Рӯзе муаллим хиёнат мекард

Сиёсат 09.08.2011 13:14

Muallim va_siyosat_18Рӯзи 15-и май бо хоҳиши дӯсти хуб ва рӯзноманигори тундгӯву нармрафтор Толибшоҳи Сайидзода дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ нозир будам. Тӯли беш аз 12 соат дар ҳавзаи мазкур назорати рафти интихобот ё ба таъбири дурусттар шоҳидии намоишномае бо иштироки аъзои комиссия ва интихобкунандагон насибам шуд. Ҳамроҳ бо ман як ҷавони ҳушманд аз Ҳизби аграрӣ ва як бонуи доно аз Ҳизби халқӣ-демократӣ низ нозир ё худ шоҳид буданд.

Ба мушоҳидаи мани нозир, дар давоми рӯз на бештар аз 400 овоздиҳанда ба ҳавза омад ва он ҳам бо шумули касоне, ки ду ва вобаста ба имконияташон се маротиба раъй ё бо забони имрӯзӣ "овоз" доданд. Аммо шумори варақаҳои дохили қуттии шаффофро мӯҳтарам ҳисобкунандагони раъй "1195 овоз", гуфтанд.
Шояд хонандаи азиз бигӯяд, модом ки чунин буда, пас чаро роқими ин сатрҳо он қадар вақти азизи худро барҳадар гузарондаасту пеши раису котиби ҳавза шикоят набурдааст?
Тахминан соати нӯҳ буд, ки як нафари тануманд (ки ӯро як мард гуфтан берун аз оини ҷавонмардист), бо тоқии чустӣ ва риши тақрибан се-чаҳоррӯза ду бюлеттенро, ки дар утоқи пӯшида номзади хостаашро ду бор интихоб карда буд, ба ҷойи он, ки дар қуттии шаффоф бигзорад, пеши мо овард. Пеши мое, ки нозир будем… Ин ҳамагӣ чанд мижа задан пас аз ҳолате буд, ки як нафари ба назар интелегент, 3 баргаро ба қуттӣ партофту ман дигар беихтиёр садош кардам, ки инсоф ҳам хуб аст! Тарафи ман, ки ришам ба истилоҳ сабз буд, бо бинии ҷинҷкардаву густохие бас пастфитратона ва бо дили пур наъра зад: Чӣ мегӣ? Чӣ мефорат??? Посухам ин буд, ки мусулмонӣ ҳам хуб аст!!! Он ҷо дигар ҷойи мудоро буду нармӣ. Кош он майдони гуштигирӣ мебуду мефаҳмид, ки маро чӣ мефорад…
Якчанд бори дигар, чанд касро гуфтам, ки чаро ду-се барга мепартоед? Ба ҷойи онҳо аз ҷумлаи асҳоби хайри бюлеттенӣ мегуфтанд, ки охир ба ҷойи аҳли оилаашон овоз медиҳанд…
Модом, ки асҳоби хайри баргаҳо ин ҳарфҳоро мегӯянд, пас онҷо истодани мо бемаъност. Аслан мантиқ надорад!
Аъзои комиссиюн асосан муаллимони мактабе буданд, ки ҳавзаи интихоботӣ дар он ҷойгир шуда буд. Ин буд, ки дигар аз чунин бедодӣ намехостам барои лаҳзае ҳам дар ин шаҳру ин ватан бимонам. Зеро борҳо шунидаву дидаам, ки дар ин сарзамин ба куҷое даъво бурдан беҳуда аст. Дигар ман мондаму виҷдону имонам, ки ба тадриҷ азобам медиҳанд. Зеро аслан ман аз аъзои комиссиюн, ки муаллимон - зиёитарин қишри ҷомеа (бояд бошанд!) чунин умед надоштам, ки онҳо чунин ЗУЛМро барои ин сарзамини муқаддас, барои фарзандони ин ҷомеа, барои ояндаи авлоди худ раво медоранд. Охир чунин аъзо муаллимон бо кадом виҷдон ФАРЗАНДони мардуми ин шаҳрро таълим медиҳанд? 
Бо ин аламу пурхун шудани дил аз дигар нозирон, ки ба ситоди интихоботӣ омада буданд, шунидам, ки дар бештари ҳавзаҳо ҳол бадтар аз дигаре будааст.
Пас аз он, ки мӯҳтарам аъзои комиссиюни интихобот ба як нафар 2-3-5 барга медодаанд, моҳияти вуҷуди он комиссиюн дигар чист? Ин дигар бетартибист ва диҳандагону гирандагони бюлеттенҳои дигарон бетартибҳои гузаро. Бетартибҳое, ки ҳаққи дигаронро, ҳаққи чанд тоҷикистониву мусулмонро поймол мекунанд!!! Ин дигар аъзои дар айни ҳол номӯҳтарами комиссиюн ҳастанд, ки тақаллуб мекунанд, аз Худо наметарсанд! Возеҳ аст, ки тақаллубкорон ба рӯзи ҷазо имон надоранд!!! Агар имон медоштанд, ҳатман метарсиданд, ки рӯзи қиёмат оташи тақаллуб чашмону дастони тақаллубкоронро хоҳанд сӯхт!!! Тасаввур кунед, ки сӯхтани чашм бо оташ чӣ гуна сахту дарднок аст! Мунтазир бошед, ки Худованди адлу дод дар рӯзи ҷазо подоши ҳар касеро вобаста ба кардаи онҳо хоҳад дод!
Тақаллуб кардан кори мусулмон нест!!! Оё тақаллубкорони интихобот намедонанд, ки онҳо бо рафтори беинсофонаи хеш решаи ин миллати ҷафокашидаро хушк кардан доранд? Оё онҳо намедонанд, ки боиси бадбахтии худу ҷомеа ҳастанд? Оё ин ба чашми мардум хок пошидан нест? Оё чунин тақаллубкорон намедонанд, ки ин корҳои пасту зишту ғайриинсонӣ чӣ паёмаде доранд? Оё ин беинсофҳо, ки шахси набударо буд мегӯянд, наметарсанд, ки фардо дар назди олитарин ҷойи додрасӣ - Додгоҳи адли илоҳӣ шармандаву шармсор хоҳанд буд? Ин ваиди худовандист ва ҳар кӣ заррае бадӣ мекунад, онро хоҳад дид! Оё дар рӯзи интихобот зишттар аз тақаллубу фиреб амале ҳаст? Оё бо тақаллубу ришвадиҳиву ришваситонӣ, ё аъмоли зишти дигар мисоли бешарафиву беномусӣ мешавад ин ватанро бисозем? Не, не, не!!! Аслан имкон надорад.
Ин ҳама аъмоли зишт аст, ки на роҳи мо ҳамвор мешаваду на ҷомеамон обод. Ин ҳама сахт аст, сахт! Ин ҳама дард аст, дард! Ин ҳар нафас, ҳар амал, ҳар кирдор масъулият дорад, масъулияте сангин!!!
Аз ҳавза мебаромадаму бо худ меандешидам, ки аҷаб аҳволе дорем, аҷаб бедодиҳост, аҷаб ноҷавонмардиҳост, ки домани даридаву шерозаи фарсудаи зеботарин арӯси даҳр - Ватани зебову қашанги моро медаранду дорад бараҳна мешавад. Бо дидани бедодиҳо, фанду фиребҳо, тақаллубу хиёнатҳо ба ситоди Толибшоҳ мерафтаму дигар худро дар симои Ватан тасаввур мекардам, ки зулму ситамаш маро мепечаду мепечад…
Дигар ҳамон таронаи дилангез бо оҳанги рӯҳафзову овози оромбахши Аҳмад Зоҳир ба гӯши дил мерасид, ки месароид:
Аҷаб сабре Худо дорад,
Аҷаб сабре Худо дорад,
Агар ман ҷойи ӯ будам,
Ҳамон як лаҳзаи аввал,
Ки зулмро медидам
Аз махлуқи бевиҷдон,
Ҷаҳонро бо ҳама зебоию зиштӣ
Барои якдигар вайрона мекардам…

Нозири ДОДХОҲ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97