Шухиҳо ва кашфиёти нестандарҷаҳони «Довталаб – 2010»

Сиёсат 09.08.2011 12:32

Dovtalab -_2010_-_11Имрӯз башарият ба кайҳон даст ёфтааст. Ва даст ёфтан ба кайҳон тавассути дониш сурат мегирад. Аммо мутаассифона мо даст ёфтан ба донишро фаромӯш кардаву аз ҷаҳониёни ба масобаи асрҳо ақиб мемонем. Инак маъракаи қабули "Довталабон-2011" оғоз шудаву дониши довталабони 2010-ро, ки дар яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои кишвари азизамон имтиҳон супурдаанд, пешкаши хонандаи азиз мегардонем.


Дар мавзӯъҳои озод:
»      Мо аввал ақлу хирадро аз худ дур кунем, баъд худписандиро.
»      Худписандӣ одаме аст, ки доим фукаш сих аст.
»      Беҳуда занро чароғи хонадон мегӯянд.
»      Зан яке аз тозатарин корхонаву мактабҳо ба ҳисоб меравад.
»      Мо ба шунидани ин калима, яъне калимаи зан, модари худро пеш - пеш карда меорем.
»      Модар ҳам мисли падар аст.
»      Вақт беҳтарин инсоният аст.
»      Вақт яке аз хислатҳои ҳамидаи инсоният аст.
»      Бузургони ин миллат кори имрӯзаро ба фардо мегузоранд. Бузургонро бузургон зинда намегузоранд.
»      Бе ифтихори миллӣ мо чун мурғи посӯхтаем.
»      Худписандӣ хислати ҳамидаи инсонӣ буда, ӯро ба қуллаҳои мурод мерасонад.
»      Забони тоҷикӣ забонест, ки бо он Мирсаид Турсунзода сухан кардаанд.
»      Сухани рост ба мо суди зиён меорад.
»      Омӯзғор серӣ надорад аз илм.
»      Созмони Милали Муттаҳиди Тоҷикистон ҳамчун шаҳри сулҳ ва дӯстӣ эътироф гардид.
»      Одам аз меҳнати бисёр аз маймун ҳам бадтар мешавад.
»      Некӣ кунӣ, дар дарё намепартояндат.

Дар мавзӯъҳои адабиёти муосир:
»      Соли 1951 устод Садриддиин Айниро Президенти Тоҷикистон интихоб намуданд.
»      Яке аз фарзандони барӯмондаи тоҷик С. Айнӣ мебошад.
»      Устод Садриддин Айнӣ дар вақти мадрасахонияш бо тахаллусҳои Ҷунунӣ, Мӯҳтоҷӣ ва Сифлисӣ шеър мегуфт.
»      "Марги судхӯр" рӯзҳояшро дар чойхонаҳо мегузаронд.
»      Падари Мирзо Турсунзода ба касалии вабо, яъне сактаи дил дучор гашта, аз олам чашм пӯшид.
»      Мақсади Ҳабиб Юсуфӣ  раҳоии мамлакатҳои ҷаҳон аз фашистони адабиёти тоҷик буд.
»      Эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ баъди соли 1942 шиддат меёбад.
»      Мӯъмин Қаноат соли 1932 дар деҳаи Курговади Вилояти Астраномии Бадахшони Кӯҳӣ таваллуд шудааст.
»      Мӯъмин Қаноат шоири сермаҳсулот аст.

Мирзо Турсунзода мефармояд:
То тавонӣ дӯстонро гум кун,
Дӯстони қадрдонро гум кун.

Дар мавзӯъҳои адабиёти классикӣ:
»      Рӯдакиро зада-зада кӯр карданд.
»      Рӯдакӣ ба кӯрии худ нигоҳ накарда, шеър менавишт.
»      Фирдавсӣ шоири бузург маҳбус мешавад.
»      Фарангис - духтари Афросиёб зани оқилаву доно буда, корҳои худро анҷом медиҳаду бароҳат хоб мекунад.
»      У. Хайём устои рубоҳисароён буд.
»      Низомӣ дар Ғамза таваллуд шудааст.

Ҳофизи Шерозӣ мефармояд:
Ё раб, ту гилам сириштаӣ,
                                ман чӣ кунам,
Қаҳру ғазабам ту риштаӣ,
                                ман чӣ кунам.

»      Ба шеъри Ҳофизи Шероз мехонанду мерақсанд,
»      Сияҳчашмони кашмириву мурғони Самарқандӣ.

Соҳибсухане гуфтааст:
Ҳеҷ ханҷар ханҷари тезе нашуд,
То ба дасти Шамси Табрезӣ нашуд.
»      Аҳмади Донишро бинобар саллаи калонаш Аҳмади калла низ мегуфтанд.

 

Беҳтарин шӯхитақризҳои хаёлии устодони тафтишгари иншо:
Тақризи 1.
Ноилоҷи ноилоҷ.
Баҳо: 4 (хуб).

Тақризи 2.
Ҳа, баррачеки маст, афтодӣ ба даст!
Баҳо: 2 (бад).

Тақризи 3.
Гарчанде иншо маъно надошта бошад ҳам, бо назардошти "вижагиҳо" ночор - Баҳо: 4 (чор).

Тақризи 4.
Иншо тамоман хато надорад (ба варақи холӣ).
Баҳо: 5 (аъло).

Тақризи 5.
Иншонавис гарчанде бесавод бошад ҳам, дар ӯ як ифтихоре мушоҳида мешавад.
Баҳо: 3 (миёна).

Муколамаҳои виртуалии шогирд ва устод

Муколамаи 1
Аз иншои довталаб:
Устод чунин шахсест, ки хатоҳоро мебахшад ва ба ман баҳои хуб мегузорад.
Тақризи устод:
Ман ин хатоҳои Шуморо бахшида наметавонам. Пештар фикр кардан даркор буд.
Баҳо: 2 (бад).

Муколамаи 2
Аз иншои довталаб:
Устод ба ман раҳм кунед, як баҳои хуб гузоред, дар хона бибиям бемор.
Тақризи устод:
Рав, хонда чӣ мекунӣ, бибиятро нигоҳубин кун, ки имрӯз намурад.
Баҳо: 2 (бад).

Муколамаи 3
Аз иншои довталаб:
Устоди азиз, ман хондан намехоҳам, падарам маҷбур маро ба ин ҷо овардааст.
Тақризи устод:
Мурда-мурда мехонӣ!
Баҳо: 4 (хуб).
Мураттибон:

Саъдайни Қосимӣ ва Маҳдӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97