Шаҳомати ҲНИТ дар ҷелаку ришу дастор аст

Сиёсат 10.08.2011 15:07

КАБИРӣ ОМИЛИ МУШКИЛЗО ДАР ҲИЗБ ШУДААСТ

Аз ин рӯ ҳоло  Кабирӣ масъала шудааст на худи ҳизб, ҳадаф Кабирӣ аст на ҳизб. Тавсеа ва тақвияти ҳузури Кабирӣ дар ҷомеа боис шудааст, ки расонаҳои расмӣ алайҳи ӯ бинависанд. Махсусан, ки интихоботи гузаштаи парлумонӣ ва истиқболи оммавӣ аз ҲНИ кори шахс ва дасти Кабирӣ пазируфта шуд, навиштаҳои зидди ӯ бештар шуданд. Афзун бар ин бар асари қиёмҳои мардумии бархе аз кишварҳои арабӣ, ки ҳокимияти тӯлонии роҳбарони худкомаро аз байн бурд, мавзӯи ширкати раиси ҲНИ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ боз матраҳ шуд.

 Аз ин ҷост, ки Кабирӣ пешопеш гуфт дар интихоботи президентӣ ширкат нахоҳад кард. Инҷо ӯ ба унвони як сиёсатмадор изҳори назар кард, вале дертар ба унвони раиси ҳизб худро ислоҳ кард ва гуфт, ки тасмими ниҳоӣ бар дӯши анҷумани ҳизб аст. Таҳти таъсири ин сару садо ва таҳти таъсири интихоботи парлумонии гузашта бархеи ин коршиносон тавре ба тафсир пардохтанд, ки Кабирӣ ба омили обрӯ ва нуфузи ҲНИ табдил шудааст. Ва ҳоло ин  Кабирӣ ҳаст, ки ҲНИ ба чунин пешрафт даст ёфтааст. Хуб, фарз кардем, ки дуруст ҳам ҳаст. Аммо агар Кабирӣ набуд, ҳизб чи мешуд? Ва оё гирифтани Кабирӣ гирифтани пайғамбар аз ислом аст? Ман фикр мекунам, ки ин бовар ва ин қиёс ноҷоиз ва иштибоҳи маҳз аст. Зеро агар Кабирӣ намебуд ва ё намешуд ҳам, Наҳзат амал мекард. Чунки то Кабирӣ ҳам ин ҳизб фаъол буд ва баъд ҳам фаъол хоҳад монд. Кабирӣ  парварда, тарбиятгирифта ва маҳсули ҲНИ аст. На баракс. Обрӯ ва нуфузи ҲНИ буд, ки ба Кабирӣ обрӯ сохт. Бале, худованд ба Кабирӣ забони гӯё, мағзи пӯё, ақли расо ва чеҳраи зеборо, ки сифати бартари як пешво ва як лидери ҷамоат бошадро, додааст. Ва дар қиёс бо бақия аз масъулони ҲНИ Кабирӣ як сиёсатмадори тавоно ва забардаст аст.

Кабирӣ ҳарчи ёфт аз ҳНИТ ёфт

Аммо аз ҳақ нагзарем, ки  Кабирӣ ҳарчи ёфт; мақом, мартаба, эътибор, имиҷ ва обрӯ ҳама аз ҳизб аст, ин ҳамаро ба ӯ ҳизб додааст, ӯ аз ҳизб гирифт. Кабириро Кабирӣ ҲНИ кардааст. Ин ҳарфу ин қиёсро дар нисбати Нурӣ ва Ҳимматзода гуфта ва карда намешавад. Чун онҳо ҳам худ ва ҳам ҳизбро ҳамзамон ва тавъам сохтанд. Нурӣ бо ҳайбат, салобат, иқтидор, виқор, таҷриба, шӯҳрат ва эътиборе, ки дошт ба як пешвои динӣ- сиёсӣ табдил шуда буд. Мутаваҷҷеҳ бишавед, динӣ- сиёсӣ! На сиёсӣ-динӣ. Вай метавонист як ҳизби дигареро бо ақидаи исломӣ бисозад ва пайравону муршидони зиёдеро ҷалб кунад. Аммо ба Кабирӣ иҷрои ин амр мушкил аст, чунин имкон вуҷуд дошта наметавонад. Чун ӯ ҳамин сифат ва ҷойгоҳи роҳбари азиму муқтадири рӯҳониро надорад. Барои ҳизби сиёсии мазҳабӣ ин нақш басо муҳим аст. Вале аз ҷониби имрӯз ҳизб барои Кабирӣ масъала нашудааст, балки ин вуҷуди Кабирӣ, шахсият ва обрӯи баланди ӯ дар ҷомеа аст, ки барои ҳизб масъала шудааст. Аммо чи масъалае? Масъалае, ки амалан ҳасту буди Кабирӣ ва ҳасту буди ҳизбро дар саҳнаи сиёсати кишвар ба ҳам печида, танида ва тавъаму омезиш додааст. Ҳамакнун ҳифз ва ҳимояти Наҳзат барои наҳзатиҳо ҳамзамон маънои ҳифз ва ҳимояти Кабириро дорад. Ба ин тартиб метавон интизор дошт, ки Кабирӣ явош-явош бар мақоми як раҳбари рӯҳонӣ- сиёсӣ низ иртиқо пайдо мекунад. Аммо вазъият тавре аст, ки агар ҳамин ҳоло Давлат Усмон ва ё Сайидиброҳими Назар дар раъси ҲНИ мебуданд бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи ширкаташон дар марҳалаи муқовимати дохилӣ пойи онҳо ва пойи Наҳзат эҳтимолан ба ҳаводиси шарқ кашонида мешуд, вале чун Кабирӣ, ки собиқаи ҳузури шахсӣ дар он давраро надорад, ин кор аз дасташон барнахоҳад омад. Чунин талошҳо аз тариқи расонаҳо, масалан аз тариқи "Ҷумҳурият" ҳамин ҳоло ҳам сурат мегирад, вале албатта мардум бовар намекунад.

шаҳомати ҳНИТ дар ҷелаку ришу дастор аст

Воқеияти дар ҲНИ ин аст, ки бо вуҷуди онки Кабирӣ дар раъси он қарор дорад, галстуки ӯ барои ин ҳизб ҳамоно нав боқӣ мондааст, на ҷелаку дастор, ки бархе аз коршиносон нишони ақибуфтодагии ҳизб ҳисобидаанд. Аммо ҳақиқати бебаҳс аст, ки ҳизб бо ҳамин ҷелаку дастор шинохта шудааст ва агар ҷелаку дастор мояи сарафкандагист пас ин ҳизб аз бунёд ва бо муассису асосгузорону аксарияти мутлақи аъзову эътирофи дохиливу байналмилалиаш сарафканда ва ғалат аст. Фикр накунам, ин галстуки Кабирӣ буда бошад, ки ӯро дар раъси ҲНИТ бурда аст. Шакке нест, ки галстуки Кабирӣ дар шӯру шаафи маъракаи интихобот ва ҷазбу ҷалби таваҷҷӯҳи интихобкунанда саҳми босазо доштааст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба ҳосили ба даст оварда аз он интихобот галстуки Кабирӣ натавонист фаротар аз дастори Нурӣ ҷоеро бигирад. Чун он ду курсии парлумонӣ ҳаққи заҳамоти муборизаҳои Нурӣ ва ҷелаку дастори ӯст. Аз ин ҷост, Кабирӣ ҳанӯз на ба он мақоме аст, ки бигӯӣ агар ӯ набошад, ҳизб ятим мешавад. Ӯ ба он мартабаву мақоме нарасидааст, ки биравад ҲНИ ҳам аз саҳна рӯфта мешавад. Дар омади гап эътирофу иқрор мебояд кард, ки дар ин масъала ҷаноби президент аз Кабирӣ бартарӣ дорад, ки чун бирафт ҲХД ҳам меравад. Чизи дигар ин аст, ки боз ҳам ин коршиносон ақида доранд, ки ҲНИ-и бе Кабирӣ ҳеҷу заъиф аст. Аммо ин коршиносон ба тарафи дигари масъала, ки Кабирии бе ҲНИ чӣ касе хоҳад буд, изҳори назарро дареғ доштаанд.

Кабирӣ шӯре дар ҷомеа ангехт

Фикр мекунам, агар фаъолияти ҲНИ ба масобаи як ташкилот ва як муассисаи таъсиргузори сиёсӣ ба майдони баҳс андохта шавад, мавзӯъи аслии ин баҳс бояд он бошад, ки ҲНИ то чи ҳад тавонистааст, ки ҳақи худро соҳиб шавад ва то чи ҳад дар доираи нуфуз ва зарфиятҳое, ки ҷомеа барояш қоил шудааст, амал мекунад. Аз Кабирӣ ҲНИ ба фарқ аз замони раҳбарии устод Нурӣ як интихоботи воқеан ҳам пуршӯру қиёмеро гирифт. Омадани Кабирӣ дар раъси ҳизб ба шаклу сурати ғайримаъмулӣ тӯдаҳои дигарро аз қишри дигари ҷомеа ба он наздик ва ҳамроҳ кард. Агар аз чеҳраҳои собиқа ҷойи ӯ буд, чунин мизони болои ҷазб ва ҷалб ба амал намеомад. Зеро онҳое, ки омаданд, меомаданд, аммо онҳое, ки намедонистанд куҷо равандро овард. Албатта ин дастоварди Кабирӣ ба Наҳзат аст. Дастоварди Кабирӣ идома, балки тақвияти робита ва ҳамкорӣ бо хориҷиҳост. Вай тавонист бахши аъзам ва аслии мутахассисин ва мутасаддиюни ин оламро итминон диҳад, ки ҳизбе, ки ӯ раёсаташро бар даст дорад, як шарики боэътимод хоҳад буд. Ҳоло агар ин ҳизб ба сари кор ояд ҳам онҳо бетоқат намешаванд. Ширкати Кабирӣ ҳавсала ва ҳаваси мардум ба интихобот, ба роҳи қонунии тағйири вазъро бедор ва зиёд кард. Аммо мушкил истод, ҳатто сари мӯе такон нахӯрд. ҲНИ дар рафъи мушкил ва иллати ташхисшуда комёб нашуд. Дар ҳоле ки ин иллат дар куҷост, мушкил чист, ҳама медонад ва дар бораи он гап мезанад. Ин мушкил мушкили ҷамъият ва мардуми мост. Кӣ музоҳим аст, роҳи раҳоӣ аз ин махмаса, аз ин мунҷалоб чӣ аст, маълум аст. Дар сӯҳбатҳо он асли иллат, он манбаи номуродӣ зикр ва номашро ҳам бо нафрат дар забон меоваранд. Мо ҳар рӯз ӯро мешунавем, мебинем, дар борааш ҳарф мезанем. Онро шинохтаем.

ҳНИТ бояд дар интихобот ширкат кунад

 Аммо воҷиб аст, ки онро нируҳои сиёсӣ, масалан Наҳзат ошкор созад ва мебояд, ки парда аз рухи номуборакаш барканад. ҲНИ ин лаёқатро дорад.  Мушкил бист сол аст, ки истиқлол ва рушду пешрафтро монеа шудааст. Хеле мушкили сахту сангин аст, барои онки аз байн ва беху реша бурида ва қатъ шавад ва ин миллат аз кашидани заҷр раҳоӣ ёбад, барномаи аз байн бурдани онро бикашад. Мардум ва ҷомеаро итминон диҳад, ки метавон дар якҷоягӣ ва дар ваҳдат онро аз байн бурд. Мусаллам аст, ки ҲАТ-у ҲИТ аз шароити мавҷуд қонеанд, ҲСД ва ҲД чи гӯянд, чи нагӯянд ва ҳамин тавр ҲСДТ ва ҲКТ чунин тавонро надоранд. Вале ҲНИ ин бор низ талошашро бояд бикунад. Сангинтарин мушкили ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мушкили сиёсӣ аст. Мушкили ин ҷомеа дар тӯли бист сол адами ҳукумати мунтахаб ва машрӯъ аст, ки аз тариқи интихоботи халқӣ бартараф мешавад. Халқ дуруст интихоб мекунад, аммо саришта ва ҷамъу гири дурусти раъйи ӯ вазифаи аҳзоб, аз ҷумла ҲНИ аст. Агар мардум ба ин ҳизб раъй дод пас ин ҳизб ба ҳамон миқдор аз овозҳо сазовор аст. Вале агар ин миқдор овоз ба ҳаддест, ки масалан метавон 38 курсиро гирифт, пас он курсиҳоро набояд тақдими дигарҳо кард. Интихобот як марҳала ва минбари мардумӣ аст, барои аҳзоби сиёсӣ. Фурсати қонунӣ барои аҳзоб аст, ки мехоҳанд бо истифода аз он дар идораи давлат ширкат варзанд ва ё аслан ҳукуматро бигиранд. Ин роҳи табиӣ ва қонунии табдили ҳокимият ва фазои сиёсӣ аст. Марҳалаи изҳори шаҳомат ва намоиши қудрат аст. Пас бояд ҳизби сиёсӣ дар он ширкат кунад. Аммо вақте Кабирӣ мегӯяд, ки иштирок намекунад, дар ҳақиқат як тасмими гиҷкунанда аст, ки ҳизби умда дар интихобот ширкат накунад. Нируҳои исломии дунё набояд дар ин марҳала талоши касби қудрат кунанд гуфтан таъбири дуруст нест. Зеро новобаста аз натиҷа ҳамин ширкат карданҳо дар маъракаҳои сарнавиштсоз водор хоҳад кард, ки он авомил ва аносире, ки мухолиф ба қудратёбии ин нируҳоянд дар ниҳояти амр воқеиятро дарк ва дар садади ҳамкорӣ бо он хоҳанд шуд. Аммо аз ҷониби таваққӯи ҷомеа чунин бошад чӣ? Дар ин сурат нируҳои исломӣ, аз ҷумла ҲНИ бояд бигӯяд, ки ҳоло барояш "изн" ва "иҷоза"- дода нашудааст. Ва бо ҳамин иқрор кунад, ки нируи сиёсии хом ва вобастаи иродаи дигарҳост. Дар ҳоле ки метавонад комилан баракс бошад ва ҲНИ бо сари баланд бигӯяд, ки дар ин интихобот номзад дорад. Узру маъзарат пеш наоварад. Иҷоза бидиҳад, ки инсонҳо ормон, омол ва умед дошта бошанд. Ин масъала ва масъулияти ҲНИ аст.  Бо ин кор ҷомеаро моил ва водор ба истиқбол аз худ мекунад. ҲНИ бо пеш овардани номзад ба курсии раёсати ҷумҳурӣ ҳеҷ қонун ва ҳеҷ қоидаро намешиканад.

Мардум аз ҳНИТ чӣ мехоҳад?

Сӯҳбатҳо дар бораи ҷанги худкушӣ ва нисбат додани он ба яктараф ба мардум коргар намешавад. Зеро ҷомеа ва мардум донист ва фаҳмид, ки танку тӯпи узбакиву русӣ дар хидмати кӣ қарор дошт. Аз ин лиҳоз набояд то ба ҳадде хурду реза ва наҳифу тунук шуд, балки  роҳеро пайдо кард. Роҳеро пайдо ва дар он ҳаракат кард, ки натиҷаро ба он ҳадде, ки ҳаст бидиҳад.  Онҳое, ки гоҳо бо гила мегӯянд, ҲНИ имрӯз дар рушди кишвар монеа шудааст, ҳамин ҷиҳати масъаларо далел мекунанд, ки мардум ба умеди вай мешавад, раъй медиҳад, аммо он ҳақро соҳиб шуда наметавонад. Аз чи роҳе ба он даст меёбад; музокира ё мунозира, кори ӯст. Метавонанд ба мардум муроҷиат кунанд, ки на як бору ду бор аст, пас биёед бо ҳам ба ин муаммо ҷавоб ёбем ва чигилро во кунем ва мушкилро аз роҳ ва сари худ бардорем. Инҷо фурсат омад, ки ба як андеша расидагӣ шавад. Ин ҳам он аст, ки ҲНИ бояд аз як чеҳраи ташаннуҷзо ба ташаннуҷзудо бадал шавад. Барои ман ин андеша аз он ҷиҳат номафҳум ва торик аст ва намедонам кадом амали ҲНИ ё коре, ки кардааст, онро ташаннуҷзудо нишон медиҳад. Чунин амалро ман ба мушоҳида нагирифтам, ҳамин аст, ки онро наметавонам бипазирам. Чун дар воқеъ барои чунин иттиҳом далел надорам. Аз ин рӯ ҳоло барои ман нофаҳмо аст, ки ин назар назари киҳоро ифода мекунад? Агар чунин иттиҳомро ба ҳизб аз рӯи кинаву ҳасуд баста бошанд чӣ? Дар ин сурат ҳар коре ҳам бикунад, онҳо бо ҳамин шева арзёбӣ мекунанд. Аммо аз тарафи ин коршиносон ба фаъолияти ҳизб аз зовия ва хоҳишоти гурӯҳи ҳоким баҳо медиҳанд. Ҷойгоҳ ва мақоми ҲНИ-ро бо ченаки гурӯҳи ҳоло дар қудрат муайян карданӣ мешаванд. Онҳо илқо мекунанд, ки ҲНИТ тавре амал кунад, ки ба он бархурд нашавад.

ҳақ ҷониби устод қаноат аст

Яъне як коре бишавад, ки ҳукумат нарамад. Аммо таъкиди ин ки ҳанӯзам инҳо аз "бунёди давлати исломӣ даст накашидаанд" ва "пеши Нурӣ рафтан на аз боиси тарс буд" ва "ҳеҷ ҳизбе дар сулҳ даст надорад" ва бастани масҷид ҳама далели рӯшани он аст, ки ҳарфи устоди бузурги сухан Мӯъмин Қаноат, ки гуфт: "Чӣ аҷаб аст, ки тоҷикон барои ба даст овардани ҳукумат нирӯҳои бегонаро аз берун оварданду вориди Тоҷикистон карданд, ҷанги шаҳрвандиро эҷод карданд. Баъд то ҳозир хайру хайрият аст, ки ҷанги хунину босилоҳ қатъ шудааст, лекин муборизаҳое, ки маншаи ҷангӣ доранд, ҳоло ҳам давом доранд, яъне бесилоҳ. Ҷанги бесилоҳ боз хатарноктар аст"- дуруст ва ҳақ аст ва ин ҳама ба ҲНИ ҳушдор аст, ки муроқиб ва мувозиби худ бошад. Аслан чаро ҲНИ кореро бикунад, ки ба ин гурӯҳ писанд ояд. Магар ин гурӯҳи ҳоким воқеияти ивазнопазиру мудомулумр, ояндаи собиту қатъии миллат, мардум ва давлат аст? Фикр намекунам ин дуруст бошад, ки ҳизб худро ба завқу табъи коршиносон ва ҳукумат мутобиқ сохта ва дар доираи таваққуъоти онҳо худро биорояд. Зеро, онҳое, ки зидди исломи сиёсианд, табиист, ки зидди ҲНИ ҳам ҳастанд. Дар ҳоле ин ҳизб дуруст бар зидди он андеша аст, ки исломро ғайри сиёсӣ дидан мехоҳад. Наҳзат созмони муназзам, мураттаб ва муташаккили сиёсиест, ки исломро асл, асли асл  ва меҳвар интихобидааст. Оё метавон аз асли худ, аз асли ҳасту буди худ як каме ва ҳатто барои як фурсате канор рафт? Ин машварат ва маслаҳате оқилона пиндошта шавад? Баракс ҳоло он иштибоҳҳое, ки ҳукумат муртакиби онҳо мешавад; манъи пӯшидани рӯсариву ҳиҷоб, ҷилавгирӣ аз ширкати наврасону занон дар намози масҷид, маҳдудият дар омӯзиши динӣ, мудохила дар кори интихобу таъйини имомхатиби масҷиду матни мавъизаи вай ҲНИ-ро ба як муттакои мусалмонҳои мустаъзаф табдил медиҳад. Чун ҳамаи ин маҳдудият замина ва ангезаҳои сиёсӣ дорад, ҲНИ ба унвони як созмони сиёсӣ ба ояндаи бидуни ин мушкилиҳо умедвор мекунад.

Замони ҳНИТ фаро мерасад

Ҳукумат бо чунин тасмимҳо ва ба рағми хоҳиши худ мардумро ба самти ҲНИ савқ медиҳад. Дар васати худ ва мардум як дунёи нобоварӣ ва адами эътимодро ба бор меоварад. Даҳҳо масҷиди баставу вайроншуда ҳар кадоме 50-100 нафар намозгузори дучори мушкилшударо бар муқобили ҳукумат қарор хоҳад дод. Бештари онҳо афродеанд, ки аслан ба ҲНИ тамоюл надоштанд, аммо чун  масҷиди онҳо баста шуд, дар симои ҲНИ, ки табъан мухолифи ин амал аст, барои худ ҳомӣ ва пуштибон меёбанд. Ба ин маънӣ бастан ва тахриби масҷид боз ҳам бар таблиғу ташвиқи ҲНИ сабаб мешавад. Наҳзат чанде пеш 38 солагии ташкилёбии худро ҷашн гирифт. Аммо ҲНИТ бо ин вуҷуд, ки чиҳилсола мешавад, амалан баъди ба фаъолияти расмӣ оғоз кардан дар соли 1999 худро ба намоиш гузошт. Дар се интихоботи парлумонӣ иштирок кард. Аз ин се танҳо дар охирӣ барнома ва нақшаҳои вижаеро пешниҳод кард. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки ҳанӯз тоза замони иқдом, ибтикор ва амали ӯ фаро мерасад. Ҳоло вақт аст, ки дар қалбу зеҳни ҷомеа роҳ ҷӯяд ва аҳдофу ормонҳояшро таблиғ ва ташвиқ кунад. Комёбӣ ва барорҳое, ки дошт барои ҳамон замон буд, вале  фурсати шиносонидани ҳизб ба ҷомеа бо шаклу шеваи нав ҳамин акнун ва минбаъд аст. 

Абдуқаюми Қаюмзод

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97