Мазҳакаи сиёсии театри ду генерал: Шоҳиён ва Ҳабибов

Сиёсат 09.08.2011 13:04

Mazhakai siyosi_13Муаллиф: Ҳукумати Тоҷикистон
Ба саҳнагузоранда: КМИР
Дар нақшҳои асосӣ: Амирқул ва Толибшоҳ
Дар нақшҳои дигар: Журналистони тоҷик, директорон ва омӯзгорони мактабҳо, кормандони ЖЭУ, раисони маҳаллаҳо, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти  ноҳияи Сино
Тамошогарон: Сафоратҳои Амрико, Аврупо, САҲА, Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон


Пирӯзии себораи як генерал ба генерал

Ҳикмати интихобот: Миллатҳое ба саодат мерасанд, ки генералҳои мардумӣ, содиқ ба қонун, боинсоф ва ҳамеша пирӯз ва сарбаланд ба мисли Шарл де Гол ва Аҳмадшоҳи Масъуд ё ақалан генерали расвое, вале соҳиби ҳиммати пазируфтани ҳақиқат мисли Ҳуснӣ Муборак дошта бошанд. Кори Ҳуснӣ Муборак, ки агарчанд бо дермондагӣ, аммо қуввати рафтанро дар худ ёфт ва ҳам амалкарди генералҳои мисрӣ дар баробари ин қазия ва ба даст гирифтани замонати якпорчагии Миср шойистаи тақдир аст. Дар ҳақиқат онҳо мисли генерал ва афсари содиқ ба қонуни ватан амал карданд. Ин омӯзаи хеле ҷиддӣ аст. Генералҳои мо бояд роҳи чандсадсоларо то он рӯз тай кунанд ва агар ба он ҳам оё бирасанд ё не.
Интихоботи ахир собит кард, ки генерал Амирқул Азимов бештар на дар интихобот ба рақибони худ, балки пеш аз ҳама бар ду генерал пирӯз шуд. Ӯ дар "набардҳои дигар" ҳам, ду бор генерал Абдулло Ҳабибов ва як бор Шермаҳмади Шоҳиёнро шикаст дода буд. Аз худашон пурсед, медонанд. Ин навбат низ, Азимов на аз Шоҳиён ва на аз Ҳабибов зориву талаби ҷонибдорӣ карда буд ва на ба онҳо дастур дода буд, ки ба нафъи ӯ тақаллуб кунанд. Онҳо худашон ба рӯи арзишҳои демократӣ ва қонунҳо по гузоштанд. Ин дархости Азимов набуд, ӯ агар вакил ҳам намешуд, парвои чандоне надошт. Ин пирӯзии Азимовро ба генералҳои тоҷик сидқан табрик мегӯем: "Ҳар кӣ об аз дами шамшер хӯрад, нӯшаш бод!" Нӯшатон бод!

Ҳадафи интихобот чист?

Интихобот муҳимтарин роҳи ҷилавгирӣ аз шиддати иҷтимоӣ дар ҷомеъа мебошад. Баргузории интихобот дар ҳар панҷ сол як маротиба ба ҳадафи тағйири мақомоти иҷроӣ ё қонунгузор аст. Ҳадафи он таъмини иштироки ҳама дар идораи умур мебошад. Воситаи он ба даст овардани раъйи мардум аст. Аммо ҳадафи ниҳоӣ коҳиши шиддати иҷтимоӣ дар ҷомеъа ва ҷилавгирӣ аз бархӯрдҳои иҷтимоӣ ва низоъ барои расидан ба қудрат аст. Барои он ки ҳукуматдорони мо ҳам бифаҳманд, бояд колхозӣ карда бигӯем, ки дар ҷомеъаҳои ибтидоӣ одамон барои расидан ба қудрат ё сарварии қабила ва давлат якдигарро мекуштанд ва ҷанг мекарданд. Аммо инсонҳо барои ҷилавгирӣ аз ҷанг афсонаи интихоботро фикр намуданд ва ҷангҳои гармро барои ҳукумат ба интихобот табдил карданд. Ҳадафи он на кам, на беш ҷилавгирӣ аз ҳамин бархӯрдҳо тавассути қаноъат додани мардум бо роҳи интихобот аст. Агар интихоботҳо озод ва шаффоф баргузор шаванд, рақибон ҳиммати пазируфтани шикастро доранд. Агар дар воқеъ бидонанд, ки дар баробари рақиби худ шикаст хӯрдаанд, роҳе ҷуз пазируфтани пирӯзии онро надоранд. Аммо мушкили аслии интихоботҳои мо ин аст, ки рақибони пирӯз ҳам ба пирӯзии худ шубҳа доранд ва мағлубҳо низ. Аммо инсонҳо чизеро, ки қабул надоранд, ин таҳқир аст. Ва баргузории интихобот ба шеваи тоҷикӣ, ки дар рӯзи 15 май мо шоҳиди он будем, дақиқан ба маънои таҳқир аст, таҳ- қири ҳам барандаи интихобот ва ҳам бозандагони он. Вақте як гурӯҳ ба муддати тӯлонӣ дар қудрати чӣ иҷроӣ ва ё қонунгузор боқӣ мемонад, ва барои боқӣ мондани худ аз ҳамаи имконоти ихтиёраш дар интихобот истифода мекунад, ба сурати умумӣ тарафҳои дигар худро таҳқиршуда меёбанд.
Дар пасманзари пирӯзии намояндагони ҳизби ҳоким дар интихоботҳои гузашта бо бештар аз 80 ва 90 дарсади раъй, ва 62% раъй ба А. Азимов барои ӯ навъе таҳқир ҳам набошад, кам диданаш аз ҷониби ҳамроҳонаш дар ҳукумат аст. Раъйи боқимонда, раъйи мухолиф ва эътироз аст, хоса номзади журналистон ин овозҳоро дона дона ҷамъ овардааст. Ҳар кадоме аз онҳое, ки омаданд то ба ин номзад овоз диҳанд, барои имтиҳон додан пеши виждони худ омаданд, на аз тарси гум кардани вазифаашон. Як шахсияти обрӯманди Тоҷикистон ва сокини ноҳияи Сино баъди дидани навори овоз додани як бонуи куртасурх ба ҷои шаш нафар дар интернет, (ки дақиқан ба нафъи созандагони интихобот буд) гуфт, "мо сода будем, ба Худо қасам, маро ҳам гуфтанд, ки ба ҷои занам раъй диҳам, гуфтам, ки ӯ мисли ман шаҳрванд аст, худаш меояд ва иродаашро изҳор мекунад". Ин гунаҳо овоздиҳандаи бо виждон, тоҷики сарбаланд, ҷавонмард, вале хушбовар ҳастанд. Дар интихоботи оянда ҳам онҳо шикаст мехӯранд. Шояд дар интихоботҳои сад соли баъд пирӯз шаванд. Бигузор, аммо набояд аз онҳо даъват кард, ки барои ҳифзи манофеъи гурӯҳи худ бевиждон шаванд ва яке ба ҷои шаш нафар овоз диҳад. Ин шикастани асоситарин усули интихобот аст.
Чеҳраи асосии интихоботи 15 май рӯи навор омад ва он чеҳраи ҳамон занест, ки шаш овозро аз номи худаш ба сандуқ мерезад. Акнун овозҳои ҳар кадоме аз ин чор номзадро, ҳатто номзади пирӯзро ба шаш тақсим кунед, ки оё мешавад ӯро баранда гуфт? Агар фарз бар ин бошад, ки ҳар кадоме аз ширкаткунадагон шаш раъй дода бошад, пас мешавад гуфт, ки интихобот ҳатто доир шудааст?
Аммо интихобот як ҳақиқати дигарро ошкор кард ва он дучори чолиши бузург будани низом дар Тоҷикистон аст. Раъйи мухолиф, ки раъйи эътирозӣ аст, ин навбат зиёдтар аз ҳар вақти дигар аст. Шояд ҳаводиси кишварҳои давру бар ва дуру наздик ба ин ҳаво таъсир гузошта бошад. Ин паёми рӯшан ба сиёсатмадорон, давлатмардон ва андешамандони Тоҷикистон аст. Паёме аз ин, ки Тоҷикистон ба як таҳарруки сиёсии навин ва ислоҳоти низоми сиёсӣ ниёз дорад. Ин паёме аз он аст, ки мардум навоварӣ мехоҳад ва ҷомеъаи демократӣ ва низоми ҷумҳуриро намешавад бо усули омехтаи коммунистӣ ва салтанатӣ идора кард. Мақомоти кишварҳои ҷаҳони саввумӣ ҳоло ҳаводиси Ховари миёна ва шимоли Африқоро кори дасти ғарбиҳо медонанд. Хуб, мо ҳам бовар кардем, аммо то он ки бо баҳонаи демократия чунин рӯзро ба сари мо низ наоранд, бояд низомро ислоҳ кунем, навъи нигариш ба зиндагӣ, дунё, ҷомеаи худ ва чеҳраи худро дигар кунем. (Зеро агар онҳо хоста бошанд, мо бихоҳем нахоҳем аз он ҷилавгирӣ карда наметавонем. Паёми Устод Раббониро ҳам бихонед ва фикр кунед!!!)
Қабл аз он ки мардум аз гум шудани раъйаш дар сандуқҳо сару садо кунад ва барои пайдо кардани дуздони раъйаш ба мисли кишварҳои арабӣ ба майдонҳо бирезад, бояд системаи интихоботӣ ва вазъияти ба вуҷудомада дар интихоботҳоро ба куллӣ ислоҳ кунем. То замоне, ки давлат ба як қишре аз ҷомеъа эътимод дорад ва ба қисми дигаре не, дар он ҷомеъа сулҳ таъмин нест, субот устувор нашудааст, низом шикананда аст. Дар Амрико барои мисол, аз шикасти як ҷумҳурихоҳ дар интихобот, фақат ҳизби ҷумҳурихоҳон нигарон мешавад, ё дар Ирон аз шикасти як муҳофизакор муҳофизакорон, аммо дар Тоҷикистон ҳизбро ба давлат ва давлатро ба ҳизб табдил додаанд. Мисле ки коммунистҳо дар замони Шӯравӣ "мы говорим народ подразумеваем партию" мегуфтанд, акнун дар мо ҲХДТ гуфта ҳукуматро дар назар доранд ва агар иттифоқе биуфтад ва ин ҳизб аз қудрат биравад, баъид аст, ки дар интихоботи озод ба ҳизбе битавонад рақобат кунад. Аксари аъзои ин ҳизб ба ҳизби ҳокими дигар хоҳанд рафт, мисле ки аксари аъзои ин ҳизб аз ҳизби коммунист ба ин ҳизб омадаанд. Аммо имрӯз аз шикасти номзади он масъулин фоҷеъае барои худ ва давлат сохтанӣ мешаванд.
Шоҳиён ва Ҳабибов бояд ҷавонмардона ва мисли як генерали ҳақиқӣ иқрор мекарданд, ки интихобот доир нашуд. Ба ҳар қиммате, ҳатто ба қиммати маҳкум шудан, ҳоло он ки ҳаргиз чунин намебуд. Агар онҳо ин воқеъиятро ба раиси ҷумҳур мегуфтанд, хидмати бузурге дар таърих мекарданд, он гоҳ мо шоҳиди як ислоҳоти куллӣ дар ҷомеъа бо мусоидати ду генерали тоҷик мешудем. Бояд ин воқеъият мустанад мешуд, ки мардум таваҷҷӯҳи зиёд ба интихобот надорад ва ба интихоботи 15 май бештар аз 25 дарсади он наомад. Он гоҳ дар пайи ҷустуҷӯи сабаби он мешудем. Ва сабаби он ҳам маълум аст, адами бовари мардум ба ин ки раъйи онҳо таъйинкунанда ва вакил ифодагари иродаи онҳо аст. Аммо пазируфтани ҳақиқат ва иқрори генералҳо ба доир нашудани интихобот зарурати як ислоҳоти сиёсии ҷиддиро бебаҳс мекард. Ин шансро барои худ ва барои ҷомеъаи Тоҷикистон, генералҳо аз даст доданд. Инҳо ҳаргиз де Гол, Аҳмадшоҳи Масъуд ва ҳатто нахоҳанд тавонист, ки Ҳуснӣ Муборак бошанд! Аз инҳо ва монанди инҳо умед накунед!

Шоҳиён Азимовро табрик накард

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар рӯзи 16 май натиҷаҳои интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Синоро эълон карда, Амирқул Азимовро бо касби 62 дарсади оро, барандаи интихобот донист.
Аммо ҳузур наёфтани Шермуҳаммади Шоҳиён дар нахустин натиҷагирӣ аз як интихоботе, ки шаффофияташро ӯ ваъда супурда буду расонаҳо онро ҳамчун нахустин имтиҳони Шоҳиён арзёбӣ мекарданд, суолҳои зиёдеро халқ кардааст.
Аммо ба эҳтимоли зиёд ҳадс зада мешавад, ки натиҷаи интихобот барои Шоҳиён бошарафона анҷом нашуд ва адами ӯ дар рӯнамоӣ аз интихоботи таҳти назараш шояд ҳам ба ҳамин иллат будааст.
Ба ҳар сурат суоле, ки матраҳ мемонад ин аст, ки кадом дасти раҳме буд, ки бар шонаҳои барандаи интихобот дароз шуд ва оё танҳо ин даст аст, ки ӯро барои баранда шуданаш табрик хоҳад гуфт? Ва ё дасти Шоҳиёну Ҳабибов ҳам барои дастфишорӣ ба сӯи ӯ дароз шуда буд?!
Ба ҳар ҳол шаҳди пирӯзиро Азимов мечашад, барои генерали ҳамеша дар набард ва ҷабҳаҳо қарор дошта ва ба сини нафақа расида ба истилоҳ "фароғатгоҳ" ё "истироҳатгоҳи пиронсолон" ҷойи муносибе хоҳад буд.
Аммо заҳри ин "ғалаба" насиби Шоҳиён ва Ҳабибов хоҳад шуд.
Зеро натиҷагирии ин интихобот анҷоми карераи генерал Ҳабибов ва шурӯъи нокоме барои карерасозии Шоҳиён шуд.
Ва боз ҳам натиҷаи аввалин интихоботи пуртақаллуб доир кардаи Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси навтаъини КМИР, он ҳама умед ва боварҳоро барои баргузории интихоботҳои шаффофу демократӣ дар оянда зери суол бурд.

Ҳабиби матбуот дар интихобот бегона шуд

Аммо дар корзори интихобот, ё интихобот аз контроли Ҳабибов хориҷ шуда буд ва ё генерал намехост заъфи худро ба намоиш гузорад. Ин буд, ки барои чанд соат дигар телефони ҳамеша барои хабарнигорон дастраси Ҳабибов дастнорас шуда буд. Ё Ҳабибов аз хабарнигорон безор шуда буд ва ё пас аз расидани аввалин натиҷагирӣ аз қисмҳои низомӣ, ки "фармон" шудан ё нашудан аз "боло" тибқи таҷрибаҳо аз интихоботҳои қаблӣ тасдиқ мешавад, маълум шуда буд, ва ӯ намехост бо хабарнигорони ҳамеша дӯст чашм ба чашм шавад. Чун бар суроғаш омадем, телефони ҳамроҳашро бе ҳамроҳ ёфтем, рӯи миз хобида. Аммо генерали ҳамеша дастрас пайдо шуд ва бовар ҳосил шуд, ки барои банди шорҷгириаш (зарядник) ба хона рафтааст.
Соат наздики 12 буд, ки ба Ҳабибов гузориш шуд, ки 34 дар сади раъйдиҳандагон дар интихобот ҳузур пайдо карданд. Дар ҳоле ки гузоришоти тозаи ситоди интихоботии Толибшоҳ дар ин соат аз ҳузури камранги интихобкунандагон хабар медод. Шубҳаи худро ба генерал гуфтем, аммо ӯ гуфт, не, чунон нест, ки шумо мепиндоред, аллакай дар баъзе участкаҳо интихобот натиҷагирӣ шудааст, ба мисли қисмҳои низомӣ.
Баъди раду бадали чанд далели нақзи қонун дар участкаҳои интихоботӣ аз сӯйи масъулин ва "ношинохтани" маҳдудаи худ аз сӯйи хабарнигорон мо бори дигар таъкид кардем, ки охирин чизе инсон аз даст медиҳад, ин бовар аст. Бовар ба интихоботи шаффоф. Аммо дигар боварҳо мурда буданд, ба ҷуз ин ки шӯълаяки умеде ба виждон ва инсофи генерал Ҳабибов ҳавола мешуд.

Вақте марги боварҳо расид

Барои бо чашми сар дидани воқеиятҳои интихобот ба як ду қитъаи раъйдиҳӣ сар задем. Дар мактаби №82 директори мактаб ғайримунтазира ҳеч монеагие, дар нисбат ба қисмати аввали рӯз барои мушоҳидаи журналистон нагузошт, баръакс бисёр хушмуомила буд ва мехост бештар нишон бидиҳад, ки чи гуна ба зердастонаш қонунҳои интихоботро мефаҳмонад. Вақте чанд қонуншиканиро ба муаллима аз беруни дар истода таъкид кардем, ки дар ҳамон лаҳза ӯ гӯё монеъ шуд. Ва раъйдиҳандагонро барои надоштани шиноснома пас гардонд. Аммо чун ба генерал Ҳабибов занг задему гуфтем, рафиқ генерал (нохудогоҳ барои аввалин бор ба ҷойи ишораи маъмули тоҷикии "Акаи Абдулло" "генерал" садош кардем. Шояд дигар корзори интихобот мисоли ҷабҳаи фармонравоии генералҳо шуда буд.), мардуми зиёде бидуни шиноснома дар қитъаҳо ҳузур пайдо кардаву раъй медиҳанд. Генерали ҳамеша тобеъи қонун ин лаҳза қонунро нодида гирифт, ки гуфт: «Ҳамон аъзои участка, ки онҳоро шинохтанд ва дар рӯйхат номашон бошад шуд, мо иҷоза додем, ки раъй бидиҳанд. Боз ҳам таъкид кардем, ки ин ҷо навҷавонон дар даст порчакоғазе барои раъйдиҳӣ омадаанд. То аз генерал қонунҳои нонавиштаро шунидем, ки навҷавонон қитъаи раъйдиҳиро тарк карданд. Директори мактаб гуфт, ки охир мӯйлабчаашро надидед? Гуфтем, валлоҳ ки не!!!
Дар Афғонистони ҷангзада тариқи телевизион шоҳид будем, ки мардуми бесавод бо ангушти даст раъйи худро ба сандуқҳо мерехтанд, аммо барои аввалин бор ташхиси овоздиҳанда аз рӯйи мӯйлабро медидем. Аммо ин ҷо Тоҷикистон аст, ҳама номумкиниҳо мумкин хоҳад буд. Афсӯс!
Чун аз генерал шунидем, ки аз қонун убур кардану бидуни ҳуҷҷати муайянкунандаи шахс иҷоза аст, дигар ба муаллима фаҳмонидани нақзи қонунро бемаврид донистем.
Ба муаллима ваъда кардем, ки ин аввалин меҳмонии мо ба мактаби ишон нахоҳад буд ва мо ҳатман дар баробари камбудҳо аз заҳматҳои онҳо дар матбуот хоҳем гуфт. Аммо боз ҳам суоле, ки зеҳнро фишор медиҳад, ин аст, ки оё ҳамчунин масъулин ҳаққи тарбияти атфоли моро доранд? Оё ба фарзандони мо, ки тарбияташон бар ӯҳдаи ҳамчунин масъулон аст, шахси бовиждону ростгӯву росткор мебарояд?!
Аз мактаб афсурда берун шудаву дигар сайр дар қитъаҳои интихоботиро як кори бемантиқ дарёфтем, аммо ба ҳар сурат як саре ба қитъаҳои Филармония задем, ин ҷо ҳам шоҳиди бидуни шиноснома омадани раъйдиҳандагон шудам. Раиси участка маро барои ош хӯрдан даъват мекарду котибаш таъкид дошт, ки ошро бихӯреду биравед, ки ҳузури бардавоми шумо дар ин ҷо иҷоза нест. Гуфтем, ташаккур ошро намехӯрем, аммо ҳақамонро дар бораи ҳузур доштанамон дар ҳавза хуб медонем. Дигар эроде ба қонуншиканиҳои берӯёна нагирифтем, зеро ҳарфи моро касе намешунид ва бо қонуни нонавиштаашон моро иҷозаи аксбардорӣ ҳам намедоданд. Гӯё ба кори комиссиюн ин кори хабарнигорон халал мерасонад.
Аммо ҷойи хушҳолӣ ин буд, ки мақомоти интизомӣ ва амниятии шаҳри Душанбе дар рӯзи интихобот аз худ ахлоқи баланди корӣ ва инсонӣ ба намоиш гузоштанд. Ва дар баробари он ки қитъаҳои раъйдиҳиро зери контрол доштанд ва суботу амниятро таъмин мекарданд, ҳеч кадоме аз намояндагони онҳо ба раванди интихобот халал ворид накарданд. 

Як журналист як ҳизб буд

Аз қитъаҳои раъйдиҳӣ аввал хабарнигор Ниҳонӣ Қадамова, сипас Саида Қурбонова ва Фарангис Холзодаро бадар карданд. Баъдан Наҳтутӣ Алиева ва Гулрухсори Раҳимро. Иттиҳом: Халал расонидан ба кори комиссияи интихобот!
Қонун як чиз мегӯяд, масъулони интихобот чизи дигар.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё эрод гирифтан ва гӯшзад кардани қонуншиканиҳо дар раванди интихобот аз сӯйи журналистон нақзи қонун аст?! Ва агар журналистро бидуни аслиҳааш; сабту наворгирӣ вориди корзори интихобот кардаанд ва агар дар шоҳидии чанд нафар ин лаҳзаҳоро таъкид накунад, фардо кӣ кафолат медиҳад, ки бо иттиҳоми тӯҳмат ва таҳқир ин журналистон ба додгоҳ кашида намешаванд?! Шумо бигӯед, ин қонуншиканиҳоро бо чӣ далоиле мешавад исбот кард?! Дақиқ аст, ки ҳеч гоҳе амалеро, ки шумо қонуншиканӣ намедонед, бар зимма бигиред.
Аммо бо вуҷуди таҳқир ва тӯҳмат ба журналистон, як журналист баробари як ҳизби сиёсӣ амал кард ва бо тундбоди қонуншиканиҳо, ки дигар пеши роҳашро ҳатто як артиш гумон буд, ки битавонад бигирад, муқовимат нишон дод ва ин набард дар ҳамон наворе, ки як нафар ба ҷойи 6 нафар раъй медиҳад ва имрӯз сайри дунёро дораду "шаффофият"-и интихоботи ҳавзаи Синоро ба намоиш гузоштааст, хулоса мешавад.
Ҳоло дигар ҳама чиз аз даст рафта, ҳам интихобот ва ҳам эътимод ба ҳомиёни қонун ва масъулини интихобот. Акнун коре, ки монда ин аст; коҳи кӯҳнаро бод бидиҳем, ё надиҳем?!
Адолати МИРЗО

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97