Ҳушдори Путин, вазиши "Шамолаки -№69" дар Хатлон

Сиёсат 23.01.2012 09:03

SarvazirrrrОқил Оқилов ва Ғайбулло Авзалов мансабдорони Хатлонро аз ғалбер гузарониданд. Ба ҷузъ раиси ноҳияи Ҷомӣ Умедхоҷа Зоиров, ки ба Ҷиргатол мерафт, дигар ҳама аз ғалбер гузаштанд. Аммо дар пеш имтиҳони охирин мондааст, ки санаи рӯзи 18-уми январ доир мегардад.

Ҷаласа бештар ҳисоботӣ буд

Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилояти Хатлон дар рӯзу соатҳое рост омад, ки ба қавле "Шамоли-№69" гирди сари баъзе роҳбарони шаҳру навоҳии Хатлон, ки аз фардои раисии худ шубҳа доштанд, ҳуштак мекашид. Дар солҳои гузашта сарвазири кишвар Оқил Оқилов ҷаласаи ҷамъбастии як соли вилоятро тарзе баргузор мекард, баъзе раисони шаҳру навоҳӣ омад-омади аз вазифа рафтанашонро дарк мекарданд. Аммо дар ҷаласаи имсола ягон ишорае сӯи раисони ноуҳдабаро садо надод. Ҳарчанд аз ворид шудани як гуруҳ вазирони сохтору соҳаҳои гуногун, ки бо сумкаҳои "CHORON"-у "ПОРОН" вориди маҷлисгоҳи ҳукумати вилояти Хатлон шуданд, гумон мерафт, иддае аз мансабдорон пеш аз сабукдӯш шудан аз вазифаҳо дар ҳузури дигарон бо далелҳои ҷиддӣ муҳокима мешаванд. То минбаъд ибрати дигарон шавад.

Дар 38 корхонаи саноатӣ чанд ҷойи кор барҳам хурд?

Ғайбулло Авзалов, раиси Хатлон ҷаласаро ифтитоҳ карда нахуст маълумот дод, ки дар соли 2011 ҳаҷми умумии маҳсулот дар вилоят ба 8 миллиарду 51 миллион сомонӣ ё худ баробари 108% нақшаи пешбинишуда баробар шудааст. Аз ин миқдор 3 миллиарду 119 миллион сомонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мебошад. Ба гуфтаи раиси Хатлон соли гузашта дар вилоят 42 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намуда, 1600 нафар шаҳрванд ба ҷойи кор таъмин шуданд. Аммо аз 282 адад корхонаҳои саноатӣ 38 адади онҳо тамоман фаъолият накардаанд.

Беҳ аз санои олам деҳқон аст?

То 1-уми январи соли 2012 дар вилоят дар заминаи 300 ҳазор гектар замини кишоварзӣ  35 ҳазору 700 адад хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ таъсис ёфтаанд. Таҷдиди хоҷагиҳои калон ба хоҷагиҳои хурд имкон дод, ки аз ҳудуди вилоят 39 ҳазор тона маҳсулоти кишоварзӣ аз кишвар содир карда шавад. Имсол пахтакорони Хатлон аз уҳдаи нақшаи пахтасупорӣ баромаданд. Масъулин мегӯянд, ки роҳи асосии пешрафти сатҳи зиндагии мардум ин дар заминаи хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ рушду инкишоф додани соҳаи паррандапарварию чорподорӣ мебошад. Зеро бо ин ҳама захираю имкониятҳое, ки дорем, набояд бозорҳои дохилиро бо маҳсулоти гуштию ширии воридотӣ пур кунем. Сабаби коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти гуштию шириро сарвазир Оқил Оқилов чунин шарҳ дод: "Дар вилояти Хатлон зоти хуби чорво намондааст. Зеро қисме аз хоҷагиҳои зотпарварӣ аз фаъолият бозмонда, қисми зиёди ингуна хоҷагиҳо дар ҳолати ногувори молӣ қарор доранд. Имрӯз ба истиснои 4 адад хоҷагиҳои чорводории вилоят боқӣ зоти хуби чорвои калонро парвариш карда наметавонанд. Ин аст, ки дар як соли охир дар вилоят саршумори чорвои калони шохдор 179 сар кам шуд".
Оқил Оқилов мегӯяд, ки дар Хатлон вазъи обёри заминҳои корам низ боиси нигаронӣ аст. Дар як соли 2011 ба дастгирии Вазорати мелориатсияи ва оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати беш аз 4,5 ҳазор гектар заминҳои дар ҳолати бад қарор дошта, беҳтар карда шуд. Аммо аз дигар тараф бинобар истифодаи нодурусти оби полезӣ, кор накардани насосҳои обкаш, сари вақт тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо заминҳои хуби кишоварзӣ вайрон дар ҳоли вайрон шудан ҳастанд. Сарвазир афзуд, ки дар соли 2011 ҳудуди 11,1 ҳазор гектар аз ҷумла 6,9 ҳазор гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ  берун мондаанд.

Маориф

Гарчанде дар як соли охир донишомӯзони вилояти Хатлон дар озмуну олимпиадаҳо 177 ҷойи ифтихориро соҳиб шуда, 55 медали тилло, 52 медали нуқра ва 70 медали биринҷӣ ба даст  овардаанд, аммо мушкилу камбидуҳо дар ин соҳа зиёд аст. Соли гузашта дар вилоят 453 нафар мактаббача аз мактаб дар канор мондаанд, ки аз ин теъдод 320 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Аз мактаб дар канор мондани духтарон аз ҳама бештар дар навоҳии Хуросону Ҷомӣ, Қумсангиру Панҷ мушоҳида мешавад. Масоили дигари соҳаи маориф ин аст, ки навобаста ба норасоии омӯзгорон, дар нимсолаи дуввуми соли гузашта 496 омӯзгор мактабро тарк намудаанд. Сарвазир иброз дошт, ки як сабаби коҳиш ёфтани давомоти хонандагон ин аст, ки алоқаи мактаб бо волидон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи маданӣ коҳиш ёфтааст. Воқеан, суоле, ки чанд сол боз халқ шуда буд, акнун дар сатҳи ҳукуматдорон низ матраҳ шуд. Сарвазир гуфт; "Дар таътили тӯлонии  зимистона беш аз 640 ҳазор хонанда, 32 ҳазор омӯзгорони вилоят ва 23 ҳазор донишҷуён ба чӣ кор машғул шаванд?"
Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки соли гузашта дар қаламрави вилоят 2111 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ҳарчанд нисбати соли 2010 теъдоди ҷиноятҳо коҳиш ёфтаанд, аммо дар Хатлон ҷиноятҳои вазнин рӯ ба афзоиш доранд. Сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон низ нисбати як соли пешин 9 ҳолат зиёд, яъне 83 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Раис Афзалов изҳор дошт, ки то кунун 61 нафар фарзандони Хатлонзамин дар мадрасаҳои динии хориҷи кишвар боқӣ мондаанд. Дар баъзе ноҳияҳо мисли Ёвону Абдураҳмони Ҷомӣ, то ҳол фаъолияти масҷидҳо ба тартиб дароварда нашудааст. Раис эрод гирифт, ки ҳарчанд дар соли гузашта барои назорат соҳаи маънавиёти ҷомеа дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 154 штати нави корӣ- муовини маънавиёт таъсис дода шуд, аммо фаъолияти мақомоти маҳаллӣ дар самти мазкур ба талаботи рӯз ҷавобгӯй нест. Дар ҷаласа раисони баъзе навоҳии Хатлон, ки дар баъзе самтҳои фаъолият камбудӣ доштанд, мавриди пурсиш қарор гирифтанд.

Қубодиён-ноҳияи қарздор

Раиси ин ноҳия Абдулмуъмин Улфатов сабаби иҷро нашудани нақшаи пахтасупориро аз коҳиш додани майдонҳои кишти пахта арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбати нақшаи пешбинишуда камтар пунбадона кишта буданд, аммо ҳосилнокии пахта дар сатҳи ноҳия ба 22 сентнерӣ расид, ки ин нишондиҳандаи хуб аст. Аммо сарвазир Оқил Оқилов аз афзоиши бақияпулиҳои ҳаққи истифодаи нируи барқ ва об дар ноҳияи Қубодиён изҳори нигаронӣ кард. Дар ин ноҳия қарз аз истифодаи об 2,1 миллион ва қарзи истифодаи нируи барқ ба 8,1 миллион сомонӣ баробар шудааст.

"Сангтуда-1" ва ҳушдори Путин

Hushdori_PutinРостӣ, бори аввал шоҳиди бо ин ваҷҳ сахт "сиёсат" кардани сарвазир шудам, ки аз афзоиши қарзи истифодаи барқ нороҳат буд. Сарвазир масъулинро ҳушдор дод: "Дар замони кунунӣ фаъолияти раисони шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз сатҳи ҷамъоварии ҳаққи хизматрасонии нируи барқ баҳогузорӣ мешавад. Зеро қарзи истифодабарандагони нируи барқ зарба ба иқтисоди кишвар мезанад". Ба гуфтаи Оқил Оқилов, имрӯз Тоҷикистон аз ҳисоби истифодаи нируи барқи НБО-"Сангтуда-1" аз кишвари Русия 30 миллион доллар қарздор мебошад. Ҳатто дар як суҳбат В.Путин сарвазири Русия ҳам ба ӯ арз кардааст, ки пардохтпазир набудани нируи барқ дар Тоҷикистон эътимоди сармоягузоронро барои бунёди ниругоҳҳои барқӣ дар ин кишвар  коҳиш медодааст.

Қадимтарин шаҳр боғи фарҳангӣ надорад

Ғайбулло Авзалов, раиси вилоят аз мавҷуд набудани боғи фарҳангӣ дар маркази ноҳияи Қубодиён чунин эрод гирифт: "Боиси таассуф аст, ки дар маркази як ноҳияи қадимаи вилоят барои ҷавонон шароити истироҳатӣ-фарҳангӣ муҳайё нест. Пас даҳҳо ҳазор ҷавонони ин ноҳия дар вақти фориғ аз кор ба куҷо раванд?".  Раиси Қубодиён дар посух ба ин суол иброз дошт, ки мо барои ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди боғи фарҳангӣ ба Кумитаи заминсозии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб пешниҳод кардаем. Ҳар вақте ба мо иҷоза диҳанд, мо бунёди боғи фарҳангиро ба роҳ мемонем. Аммо раиси Кумитаи заминсозии кишвар эрод гирифт, ки бо навиштани  як мактуб барои боғи фарҳангӣ қитъаи замин ҷудо карда намешавад. Ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳамроҳи мактуб бояд лоиҳаи иншооти дар назардоштаро омода намуда, бо дигар ҳуҷҷатҳои лозима ба Кумитаи заминсозӣ пешниҳод намоянд.

Ҷилликӯл

Зимни пурсишу посухҳо Ғайбулло Авзалов иброз дошт, ки мушкилу камбудиҳои фарҳангии Қубодиён дар ноҳияи Ҷилликӯл низ вуҷуд дорад. марказҳои фарҳангӣ музею китобхонаҳои ин ноҳия бояд дар сатҳи хубтар барои мардум хидмат расонанд. Коҳиш ёфтани сатҳи маънавиёти ҷомеа ба рушди иқтисодӣ - иҷтимоии аҳолӣ бе таъсир намондааст. Ба гуфтаи Ғайбулло Авзалов дар чанд соли охир сатҳи пасти дохилшавии хонандагони макотиби ноҳияи Ҷилликӯл ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷ далели ин гуфтаҳо мебошад.

Сарвазир аз "индикатор"-и мардумӣ мисол овард

Сарвазир Оқил Оқилов, вазъи сиёсии ҷаҳонро мисол оварда, таъкид дошт, ки мардум ба фаъолияти ҳукуматдорон аз рӯи сифати таълим дар мактабҳо, вазъи муассисаҳои томактабӣ, сифати хидматрасонии тиббӣ ва дигар меъёрҳо баҳо медиҳанд. Оқил Оқилов ба раисони ноҳияҳои Хатлон таъкид намуд, ки ба масоили иҷтимоии мардум диққати бештар диҳанд. Раисони шаҳру навоҳии Хатлон бояд ҳалли мушкилиҳо ва расидагӣ ба масоили ҳалталаби ҷомеаро вазифаи аввалиндараҷаи хеш ҳисобанд.

Панҷ

Соли 2011барои Абдуҷон Таввакалов, раиси ноҳияи Панҷ соли имтиҳони вазнин будааст. Ӯ аз микрофони №2 -и толор суханронӣ карду гуфт; "новобаста аз он ки дар соли гузашта сатҳи об дар ҳавзаи Омӯ паст шуда, ба норасоии об мувоҷеҳ шуданд,  аммо нишондиҳандаҳо дар соҳаи кишоварзӣ бад набуд. Мо бо дастгирии мақомотҳои болоии вилоят ва ҷумҳурӣ пеши маҷрои обро сад гузошта, сатҳи оби Панҷобро бардоштем".
Оқил Оқилов таъкид дошт, ки дар соли пешомад низ захираи обу барф дар ин ҳавза камтар шуда, эҳтимол аст мушкили норасоии оби полезӣ дар водиҳои мавзеи Омударё мушоҳида шавад. Дар баробари ин бояд ноҳияи Панҷ аз дотатсияи давлатӣ бароварда шавад. Барои худкифоягӣ дар ин ноҳия захираву имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад, - мегӯяд сарвазир.  

Балҷувон  

Дар ноҳияи куҳистони Балҷувон яке аз масъалаҳои ҳалталаб ин ҷалби духтарон ба мактаб ба ҳисоб мерафтааст. Ф. Аминов, раиси ноҳияи мазкур сабаби аз мактаб дар канор мондани духтаронро дар масоҳати аз деҳот дур воқеъ будани мактабҳо медонад. "Азбаски бештари мактабҳои ноҳия аз деҳоти аҳолинишин дар масофаи аз 5 то 12 километр дур аст, духтарон аз таҳсил дар мактаб канораҷӯйӣ мекунанд". Аммо масъулини мақомоти болоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, ки мушкили иҷтимоӣ дар чунин ноҳияҳои дурдасти куҳистон бо мурури замон ҳалли худро меёбанд. Ҳукумат таъмири роҳи мошингарди Балҷувон - Сари Хосорро ба нақша гирифтааст. Дер ё зуд роҳи мошингарди замонавӣ ин ду минтақаи аз ҳар ҷиҳат муҳими куҳистони Тоҷикистонро ба ҳам пайваст мекунад. Сарвазир дар масъалаи ҳалли мушкилоти навоҳии куҳистон андешаҳои худро баён намуда, бо боварӣ гуфт, ки минтақаҳои куҳии вилояти Хатлон ба хусус ноҳияи Шӯрообод ояндаи калон дорад.

Чаҳор навоҳии Хатлон аз "шири сина" ҷудо мешаванд

Kadri_muarrifishudaДар ҷаласа зикр гардид, ки агарчанде дар соли 2011 нақшаи андоз дар Хатлон 46 миллион сомонӣ зиёдтар иҷро шудааст, аммо нақшаи андози Фонди ҳифзи иҷтимоӣ иҷро нашудааст. Ҳарчанд сол то сол бақияпулиҳо дар ҳоли кам шудан аст, аммо дар самти андозҷамъкунӣ дар Хатлон масъалаҳои ҳалталаб зиёданд. Дар вилоят шаҳру навоҳие мисли Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Норак ва Данғара на танҳо худмаблағгузоранд, балки як қисми даромадҳои андозашонро ба буҷетҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ворид мекунанд. Сарвазир қайд намуд, ки бояд дар оянда баъзе аз ноҳияҳои пешрафтаи вилоят мисли Бохтару Вахш, Ҷ. Румӣ ва ноҳияи А. Ҷомӣ низ аз "дотатсия"-и давлат бароварда шаванд.  Барои амалӣ намудани ин иқдом таъсиси корхонаҳои калон дар ин ноҳияҳо дар назар дошта шудааст.

Шиорҳои гӯшаи деҳқон дар "гармои офтоб" сӯхтанд?

Гуфта шуд, ки яке аз сабабҳои баланд рафтани нарху навои бозор ин аз байн рафтани гӯшаҳои деҳқон мебошад, ки соле пеш фаъол шуда буданд. Аммо имрӯз дар бозорҳои мо то ба растаи бозор баровардан, маҳсулоти кишоварзӣ аз се даст мегузарад. Оқил Оқилов таъкид намуд, ки бозор оинаи сатҳи зиндагии ҷомеа аст. Агар ҳамин тавр рафтан гирад, нарху наво баланд шудан мегирад. Сарвазир як мисол овард, ки соли гузашта барои таҷрибаомӯзӣ аз Прибалтика якчанд масъулони соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагиҳои обу дигар намояндагони Тоҷикистон ба кишварҳои назди Балтика сафар карда буданд. Дар он давлатҳо нархи 1 куб об 1 евро меистад. Дар кишвари мо бошад тамоми шароитҳо мавҷуд аст, аммо мо аз ин ҳама захираву имкониятҳо дуруст истифода бурда наметавонем. Ӯ афзуд, ки дар мо гуноҳ аст, вақте бо ин ҳама шароиту имкониятҳо наметавонем заминҳои худро мақсаднок истифода барем.

Ҷамъбаст ё "репетитсия"-и гӯшмолак

Ҳамин тавр ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2011 як кам орому бе рӯбучини кадрӣ ҷамъбаст шуд. Аммо дар пеш ҷаласаи ҷамъбастии сол асту агар ягон нафаре аз раисони шаҳру навоҳии Хатлон аз вазифа раванд ҳам, ба фаромӯшӣ намераванд. Яъне тағйироти кадрӣ дар сатҳи шаҳру навоҳӣ як ҷойивазкунии маъмулиро хоҳад монд. Зеро муҳокимаи масъулини шаҳру навоҳии Хатлон аз ҷониби раиси Хатлон ва сарвазир як кам насиҳат ва силаро мемонд. Ва ба ҷузъ Умедхоҷа Зоиров, раиси ноҳияи Ҷомӣ, ки вақти баргузории ҷаласа "роҳ сӯи Ҷиргатол мегирифт" дигар ҳама аз ғалбери Оқилову Афзалов гузаштанд. Дар пеш имтиҳони охирин санаи 18-уми январ мондааст. Шояд ҷаласаҳои сатҳи вилоятӣ силае пеш аз силӣ бошад. Ё баръакс?

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

+ -ҳои Хатлон дар соли 2011

Соли 2011 дар вилояти Хатлон 42 адад корхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ карда, 1600 нафарро ба ҷойи кор таъмин намудаанд.
Дар соли 2011 нақшаи андоз дар Хатлон 46 миллион сомонӣ зиёдтар иҷро шуд
Дар як соли охир дар қаламрави вилояти Хатлон беш аз 44 ҳазор ҷойҳои нави кор таъсис дода шудааст.
Теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 35 700 адад расида содироти маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо ба хориҷи кишвар 39 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Донишомӯзони вилояти Хатлон дар озмуну олимпиадаҳо 177 ҷойи ифтихориро соҳиб шуда, 55 медали тилло, 52 медали нуқра ва 70 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Дар як соли охир дар Хатлон 49 адад мактабҳои нав, 19 муассисаҳои тандурустӣ ва 8 адад биноҳои фарҳангӣ ба истифода дода шудаанд.
Соли гузашта 38 адад корхонаҳои саноатии Хатлон фаъолият накардаанд.
Масъалаи доғи вилоят ин афзоиши қарз аз музди меҳнат аст. ьДар соҳаҳои истеҳсолӣ қарздорӣ аз музди меҳнат ба 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ расидааст. Аз ин ҳисоб 70% маблағи қарзи вилоят бо корхонаи "Тоҷикхимпром" тааллуқ дорад.


Заъфиятҳои Хатлон дар соли 2011

Нақшаи Фонди ҳифзи иҷтимоӣ иҷро нашуд.

Ҳудуди 11,1 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.
Саршумори чорпои калони шохдор 179 сар коҳиш ёфтааст. Аз тамоми хоҷагиҳои зотпарварии давлатӣ ҳамагӣ дар чаҳор хоҷагӣ зоти хуби чорпо боқӣ мондаасту халос.
Қарзи об 115 миллион 600 ҳазор сомонӣ мерасад.
Соли 2011 11,1 ҳазор гектар аз ҷумла 6,9 ҳ га замини корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.  1миллион 622 ҳазор замини корами обист.
Соли гузашта дар вилоят 453 нафар мактаббачагон аз мактаб дар канор мондаанд, ки аз ин теъдод 320 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар нимсолаи дуввум 496 нафар омӯзгорон мактабро тарк кардаанд.
Соли 2011 4 855 нафар сокинони Хатлон аз ҳайвоноти ваҳшӣ зарар дидаанд. Беназоратӣ ҳайвоноти ваҳшӣ бештар дар маркази Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии Панҷу Қубодиён, Қумсангиру Ёвон ба назар мерасад.
Дар вилоят тӯли як соли охир 2111 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ҳарчанд нисбати соли 2010 дар вилоят теъдоди ҷиноятҳо коҳиш ёфтааст, аммо ҷиноятҳои вазнин рӯ ба афзоиш доранд. Сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон низ нисбати як соли пешин 9 ҳолат зиёд яъне 83 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97