Саллаи Нурӣ ва галстуки Кабирӣ: кадоме беҳтар?!

Сиёсат 09.08.2011 13:38

Пуштибонии густардаи мардум аз ҲНИТ дар интихоботи ахири парлумонӣ бовар ва пиндори дастгирии оммаҳо аз "сиёсати хирадмандона"-ро  ботил кард.  Хаёли роҳати соҳибони ин пиндор ва ин бовар ба ҳадде ошуфта ва парешон гардид, ки дигар аз ҳама васоил маъмурӣ, ҳуқуқӣ ва тавассути расонаҳо ҳамлаҳои пуштиҳамро болои ҲНИТ роҳ андохтанд. Аввал ибодатгоҳи ҳизб ба таври мармуз оташ гирифт ва сипас дар он саҷда ба парвардгорро ғайриқонунӣ эълон карданд. Дар пайи ҳаводиси соли гузашта дар водии Рашт талошҳои печонидани пойи ҳизб ба онро низ ба харҷ доданд. Бознашри даъвати шоир Бозор Собир дар мавриди бастани ҳизб дар расонаҳои расмии маҳаллӣ рӯшан кард, ки кадом нирӯ нирӯи асосии сиёсии кишвар аст, ки мақомот аз ҳузури он ҳисси нохуб дорад. Агар чунин андеша бишавад, ки ин ҳама тасодуфӣ ва бидуни нақша сурат гирифт, бовар кардан душвор аст. Чун мавзӯъи бастани ҳизб то ба музофоту маҳаллот расонида шуд, масъулони ҳизб бо ҳар роҳу василаи имконпазир кӯшиданд, ки ин нақшаро маҳор ва ҳамзамон собит созанд, кореро, ки аз доираи қоида берун бошад, анҷом надодаанд.

Ислом танҳо аз ҳнит нест
Вале дар ин миён бархе аз коршиносон низ ба нақду интиқоди фаъолияти ҳизб пардохта ва гуфтанд, ки ҲНИ бо ин сурату сирате, ки дорад, дигар ба ниёзи ҷомеа намехӯрад, вуҷуди он монеа барои ислоҳу рушд ва тағйири вазъу ҳоли ҷомеа аст. Тавсия ин шуд, ки ҳизб худро бо шароити имрӯза ҳамоҳанг созад. Ва барои ин ки ҳизби қобили қабул бишавад, бипазирад, ки ислом тааллуқ ба ҳама дорад ва дер ё зуд ин бартарӣ аз дасташ гирифта мешавад. Дуруст аст, ки ислом дар Тоҷикистон мутааллиқ ба ҳама аҳзоб, мардум, ҳукумат ва аз ҷумла коршиносон ҳам ҳаст ва дар ҳеҷ ҷое нашунидам, ки ҲНИ гуфта бошад, ки ислом аз ман аст ва ин тавр гуфта наметавонад ва чун агар ин тавр бигӯяд аз ислом хориҷ хоҳад шуд, балки ин ҳизб хурсанд хоҳад шуд, ки ҳамаи аҳзоб барои рушду ривоҷи ислом ва қоидаи исломӣ талош кунанд. Онгуна ки вақте ҳукумат ба таҷлили 1310 солагии Имоми Аъзам пардохт масъулони ҲНИ борҳо изҳори хурсандӣ ва ризоият карданд ва изҳор доштанд, ки аз чунин иқдоми ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд. Аммо ба гумони ман ҳеҷ яке аз аҳзоб наметавонад исломро аз Наҳзат бигирад. Аҳзоби дигар шояд дар барномаҳояш дифоъ аз ислом ва густариши онро низ ҷо бидиҳанд. Вале онҳо ба масоил, ба шароит ва ба муҳит аз дарича ва зовия ва таълимоти ислом нигоҳ нахоҳанд кард, кореро, ки ҲНИ то ба имрӯз кардааст ва дар оянда ҳам ҳамин корро хоҳад кард. Ва агар ки ҳанӯз ҳам бархе аз уламо ҳузури ҳизб дар исломро шак доранд ва агар бархе аз уламои исломӣ зидди вуҷуди ҳизб дар исломанд, ин мушкил ва тақсир бармегардад ба худи онҳо. Ин масъаларо амдан ҳамчун мушкили ҳизб сохтан ва ҳизбро барои рафъи он ташвиқ кардан баробар аст, ба шак овардан ба худи мавҷудияти ҳизб. Ва ин рехтани об ба осиёби душманони камингирифта ва дашнабадасти он аст. Дар ҳоле ки ҳизб барои ба даст овардани санади фаъолияти машрӯъ ва аланӣ замонату кафолат ва тазмину тааҳҳуди болотарин марҷаъи сиёсии дунё-СММ ва давлатҳои абарқудрати оламро ҳосил карда ва ин шакку гумонҳоро барои ҳамеша аз миён бардоштааст. Ба баҳс кашонидани он ба баҳс кашонидани ҳаёту мамоти ҳизб аст.

Кабирӣ рақсиданро хуш надорад. Чаро?
Дар ҳоле ки ҲНИ роҳу равиш ва самту сӯи ҳаракати худро муайян ва мушаххас кардааст, ки он ҳам бунёди як ҷомеаи исломӣ аст. Андеша ва ормони ҲНИ  ислом аст ва чизе дигар буда наметавонад. Андеша қавитар аз он буда наметавонад. Ба фикри ман ҲНИ дар масиру самти дуруст ҳаракат дорад. Вале дар таййи ин масир камии ҷуръат ва ҷасорат эҳсос мешавад. Ҳазимат ва ақибнишинӣ барои ҳизбе бо тавон ва зарфиятҳои кофӣ муносиб нест. Чун ба таъйиди ин коршиносон ислом аз дасти ҲНИ гирифта хоҳад шуд пешниҳод додаанд, ки барои ҳифзи ҳузураш ҳизб як каме барои арғушту ашӯла ва тафреҳу фароғати мардум низ барномаҳо бирезад. Вале ба ҳар ҳол Муҳиддин Кабирӣ - раиси ҲНИТ, ба фарқ аз бархеҳо, ки рақсро дӯст доранд, дар яке аз сӯҳбатҳои матбуотиаш гуфт, ки рақс салобати мардро пойин мебарад.

ҳизби наҳзат мулло надорад

Дар идома коршиносон ташвиқ кардаанд, ки ҳизб бояд "ҳизб" бишавад. Ба пиндори онҳо дар ин ду-се соли ахир ҳизб кам-кам муваффақ, яъне "ҳизб" шудааст. Яъне то андозае тавонистааст, ки аз зери бори дастору ришу ҷелак раҳо ёфта ва дар худ ҳузури муллоро  камранг кунад. Аммо ба назари ман камбуд ва мушкили ҷиддӣ, ки ҳоло ҲНИ бо он рӯбарӯст надоштани муллост. Наҳзат бидуни мулло аҳамият ва манзалати худро наметавонад ҳифз кунад. Ҳоло ҷойи мулло инҷо холист, чун дар ин ҳизб аввал ақида, муқаддам ақида ва дар мақоми якум ақида аст. Аммо ҳоло он дар симои кӣ ифода ёбад ва тасаввур бишавад? Набуди пешвои маънавӣ -  муллои бузург ва эътирофшуда мушкили ҳизб аст. Ҳатто Шӯрои сиёсии ҳизб, ки акнун ин масъулиятро худ гирифтааст, натавонистааст ин ҷойгоҳи холишударо пур кунад. Ҳамон мақоме, ки ба маҳзи муллоӣ касб карда буданд. Нурӣ ва Ҳимматзода узв дар ин Шӯро буданд, фарқе надорад, ки раис ё узви оддӣ, аммо ҳол он мақоми пешвоии онҳо тиҳӣ аст. Худи ин ҳолат, ки Шӯрои сиёсии иборат аз чанд нафар  наметавонад ҷои холии пешвои маънавиро пур кунад далел бар он аст, ки набуди муллои бузург чи хисороте ба ин ҳизб ворид кардааст. Ва агар Нурӣ ва Ҳимматзода бар ҳаёт мебуданд ин андеша, ки ақидаи бузург дар дасти гурӯҳи заиф аст, садо намедод ё шояд ба тарзи дигар садо медод.

Нурӣ ҳукумат дошт

Ширкати густарда, фаъол ва ҷаззобу ҷолиб, ки ҲНИТ дар интихоботи парлумонӣ ба намоиш бигзошт месазад, ки дар маъракаҳои муҳимми сиёсӣ дақиқан дар  интихоботи раёсати ҷумҳурӣ такрор бишавад. Зеро воқеият ин аст, ки танҳо ҲНИ-ст, ки ба унвони як ташаккули сиёсӣ ҳама мароҳилу озмоишот барои бунёди як созмони сиёсиро тай кардааст ва аз ин ҷост, ки бештар аз дигарон ҳақ дорад, ки бо азми росих дар ин маъракаҳо ҳузур дошта бошад. Роҳи тайкардаи ҲНИ ва муассиси он бо роҳи сипардаи ислом ва Расули Худо шабоҳати тамом дорад. Даъват, ҳиҷрат, ҷиҳод ва ҳукумат. Бале, Нурӣ ин имконро дошт, ки ҳукумат дошта бошад. Ин ҳукумати ӯ буд, ки водор кард на танҳо раиси  Хадамоти иктишофии Русия  ба Афғонистон ба мулоқоти ӯ биравад. Бо ӯ Борис Елсин ва Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ- руасои ҷамоҳири вақти Русия ва Ирон ва даҳҳо баландмақоми кишварҳои дигар дидору мулоқот доштанд, чун ӯ дар воқеъ ҳоким ва дорои ҳокимият буд. Аммо ӯ ин корро накард. Ҳукумати дар қабзаашро раҳо кард. Онки Нурӣ ин корро чаро кард, бо чӣ мақсад ва ғайраву ҳоказоро ба вақти дигар мегузорем.

Рақобат ва тафовут миёни ҳНИТ ва ҳХДТ

Аммо инҷо на аз ҲНИ- и Нурӣ, аз ҲНИ-и имрӯз хоҳем гуфт. Ҳақ ба ҷониби Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раис ва фиристодаи ҲНИ дар Маҷлиси намояндагон аст, ки гуфт ин ҳизб ҳам ҷанг ва ҳам сулҳу оштиро мардона кардааст ва боз ҳам дуруст гуфт, ки озмударо дигар намеозмоянд. ҲНИ ҳарифи сиёсӣ надорад. ҲХД натавонист ҳарифи ҲНИ бошад, албатта ба унвони як созмони сиёсӣ. Агарки ҲХД ҲНИ -ро ба унвони рақиб ва ҳарифи сиёсӣ мешинохт дар муборизаҳои интихоботӣ метавонист бо вай муомила кунад. Муомилаи бидуни ҳарос, муомилаи холӣ аз хушунат. Масъала ин аст, ки ҲХД  пешравиҳои ҲНИ -ро пасравиҳои худ ва комёбии онро камшавии худ медонад. Ба як ибора онро ҷойгузини худ мешиносад, дер ё зуд бояд онҷоро бигирад. Чун ҲХД ҳукумат аст. Дар бинои давлатӣ қароргоҳ дорад. Тавассути корхонаҳои бузург ва мақомоти навоҳӣ сармоягузорӣ мешавад. ҲХД-ро аз боло ва барои боло сохтанд. Аммо замоне, ки онро ташкил мекарданд, ҳадаф яке буд; - раҳоӣ аз хиҷолат ва маломату таънаи коммунистӣ. Он вақт ба давлат расидаҳои тоҷикро бо исме, ки  доштанд- "коммунист" ном мебурданд. Номе, ки он вақт доштан ва бардоштани он хиҷолатбор ва мояи шарм буд.  Вале  аксарияти матбуоти дунё чунин мегуфт. Ҳамин собиқаи коммунистӣ аст, ки ҳоло ҳам ҳизби ХД аз ҳамон шева ва усул даст накашидааст. Агар ҲНИ пинҳон ва ба рағми сиёсатҳои замона таъсис ёфт, ҲХД барои таҳким ва тақвияти сиёсати замона ва чавкии ҳукумат сохта шуд. ҲНИ  ба фарқ аз ҲХД тавассути давлат сохта нашудааст. ҲНИ на бо пешниҳоду машварати берунаҳо, балки аз тарафи тоҷикҳо мустақилона бунёд шудааст. Он зода ва парвардаи тафаккур ва андешаи тоҷикист. Дар замоне ташкил шуд, ки бисёре аз онҳое, ки имрӯз сиёсатмадор шудаанд, сиёсат чист намефаҳмиданд. ҲНИ барои он ҷолибу ҷаззоб аст, ки онро тоҷикҳо сохтаанд. Ин ҳизб на бо номи исломиаш, балки бо симо, ном, рафтору кирдори тоҷикиаш ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад. Он дастоварди тоҷикон дар тӯли ин ҳама солҳост, он ҳосили андеша ва иродаю матонати тоҷикӣ ва аҳли Тоҷикистон аст.  Он моли тақлид ва такрор нест, сирфан тоҷикист. Он оварда ва таҳмилшуда нест, маҳаллӣ ва ватанист. 

ХНИТ ҳизби бонуфуз аст

Ҳоло агарки 40 ҳазор узв дорад, он чил ҳазор  дастикам панҷ нафарро ба ҳамроҳ дорад ва ин 200 ҳазор ҷонибдори самимии ҲНИ аст. Аммо он чиҳил ҳазори узв ба самти ин ҳизб огоҳона, бошуурона ва бо қабули озору азияти эҳтимолӣ омадаанд. Ин хеле тасмими бузург ва боҷасорати он идда аз атбои кишвар аст, ки вориди суфуфи ҲНИ мешаванд. Вале ҳоло на танҳо худи ҲНИ ва ҳасту буди он боиси гуфтугузорҳо шудааст. Ҳоло гуфтугузорҳо дар бораи раиси ҲНИ на камтар аз ҲНИ доман густардааст. Интишори мақолаҳо барои сияҳсозӣ, расонаӣ кардани масъалаи бастани ҲНИ, гӯшзад ва муттаҳам кардани ҲНИ, ки даст аз сохтани давлати исломӣ накашидааст, надодани ҷойи саввум дар парлумон, тағйири муносибати давлат бо дин ба шахсияти Кабирӣ дахл дорад. На ба ҳизб. Чун  вуҷуди ӯ ва пазироиву истиқболи шигифтангези ӯ дар интихоботи парлумонии ахир аз сӯи оммаи васеъ изтироб ва ташвишҳоеро ба бор оварда, боиси парешонии хотири ҷамъи ҷамъе шудааст. Барои ҳамин масъаларо тавре матраҳ мекунанд, ки ҳизб бо душвор дучор шавад. Дигар муҳим нест, ки ин овозҳои гирифта эътирозианд ё чизи дигар. Муҳим ин аст, ки ин овозҳоро ҲНИ гирифт, ки дар раъсаш Кабирӣ қарор дорад.

(Идома дорад)

Абдуқаюми Қаюмзод

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97