Имсол соли Бозор Собир, Алии Бедакӣ ва Қосим Қосимов буд

Сиёсат 06.01.2012 10:35

Бозор Собир мурдан рафту Алии Бедакӣ кушта шуд

Soli_Bozor_Sobir_va_Alii_BedakiСоле, ки инак бо гузашти чанд рӯзе пушти сар мешавад бо чанд ҳаводиси муҳими дохилӣ дар ёдҳо хоҳад монд. Ибтидои соли равон, аниқтараш 5 январи соли 2011 дар охирин сӯҳбати хеш бо "Миллат" шоири саршиноси 18 сол боз сар ба ғурбат задаи тоҷик устод Бозор Собир, ки беш аз 5 моҳ дар ватан қарор дошт, барои ҳамеша Тоҷикистонро тарк кард, гуфт, ки меравам то дар Амрико бимирам. Ҳар кас ҳақ дорад, ки дар куҷое мехоҳад бизияд ва бимирад, вале ин ҳарфи видоъии суханвари саршиноси тоҷик хеле дарднок ва як навъ эътирозе буд бар давлату кишвари худ, ки шоире тавоно меравад ва дар ғурбату дарбадарӣ мемирад. Ва аслан ҷои шигифтӣ ҳам нест, чун шоири асил ҳамеша, дар ҳама давру замон бо чунин тақдире рӯ ба рӯ буда. Ва Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ ва Сино ва Масъуди Саъд ва Ҳилолӣ ва Шоҳин ва Ҳайрат ҳама дар хориву зиндону ғурбат ҷон бохтаанд. Борис Елсин бо ҳама иштибоҳу хатояш беҳтарин коре кард он буд, ки суханвари сар ба ғурбатзадаи рус Александр Солженитсинро ба Русия хонд ва барояш ҷойгоҳи муносибе қойил шуд. Ва бо ҳамин номи Елсин ҳамчун сарвари дӯстдори аҳли сухан дар сафҳаи таърих сабт гардид. Ва ҳодисаи дигари муҳим, ки дар оғози ин сол ба вуқӯъ пайваст ин қатли Алии Бедакӣ аз ҷониби мақомоти интизомии кишвар буд, ки тайи як ҳамлааш дар 19 сентябри соли 2010 беш аз 20 нафар сарбозони вазорати дифоъро дар Дараи Камароб кушта буд.
Ва аз ҳаводиси дигари баъдии кишвар гоме чанд пештар гузошта зикри ин нуктаро мехоҳам бикунам, ки падари ҳамин Алии Бедакӣ, як пири 76 солаи раштӣ ибтидои моҳи ноябри соли равон аз ҷониби додгоҳ барои ба мақомоти қудратӣ аз болои фарзандаш маълумот пешниҳод накардан ба 7 соли зиндон маҳкум гардид.

ҲНИТ не баста шуду не дар интихоботҳо ширкат кард

Ва акнун баргардем ба оғози сол. Ва он мусоҳибаи устод Бозор Собир бо "Миллат", ки он ҷо шоир аз бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфта буд, дар ҷомеъа сару садои мухталиф ангехт. Ва дар раёсати Ҳизби наҳзат ва дар чанд ҷое дигар ва чанд касе дигар ҳам аз мо озурда шуданду ангушти ишора сӯйи "Миллат" равон карданд, ки гӯё дархости касеро иҷро кардаем ва он иттиҳомотро сабаб ҳам буд, зеро нашрияҳои ноҳиявиро ин пешниҳоди устод Бозор Собир чунон хуш омад, ки шоиреро, ки тайи 18 сол сатре дар борааш навиштан мамнӯъ буд он мусоҳибааш зиннатбахши саҳифаҳои матбуоти расмӣ гардид. Дар ин матлаб аслан банда мехоҳам дар бораи фаъолияти аҳзоби сиёсии кишвар дар соли 2011 сӯҳбат бикунам. Соле, ки инак меравад дар кишвар ду маъракаи муҳими сиёсӣ, ду интихоботи миёндаврӣ, яке моҳи май дар ҳавзаи Сино- 4- и пойтахт ва дигаре чанд рӯз қабл боз ҳам дар пойтахт дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур- 3 баргузор гардид, ки др ҳарду намояндаи Ҳизби халқии демократӣ ғолиб дониста шуд. Ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин ду маъракаи муҳими сиёсӣ бо далели ворид нашудани намояндагонаш ба ҳайати қитъаҳои интихоботӣ ширкат накард. Ва 20- умин соли ба Истиқлол расидани Тоҷикистон ҳам бо шукӯҳу шаҳомат ва бо харҷу масорифи ҳангуфт таҷлил шуд. Дар бораи интихоботи миёндаврии Шоҳмансур чизе намегӯям, зеро Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ва яке аз номзадҳои ин сабқати сиёсӣ бо нишони эътироз ба натоиҷи он дар як мусоҳибааш изҳор дошт, ки "ба рӯи ин интихобот туф кардам." Ва баъди хев афкандани ин марди сиёсат ба рӯи интихобот дигар ҳарфе задан сари демократӣ, озоду шаффоф будани он ва ширкати фаъолонаи мардум дар ин маъракаи муҳим беҳуда аст.

Чаро интихоботҳои мо шаффоф баргузор намешаванд?

Натиҷаи интихоботи миёндаврии Сино- 4- ро банда, яке аз номзадҳои аслии он эътироф накардам ва онро пур аз тақаллубу қонуншиканӣ дониста будам. Дар масъалаи он ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи интихобот ва райъпурсӣ то куҷо ваъдаи хешро дар мавриди баргузории интихоботҳои шаффофу демократӣ, ки ба ҳангоми таъин шуданаш дар моҳи марти соли 2011 ба ин симмат дода буд, иҷро кард, ба эшон ҳавола мекунем. Ин ҳама мавҷи эътирозот ва шӯри қиёмат, ки баъди интихоботи Думаи давлатии Русия дар он кишвар бархостааст, маҳз баъди тақаллуб ва қонуншиканиҳо дар интихоботи вакилони парлумон сурат гирифта, ки дигар ҳама гуна иқдомоту ислоҳоти сиёсие, ки президент Медведев эълон мекунаду ваъда медиҳад, коргар нест ва мардум, аҳзоби сиёсӣ ба майдонҳо мерезанду садо меафкананд, ки "Овози мо куҷост?" Чуноне гуфтам дар ду интихоботи миёндаврии баргузоршуда Ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз аҳзоби аслии мухолифи ҳукумат ширкат накард. Ва Ҳизби демократ ва сотсиал- демократ ҳам дар он иштирок карданро зарур надонистанд, ҳатто сотсиал- демократҳо интихоботи миёндавриро дар ҳавзаи Шоҳмансур таҳрим эълон намуданд. Ва ба суъолҳое амсоли он ки чаро дар Тоҷикистон интихоботҳо ношаффоф ва пур аз тақаллуб баргузор мешаванду касеро парво нест, чаро ҳизбҳои сиёсии оппозитсионӣ аз ширкат дар интихоботҳо худдорӣ мекунанд ва сабаби эътирози онҳо дар чист, чаро мардум ба интихобот камтар таваҷҷӯҳ доранд ва аксари шаҳрвандон майлӣ ширкат дар овоздиҳиро надоранд, кӣ бояд ҷавоб гӯяд? Дар ҷомеъаи демократӣ бояд чунин бошад, ки райъи мардум, ки амонат аст, хиёнат нашавад. Агар касе нахоста, ки дар интихобот ширкат бикунад, ин ҳаққи ӯст ва он ҳақ бояд арҷ гузошта шавад, на ин ки аъзо ва масъулини қитъаҳои интихоботӣ бигиранд ва овози ӯро ба нафарони дилхоҳашон, ё ба номзади мақбули боло ба қуттӣ афкананд. Дар кишварҳои низоми демократӣ ин кор ҳамчун ҷиноят ва хиёнат талаққӣ мешавад. Дар мо бошад овоз додан ба ҷои ҳамсару фарзанд ва райъ додани аъзои қитъаҳои интихоботӣ ба ҷои дигарон ва дуздии рӯйрости райъи мардум як кори маъмулӣ шудааст.

Беш аз даҳ сол гузашт ва насиба ҳамон ду курсӣ

Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ки фишанги асосии таъсиррасон ба фаъолияти шаффофи давлату ҳукумат ҳастанд, дар ростои ин ҳама қонуншиканиву тақаллуб кореро барои таҳкими равандҳои демократӣ, ба ҷуз пахши изҳороте намедонанд ва намекунанд. Ва ду ҳизби шинохтаи кишвар: Ҳизби коммунист ва Ҳизби наҳзати исломӣ беш аз 10 сол аст, ки бо доштани ду курсӣ дар парлумон қаноат карда, дар қиболи он ҳама қонуншиканиҳо ва саду як беадолатиҳои дигари ҷомеъа бар лаб мӯҳри хамӯшӣ задаанд. Ва имкон дошт, ки наҳзатиҳо бо нишони эътироз аз баҳри ҳамон ду курсии ба номашон солҳо боз "сварка" шуда мегузаштанд ва ба хотири демократикунонии фазои ҷомеъа азхудгузаштагӣ зоҳир мекарданд. Бе ин ҳам аз дасти он ду наҳзатӣ ва ду дигар коммунисти дар курсии вакилӣ нишаста барои ба маҷрои наву созанда бурдани кори парлумон ё ба ҳангоми овоздиҳӣ ба ин ё он қонун коре намеояд. Яъне будани набудани онҳо якест. Вале агар онҳо бар ин бовар бошанд, ки дар интихоботҳо тақаллуб ҷой надошта, пас ҳалолашон бод ҳамон ду курсӣ ва бойист камтар аз пуштибонии васеъи мардум бархӯрдор будан гап зананд, ки дурӯғе беш нест. Дар Тоҷикистон имрӯз расман 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад. Ва чаҳор ҳизб ба шумули халқии демократӣ, сотсиалистӣ, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ комилан аз сиёсати давлату ҳукумат пуштибонӣ мекунанд, ки ба ҳамин хотир дуйи ахирро ҳизбҳои ба ҳукумат наздик номидаанд.

Чаро аграрҳо ва ислоҳотгарони иқтисодӣ хомӯшанд?

Ва ҳизби коммунист низ дар зиёд масоил бо сиёсатҳои ҳукумат ҳаммаром аст ё ҳадди ақал хомӯширо авло медонад. Ва ҳамин ҳукуматдорони имрӯзӣ қариб ботамом ҳама аз домони сурхи ҳизби Ленин, ки 21 сол боз раиси ивазнашавандаи он котиби собиқи СеКа- Кумитаи Марказии ин ҳизб Шодӣ Шабдолов аст бархоставу ба қавле бо нони ҳизби коммунист калон шудаанд. Ва Шабдолов ҳаққи рафиқиро бо вуҷуди ғадре, ки аз иддае ёрони собиқаш дидааст, то кунун накӯ пос медорад. Ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ бо ҷамъе аз ёронаш сари баррасии ин ё он масъалаи муҳими ҷомеъа аз хеш ҷуръате зоҳир карданд ва ҳарфи худро то ҷое ошкоро гуфтанд, ки бойиси тақдир буд. Масалан суханронии Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили дигари Маҷлиси намояндагон аз ҲНИТ дар назди вакилони парлумон дар рӯзи қабули Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд" ӯро ҳамчун вакили боҷуръат ва ошкоргӯ бештар муаррифӣ кард. Ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар гуфтани мушкилоти мардум дар муқойиса бо дигар аҳзоби сиёсӣ чун ҳарсола имсол низ фаъол ба назар мерасид. Имсол Муҳиддин Кабирӣ дубора барои панҷ сол раиси ҲНИТ ва Раҳматилло Зойиров барои чаҳорум бор раиси Ҳизби сотсиал- демократ интихоб шуданд. Яъне он интизорие, ки баъзеҳо мегуфтанд бояд руасои аҳзоби оппозитсионӣ аз курсии раисӣ даст мекашанд ва фарҳанги истеъфоро дар ҷомеъа роҳандозӣ мекунанд, ба вуқуъ напайваст. Ва садои раисони аҳзоби демократ ва сотсиал- демократ ҳам гоҳ- гоҳе дар ин сол ба гӯши мардум расид. Вале садои аҳзоби аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ қариб шунида нашуд. Ҳизби аграрӣ, созмони сиёсие, ки ҳадди ақал бояд дар масоили соҳаи кишоварзӣ садо баланд мекард ва ислоҳотгарони иқтисодӣ, ки бояд аз мушкилоти иқтисодии ҷомеъа мегуфтанд, хомӯширо сад мисқол тилло донистанд. Ва ҳатто дар ҳамин қазияи халабонҳои ширкати русии "Ролкан", ки як ҳодисаи пурсару садо буд, овози раҳбарияти ин ду ташаккули сиёсиро касе нашунид, шояд дар куҷое ва ба касе чизе гуфта бошанд, мо хабар надорем. Аз Маскав то Кобулу Вашингтону Душанбе ҳама сари ин масъала мегуфтанд, вале сиёсатмадорони аҳзоби ба ҳукумат наздики мо нахостанд, ки ба ин қазия дахолат кунанд.

Бояд ҳар вакил аз хеш бипурсад, ки…

Ҳизби халқии демократӣ, ҳизби ҳокими парлумон, ки хешро дар соли 2010 сарпарасти маънавии бунёди НБО- и Роғун бо танатана эълон карда буд, имсол аз бунёди ин нирӯгоҳ, ки ҳаёту мамоти тоҷикаш хондем камтар гуфт ва ду интихоботи миёндаврии дар боло ёдшударо ба фоидаи хеш ҷамъбаст кард. Болотар ҳам дар бораи ношаффоф баргузор гардидани интихоботҳо дар Тоҷикистон гуфтам ва чун ин сатрҳоро рӯи сафҳаи компутар менавиштам ба гӯшам мерасид, ки аз тариқи барномаи хабарии "Вести"- и телевизиони Русия Владимир Путин, сарвазир ва яке аз номзадҳои аслӣ дар интихоботи раёсатиҷумҳурии ин кишвар дар мулоқоти хеш бо намояндагони Фронти халқии таъсис додааш мегуфт: "Бароям муҳим аст, ки интихоботи президентӣ дар ҳадди олӣ шаффоф баргузор гардад, зеро донистани он ки мардум воқеъан аз ман дар интихобот пуштибонӣ кардаву раҳбари давлат буданамро мехоҳад ё не, сахт зарур аст. Агар мардум интихобат накунад ва пуштибонии воқеъии халқро дар интихобот соҳиб нашуда бошӣ, ҳавсалаи кор кардан гум мешавад ва кор кардан ҳам дигар маънӣ надорад."
Ин сухани Путин, сиёсатмадори тавоно ва таҷрибадор хеле гапи муҳим аст ва бояд дар Тоҷикистони мо низ ҳар вакил, аз сатҳи ноҳия то Маҷлиси олӣ аз худ ин суъолро бикунад, ки оё воқеъан дар интихобот мардум ба ӯ овоз дода буд, ё аз тариқи тақаллуб ва қонуншиканӣ ба номи бошарафи вакили халқ сазовор шудааст. Агар бо роҳи тақаллуб ва ғайримунсифона ӯ вакил шудааст, яқин ҳавсалаи кор нахоҳад дошт.

Имсол низ рафт ва тоҷик бо умед зиндагӣ дорад

Бо ҳама неку бадаш соли 2011 метавон гуфт ба таърих ворид шуд. Соле буд, ки ҳарчанд аз оғози кори нирӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда- 2" хабар додем, вале барқ афзун нашуд ва ҳамоно дар деҳоти Тоҷикистон ин мушкил боқист. Соле буд, ки Тоҷикистон баландтарин байрақро сохт ва бо ин амал вориди Китоби рекордҳои Гиннес шуд. Соле буд, ки 20- умин санаи ба Истиқлол расидани давлатамонро бо шукӯҳ таҷлил кардем, вале дар зиндагии мардуми одӣ шукӯҳ наафзуд. Имсол низ чун пор аз Русия ҷасадҳои беҷони зиёд ҳамватанони муҳоҷирамонро ин ҷо овардему ба хок супоридем. Имсол низ тоҷик бо умеду орзуҳои нек, ба хотири фардои дурахшон ва рӯзу рӯзгори шойиста зиндагӣ кард.
Ногуфта намонад, имсол соли Қосим Раҳбарович Қосимов, вазири кишоварзӣ ҳам буд. Ба ду далел, яке ин ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ даъвои нобаҷои ӯро алайҳи "Миллат" ҳақ шумурд. Дигар ин ки плони пахта дар ин сол гӯё иҷро шуд. Ин пахтааш ҳаққи ҳалоли худаш, агар ба истилоҳ перепис набошад. Аммо "Миллат" ҳаққи худро ба худаш бар хоҳад гардонд, дар соли 2012. 
Ва бо ҳамин умеду орзуҳои нек ва дидани рӯзгори ободи тоҷик ба охирин навиштаи хеш дар соли 2011 нукта мегузорам. 

Толибшоҳи Сайидзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97