Фирӯза Шарифова: Барои ҷавонон «иммунитет» лозим аст

Сиёсат 09.08.2011 13:11

Кадом омилҳо ҳисси ватандӯстии ҷавононро коҳиш медиҳад?
То куҷо барои ҷавонон "иммунитет"-и муҳофизат аз хатарҳои идеологии беруна вуҷуд дорад?
Ҷавонон аз куҷо ғизои маънавӣ гиранд?
Барои тайёр кардани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавонон чӣ гуна омилҳо ва воситаҳои иловагӣ лозим аст?
Оё дар пайроҳаи сиёсат санг меборад?
Ё ояндасозони миллат чӣ гуна бошанд?

Ҳамасола дар остонаи ҷашни рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар кишвар масоили марбут ба ҳаёту зиндагии ҷавонон аз нав рӯи саҳифаҳои матбуот мерезад. Боз мушкилиҳои кӯҳнаи ҳалношудаи ҷавононро ба хотир меорему дар ҳаллу фасли он андешаҳои созгору носозро пешниҳод мекунем.
Мусоҳибаи мо бо Фирӯза Шарифова - сардори раёсати кор бо ҷавонон варзиш ва саёҳии вилояти Хатлон дар лаҳзае сурат мегирифт, ки аз се минтақаи сарҳадии Хатлон; Шӯрообод, Панҷ ва Носири Хусрав ҷавонон барои давидан то маркази Хатлон омодагӣ медиданд. Маросими кушодашавии  Марафон - дави миллӣ аз Шӯрообод то Қӯрғонтеппа, ки масофаи 510 километрро дар бар мегирад, бо иштироки 20 нафар варзишгарон оғоз гардид. Ҳамчунин дар рӯзҳои дигар як гӯрӯҳ варзишгарон аз ноҳияи Носири Хусрав 150 километр ва гурӯҳи севвум аз ноҳияи Панҷ 120 километр роҳро тай намуда, ҳамагон  рӯзи 22юми май ба маркази вилояти Хатлон мерасанд. Аммо дар сӯҳбати мо мавзӯи ҷавонон ва ҷомеа, сиёсати кадрии ҳукумат оид ба ҷалби ҷавонон ба вазифаҳои давлатӣ, мушкилоти насли ояндаи миллат ва дигар масоили марбут ба ҳаёти ҷавонон матраҳ шуд.
Бинобар маълумоти манбаъ айни замон 1181 нафар ҷавонони хатлонӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кору фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 160 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд.
Ҷавонони роҳбар ку?
- Фирӯзабону, мусаллам аст, ки ин нишондод талаботи на танҳо соҳаи Шумо, балки ҳукуматро ҳам қонеъ намекунад. Пас мушкил дар чӣ аст, ки иштироки ҷавонон дар вазифаҳои роҳбарикунанда бо таври бояд нест?
- Ин нукта дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ва вохӯрии сарвари давлат бо ҷавонони ҳизби мо низ дарҷ гардида, бобати тайёр кардани кадрҳои ҷавон ба вазифаҳои давлатӣ мушовирон ва дигар масъулини мақомотҳои болоии давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас гирифтаанд. Бояд зикр намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешгузоштаи сарвари давлат бояд ҳамаи мо ба дарки амиқи ҳамин гуфтори Президент; "Ҷавонон ояндаи миллат мебошанд" бирасем.
Дар бобати сабабҳои иштироки сусти ҷавонон дар вазифаҳои баланди роҳбарӣ шахсан андешаи дигар дорам. Дар асл чунин менамояд, ки роҳбарӣ як кори маъмулие бошад, ки ҳар нафар соҳиби маълумоти олӣ аз иҷрои он баромада тавонад. Аммо барои дар вазифаи роҳбарӣ босифат кор кардан, кадри ҷавон бояд ками дар кам 5 сол собиқаи корӣ дошта бошад. Таҷрибаи кор бо мардум беҳтарин омили бо сифати мансабдорон аст.
- Чаро аз ҳисоби ҷавонон раиси ноҳия, ё роҳбари ягон сохтори риштаҳои иқтисод, маънавиёт ва ҳатто сардори ягон сохтори қудратӣ надорем?
- Барои дар сатҳи раиси ноҳия кор кардан, кадр дар қатори таҷрибаи зиёди роҳбарӣ доштан, бояд ками дар кам 5 соли охир дар ҳамон ноҳия кору зиндагӣ карда, аз масоили иқтисодию иҷтимоӣ сиёсию фарҳанги мардум огоҳ бошад. Мардум ӯро шиносанд. Робита бо ҷомеа беҳтарин воситаи боло рафтан дар зинаҳои мансаб мебошад. Дер ё зуд ҳамин нерӯи имрӯзаи ҷавон ба вазифаҳои давлатӣ таъин мешаванд. Алъон чӣ қадар дар вазифаҳои поёнтар кор кунанд, ҳамон қадр таҷрибаи бештар пайдо мекунанд. Имрӯз дар бахши молия ва бонкдорӣ мо роҳбарони ҷавон дорем.
Ман дар ҳамаи муроҷиатҳоям ба ҷавонон мегӯям, ки меҳнатдӯсту дорои иродаи мустаҳкам бошанд. Ватани худро дӯст доранд. Ҷавонон дар қатори донишманд будан, забондону технократ бошанд. Дар кор эҷодкору навовар бошанд.  Ҷомеаи имрӯз аз кадри ҷавон тақозои ҳамадон буданро дорад. Ва Худованд ба инсон он қадар нерӯи зеҳнию ҷисмонӣ ва иродаю қудрате бахшидааст, ки мо дар зиндагӣ фурсати истифодаи он ҳама қудрату нерӯи худро надорем. Донишманде гуфтааст, ки инсон дар зиндагӣ танҳо ҳиссаи ночизи қуввату имконият ва нерӯи аклию зеҳнии худро истифода мебарад.
Мавзӯъи доғи ҷавонон; квота ва облава
- Аслан ҳамин таъмини ҷавонон ба квотаҳои президентӣ, сафарбаркунӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар, таъмини нерӯи ҷавон бо замин омилҳое мебошанд, ки рӯҳияи ҷавононро ба кору зиндагӣ, хидмат ба халқу Ватан бедор мекунад. Аммо баъзе ҷанбаҳои манфии ин омилҳо ба ҳисси ватандӯстии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Чӣ бояд кард то ҷанбаҳои манфии он маънавиёти ҷавононро коҳиш надиҳад?
- Ин омилҳои манфӣ муваққатӣ буда, бо мурури замон ҳалли худро меёбанд. Бобати сафарбаркунии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳаминро гуфтаниам, ки бо мурури замон "облава" аз байн меравад. Баъди ҳамин ҳодисаи Камароб, ки нангину сангин буд, дар даъвати тирамоҳии даъвати ҷавонони Хатлон ба хидмати ҳарбӣ 71% даъватшудагон ихтиёриён буданд.
Дар бораи квотаи президентӣ… Дар ҳақиқат як давраи муайяне буд, ки дар тақсимоти квота камбудиҳо вуҷуд доштанд. Биёед ба ёд биёрем, ки замоне сатҳи зиндагии мо вазнин буду мардум танҳо дар андешаи ғизо буданд. Таълим каме коста шуда буд. Даврае буд, ки фисади хело ками духтарони деҳот дар мактабҳои миёна таълим мегирифтанд. Он вақт таъмини квота ба ҷалби духтарони навоҳии кӯҳистон ба мактабҳои олӣ нақши хело муҳим мебозид. Ва квотаи президентӣ нақши таърихии худро дар ҷалби духтарони деҳот ба мактабҳои олӣ хело хуб иҷро кард. Баъдан талабот ба квотаҳои президентӣ зиёд шуд, довталабон зиёд шуданд. Акнун қабули довталабон ба квота як санҷиши оддӣ нест,  балки хусусияти имтиҳонро пайдо кардааст. Ин рушди барномаи таъмини квота мебошад, ки ба таври табиӣ сурат мегирад.
Ҷавонони ташнаи гуфтугӯ
- Дар вохӯрии донишҷӯён бо масъулини риштаи маънавиёти вилоят, ки Шумо низ ширкат доштед, донишҷӯе таассуроти худро аз вохӯрии ҷавонон бо Маликшо Неъматов дар пойтахти кишвар баён карда буд. Пешниҳоди он ҷавонро бобати ташкили вохӯриҳои ҷавонон бо шахсиятҳои донишманд, рӯшанфикрону зиёиён дар Хатлон чӣ гуна қабул кардед?
- Дар ҳақиқат раиси кумитаи мо Маликшо Неъматов шахсияти донишманд ва дорои малакаи баланди муошират бо мардумро дорад. Сухани таъсирбахш дошта, дар мусоҳибонаш андешаҳои ватансозиро бедор мекунад. Ҳамчунин самти фаъолияти эшон васеътар аст. Дар сатҳи вилоят мо вохӯрии ҷавононро бо зиёиён доир намуда истодаем. Ҳаминак чанд рӯз пеш аз вохӯриҳои ҷавонони шаҳри Норак баргаштем. Шоири тавонои вилоят Рустами Хомарахш моро ҳамроҳӣ мекард. Баъди ҳар вохӯрӣ ман мушоҳида мекардам, ки ҷавонон аз сӯҳбат бо ӯ таассуроти зиёд бардоштанд.
Агар майхона нарам, куҷо бирам?!
- Тибқи гуфтаи баъзе ҳолдонҳо дар як соли охир бинобар сабабҳои маълум ҳудуди 1 миллион наврасону ҷавонони кишвар аз масоҷид ва шунидани муовизаи динӣ, ки як манбаи асосии ғизои маънавии худ медонистанд, дур шудаанд. Ба фикри Шумо ин теъдод ва дигар наврасону ҷавонони вилоят аз куҷо ғизои маънавӣ гиранд?
- Ба фикри ман дар кишвар ҷойҳои маънавию фарҳангӣ ҳаст, ки ҷавонон тавонанд талаботи маънавии худро қонеъ намоянд. Имрӯз китобхонаҳо, толорҳои варзишӣ, марказҳои фарҳангию маҳфилҳои адабӣ вуҷуд доранд. Албатта бо тақозои замон воситаҳои нави фарҳангию маънавии нав ба нав низ пайдо мешаванд. Дар бахши дигари ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои муфид ҳаминро гуфтаниам, ки имрӯзҳо дар назди бахшҳои кор бо ҷавонони шаҳру навоҳии вилоят гурӯҳҳои ихтиёриён фаъолият доранд, ки теъдоди аъзоаш ба 360 нафар мерасанд. Онҳо дар ташкилу баргузории тамоми чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ саҳмгузор буда, ин машғулиятҳо дар такмилу обутоби ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим мебозад. Танҳо дар назди раёсати вилоятӣ 40 нафар ихтиёриён дорем, ки дар баргузории тамоми чорабиниҳо ба мо кӯмак мерасонанд. Ин нерӯи ҷавон  тартибот, корҳои ташкилӣ ва дигар масъулиятҳои чорабиниҳои моро ба ӯҳда доранд. Маҳз аз байни ҳамин ҷавонон мо кадрҳои болаёқатро пайдо карда, ҳамчун захираҳои кадрии сохтор бо онҳо кор бурда истодаем.
Паёми Раббонӣ ва "иммунитет" барои ҷавонон
- Бурҳониддин Раббонӣ яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсии ҷаҳон дар як паёмаш Президенти кишвар ва Тоҷикистониёнро ҳушдор додаст, ки аз баъзе нерӯҳои хориҷ аз кишвар, ки амнияти кишвари моро халалдор карданианд,  эҳтиёт бошем. Ба фикри Шумо вақти он наомадааст, ки якчанд барномаҳои ҷадиде барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ё ягон модели нави ҳифзи маънавиёти ҷавонону наврасон аз ҳуҷумҳои идеологии хориҷа рӯи кор бароварда шавад?
- Албатта вақте хабар мерасад, ки дар берун аз кишвар қувваҳое барои халалдор кардани амнияти кишвари мо кор бурда истодаанд, бояд дар дохили кишвар модели баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ё худ "иммунитет" барои муҳофизати маънавиёти мардум ба кор дароварда шавад. Алъон ҳукумат тариқи Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва саёҳии Тоҷикистон се барнома; "Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон", "Барномаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон" ва "Барномаи рушди саломатии ҷавонон"-ро мавриди иҷро қарор додааст. Ин самтҳои афзалиятноки Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва саёҳии кишвар мебошад.
Бояд гуфт, ки тарбияи насли ояндаи миллатро бояд аз марҳилаи боғчаи кӯдакон зери назорат гирем. Аммо мутаассифона на дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят барномаҳои марбут ба ин самт дуруст маблағгузорӣ мешаванд. Ҳамагон медонем, ки бо суханҳои такрор ба такрор мо идеологияи давлатиро дар зеҳни мардум ҷой карда наметавонем. Инҷо якчанд воситаҳои идеологӣ вуҷуд доранд, бояд аз ҳамааш дуруст истифода бурд. Дар сатҳи раёсати мо бошад, якчанд силсила чорабиниҳое ба нақша гирифта шудааст, ки барои тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихор аз миллату давлатдорӣ ва дигар самтҳои сиёсии давлат равона карда шудааст.
Расонаҳои хабарӣ аслиҳаи аслии давлат
- Фирӯзабону, Шумо нақши адабиёти муосир, театри имрӯза ва матбуоти давриро дар тарбияи ватандӯстии мардум чӣ гуна мебинед?
- Албатта расонаҳои хабарӣ ё ВАО аслиҳаи асосии ҳар давлат дар баланд бардоштани маънавиёти ҷамъияти он мебошад. Банда ба қаламкашони матбуоти тоҷик эҳтироми хоса дорам. Агар як соли охирро гирем дар ҳафтаномаҳои мустақили "СССР", "Миллат" "Фараж" ва ҳафтаномаҳои ҳизбию ҳукуматии "Ҷавонони Тоҷикистон" ва "Минбари Халқ" зиёдтар матлабҳоеро мутолиа кардам, ки рӯҳияи ватандӯстии ҷавононро бедор мекунанд. Ин бардошти шахсии ман аз матлабҳои нашршудаи ин рӯзномаҳо мебошад.
Дар бораи адабиёти муосир ҳаминро гуфтаниам, ки баъзе асарҳои ҷолибе солҳои охир нашр шуда истоданд, аммо асаре, ки инсонро дар рӯҳияи хислатҳои барҷастаи инсонӣ тарбият кунанд, камтар нашр мешаванд. Шояд эҷод шуда бошанд, аммо нашр нашудаанд ва ё дастрас нестанд.
Ҳеч курсии роҳбарӣ холӣ намемонад
- Бархе ба он боваранд, ки бо ин тарзи ҷобаҷогузории кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ аз ҳисоби ҷавонон баъди якчанд сол бӯҳрони ҷиддии кадрӣ пайдо мешавад. Яъне дар солҳое, ки насли имрӯзаи ҷавон ба сини 45-55 солагӣ мерасанд. Шумо чӣ андеша доред?
- Не, чунин нест, ман бовар дорам, ки дар мақомоти давлатӣ холигии кадрӣ (хаос) рух намедиҳад. Агар  норасоии кадрҳои баландихтисосро дар назар дошта бошед, ин мушкилот дар ҳама давлатҳое мисли мо пайдо шуданаш мумкин аст. Алъон дар баробари иштироки ҷавонон дар вазифаҳои гуногуни хидмати давлатӣ инчунин ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷавонони фаъоли ҷомеа ҳамчун захираҳои кадрии мо мебошанд. Инчунин ҳукумат ба он ҳама нерӯи бузурге, ки дар мактабҳои олии дохилу хориҷи кишвар таҳсил доранд, такя дорад.
- Баъзан мушоҳида мешавад, ки кадрҳои роҳбари ҷавон солиёни дароз дар як вазифа ях баста мемонанд. Масалан, бубахшед, худи Шумо чандин сол боз дар ҳамин вазифа кору фаъолият дошта, дар зинаҳои мансаб на боло мераведу на пойин…
- Медонӣ чӣ, инсон ҳар қадар дар як вазифа бештар кор кунад, ҳамон қадар таҷрибаи зиёдтар касб мекунад. Ба хусус дар сохтори мо, ки пайваста бо нерӯи асосии ҷомеа ҷавонон сару кор дорем. Аз ҳар вохӯрӣ ва чорабиние, ки мо баргузор менамоем, шахсан як таҷрибаи нав, ё як мушкили нави ҷомеаро барои худ кашф мекунам. Ин ки мегӯянд, кадрҳо баъди чору панҷ сол дар як вазифа тамоми нозукиҳои соҳаи худро фаро мегиранд хато аст. Шояд ишораи Шумо барои 8 сол дар як вазифа кор карданам бошад. Аммо гап сари он меравад, ки соли 2007 дар заминаи  якчанд кумитаҳои барҳамхӯрда  Кумимтаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ таъсис ёфт. Соҳаҳои варзиш ва саёҳӣ ба сохтори мо ворид карда шуд. Ин барои мо як кори нав, таҷрибаи нав ба ҳисоб мерафт. Умуман соҳаеро, ки дар сатҳи вилоят ман роҳбарӣ дорам, худ як мактаби нав аст, ки аз фаъолияти солҳои нахустини таъсисёбиаш таҷрибаи нав мебардорад.
- Умуман дар майдони сиёсат барои Шумо монеаҳои сунъӣ пайдо мешаванд ва ё дар ин роҳ "санг меборад"? Албатта Шумо гуфта манзури ман кули ҷавонони роҳбар мебошад.
- Барои дар зинаҳои мансаби давлатӣ поин не, боло рафтан, нахуст иродаи мустаҳкам лозим меояд. Мо, ки дар майдони сиёсат ҷавонем, баъзан дар маҳал мушкилоте мисли нодида гирифтани дастовардҳои мо пайдо мешавад. Мисол: Баъзан аз ҷониби мо ҳамаи самтҳои фаъолияти кор фаро гирифта намешаванд, ва дар сатҳи маҳал кори мо дар назардошти камбудии як самти фаъолияти мо баҳогузорӣ карда мешавад. Дар ҳамин лаҳза иродаи матину таҳаммулпазирӣ лозим меояд. Албатта чунин омилҳо ба кадрҳои ҷавон таъсири манфӣ мерасонад. Баъзеҳо худро аз даст медиҳанд. Баъзеҳо бо як иштибоҳ ё сухани ноҷои баровардаашон, ба тақдири сиёсии худ нуқта мегузоранд. Барои ҳамаи ин пастию баландиҳои кор иродаи мустаҳкам лозим аст.
Мусоҳиб
Ҷамолиддини Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97