Муаллим бозичаи дасти сиёсат

Сиёсат 09.08.2011 13:25

Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симинаш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар,
"Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар".

Ин суханони Шайхи кабир ва мутафаккири шаҳир, солику муршиди беназир Саъдии алайҳираҳма аст. Ин пандномаест, ки дар дабиристонҳо овезон буд ва онро ба ҳама толибилмону шогирдони макотибу мадорис пайваста талқин мекарданд. Ростӣ, муаллим барои мо дар ҳақиқат мисли волидайн азиз буд. Муаллим мисли як фариштае буд, ки аз ҳар рафтору кирдори он мехостем, чизе барои худ бигирем. Ман низ ба қавле бо нони омӯзгор калон шудам ва ифтихор доштам, ки аз миёни мардуми зиёӣ ва ростгӯву бонанг бархостаам. Аммо имрӯзҳо касеро муаллим гуфта нидо кардан, маънии дигареро гирифтааст. Аксари мардум онро ба маънии паст задану таҳқир қабул мекунанд. Дигар он муаллиме, ки садри маъракаву маҷолиси мардум буд, имрӯз ҳақиру хору залил гашта. Чаро? Кӣ омӯзгор- шахси пешқадами тамоми давру замонҳоро бад- ин рӯз расонд? Ин суолест, ки мехостам перомуни он андешаҳои хешро зери таъсиру бардошт аз интихоботи миёнадавраӣ дар ҳавзаи Сино- 4 дар бораи омӯзгорон рӯйи коғаз биёрам.

Муаллим бозичаи дасти қудратҳо

Дар замони Шӯравӣ низ аз муаллимон барои тарғиб ва тавсеъаи идеяву андешаҳои коммунистии хеш истифода мекарданд. Аз ин фариштаҳои заминӣ душмани дин метарошиданд. Дар тамоми макотиб ҳатман гӯшаи атеистӣ- бехудоӣ фаъол буду аз боло ба муаллим ва фарзандони мардум мегуфтанд, ки инкори Офаридгори хеш кунанд. Ҳатто бо дасти ҳамин муаллимон ёдам ҳаст, ки дар хобгоҳи чӯпонони ферма низ гӯшаи атеистӣ кушода буданд. Муаллим аз ночорӣ ва баъзан ҳам шояд ноогаҳӣ ва ё нишон додани садоқати хеш ба идеяҳои коммунистӣ даст ба ин кор мезад, зеро режими яккаҳизбӣ ва бехудоӣ ӯро ба ин ҳама динситезӣ маҷбур мекард. Муаллим барои хидматҳояш моҳонаи хубе ҳам мегирифту зиндагии осудае нисбат ба дигар ақшори замон дошт. Бо ҳама ин зӯру фишори режими коммунистӣ боз ҳамон муаллимон буданд, ки ба мо дарси мардонагиву меҳандӯстӣ медоданд ва ҳатто пинҳон мегуфтанд, ки Худо ҳаст. Ва аз пинҳон намозхониву рӯзадории мо лаб фурӯ мебастанд. Номуси баланди миллӣ ва ғайрату эҳсоси ватандорӣ доштанд. Ман, ки зодаи як деҳаи дури кӯҳистонам ва борҳо дидаам, ки муаллимон духтарони синфҳои болоиро барои надоштани рӯсарӣ ва ё ба бар кардани куртаҳои пеши бар кушода сарзаниш ҳам мекарданд. Бубинед, ки чӣ гуна инсонҳои шариф буданд, ки новобаста аз он зӯру фишорҳои идеоложии коммунистон, онҳо ҳувияти миллӣ ва номуси исломиву мардонагиро ба мо меомӯхтанд. Бо вуҷуди он ки беҳтарин маъош ва зиндагӣ доштанд. Ҳамон муаллимон буданд, ки тавонистанд, насли нави ватандӯсту босаводро тарбия намоянд, ки билохира ҳамон насл тавонист кишвареро бо номи Тоҷикистон рӯи харитаи дунё биёранд. Барои Истиқлолу озодиаш ҷоннисориҳо ва аз худ гузаштанҳо ба намоиш гузоштанд.

Хиёнат бас аст, муаллим!

Бори саввум аст, ки дар корзори интихоботии номзадҳо ба Маҷлисҳои маҳаллӣ ва олӣ ба ҳайси нозир иштирок кардаам ва ҳар дафъа қонуншиканиҳоеро мушоҳида намудам, ки мутаассифона маҳз бо дасти ана ҳамин тарбиятгарони насли наврас рух медиҳанд. Се дафъа ҳам дар ҳамин ҳавзаи Сино - 4 нозири интихоботҳо будам ва се дафъа ормонҳои маро ин омӯзгорон бар бод доданд ва дигар ҳангоме муаллимеро бубинам, хоҳ нохоҳ як нороҳатиеро дар вуҷуди хеш эҳсос мекунам. Охир ин устоди фарзанди ман аст ва тарбиятгари фарзандони дигар мардум ҳам. Вақте муаллим даст ба тақаллубу қонуншиканӣ мезанад, чӣ гуна метавон бовар кард, ки ӯ "беҳ аз падар" аст. Дар интихоботи охирине, ки ман аз ҷониби номзад Толибшоҳи Сайидзода, бародари журналистам нозир будам ва ба қавле таҷриба ҳам доштам, аввалин хоҳиши ман аз аъзои комиссияи интихоботии қитъа ин буд, ки даст ба хиёнат назананд, аммо сухани як муаллима хеле ҳам нороҳатам кард, ки гуфт: "Охир чӣ метарсонимон, якум бор нест ку?". Дар тӯли рӯз боз ҳамон асабонияту қонуншиканиву боз ҳамон тақаллуб, ки инро борҳо гуфтаанд ва ҳоҷати такрор нест, рух медод. Чизеро, ки мехостам бигӯям ин аст, ки чаро маҳз муаллимон дар рӯзи интихоботҳо аъзои комиссия мешаванду ҳама қонуншиканиву тақаллубҳо бо дасти онҳо амалӣ мешавад. Чаро намегузоранд, ки дар қитъа аз ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ва дигар ақшори ҷомеъа низ намояндагон бошанд? 
ҲНИТ номзадашро дар интихоботи ҳавзаи Сино - 4  бозпас хонд, зеро аз таҷрибаҳои пешин хуб медонист, ки ҳама тақаллубу қонуншиканиҳо маҳз дар қитъаҳои интихоботӣ ва бо дасти аъзои комиссияҳои қитъавӣ пиёда мешавад. Чун пешниҳоди ин ҳизб дар мавриди ворид намудани намояндагонаш ба ҳайати участкаҳои интихоботӣ аз ҷониби КМИР ва комиссияи ҳавзавии интихоботӣ қабул нагашт, иштирок дар ин корзори сиёсиро наҳзатиҳо беҳуда донистанд. Ва фикр мекунам, кори хубе ҳам карданд. Агар ба ин пешниҳоди ҲНИТ дигар аҳзоб ва номзадҳои худпешбар низ ҳамроҳ мешуданд шояд имкон дошт, ки интихобот ранги тозае мегирифт ва ба шаффоф гузаштани он бовари мардум бештар мегашт. Ҷойи пинҳон кардан нест, ки дар ин интихоботи миёндаври ҳавзаи Сино- 4 фақат ду номзад генерал Амрқул Азимов аз ҲХДТ ва дигаре журналист Толибшоҳ Сайидов ба таври худпешбарӣ пешгом буданд. Толибшоҳ борҳо дар мулоқотҳояш бо мардум эълон дошт, ки ба интихоботи шаффофу демократӣ бовар дорад ва аз ин рӯ барои ворид шудан бар парлумон талош хоҳад варзид. Аммо баъди анҷоми интихобот ва баррасии гузоришҳои нозирони хеш гуфт, ки тамоми ормонҳои интихоботи озодро боз ба дасти омӯзгорон гӯр карданд.

Фариштае дар ботлоқи сиёсат

Боз мегардем сари масъалаи муаллими имрӯза. Маъоши муаллимон хеле ва хеле паст аст, ки бо он наметавон дар як моҳ маводи ғизоии лозимиро харидорӣ кард. Агар кӯмаки волидон набошад, фикр мекунам, макотиб бе муаллим хоҳад монд. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки имрӯз танҳо касоне дар мактабҳо кор мекунанд, ки солҳо хидмати мактабро кардаанд ё касонеанд, ки дигар ҳеч роҳи баромад надоранд ва маҷбуранд, ки ба он пули ночиз рӯз бубаранд. Аз тарафи дигар ин хӯи ғуломии тоҷик аст, ки ҳар чӣ сардор гуфт, бояд итоат кард. Аз ин рӯ муаллимро баъзан имрӯз порахӯр, муфтхӯр ва фиребгар меноманд.
Интихобот дар Тоҷикистон як шакли системаро гирифтааст, ки чанбари он дар дасти мақомот ва мошинаи барандаи он муаллимон гаштаанд. Бархе мегӯянд, ки муаллим айбе надорад ва маҷбур аст, ки даст ба ин кор занад, аммо то кай? Наход дигар роҳе нест, ки рӯзу рӯзгори хешро пеш баранд?
Қисмати аъзами омӯзгорони кишвар занонанд, ки тарбияи насли навинро бар дӯш доранд. Тибқи маълумоти дар даст дошта, аз 6401 нафар омӯзгорони шаҳри Душанбе 4926 нафари онро занон ташкил медиҳанд. Хулоса ин аст, ки тақдири ояндаи ин миллат дар дасти занон аст ва онҳо чӣ тавре тарбия намоянд, насли оянда чунин хоҳад буд. Болотар аз ин ҳар зан модар аст ва боз масъулияти модариро ба дӯш дорад. Агар модарони мо барои кадом як музди ночизе, ки дар ҳақиқат барои ишон бисёр кам аст, даст ба тақаллубу найранг мезананду хиёнат ба ояндаи миллат мекунанд, пас чиро интизор хоҳем буд? Аз ин рӯ ба маврид аст бигӯем, ки масъулияти бузурги устодии насли наврас, ки бар дӯши модарон аст, пас ин модарон бояд биандешанд, ки фардо чӣ хоҳанд гуфт ё ақалан ҳангоме, ки тифли касеро барои дурӯғгӯиву нодонӣ танбеҳ медиҳад, дар пеши виҷдони худ чӣ хоҳад гуфт? Суолест, ки сари он омӯзгорони азиз ва касоне, ки хешро болотар аз волидони фарзанд медонанд, бояд биандешанд.

Аъзамшоҳи ҚӮҚАНШОҲ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97