Тарси мо аз суннамӣ ва ҳақиқати хокистарранги Комил Бекзода

Сиёсат 09.08.2011 13:23

Фосилаҳо аз байн мераванд 

Дар шароити кунунӣ ҳар лаҳза дунёи ҳамешатағйирёбандаи мо бо суръати хеле тез ва саросемавор дар ҳоли ҳаракат мебошад, ва фарҳанги кишварҳову миллатҳои гуногуни дунёро беш аз пеш ба ҳам омезиш медиҳад. Дар дунёи имрӯз, ки "замони интернет" хонда мешавад, сарҳаду фазо дигар наметавонад монеаи байни инсонҳо ва фарҳангҳову андешаҳои онҳо бошад, чун технологияи муосири ҷаҳон дар кӯтоҳтарин лаҳза метавонад тамоми инсонҳо ва андешаву фарҳангҳои онҳоро бо ҳам ошно сохта, онҳоро бо ҳам чи аз назари андеша ва фикр наздик созад. Яъне имрӯз чунон ҷомеаҳо бо ҳам омехтаву инсонҳову дидгоҳҳо бо ҳам рехтаанд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кардан кори басе душвор гардидааст. Дар чунин як ҳолате, ки ҳеҷ як марз аз назари геополитикӣ (ҷуғрофиёи сиёсӣ) дар олами иттилоот, андеша ва фикр вуҷуд надорад, воқеан ҳар як миллат ва халқиятро водор месозад то дар хусуси тақдири ҳувият ва фарҳанги миллии хеш ва умуман ояндаи миллаташ андеша кунад то дар саҳнаи ҷаҳонӣ онҳоро ҳифз ва тақвият бахшад. Ин раванд ва ҳолате, ки дар боло ишора шуд, раванди нотакрори таърихиест, ки имрӯзҳо дар адабиёти илмии ҷаҳонӣ чун "globalization" ва дар забони тоҷикӣ  маъмулан "ҷаҳонишавӣ" номгузорӣ шудааст.

 

Насли интернет

Ҷаҳонишавӣ ҳамчун муҳимтарин падидаи замони постмодернизм ва ҷолибтарин раванди таърихи инсоният имрӯз таваҷҷӯҳи кулли ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Падидаи мазкур маҳсули замони нав (модерн) буда, серҳаракаттарин ва пурталотумтарин (хастанопазиртарин) раванди таърихи башарият мебошад, ки ҳар лаҳза ҷаҳон ва ҷаҳониёнро дар ҳоли тағйир нигоҳ медорад ва арзишҳову андешаҳои фарҳангӣ, динӣ, фалсафӣ ва сиёсии миллатҳо ва ҷомеаҳоро бо ҳам омезиш дода онҳоро ба ҳамдигар пайваст месозад. Инчунин тамоми падидаҳои ҷаҳони муосирро, ки инъикоскунандаи тамаддуни имрӯзаи башарият ҳастанд ба ҷаҳониён мешиносонад. Аз ин ҷост, ки ҷомеашиносони муосир имрӯз ҷаҳонро ба як деҳа ва ё маҳали кӯчаке монанд мекунанд. Зеро дар ҳоли ҳозир неруҳои бузурги иттилоотӣ ва техноложӣ инсонҳо ва фарҳангҳоро он қадар бо ҳам наздик намудааст, ки дурии масофаи ҷуғрофӣ ва ё геополитикии ҷаҳон ҳеҷ эҳсосе намешавад. Қарнҳо пеш аз ин агар барои гирифтани як иттилоот моҳҳо ва солҳо тӯл мекашид, ҳоло бошад сония ва ё дақиқае кофист то инсонҳо аз як минтақаи дурдасти дунё ба минтақаи дигар бо ҳам дар алоқа бошанд ва ҳар ахбороте, ки зарур бошад пайдо кунанд.
Бархе аз муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки ҷаҳонишавӣ падидаи нав нест ва дар ҳама давру замон нишонаҳои он вуҷуд доштанд. Азиумарди Азра таъкид мекунад, ки барои таърих ва барои ислом ҷаҳонишавӣ падидаи нав набуда, балки таҷрибаҳои зиёди ин равандро метавон дар таърих пай бурд . Дуруст аст, ки  метавон дар давраҳои гуногуни таърихи инсоният нишонаҳои зиёди ҷаҳонишавиро рӯбарӯ шуд, аммо як нуқтаро бояд ёдрас кард, ки ҷаҳонӣ шудани арзишҳо ва пайванди ягона гирифтани дунё ҳеҷ замон ба монанди имрӯз шакл нагирифтааст. Яъне дунё ва фарҳангу тамаддунҳо ҳеҷ замон ба ин андоза, ки доранд боталотум ба ҳам мерезанд, набудааст. Ва ин маҳз аз рушди технологияи компютерӣ ва иттилоотии замони муосир вобастагии зиёд дорад. Дар вобастагӣ ба тақвияти ин нуқта Муҳаммад Аркун (яке аз равшанфикрон ва муҳаққиқони мусалмон дар Аврупо) қайд мекунад, ки  то солҳои 1960-1970 инсон дорои тасаввур ва идаи хоссе аз ҷаҳон ва ҷаҳониён буд. Худи ин тасаввур бознамудҳои бисёр зиёде ба вуҷуд меовард, ки бороварии маънавӣ, ҳунарӣ ва илмии онҳо бар ҳасби муҳитҳои фарҳангӣ ҳамёриҳои таърихиашон фарқ мекард. Аз диди ӯ  инсон бо Коперник, Галилей ва Кеплер аз дунёи маҳдуд ба ҷаҳони номаҳдуд гом мегузорад. Инчунин таъкид мекунад, ки он чӣ пеш аз ин робитаҳои байналмилалӣ гуфта шудааст ба ҳеҷ ваҷҳ фарогири мафҳуми ҷаҳонигарӣ, яъне он неруҳои фаъол ва воқеъиёте, ки ҳамаи афрод ва ҷавомеъ дар ҳоли кашфанд, намешавад. Яъне дар назди неруҳои ҷаҳонишавӣ на фақат гузаштаҳои дур, балки, ҳатто  таҷаддуд ва ё модернита, ки аз асри равшангарӣ, нашъат ёфтааст, аз ӯ ҷони солим ба дар намебарад. Ҳоло як инсон тавассути як даричаи хурд, ки "компютар" ном гирифтааст, метавонад ба тамоми дунё пайваст шуда, дар хусуси ҳар падида ва ё амале, ки бошад дар лаҳзаҳои кутоҳ маълумот пайдо кунад. Метавон гуфт, ки як инсон аз Аврупо метавонад аз як фарди тоҷикистонӣ бештар ва тезтар дар хусуси воқеиятҳои Тоҷикистон бохабар шавад. Яъне неруҳои фаъоли дунё имрӯз бо суръати хело тез ба тамоми дунё паҳн мешаванд ва ҷаҳониёнро ҷаҳонӣ месозанд. Барои мисол ҳодисаҳои имрӯзи ҷаҳони Арабро метавон ба таъсири неруҳои ҷаҳонишавӣ рабт дод. Яъне метавон гуфт, ки имрӯз барномаҳои интернетӣ (аз қабили facebook) доранд андешаҳо ва дидгоҳҳои тамоми ҷавонони арабро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ бо ҳам мерезанд. Интернет аст, ки равобити тамоми онҳоро аз равобити ҷавонони як деҳа ҳам тезтару зичтар кардааст. Ва ин неруҳои интернетӣ суръати ҳаракати ҳодисаҳои таърихиро аз будаш бештар, доранд метезонанд. Аз ин хотир дигар ҳукуматҳои худкома ва тоталитарии ҷаҳони араб наметавонанд мардуми худро дар ҷаҳолат нигоҳ доранд. Чун имрӯз ҷавонон (аз ҷумла ҷавонони кишварҳои араб) доранд дар донишгоҳои аврупоӣ таҳсил мекунанд ва онҳое, ки низ дар кишварҳояшон ҳастанд, ҳар дақиқа шоҳиди ҳодисаҳоеанд, ки дар ҷаҳон доранд мегузаранд. Адолат, ҳақиқат, озодӣ, ҳуқуқи инсон ва истиқлоли фикрӣ барин арзишҳо, ки ҷаҳони пешрафт болои ин арзишҳо шакл гирифтааст, ҳар дақиқа дар тафаккури ин ҷавонони насли интернет суолҳои бештареро ба вуҷуд меоранд.

Тарси мо аз сунамии Ғарб

Дар ин лаҳзаи ҳасоси таърихӣ ҳамаи инсонҳо, фарҳангҳо ва халқиятҳо доранд болои ҳам мерезанд ва фарҳангҳо, миллату халқиятҳои заифу кӯчак дар дохили ин сели бузург доранд ҳал шуда аз байн мераванд. Аз ин хотир бештари  ҷомеаҳои суннатӣ ва миллатҳои навтаъсис, ки шурӯъ ба эҳёи арзишҳои миллӣ, динӣ ва фарҳангӣ доранд, сахт ба ташвиш ва нороҳатӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Тоҷикон ҳамчун миллате, ки тӯли ҳафтод соли Шӯравӣ ва ҳатто солҳо қабл аз Шӯравӣ ҳам зери контрол ва низомҳои ғайримиллӣ қарор доштанд, бо талошу кушишҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва қишри зиёиёни кишвар имрӯз талош мекунанд, то арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро, ки борҳо хатари нестшавиро аз сар гузаронидаанд, эҳё намоянд. Яъне имрӯз талоши таҳкими ҳувияти миллӣ ва раванди сохтмони давлати миллӣ дар Тоҷикистон дорад сурат мегирад. Бештари кишварҳои ҷаҳон, бахусус давлатҳои Аврупоӣ ин раванди таърихи сохтмони давлати миллиро дар қарнҳои 18 ва 19 аз сар гузаронданд. Боиси тазаккур аст, ки сохтмони давлати миллӣ дар Аврупо замоне суръат гирифт, ки вазъи онвақтаи ҷаҳон ба он созгор буд. Аммо имрӯз ҷаҳон ба сӯйи ҷаҳонӣ шудан майл дорад ва дунё ранги дигарро ба худ гирифтааст. Аз ин лиҳоз, ки ҳамаи кишварҳои тозаистқлолу тозабунёдро бо мушкилоти ҷадиде рӯ ба рӯ сохтааст. Яъне раванди ҳамгироӣ (интегратсия) дар миёни кишварҳои ҷаҳон шурӯъ шудааст.
Дидгоҳҳо ва назарҳо оиди раванди ҷаҳонишавӣ мухталифанд, баъзеҳо аз ин раванд дар ҳарос буда, онро ба як аждаҳор монанд мекунанду дигарҳо онро як фазои имкониятҳо ва набарду мусобиқаҳо барои худ мебинанд. Аммо бояд қайд кард, ки дар шароити кишварҳои мо, яъне кишварҳои шарқи мусалмонӣ бештари  муҳаққиқон ва ҷомеашиносон ба раванди мазкур дидгоҳи хушбинона надоранд. Онҳо бар он ақидаанд, ки ҷаҳонишавӣ ҳамчун боде аз сӯйи мағрибзамин бо арзишҳои сирф бегона суннатҳо ва арзишҳои милливу динии онҳоро ба нестӣ мебарад. Аз диди бештари муҳаққиқони тоҷик ва дигар муҳаққиқони шарқӣ (албатта на ҳамагӣ ба ин ақидаанд) раванди мазкур як навъ низоми ҷадиди мустамликадорӣ буда, кишварҳои ғарб бо тавоноӣ аз қудрати итилоотӣ ва технологии худ истифода намуда, арзишҳо ва фарҳанги худро ба ҷаҳони шарқ таҳмил менамоянд.
Табиист, ки имрӯз ғарбиҳо воситаҳои иттилоотӣ ва интернетиро дар даст доранд ва бо ин восита метавонанд дигаронро зери таъсири ақидаи худ бигузоранд. Аз ҳамин хотир бештари дидгоҳҳо дар кишварҳои суннатӣ ва кӯчак ба мисли Тоҷикистон бар инанд, ки ғарб бо ин ҳама неруҳои иттилоотӣ ва интернетиаш дорад фарҳанги худро ба дигарон таҳмил месозад. Ин навъи муҳаққиқон, ки қариб кулли назарияпардозони ҷаҳони шарқро дар бар мегиранд,ҷаҳонишавиро (globalization) як навъ раванди ғарбишавӣ (westernization) меноманд. Манзури онҳо аз ин нуқта чунин аст, ки ғарб бо тамоми арзишҳову фарҳанги худ ҷаҳонро фатҳ мекунад ва дигаронро низ ғарбӣ сохтан мехоҳанд. Дар тасаввури онҳо ҷаҳонишавӣ ба мисли селест, ки гӯё ҳамаи суннатҳои диниву миллии моро сарозер нобуд мекунад ва андаруни он ҳеҷ чизе ба ҷуз фарҳанги бегона ва хатарнок вуҷуд нахоҳад дошт. Ин нуқтаҳоро метавон пайваста дар китобу маҷаллаҳои ватанӣ ва ғайриватании шарқи мусалмонӣ такрор ба такрор мушоҳида кард. Барои мисол мақолае бо номи "Ҷаҳонишавӣ арзишҳои моро аз байн мебарад" аз тарафи Қиёмиддин Сатторӣ ба чоп расида буд, дар мавриди он ки ғарб ҳамеша сиёсати зиддиисломӣ ва зидифорсӣ дошт ва дорадро, таъкид менамояд. Инчунин муаллиф ҷои дигар ишора мекунад, ки ҷаҳонишавӣ сиёсати тахрибкорона ва зӯровариву хушунатро дунбол гирифта, таҳаммулпазириро ба ҳеч ваҷҳ қабул надорад. Дар ин хусус олим ва муҳаққиқи барҷастаи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ, низ қайд мекунад, ки имрӯз низ ғарбиён дар  шакли дигар сиёсати мустамликадории худро идома медиҳанд. (Аммо устод Шакурӣ дар идомаи сӯҳбаташ нигоҳҳои ҷолибро дар хусуси интихоби мо аз ин раванд пешниҳод мекунад.) Онҳо ба андешае, ки арзишҳои дунё ба ҳам мерезанд, муқобил буда, таъкид доранд, ки на андешаҳо ва суннатҳои гуногуни дунё ба ҳам мерезанд, балки андешаҳои дунёи ғарб бар сари дигарон мерезанд.
Аксари таҳлилгарон,  чуноне ки дар боло низ ишора шуд, ба ин раванди таърихӣ нигоҳи яктарафа ва бештар ғайриобективона доранд. Ва ба ифрот роҳ додан ва яктарафа баҳогузорӣ намудан, имрӯз як навъ суннати хоси таҳлилии донишмандон гардидааст. Имрӯз ҳамаро дар қолаби сиёҳу сафед, ғарбию шарқӣ ва худиву бегона мебинанд ва таҳлил мекунанд. Шояд ин маризиест, ки аз замони Шӯравӣ ҳам боқӣ монда бошад. Аз ин ҷост, ки имрӯз агар ба фазои илмии кишвар назар андозем, дар аксари мақолаҳову китобҳо ҳадиақал як бор вожаҳое ба мисли "ғарбиву шарқӣ", "исломиву дунявӣ" "милливу ғайримиллӣ" "худиву бегона" - ро рӯ ба рӯ хоҳем шуд. Ин ҳамон маризиест, ки ба ҳама чиз бо назари шубҳа нигариста ва ҳама арзишҳову дидгоҳҳо дар чашмамон зишт ҷилвагар мешавад. Ва ҳатто агар хуб ҳам бошад, худро бовар мекунонем, ки он ҳам бад аст.

Ҳақиқати хокистарранги Комил Бекзода

Доир ба ҳамин гуфтаҳои боло мехоҳам як таърихчаеро ёдовар шавам. Рӯзе файласуфи тоҷик  Комил Бекзода, ки шояд вожаҳои дар боло зикр шударо аз ҳама бештар истифода мебаранд, ин дидгоҳро зери суол гузошт (дар маҳфили "Диалог"). Ӯ афзуд:  ".... мо тоҷикон ҳамеша дар ҳамин рӯҳия тарбия ёфтаем, ки ҳама падидаро дар доираи фалсафаи дуалистӣ баҳогузорӣ мекунем. Сиёҳу сафед, ҳақиқат ва беадолатӣ, рӯшноӣ ва зулмот ва ғайраву ғайраҳо. Мо ҳамеша тасаввур доштем, ки ранги ҳақиқат сафед аст ва ранги зулмот сиёҳ ва инро бовар мекардем. Дар сурате ки мо имрӯз пай бурдем, ки ранги ҳақиқат хокистарранг будааст. Яъне чандрангӣ хоси ҳақиқат аст".
Манзур аз овардани ин суханҳо ба ин хотир буд, ки мо ҳамеша ба ҳама падида яктарафа нигоҳ ва баҳогузорӣ мекунем. Ранги хокистарранг гуфтани устод ба он маънист, ки яъне имрӯз на танҳо як ҳақиқат, балки ҳақиқатҳо, на як андешаи хуб, балки ҳазорҳо андешаи олӣ, на як фарҳанг, балки садҳо фарҳанг ва на як таҷриба ва дастовард, балки ҳазорҳо таҷрибаву дастоварду низомҳо дар ҷаҳон вуҷуд доранд, ки инсонҳо барои пешрафти худиву бегона нагуфта истифода мекунанд. Ин андеша хоси замони посмодернизм ҳаст ва дунёи имрӯз бунёдаш болои арзишҳои нав аст. Ва мо бо ин, ки рӯйи ин баҳсҳо ворид мешавем, ҳеч бурде ба ҷузъ бохт нахоҳем дошт.

(Идома дорад)
Аҷами Калонзод, сиёсатшинос

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97