Ё ки «Ҳелоу» ё ки «Чао» ё Ассалому алейкум

Сиёсат 09.08.2011 11:01

Рӯзе дар роҳ ҷавонеро дидам, ки бо зани солхурдае рӯ ба рӯ шуду аввалин калимаеро, ки дар мулоқотош бо он хонум бар забон овард ин буд: "Маълима чи хел!". Ҳисси кунҷковиям боло гирифту каме дертар аз он ҷавон пурсидам, ки ин чӣ тарзи салом кардан аст? Ӯ ба ман гуфт, ки онҳо бо муаллимаи русияшон чунин салом медиҳанд.
Мутаассифона дар солҳои ахир салом додан ба тарзу усулҳои мухталиф дучор меояд. Хелеҳо аз ибораҳои: "Чи хел? Созӣ? Чо кардӣ? Тенҷӣ?…."    ба ҷойи лафзи "Салом" ё "Ассалому алайкум" кор мегиранд.

Ба назари ман агар дигар калимаву ибораҳои забони мо тағйир бихӯранду шаклу усули худро иваз кунанд, чандон боке нест. Аммо лафзи "салом" хоҳ ба шакли мухтасараш "Салом" ва хоҳ ба шакли пурратараш "Ассалому алайкум" ва ё ҳатто ба шакли комилтараш "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ" тағйиру табдилаш ба калимоти дигаре мисле "Чи хел", "Созӣ", "Чо кадӣ", "Тенҷӣ", "Дуруд", "Паём" ё ҳар калимаву вожаи дигаре ҷойи таассуфу тааммулро дорад. 
Шояд дар дигар забонҳову дину ойинҳо масъалаи "салом" як амри оддӣ бошад. Калимаву вожаҳое бошанд, ки ба эътиқоду дину мазҳаб чандон печишу ихтилот надошта бошад, аммо дар дину ойини мо тоҷикону дигар мусулмонҳо ин аз калимоти оддие нест, ки мо ҳар вақт диламон хоста бошад, тағйираш бидиҳем ва ё аз баҳраш бигзарем. Калимаву вожаҳои кӯчаву бозорро ҷойгузинаш кунем ва ё аз забонҳои дигаре вожаҳои тарҷумашудаеро ба ҷои он истифода барем.
Худованди Бузург барои мусалмонон вожаеро муқаррар кардааст, ки бар ҳикмату фоидаҳои зиёде бино шудааст ва он: "Ассалому ъалайкум"  мебошад. "Ассаламу алайкум" на танҳо бо дин, балки мувофиқ бо фарҳанги миллиамон низ ҳаст. Аз қадимулайём бузургонамон ва падаркалонҳоямон дар мулоқотҳои хеш калимаву вожаҳо барои бархӯрду мулоқоти якдигарӣ истифода мебурданд.

Салом аз худову малоикаҳост
Дар ривояте дорем, ки: "Вақте Худованд (ҷ) Одам (а) ро офарид, ба ӯ чунин амр дод: "Бирав ва ба ҷамоате аз малоикаҳо, ки онҷо нишастаанд, салом бидеҳ ва ҷавобашро гӯш бигир, зеро он таҳияи (саломи) ту ва фарзандонат дар рӯи замин мебошад, Одам(а) рафта ба онҳо салом дод: "Ассалому ъалайкум" малоикаҳо дар ҷавоб гуфтанд: "ва ъалайкуму- с-салом ва раҳматуллоҳ…" (ривояти Бухорӣ-6227)
Мо ҳамчун мусулмон метавонем лафзи салому алайкро ҳам ба шакли мухтасар ва ҳам ба шакли пурратару комилтараш истифода кунем. Дар ҷумҳурии мо ва инчунин дар кишварҳои дигари ҳамзабони мо шакли мухтасари он вожаи "салом" ва дар кишвари мо инчунин "Ассалом" мегӯянд. Аммо аз рӯйи фармудаи ҳадиси набавӣ шакли мухтасари салом: "Ассалому алайкум" ҳаст. Яъне танҳо ба калимаи "Салом" иктифо кардан ғалат аст.
Инчунин аз рӯйи таълимоти ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳар қадар лафзи саломро дарозтару пурратар истифода барем ҳамон қадар аҷру савоби бештаре мегирем.    
"Дар ривояте Имрон ибни Ҳусайн нақл мекунад; марде ба назди Паёмбар (с) омада гуфт: "Ассаламу алайкум" Паёмбар (с) ҷавоби саломро боз гардонид ва гуфт; "даҳто". Баъд аз муддате боз марди дигаре омада гуфт: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ". Паёмбар (с) ҷавоби саломро бозгардонида гуфт; "бисто" Баъд аз он марди севвум омада, гуфт: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу" Паёмбар (с) ҷавоби саломро гардонида гуфт; "сито". (ривояти Абудовуд-5195).
Яъне агар мо "ассалому алайкум" бигӯем, мо даҳ савоб мегирем ва агар "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ" бигӯем, бист савоб ва агар "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ" бигӯем, сӣ савоб мегирем.

Салом ин дуову дуруд аст
Дуввум нуқтаи муҳимме, ки дар ин масъала ҷойи тааммулу тадаббурро дорад, ин масъалаи маънои "салом" аст. Салом додан дар Ислом маънои дуъоро дорад. Шахси саломдиҳанда амону саломатӣ ва раҳмату баракоти Худоро бар мухотаб орзу мекунад ва инчунин шунаванда ба саломдиҳанда.

Салом ва меҳру муҳаббат
Бешак ҳадафу мақсад аз салому дуову дуруд бар ҳамдигар меҳру муҳаббати бештар байни афроди ҷомеъа эҷод намудан аст. Оре!!! Ислом дини муҳаббат аст ва аз ҳар масъалае, ки дар эҷоду тақвияти меҳру муҳаббат саҳмгузор бошад, фурукаш намекунад.
Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуданд: "Вориди биҳишт намешавед, то ин ки имон дошта бошед, ва муъмин нахоҳед шуд, то ин ки ҳамдигарро дӯст доред. Оё шуморо роҳнамоӣ ба амале накунам, ки вақти онро анҷом додед, ҳамдигарро дӯст хоҳед дошт? Саломи зиёд бидиҳед ва салом доданро дар миёни худ паҳн кунед. (Ривояти Муслим- 54)
Муҳаммадфаррухи Абдуллозода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97