Сиёвуш: «Агар ҳукумат накард, шумо чаро накардед?!»

Сиёсат 09.08.2011 13:50

Siyovush 21Мусоҳибаи Қосими Бекмуҳаммад бо Муҳаммадалии Сиёвуш - як шоири тоҷик ва ғариби муқими Қирғизистон
- Сиёвуш, ҳудуди бист сол мегузарад, ки дур

аз Тоҷикистонӣ, магар Ватанро ёд накардаӣ?

-Озурда кард каждуми
                  ғурбат ҷигар маро,
 Гӯйӣ забун наёфт зи гетӣ,
                                 магар маро!
Дар ҳоли хештан чу ҳаме
                        жарф бингарам -
Сафро ҳамебарояд аз андӯҳ
                                ба сар маро!
Гӯям: "Чаро нишонаи тири
                                 замона кард,
Чархи баланди ҷоҳили
                       бедодгар маро?!"
… Гетӣ сарои раҳгузарон
                              аст, эй писар,
З-ин беҳтар аст низ яке
                         мустақар маро -
Аз ҳар чӣ ҳоҷат аст
               бад - у бандаро, Худой
Кардаст бениёз дар ин
                       раҳгузар маро!
Ин аст шарҳи ҳоли ман, ки бузургвор Носири Хусрав гуфта аст. Вале агар мушаххастар бигӯям, чаро не?! Албатта эҳсоси камбуди фазову ҳавои Ватан ин ҳама сол ҳамеша ва дар ҳама ҷо маро ҳамроҳӣ мекард. Чӣ дар хоб, чӣ дар бедорӣ. Дар бедорӣ, ки боз ҳам метавонӣ рӯйи ин эҳсосот фишор биёрӣ ва дар кадом як гӯшаи сандуқи дилат пинҳон кунӣ, рӯзе даркор хоҳад шуд. Ин ҳолатро ба фикрам беҳтар аз устод Бозор Собир касе нагуфтааст:
Рӯйи ба рӯ диламро
Пур кардаам зи ҳар боб,
Чун ҷомадони кампир
Аз ҷомаи кафанбоб.
                 ***
Ба рӯйи хас равон шавад,
Нахи мизони хасрават,
Яке расад ба хотирам
Калобаҳои модарам.
Ватан! Ватан! Ватан!
Вуҷуди туст аз ду тан-
Тани замину исми ман!
...Албатта ман иштибоҳ хондам. Ба назарам ду шеъри устодро ба ҳам махлут кардам. Вале дар ҳар сурат дар адабиёти тоҷик зеботар ва муассиртар аз устод Бозор касе ҳанӯз барои Ватан шеър нагуфта аст. Барои ғарибӣ ҳам. Устод ҳанӯз аз овони ҷавонӣ, вақте дар оғӯши гарми Ватанаш мезиста, чунон ғарибияҳое навиштааст, ки онҳоро бидуни гиря наметавон хонд.
Хоҳам инак ба Ватан
                                   баргардам,
Ки сари солу гулу борон аст,
Ва дар он гӯшаи
                             боми падарам,
Лонае аз гилу хошок кунам.

Мушкили бозгашт ё ҳамсӯҳбатӣ бо Бозор

- Бале, ин аз шеърҳои кӯҳнаи устод аст. Воқеъан солҳои донишҷӯйӣ чопи ҳар китоб ва ҳатто ҳар шеъри устод барои ҳама ва бахусус барои насли ҷавону донишҷӯ ид буд. Шеърҳояш ба маҳзи чоп шудан ба таърих табдил меёфтанд. Рӯзномаҳои бо шеъри ӯ то фарсуда шудану аз байн рафтан, даст ба даст мегаштанд.
- Бале, ҳамин тавр буд. Худораҳматии устод Воҳид Асрорӣ, ки аз фолклор дарсамон медод, ҳатман ёдат ҳаст. Ба хотир дорам, он марди воқеъан бузургманиш дар дарсҳояш мегуфт: "Магар аз Душанбе то зодгоҳи Бозор Собир чӣ қадар фосила аст?! Хуб, баргард дигар ба ҳамон Ватанат! Як лонае ҳам аз гилу хошок бисоз дар он ҷо! Садди роҳат чист?" Устод Асрорӣ бо гуфтани ин суханон, албатта, зарофат мекард, на мисли мунаққидони имрӯзӣ истеҳзо.
Вале агар амиқтар ба ин мавзӯъ биандешем, садди роҳи як шоир барои бозгашт ба Ватан яку ду то нест. Авомили зиёде ин ҷо дар миён аст. Дорандаи ҷойизаи Нобел Ёсиф Бродский, ки ҳукумати Шӯравӣ ба иттиҳоми "бекоргардӣ" зиндониаш кардаву аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрумаш намуда буд, то охири умр натавонист ба Ватанаш Ленинград (Санкт- Петербурги имрӯзӣ) баргардад.
Бо вуҷуди он, ки яке аз падарони "бозсозӣ"-и шӯравӣ Анатолий Собчак тамоми хароҷоти иқомат дар он шаҳри бачагии шоирро, аз тақдими хона сар карда то таъмини маъоши якумрӣ, барояш ваъда кард. Кадом як садде ғайри қобили убур дар зеҳну дар қалби шоир вуҷуд дорад, ки вобастаи камбуду зиёдбуди рӯзгор нест. Он чизи дигар аст ва аз ноҳияи дигар. Билфарз, агар ҳатто мақомоти Тоҷикистон он чиро, ки Собчак ба Бродский ваъда карда буд, ба устод Бозор ваъда кунанд, боз ҳам эҳтимоли дар Тоҷикистон монданаш хеле кам аст.
Аз зодбуми хештан бо
            хотири озурда рафтам,
Бо дарди дил, бо дарди сил, бо чеҳраи пажмурда рафтам,
Ҳар кас, ки рафт аз масканаш
         хоки табаррук бурду ман,
Аз масканам парвонаи ҷурми
              ҷинойӣ бурда рафтам.
Албатта боз ҳам аз мухлисони устод узр мехоҳам, ки шояд, шеъри устод Бозорро ғалат иқтибос кардам… Ана ҳамин хел, ҳар вақте зиқ ва дилтанг мешавам, китоби устодро чун як сандуқчаи ҷавоҳирот боз мекунам.
- Ёрдам мекунад?
- Албатта ёрдам мекунад, зиқиамро даҳчанд мекунад.
- Хуб, фаҳмидам, ки дар бедорӣ эҳсоси худро маҳор ва ёди Ватанро дар сандуқи дилат пинҳон мекунӣ, вале дар хоб, ки ин чиз муяссар нест.
- Воқеъан ҳамин тавр аст, дар хоб ихтиёр аз даст меравад ва ман ҳамеша дар Тоҷикистонам. Худат, ки солҳо дар ғарибиву ғурбат ба сар бурдаӣ ва дарк мекунӣ, ки ин чист. Зимнан, медонӣ, барои ман ҳамеша ҷолиб буд, ки Ҳофиз дар ғазале ин калимаро дар ду шакл такрор кардааст:
Ғами ғарибиву ғурбат
                        чу барнамеёрам,
Ба шаҳри худ раваму
                шаҳриёри худ бошам.   
Хеле аҷиб аст, ки Ҳофизи лисонулғайб, ки на танҳо калом, балки ҳарфҳоро дидаву санҷида дар шеъраш мечинад, "ғарибӣ" ва "ғурбат"-ро, ки мутародиф ё худ синоними якдигар ҳастанд, канори ҳам ба кор бурда аст. Албатта ғарибие, ки Ҳофиз аз он мегӯяд, ин ғарибиҳои мо нест. Он ҳиҷрат ва ғурбати азалии Одам аст аз Биҳишт, дурӣ аз Худованд. Яъне ин калима дар Ҳофиз бештар ҷанбаи фалсафӣ ва мазҳабӣ дорад, то моддиву маъишатӣ. Вале ба ҳар сурат, ин эҳсос он қадар шадид будааст, ки ҳазрати Хоҷа такрори онро дар ду шакл дар як мисраъ лозим шумурдааст.
Бале, Худоро шукр, мегузарад. Қирғизистон аз Тоҷикистон хеле дур нест. Интернет, ки фосилаҳоро куллан барҳам зада аст. Боди Ватан гаҳ- гоҳе ба ин ҷо мерасад… Шукр…

Сукути шеър

- Оё эҳсос намекунӣ, ки дур аз Ватан аз ҷараёноти адабии Тоҷикистон ҳам дур шудаӣ?
- Не, чунин эҳсосеро надорам. Ман аслан ҳеч гуна ҷараёноти адабиро дар Тоҷикистон намебинам.
- Муболиға намекунӣ? Ту магар хуб медонӣ, ки дар он ҷо чӣ мегузарад?
- Чаро муболиға кунам? Шояд ту, ки аз он ҷо омадаӣ, чизе медонӣ, ки ман хабар надорам. Агар чизе медонӣ, бигӯ, то бишнавем.
- Чизҳои зиёде мегузарад. Китобҳои зиёде чоп мешавад. Аз рӯйдодҳои аз назари муҳити адабӣ ва расонаӣ пурсару садо бозгашти устод Бозор Собир ба Ватан ва ҳамчунин баргашташ ба Амрико буд.
- Аввал ин ки чопи китобҳои зиёд ҳанӯз далели шукуфоии адабиёт нест, аммо бозгашту баргашти устод...
Устод Бозор Собир ба Ватан бозгашту мақомоти Тоҷикистон аз баргузории шаби шеъраш худдорӣ карданд ва бо дили шикаста ба Амрико баргашт.
Ҳаминро дар назар дорӣ? Аз ин мавзӯъ, ба фикрам, тоҷикони тамоми дунё бохабар ва мутаассир шуданд.
Вале агар ба ин масъала аз даричаи воқеъият бингарем, мақомоти Тоҷикистон кай ва дар куҷо тааҳҳуд кардаанд, ки мубаллиғи шеъри Бозор Собир бошанд, китобҳои ӯро чоп кунанд ва шабҳои шеърашро баргузор намоянд? Ман хабаре аз чунин қарордод надорам. Агар чунин аст, пас ин ҳама сару садои мухлисони устод Бозор ба чӣ далел буд? Ин ҳама интизору таваққӯъ, ин ҳама шӯру даъворо асос чӣ буд? Агар мехостанд, ки шаби шеъри устод Бозор Собир баргузор гардад, пул ҷамъ кардаву як толори муносибро иҷора менамуданд ва соатҳо аз сӯҳбатҳову ашъори устод баҳра мебурданд.
Имрӯз дигар тақрибан ҳама соҳиби дурбинҳои филмбардорӣ ҳастанд. Ҳама ҷашну арӯсиҳои хешу таборашонро сабт мекунанд. Агар як рӯзе ҳам бо ҳамон дурбинҳояшон мусаллаҳ мешуданду устод Бозорро, ки дар Ватан буд, бо худ ба Файзобод, ба деҳаи таърихии Суфиён мебурданд, дар ҷойҳое, ки бачагии устод гузаштааст, сӯҳбат меоростанд, шеър мехонданд ва ин ҳамаро сабт мекарданд, хидмате барои адабиёт ва таърих мешуд...
Бале, ин таваққуоти мо тоҷикон аз ҳукумат бозмондаи даврони шӯравист. Он вақт байни эҷодкорон, ва дар асл на танҳо эҷодкорон, балки тамоми мардум ва ҳукумат як муоҳидае вуҷуд дошт. Албатта, манзур вуҷуди муоҳида ё қарордоди хаттиву мактуб нест. Ин гуна буд, ки ҳукумат вазифа ва масъулияти худро медонист ва иҷро мекард. Эҷодкорон низ ҳуқуқ ва масъулияти худро дар баробари ҳукумат ва мардум мешинохтанд ва ба ҷо меоварданд.  Ҳоло ин чиз дигар вуҷуд надорад. На Бозор Собир пеши ҳукумат тааҳҳуде дорад ва на ҳукумат пеши Бозор Собир. Агар ҳам тааҳҳуде боқӣ мондааст, он танҳо байни Шоир ва Хонанда аст. Ин мавзӯъ аслан сиёсӣ нест ва онро сиёсӣ кардан ҳам кори хирадмандона нахоҳад буд.

Интизороти дуҷониба

- Бо вуҷуди ин ҳама бозгашту баргашти устод Бозор Собир падидае буд, ки ҷанбаи ҳам адабӣ, ҳам иҷтимоъӣ ва ҳам сиёсӣ гирифт.
- Албатта ҳамин тавр аст. Вале ин ҳама аз набудани падидаҳои дигари ҷолиб дар ҳаёти адабии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Мутаассифона, баъд аз ҳаводиси маълуми даҳаи 90 қарни гузаштаи кишварамон ақидае пайдо шудааст, ки шоирон набояд коре бо сиёсат дошта бошанд. Ин ақида аз решаву бунёд ғалат аст. Ҳарфи машҳуре ҳаст, ки "агар бо сиёсат кор надошта бошӣ, сиёсат бо ту кор дорад".
Дар ҳар ҷомеъае ва бахусус дар ҷомеъаҳои дар ҳоли рушд, ки Тоҷикистон аз он қабил аст, ҳар лаҳзаи зиндагии инсон омехта ба сиёсат аст. Шояд дар кадом як кишварҳои пешрафтаи дунё одамон метавонанд ба худ ин иҷозаро диҳанд, ки коре ба кори дунёву дунёдорон надошта бошанд ва ҳатто сиёсатмадорони кабиру сағири кишварашонро ҳам надонанд. Шоиронаш дар "бурҷи Оҷ"- и худ ба сар баранду аслан вожаи "сиёсат"- ро ҳам нашиносанд. Вале дар кишваре чун Тоҷикистон, ки агар ҷомеъаи онро таҳқиқ бикунӣ, маълум мешавад, ки ҳафт пушташ ҳама бо ҳам як пайванди хешу таборӣ доранд ва як вазир дар шомаш чӣ мехӯраду як кампир дар дегаш чӣ меҷӯшад, ба ҳамагон маълум аст, аз сиёсат канор рафтан амрест муҳол. Аз ин ҷост, ки ҳар падидае, ҳар сухане аз ҳар касе сареъан рангу бӯйи сиёсӣ мегирад.
Вале баргашти устод Бозор Собир... ба назди Уқёнус. Мо намедонем…Шоир ва Уқёнус… Мо хеле чизҳоро намедонем. Устод Бозор Собир дар асл як чистонест дар адабиёти Тоҷикистон. На танҳо дар адабиёт. Устод як чистоне дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон аст. Чистоне бисёр сода ва дар айни ҳол бисёр печида. Аз ҳамон чистонҳоест, ки бачаҳои кӯҳистон якдигарро имтиҳон мекунанд. Устод моро пайваста имтиҳон мекунад. Мо ҷавоби ин чистонро ҳоло солҳову солҳо ҷустуҷӯ хоҳем намуд. Устод, алҳамдулиллоҳ, ҳанӯз бардаму бақувват аст ва намемонанд, ки мо аз бекорӣ зиқ шавем. Гаҳ- гоҳе ин чистонро ториктар мекунанд. 
- Албатта, манзурат мусоҳибаҳои ахири устод аст.
- Ҳам мусоҳибаҳояш, ҳам шеърҳояш. Рӯзгораш, рафтораш. Ӯ, ки худаш гуфтааст ва воқеъан дуруст ҳам гуфтааст: "Қадамам аз қаламам нест ҷудо". Ҳар чизе, ки устод менависад, ҳар коре, ки мекунад, ҳар сухане, ки мегӯяд, чӣ тавре, ки худат ёдовар шудӣ, ҳамон замон ба падидаи адабӣ ва иҷтимоӣ табдил меёбад. Ҳоло падидаи мусбат ё манфӣ будани он мавзӯи дигар аст. Умуман интизор ва таваққуи мардуми мо аз устод Бозор Собир хеле зиёд аст. Ҳамчунин таваққуот ва интизороти устод ҳам аз Тоҷикистон ва халқи тоҷик зиёд аст. Шояд зиёдтар аз он аст, ки ин ду метавонанд ба якдигар бидиҳанд. Муносибати устод бо халқи тоҷик ҳамон мақоли машҳури мардумиро ба ёд меорад: "Наздик наё, ки рӯятро набинам, дур нарав, ки гургат мехӯрад!" Дар ин бора мақоли русӣ ҳам ҳаст: "Бьёт, значит любит". Онҳоеро, ки Бозор Собир "мезанад", бигзор бидонанд, ки ҳанӯз онҳоро дӯст медорад, ҳанӯз интизоре, таваққуе аз онҳо дорад. Ин интизор ва ин таваққуъ ҳамеша моддӣ нест. Вале ҳамеша маънавӣ ҳам нест. Устод Бозор интизороти зиёде аз мардуми тоҷик дорад. Баробари он муҳаббат ва он самимияте, ки ӯ ба ин мардум дорад. Ҳамвазну ҳамнарх. На кам ва на зиёд!

"Шоҳнома" ва "Юсуф ва Зулайхо"

- Ба назарам чунин меояд, ки дар бораи устод Бозор, шеър ва мақоми ӯ дар адабиёти тоҷик бисёр андеша кардаӣ. Оё намехоҳӣ дидгоҳҳоятро дар ин бора бинависӣ?
- Чизаке навиштаам. Ҳоло хом аст. Дар асл як китобчае хоҳад буд дар хусуси вижагиҳои ашъор ва шахсияти устодони азиз Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ ва Гулрухсор. Воқеъан, агар инсофро риоят кунем, аз баракати ин азизон аст, ки завқи шеъру сухан ва умуман забони адабии тоҷик аз байн нарафт, обрӯ ва эътибори адабиёт дар ҷомеъа ҳифз шуд. Бубин, ки навиштаҳои онон чӣ акси садое дар ҷомеъаи Тоҷикистони имрӯзӣ эҷод мекунанд. Ва албатта, ин чиз ҳам ҳаст, ки ҷомеъаи Тоҷикистон, аҳли завқу адаб имрӯз муштоқи сенсатсия аст. Думболи овозаҳое бебунёд мегардад. Масалан, дар ин миён касе нафаҳмид, ки манзури устод Бозор аз манзумаи "Юсуф" чист. Ман надидам ва нахондам, ки ҳадди ақал яке аз ин "адабиётшиносон" мавзӯи "Юсуф"-и устод Бозор Собирро дар матбуоти тоҷик матраҳ кунад. Ҳол он, ки ин мавзӯъ воқеъан бисёр муҳим аст. Ин дарвоқеъ мавзӯи сабқат бо "Шоҳнома" аст. Шояд ин як талоше буда, ки муваффақ ё номуваффақ будани он бояд таъйин гардад. Вале ба ҳар ҳол шеъри зебоест.
- Фирдавсӣ, Бозор Собир, "Шоҳнома", "Юсуф ва Зулайхо"… Ман наметавонам ин ҳама мавҳумотро ба ҳам иртибот бидиҳам. Шояд рушантар мегӯйӣ?
- Дар маҷмӯаи "Симхор"- и устод Бозор Собир манзумаи кӯтоҳе бо унвони "Юсуф" ҳаст. Дар асл устод нахустин бор маснавӣ ва он ҳам ба вазни "Шоҳнома"- и Фирдавсӣ навиштааст.  Дар қиссаҳои марбут ба Фирдавсӣ ва "Шоҳнома"- и ӯ як ривояте ҳаст, ки бар тибқи он гӯё Фирдавсӣ дар охири умр достони ишқи Юсуф ва Зулайхоро назм кардааст. Албатта, ин афсона хеле қобили бовар нест, зеро аввалан матни комили "Шоҳнома" хушбахтона то мо расидааст. Дуввум, касе чун Фирдавсии бузургвор, ки бо таърихи Ирон ва қиссаҳои шоҳони Ирон кор доштааст, ба  адабиёти шифоҳии қавмҳои саҳронишин ва кӯчӣ камтар таваҷҷӯҳ доштааст. Ин ҳама қиссаҳои Лайлӣ ва Маҷнун ва Вомиқу Узро дар қиёс бо ишқҳои Рудоба бо Зол, Таҳмина бо Рустам, Сӯҳроб бо Гурдофарид, Судоба бо Сиёвуш барояш он қадар ҷозиб нест, ки онро тавон ба риштаи назм кашид. Фирдавсӣ рисолати худро таври дигар медид ва онро то ба охир иҷро кард. Аз сӯи дигар, фикр намекунам, ки барои навиштани қиссаи "Юсуф ва Зулайхо" мӯҳлате дар ихтиёр дошт. Умри худро, буду набуди худро ба "Шоҳнома" бахшид. Албатта, ин назари шахсии ман аст, аммо Фирдавсӣ чунин достоне нанавиштааст, ман мутмаинам. Вале Бозор Собир дар вазни "Шоҳнома" достоне ба номи "Юсуф" навишт ва бо ин иқдомаш мехоҳад бигӯяд, ки агар қарор буд, ки Фирдавсӣ достоне дар ин мавзӯъ бинависад, тақрибан чунин мебуд. Мутаассифона, ин идаои шоир, ин иқдоми наҷиби устод берун аз назари мунаққидон монд.
- Бубахш, вале ман мехоҳам ба ёдат биёрам. Вақте, ки "Симхор" ба дастамон расид, ман ҳанӯз дар Бишкек будам.  Бо ҳам дар маҳфилҳое, ки доштем, онро мехондем. Он вақт дар робита бо "Юсуф" ҳарфе аз "Шоҳнома" ва "Фирдавсӣ" намегуфтӣ. Он вақт суханат аз озурдагӣ ва бегуноҳии устод буд.
- Ман он суханонамро имрӯз ҳам инкор намекунам. Албатта, ин тахмин ҳам ҳаққи вуҷуд дорад. Юсуф - Бозор Собир, Зулайхо - Ватан. Албатта он гоҳ дар мисоли устод Бозор Собир ин масъала дигар, шояд ба фрейдизм мебарад, вале ин фарзияи беҷо нест. Ин дигар кори шеършиносон аст. "Шеършиносон"- и мо агар ба ҷойи тайёр кардани "парвандаҳои ҷиноятӣ"- и устод ва "исботи ҷиноят" ҷӯстан аз эҷодиёташ, ашъори ӯро аз назари нақди адабӣ таҳлил мекарданд, ҳам ба суди эшон мебуд, ҳам ба суди устод, ҳам ба суди адабиёт ва миллати тоҷик.

Муҳандисони рӯҳи инсон

- Дар замони, ба истилоҳ, "Сталинизм" шоиронро "муҳандисони рӯҳи инсон" ном мебурданд. Агар иштибоҳ накунам, худи Сталин ин ҷумлаи машҳурро гуфта буд. Имрӯз ҳам шоирон ин рисолатро бар душ доранд?
- Албатта доранд. Шоирон ва умуман шахсони эҷодкор дар ҳама давру замон дар баробари ҷомеа ва халқ масъулияти бузург доштаанд ва хоҳанд дошт. Вуҷуди онҳо дар ҷомеа ақаллан барои он лозим аст, ки мардумро гаҳ-гоҳе такон диҳанд, ёдовар шаванд, ки дар дунё ба ғайр аз хурдану хобидан корҳои дигар, арзишҳои дигаре ҳам ҳаст. Ҳамон тавр, ки дар "Инҷил" гуфта шудааст, "Инсон танҳо бо нон зинда нест". Бубин, "бомбае", ки ахиран устод Қаноат, баъд аз сукути тӯлонӣ, дар майдони адабиёт партоб кард, чӣ қиёмате барпо намуд.
- Зимнан мехостам дар ин маврид низ назаратро ҷӯё шавам. Пас дар ин хусус иттилоъ дорӣ?
- Бале, аз Интернет аз инҳо огоҳ шудам. Ин воқеан аз рӯйдодҳои мусбат дар адабиёти тоҷик аст. Адабиёт ба худии худ як чизе азалии мусбат аст. Дар ин майдон ҳар чи ки рӯй медиҳад, ҳатман мусбат хоҳад буд.
- Адабиёт як раванди зинда аст, мисли табиат, мисли торих, мисли ҳаёти инсонӣ. Оё мешавад дар як раванди зинда ва фаъол ҳама чи мусбат бошад?
- Як назари сатҳӣ ба таърихи адабиёти дунё кофист, ки бифаҳмем, дар адабиёт ҳар чи ки мегузарад, ҳар ҳодисае, ки рӯй медиҳад мусбат ва ба нафъи ҷомеа аст, агарчи он дар назари омма ё барои бархе одамон зишт ва зарарнок намояд. Албатта, дар адабиёт ҳам зиштиҳои зиёде вуҷуд дорад. Вале он як вижагии азалие дорад, ки ҳама зиштиҳоро ба суди худ қазоват мекунад.
Ҳоло, ки сӯҳбати мо ба мавзӯи мавқеи Шеър ва Шоири воқеъӣ дар ҳаёти имрӯзии Тоҷикистон, қадру манзалати шоирони маъруфамон дар назди давлатдорон печид, ин байтро ба ёд биёрем аз фоида холӣ нахоҳад буд:
Гузашт шавкати Маҳмуду
                  дар замона намонд:
Ҷуз ин фасона, ки нашнохт
                        қадри Фирдавсӣ!
Адабиёт ин  ҷаҳони рамзӣ ва маҷозист, меъёрҳои худро дорад ва коре ба меъёрҳои маъмуливу суннатии ҷаҳони ҷорӣ ва гузарон надорад. Чуноне ки устод  Рустами Ваҳҳобниё мегӯяд: "Ҷаҳон ба роҳи худу шоирӣ ба роҳи худ аст". Зимнан аз ёдам наравад, бояд аз устод бипурсам, ки аслаш чигуна аст, "шоирӣ ба роҳи худ аст" ё "шоире ба роҳи худ аст"?. Албатта аз назари сабк фарқи зиёде дар миён нест. Вале аз назари шеърият ва бадеияти калом ба ҳар ҳол фарқи байни "шоире" ва "шоирӣ" хеле ҷиддист.
- Ба Душанбе баргардам, ҳатман аз Рустам ҷавоби ин суолро ҷӯё мешавам. Вале ҳоло бигӯ, накунад ахиран тарафдори ҷараёни "ҳунар ба хотири ҳунар" шудаӣ? Шояд як "Бурҷи Оҷ" ҳам барои худ сохтаӣ?
- Ман намегӯям олами адабиёт аз ҷаҳони воқеӣ ҷудост, Худо накунад. Аз ин назар адабиёт танҳо як тасвири нотамоме аз зиндагӣ асту бас. Ман мегӯям, ки меъёрҳои адабиёт дигар аст. Албатта, адабиёт ки мегӯям, манзурам танҳо назму наср нест, манзурам куллан олами ҳунар аст. Дар ин олам ҳама мусбату манфиҳо саранҷом ба суди Инсон ва Инсоният тамом мешавад. Дар ҳама давру замон дар ҳама кишварҳое, ки адабиёти хаттӣ равнақ доштааст, ҳамеша рӯйхати адибони "зарарнок ва мамнӯъ" ҳам вуҷуд доштааст. Бидуни истисно дар ҳама даврон ва дар ҳама кишварҳо. Вале бо гузашти муддате маълум шуда, ки ҳамон адибони мамнӯъ ҳунарманди воқеӣ будаанд. Дар ин маврид мисолҳо фаровон аст. Вақте ки аз ин мизон ва аз ин меъёрҳо ба адабиёти имрӯзии Тоҷикистон, ба сифати вориси адабиёти бузурги форсӣ-тоҷикӣ назар мекунӣ, дарк менамоӣ, ки воқеан имрӯз дар адабиёти тоҷик ҳеч чизе намегузарад, раванде ё ҷараёне нест. Ҳамон тавр ки гуфтӣ, адабиёт, шеър мисли як вуҷуди зинда аст, ниёз ба хуни тоза, нирӯи ҷавон дорад. Адабиёт ҷунбиш, таҳаррук, инқилоб ва изтироб мехоҳад.

Шоирони ҷавонро намешиносам

- Чун аз ҷавониву тозагӣ гуфтӣ, мехостам фикратро дар бораи шоирони ҷавони Тоҷикистон ва шеъри тозаи онон бигӯйӣ.
- Ман дар ин бора иттилоъе надорам. Ту, ки аз Тоҷикистон меойӣ, бигӯ бароям дар ин мавзӯъ. Ман ростӣ, дар Тоҷикистон вуруди ҷавононро ба шеъру адабиёт намебинам. Ҷавонтарин шоирони хуби тоҷик барои ман ҳамоно Фарзона, Озар, Суруш, Муслима ва чанде дигар ҳастанд. Шояд ман дар ҳолати рукуд ва беиттилоӣ ҳастам. Намедонам. Ман касеро баъд аз онҳо суроғ надорам. Шояд ҳаст касе ё касоне… Ҳатман ҳаст… вале ман иттилоъ надорам…
- Он "чанде дигар" - ро, ки гӯё шинохтам...
- Масхараам мекунӣ?
- Не, зарофат мегӯям. Вале Муслима, чунин номеро нашунидаам. Аз Тоҷикистон аст?
- Аз Тоҷикистон аст, вале хабар надорам, ки дигар ҳоло дар Тоҷикистон ҳаст ё не. Ин ки намешиносияш, далел дорад. Шахсе дар камоли ҳилму хоксориву шикастанафсист ва барои чопи ашъораш талоше намекунад. Дуруст мегӯянд, ки "ба ҳунармандон бояд ёрдам кард, беҳунарон худ чораи худро меёбанд".  Солҳо аз ин пеш байте зебо аз як ғазали зебои Муслима бандаро ба навиштани як намоишнома бо номи "Қотил дар остон" барангехта буд:
Дар ҷанги куфру имон номи
                          ту шуд амонам,
Ман бо ту дар намозам,
                   қотил дар остонам.       

Мутаассифона, солҳост, ки ҳеч хабаре аз он хоҳари азиз надорам. Агар ба қавли Маяковский "заврақи ишқаш дар тӯфони рӯзгор нашкаста бошад", ҳатман дар ин муддат ашъори нобе гуфта аст. 

(Идома дорад)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97