегузаранд;

- блокадаи роҳи оҳан. Боз доштани ҳайати роҳи оҳан бо ҳар баҳона, сар карда аз ҷавобгӯ будан ба стандартҳо ва бо поён додан бо баҳонаи терактҳо (17 ноябр дар ҳудуди Тоҷикистон дар роҳи оҳан таркиш ба вуқуъ пайваст).

- мубориза бар зидди сохтмони НБО дар рӯдхонаи Вахш. Узбакистон мехост як қисми саҳмияҳои контролии ин ниругоҳро соҳиб шавад, вале дар сурати ҷавоб радд гирифтан аз Душанбе, ба хатари экологӣ доштани ниругоҳҳо исрор намуд.

- мухолифатҳои ҳарбӣ. Воқеъаи ноябрӣ, ки бар асари он як сарҳадчии узбак ба ҳалокат расид. Ин баҳонаи хубе барои ба сарҳад кашонидани як чанд қушун, аз ҷумла нируҳои зиреҳпӯши тонкӣ шуданд ва баъдтар тарафи Узбакистон гузаргоҳҳои 9 ва 16 - ро баст. Дар ҷавоб ба ин ҷониби Тоҷикистон назорати ин минтақаро аз сар гирифт.

- қатъ намудани интиқоли газ. Ин амал ба таври амалӣ ҳар семоҳа ба вуқуъ мепайваст, ба гуфти Узбакистон бештари гази таъбиӣ барои содирот ба Чин дода мешавад ва ба ин хотир фақат Тоҷикистонро метавон бо гази боқимонда таъмин намуд. Бештар аз 95% газ аз ҷониби Узбакистон интиқол дода мешавад, ё ба воситаи қаламрави он мегузаранд.

Бинобар ин, сабаби мухолифат ва даргириҳо як реша дорад, аммо усулҳои густариши он вобаста аз вазъият мухталиф мебошанд.

Оё  ин бархурд метавонад оғози як ҷанги калон шавад?

Сиёсати бадхашмонаи хориҷӣ, ки дар қиболи ҳамсоякишвар таҳрими иқтисодиро дар пай доштааст, эътибори байналмиллалиро пойин ва гуфтушуниди ниҳоиро оид ба таъсиси пойгоҳи ҳарбии Амрико аз байн бурд…

Ба ин тартиб, агарчанд ҳамеша имкони як бархурди гарм вуҷуд дорад, аммо коршиносон бо таваҷӯҳ ба эҳтимоли зиёди ҳамроҳ шудани Русия ба ин бозӣ ва ҳамчунин ба назардошти аҳамияте, ки Амрико ба авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ қоил аст, имкони даргирии низомӣ дар соли оянда баробари 0,5-1: аст.

Тарҷумаи Ҷамшеди Қувват

Манбаъ: http://www.profi-forex.org/news/entry1008116246.html

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97