Дигар вазир нашав, Раҳмонов!

Сиёсат 16.01.2012 09:21

Rektor_va_VazirДақиқ дар хотир надорам кадоме аз вазирони ҳукумати Тоҷикистон буд, ки ҳангоме суолаш карданд: "Чаро бо вуҷуди ин ҳама мушкилоти соҳа ва ноуҳдабароии Шумо дар ин симат аз мақоматон истеъфо намедиҳед?", посух дода буд: "Истеъфову истодани ман дар ихтиёри Ҷаноби олӣ аст". Ҳоло намехоҳам ин посухро ба пойи Абдуҷаббор Раҳмонов, СОБИҚ Вазири маориф овезам, аммо ӯ ҳам монанди муаллифи ин посух, бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти соҳаи маориф ва ғолибан ноуҳдабароии худ, то лаҳзаҳои охир мунтазири сабукдуш шуданаш нишаст. Саранҷом бо як фармони Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз вазифа барканор шуд ва "маорифи кишварро бо ҳама хадамоти кардаи Раҳмонов аз ӯ раҳо карданд". Муҳим нест, ки ба ӯ боз вазифаи дигар доданд, аммо ин муҳим аст, ки Абдуҷаббор Раҳмонов дигар вазир нест!

Ҷумлае, ки ба истилоҳи Забони адабии муосири тоҷик дар дохили нохунак омадааст, баргирифта аз шумораи қаблии ҳафтанома аст. Вале арзанда аст, ки "хадамоти Раҳмонов"-ро боз дар нохунак бигирем. Ин ибора ба ҷуз маънои мустақим боз маънии маҷозӣ ҳам дорад.
Аз "хадамоти Раҳмонов" танҳо муқобилати шадиди ӯ алайҳи "халату" калушпӯшии муаллимаҳои деҳот, ҳиҷобпӯшии духтарони мактабу донишгоҳ, телефони мобилӣ доштану мошинсаворӣ кардани донишҷӯёну муҳассилини мактабҳо дар хотирҳо нақши ногусастанӣ гузоштааст. Даврони донишҷӯии ман, ки комилан ба давраи вазирии ҷаноби Раҳмонов иттифоқ афтода буд, ҳоло як-як мисли навори филм аз пеши назарам мегузарад. Кам монда буд, ки ба хотири саркашӣ аз набастани "галстук" аз донишгоҳ хориҷам кунанд. Як-ду нафар ҳамдарсҳои ҳиҷобпушамон қариб ҳар ҳафта ба садорат таклиф мешуданд ва огоҳӣ мегирифтанд, ки дигар ҳиҷоб напӯшанд. Масъалаҳои ҷузъии дигар, мисли шими ҷинсу ришу "красовки" буду набуд ҳамеша бар сарамон гардон буд. Вале муҳимтарин масъалае, ки дар маҷмӯъ таваҷҷуҳ намешуд, сатҳи дониши муҳассилин буд.
Ҳамин ҳоло ба ҳангоми навиштани ин сатрҳо як саҳнаи дигар аз даврони вазирии ҷаноби Раҳмонов пеши назарам меояд. Зимни як ҷаласаи ҳукумат вай аз Раиси ҷумҳур ба хотири бесавод будани донишҷӯёну муҳассилини мактабҳо шадидан интиқод шуд. Баъд аз ин ҷаласа ҷаноби Раҳмонов дасту остин бар заду як-як аз муассисаҳои таълимӣ хабар гирифт. Ва иттифоқан ба ҳангоми дарси адабиёти мо дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вориди синфхона шуд, ки яке аз ҳамкорони муҳтарами собиқи ҷаноби вазир таълим медод. Бо аввалин қадам ба дохили синфхона чашмаш ба як нафар донишҷӯи бе "галстук" афтод. Ана баҳонаву мана баҳона! Муаллими бечора аз вазир ба хотири роҳ додани ин донишҷӯ ба дарс он қадр дашном шунид, ки то чанд гоҳи дигар дар чеҳрааш эҳсоси хиҷолат ҳувайдо буд. Ин саҳна аз ҷониби Шабакаи аввали ТВТ наворбардорӣ шуда буд, вале пахш нагардид. Агар пахш мешуд, мақоми беҳтарин комедияи ТВТ-ро дарёфт мекард.
Хулас, ӯ рафту ин баҳсҳо боқӣ монданд.      
Бовар надорам, ки бо таъин шудани Нуриддин Саидов, собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва яке аз зердастони Абдуҷаббор Раҳмонов самти фаъолияти Вазорати маориф тағйир хурад. Зеро камо беш 3 соли комил Саидов зери дасти Раҳмонов кор кардааст. Аз рӯзҳои нахусти ректориаш талош мекард собит созад, ки дар пайи амалисозии ормонҳои Раҳмонов аст. Давру бари Шаҳраки донишҷӯён маъруф ба "Ҷазираро" панҷарапеч карду дарбон гузошт, то аз вуруди мошинҳои донишҷӯён ба шаҳрак ҷилавгирӣ кунад. Бисёр маврид дами дари факултаҳоро шахсан худаш мегирифт, ки духтарони ҳиҷобпӯш ва писарҳои бе "галстук"-ро танбеҳ диҳад. Ба якборагӣ 10 ошхонаи Шаҳраки донишҷӯёнро баст ва як ошхонаи мутаносибан бузургтареро фаъол кард. Бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки ошхона мутаалиқ ба Нуриддин Саидов аст, вале расман ин овоза аз ҷониби худаш таъйид ва ё такзиб нашуда буд. Ҷаноби Саидов дар Донишгоҳи миллӣ ободиҳои дигареро ҳам анҷом додааст, аз ҷумлаи рангу бори биноҳову сабзонидани ниҳолҳо. Аммо дареғ, ки аз "ниҳолҳои боровари" Донишгоҳи миллӣ дар ин солҳои ахир дарак нест.
Бо ин вуҷуд, ягона ва беҳтарин самти фаъолияти Абдуҷаббор Раҳмоновро дар солҳои вазирӣ мунтаққидон дар он медонад, ки боре ҳам бо рӯзномаву рӯзноманигорон даст ба гиребон нашуд. Рушан аст, ки интиқоду баррасии соҳаи маориф дар замони вазири нав ҳам идома хоҳад ёфт. Зеро ин бахш ҳамчунон ислоҳи ҷиддӣ мехоҳад. Вале масъалаи норушан ин аст, ки Нуриддин Саидов корро аз ба додгоҳкашии рӯзноманигорон оғоз мекунад ва ё даст ба ислоҳи камбудиҳои собиқ вазир ва низоми маориф мезанад?!

Ёқуби Саид 

PS: Ҳар омаданро рафтан ҳаст. Раҳмонов рафт, вазири нав ҳам замоне меравад. Вале аз лаҳзаи вориди вазорат шудан, бояд фикри бо сари баланд хориҷ шудан аз ин биноро низ дошт. Бархе аз устодони ДМТ гуфтанд, ки рӯзи 10 январ, рӯзи аз вазирӣ барканор шудани Раҳмонов, дар факултаи филология рӯзи пойкубӣ, қадаҳҷанг ва таҷлил аз, ҳоло намегӯем барканорӣ, балки бозгашти Абдуҷаббор Раҳмонов буд. Вақте Раҳмонов вазир шуд, пеш аз ҳама устодонаш аз ӯ норозӣ шуданд. Зеро ӯ бо пушт гузоштани эҳтиром ба Худоӣ Шариф, Соҳиб Табаров, Раҳими Мусулмониён, Худоназар Асозода ва дигарон, ки ҳанӯз вақти донишҷӯийи Раҳмонов, доктору профессор буданд, фурсати "академику членкор" шуданро аз онҳо гирифт ва ба худаш ин унвонҳоро ихтисос дод.
Умедворем, вазири нави маориф академикшав набошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97