Бозори «Баракат» сӯхт

Сиёсат 09.08.2011 10:45

30-юми апрел, соати 16-10  бозори "Баракат"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ оташ гирифт. 1 соату 30 дақиқа 90% дукону мағозаҳои бозор ба коми оташ фурӯ рафт. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки дар лаҳзаҳои нахустини оташ баъзе фурӯшандаҳо беаҳамиятӣ зоҳир карда, тамошогари сӯхтори манбаи оташ буданд. Шояд касе гумон намекард, ки баъди якчанд лаҳзаи дигар фавораи оташ ба дуконҳои ҳамсоя ва тамоми растаҳои бозор доман паҳн карда, дигар мошинҳои оташнишонӣ низ қудрати хомӯш кардани онро надоранд.

Баъди ду рӯзи ин ҳодиса садҳо нафар тоҷирони молу колои худро аз даст дода, ба ҷойи дуконҳои хокистарпӯши худ омада, вой дареғ мегӯянд, ки чаро ин тавр накардему чаро он тавр накардем. Эмомиддин Узбеков, муовини сардори ШКД ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ иброз медорад, ки гурӯҳҳои фаврии мақомоти ШКД ва оташнишонӣ сари вақт дар ҷойи ҳодиса ҳозир буданд, аммо вазъият чунин буд, ки оташ қариб аз байни дукону мағозаҳои бозор аланга гирифта буду мошинҳои оташнишонӣ то назди манбаи оташгирифта рафта наметавонистанд. Дар баробари ин маҳсулоти синтетикӣ, равғану дигар масолеҳи зудсӯз алангаи оташро зиёдтар мекард. Ҳарчанд, ки дар муддати кутоҳ мошину гурӯҳҳои оташнишонии ноҳияҳои ҳамсоя низ ба кӯмак омаданд, аммо моли зиёди мардум ба коми оташ фурӯ рафт.

Амри тақдир ё иштибоҳи инсонҳо?!
Тибқи иттилои ба дастомада сабаби сӯхтор бодбараки барқии мағозаи бозор шудааст. Айни ҳол тафтишоти иловагӣ дар ин самт идома дорад.
Бибиробия як нафар аз фурӯшандаҳои бозори "Баракат" барои тасалии ҳамтоёни хеш мегӯяд, ки ин фалокат дар қисмати мо будааст ва аз тақдир роҳи гурез нест.
Воқеан ҳам ин шабу рӯз барои масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ лаҳзаҳои ҳасос аст. Зеро дар рӯзи сеюми ҳодиса ҳанӯз ҳолати равонии беш аз 400 нафар тоҷирон ором набуд. Масъулини бозору ҳукумати ноҳия роҳҳои баровардани мардум аз ин вартаро пешниҳод мекунанд, аммо одамони аз ғаму андӯҳ хаставу хобу оромиро аз дастдода талабҳое доштанд, ки аз чаҳорчӯбаи қонун берун аст.  Саймуҳриддин Сайфов, раиси бозори "Баҳор"  зимни муроҷиат ба мардум насиҳат дошт ки: "Эй ҳамватанон, мо дар умри кутоҳи худ аз ин ҳам рӯзҳои даҳшатро дида будем. Аммо шукрона кардему ба ин рӯзҳо расидем. Ва имрӯз он ҳама рӯзҳои сахт, арзиши худро гум кардаанд. Ин рӯзе, ки ба сари мо омадааст, як имтиҳони навбатии зиндагӣ аст. Мо бояд дасти ҳамдигарро гирифта, ин мушкилотро паси сар кунем"!

Илоҷи вокеъа пас аз вуқӯъ
Аммо "илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ" дар зеҳни мо вақте меояд, ки он лаҳза дигар коргар нест. Дар ҳоле ки чанде пеш Хуршед Сангинов, сардори  Раёсати иттифоқи ҷамъияти матлуботи вилоят зимни як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки бештаре аз бозорҳои навоҳии Хатлон ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд. Зеро байни растаҳои бозор бояд роҳи мошингузар бошад то дар лаҳзаҳои фавқулода мошинҳои оташфишонӣ дар дохили бозор равуо карда тавонанд. Баъзе раста ва дуконҳои бозори "Баракат"- и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, аз ҷумлаи ҳамин гуна бозорҳо буд, ки ба меъёрҳои солҳои 1960-ум рост меомад. Дар ҳақиқат то лаҳзаи ҳодиса дуконҳои матоъфурушӣ ба ҳаде зич шуда буданд, ки аз байни онҳо танҳо одамон гузашта метавонистанду халос.
Дар рӯзи дуюми ҳодиса ҷаласаи фавқулодаи раиси ноҳия Руҳулло Раҳимов бо тоҷирони бозор, масъулини соҳаи савдо ва дигар сохторҳои марбута баргузор гардид. Раиси ноҳия барои сари вақт тоза кардани мавзеи ҳодиса, таъмини тоҷирони бозори оташгирифта бо нуқтаҳои нави савдо ва ҳарчи зудтар оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар бозори "Баракат" ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Ба гуфтаи раиси ноҳия тоҷирони зарардида на танҳо ба кумакҳои моддӣ, балки ба машварату дастгириҳои маънавӣ низ ниёз доранд.
Тибқи иттилои мудири шӯъбаи иқтисоди ноҳия Давлат Боронов бегоҳи рӯзи ҳодиса аз ҳисоби 26 нафар масъулини сохторҳои гуногун ва даҳ нафар соҳибкорони бозор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Комиссияи мазкур зарари умумии аз  сӯхтор расидаро муайян хоҳад кард. Тибқи маълумотҳо дар натиҷаи сӯхтор беш аз 170 дукону мағоза ва растаҳои бозор сӯхта хокистар гардид. Аз сӯҳбат бо фурӯшандаҳо маълум гардид, ки тоҷирони бозор аз 10 то 70 ҳазор доллар зарар дидаанд.
Масъулин мегӯянд, ки баъзе аз тоҷирон ба эҳсосот дода шуда, зарари расидаро барзиёд нишон медиҳанд. Ҳолати мардумро фаҳмидан мумкин аст. Аммо мақомоти андоз метавонанд аз рӯи нишондоди андозсупорандагии фурӯшандаҳо амволи аслии онҳоро, ки ба коми оташ рафтааст, муайян кунад.

муфлисшавии тоҷирон ҳодисаи нав нест
Сӯҳроб, як нафар аз тоҷирони бозори "Баракат" зимни вохӯрӣ бо маъмурияти бозори оташ гирифта иброз дошт, ки дар асари ин ҳодиса ба маблағи беш аз 70 ҳазор доллар молу колояш ба коми оташ рафтааст. Вале чораи дигар ба ҷузъ сабру таҳаммул надорад. Мо,- мегӯяд ин тоҷири ҷавон,- дигар он вазъи молие, ки доштем дар даҳ солу бист сол ба даст оварда наметавонем. Ҳукуматдорон бояд дар бунёди мағозаҳоямон ба мо кӯмак расонанд, вагарна лоақал иҷозат диҳанд, ки мо дар ҷойи дукону мағозаҳои хокистар шуда, мағозаҳои навро бунёд кунем.
Аммо маъмурияти бозор иброз медоранд, ки лоиҳаи нави сохтмони бозорро Институти лоиҳакашӣ қабул намуда, баъдан корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ оғоз мегарданд. Алъон бояд мавзеи сӯхта аз партобу хокистар ва дигар ашёҳои сӯхтаву корношоям шуда тоза карда шавад.
Дар вохӯрии рӯ ба рӯ бо тоҷирони бозори оташгирифта раиси бозори Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди "Баҳор" Саймуҳриддин Сайфов хоҳиш мекард, ки соҳибкорон дар баробари ҳодисаи ба сарашон омада, сабру таҳаммулро аз даст надода, тиҷорати худро дар бозори нав давом диҳанд. Мавсуф иброз дошт, ки сӯхтору муфлисшавӣ ва дигар воқеаҳои сангин дар ҳаёти соҳибкорӣ ҳодисаи нав нест. Ва танҳо инсоне ин шикасти иқтисодиро бо сари баланд паси сар мекунад, ки ақлу заковати солим дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ имрӯзҳо дар бозори "Баҳор", ки дар рӯ ба рӯи бозори оташгирифтаи "Баракат" воқеъ аст, даҳҳо мағоза ва садҳо дуконҳои бекорхобида мунтазири тоҷирон аст. Ӯ мегӯяд, ки дар бозори нав дар мадди аввал соҳибкороне, ки хисороти вазнин дидаанд, бо мағозаҳо таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин маъмурияти бозори "Баҳор" имкон дорад, ки тамоми тоҷирони бекормондаро ба дукону растаҳои замонавӣ таъмин кунад.

Ҳизбҳои сиёсӣ куҷоянд?
Як бонуи тоҷир, ки бо қарзи бонкӣ фаъолияти тиҷоратии худро ба роҳ монда буд, мегӯяд, ки мисли Эшони Саймуҳриддин воизон бояд дар рӯзи аввали ҳодиса ба вохӯрии мардум меомаданд. Зеро беш аз 400 нафар соҳибкори маблағҳои калонашон бар коми оташ рафта, дар ҳамон лаҳзаҳо ба дастгирию машварати равонӣ ниёз доштанд. То имрӯз,- мегӯяд соҳибкори зарардида, ду шаб хоб нарафтаву ғизои дуруст истеъмол накардаанд. Зеро баъзе соҳибкорон натанҳо аз молу мағоза халос шудаанд, балки зери қарзҳои ҳангуфт мондаанд.
Воқеан ин эроди бонуи тоҷир асос дорад. Дар кишварҳои пешрафтаи дунё баъди чунин ҳодисаҳо кӯмаки нахустин ба зарардидагон ин сару либосу ғизо нест, балки машварати равоншиносону пешвоёни ҷомеа аст. Зеро донишмандону пешвоёни миллӣ метавонанд, бо сеҳри сухани худ, асабҳои мардумро ором намуда, ба онҳо як нерӯи тоза барои сабру таҳаммул бахшанд. Аммо дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ на имомхатибу на ягон роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ наменамуд. Дар ҳоле ки дар лаҳзае ки мардуми зарардида ҳайрон байни хокистарзори бозор равуо доранд, бояд рӯҳониён ва роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар воизон дар байни онҳо мебуданд. Зеро дар ин тӯдаи хокистару ин харобот молу амвол ва қарзҳои аз бонк гирифтаи беш аз 400 шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Аҷоиб, ду сол пеш дар маркази Хатлон барои як патаки бинии пӯсидаи ҳайкали Ленин, ки аз пайкараи ӯ уфтода буд, ин қадар сару садоҳо шуда буду "духтур-усто" аз куҷое оварданд, то ҷойи бинии кандаи Ленинро барқарор кунанд. Аммо дар ин мушкили мардум на пешвои коммунистонро мебинию на демократу назҳатию дигару дигаронро.

Моли тоҷирон бима нашудааст
Файзалӣ, як нафар тоҷири бозори "Баракат"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ талаб дошт, ки ҳукумат як миқдор зарари ба мардум расидаро ҷуброн намояд.
Аммо Ҷамолиддин Гулов, директори идораи суғуртаи давлатии ноҳия дар сӯҳбат бо хабарнигори "Миллат" гуфт, ки мо танҳо маблағи он соҳибкоронеро пардохт мекунем, ки агар қаблан амволи тиҷоратиашонро бима карда бошанд. Аммо аз ҳисоби тоҷиронии бозори "Баракат"-и ноҳия ягон нафар моли тиҷоратии худро бима накардааст. Ва давлат низ имкони пардохти хисороти чунин ҳодисаҳоро надорад.
Талабу дархости дигари тоҷирони ҷамъшуда ин буд, ки онҳо мехоҳанд, то бунёди дукону мағозаҳои нав, собиқ дукондорон дар ҷойҳои холии бозор тиҷоратро оғоз кунанд. Дар шарҳи ин дархост Шамсиддин Абдураҳимов, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ гуфт, ки бо қарори ҳукумати ноҳия бозори "Баракат" баста мешавад. Зеро мавзеи пешинаи сӯхтор ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯй набуда, то тоза кардани ҷойи дуконҳо аз партоби хокистару боқимондаи дуконҳои корношоям, фурӯши ҳамагуна маҳсулот дар ҳудуди он ба солимии харидорон хатар дорад.
Ба гуфтаи манбаъ дар марҳилаи аввал Институти лоиҳакашии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави бозорро тасдиқ мекунад. Баъдан дар ин мавзеъ сохтмони мағозаю дуконҳо оғоз мегарданд, аммо то бунёди бозори нав вақт мегузарад. Аз ин рӯ тоҷирон бояд барои идомаи фаъолияти худ ба бозори нав гузаранд.

Оғози нав дар бозори нав
Саймуҳриддин Сайфов, раиси бозори "Баҳор" иброз дошт, ки тоҷирони дар асари сӯхтор зарардида, агар хоҳиш дошта бошанд, ки тиҷорати худро дар бозори онҳо оғоз кунанд, барояшон чунин имтиёз муқаррар мешавад, ки як семоҳа бе пардохти чиптаи бозор ба тиҷорат машғул шаванд. Зеро вақт рафта истодааст ва тоҷироне, ки аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ фаъолият доранд, набояд интизори обод шудани бозори оташгирифта шаванд.
Тибқи иттилои Дилбар Нурматова, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ гурӯҳи корие, ки аз ҳисоби фаъолон ва тоҷирони бозори "Баракат" ташкил шудааст, дар мадди аввал хисороти аз сӯхтор расидаро муайян мекунанд. Баъдан раиси ноҳия дастур додааст, ки лоиҳаи нави бозор бояд ҷавобгӯй ба талаботҳои байналмилалӣ бошад ва аз миёни растаҳои бозор мошинҳои оташнишонӣ озод гузашта тавонанд.
Аз сӯҳбат бо мардум маълум мешавад, ки мушкили аввал дар ҳалли қазияи бозори "Баракат" ин расонидани машварати равонӣ барои мардуми зарардида мебошад. Зеро тоҷире, ки дирам болои дирам гузошта мол ҷамъ мекунад, аз бонк қарз гирифтаву ин шабу рӯз бояд фисади онро пардохт кунад, ҳолати ноҷури равонӣ доранд. Масъалаи дуввум ин таъмини нуқтаи фурӯш барои тоҷирон мебошад. Саймуҳриддин Сайфов раиси бозори "Баҳор" иброз медорад, ки тамоми тоҷирони бозори "Баракат"-ро бо дукону растаҳо таъмин карда метавонад. Зеро дар бозори ӯ алъон 1000 метри кубӣ раставу дуконҳо интизори тоҷирон аст.
Бояд гуфт, ки тайи соли ҷорӣ ин дуввумин сӯхтори калон дар бозорҳои Хатлон аст, ки бар асари он мардум хисороти калон мебинанд. Аммо мавзӯи пешгирӣ аз сӯхтор дар дигар бозорҳое, ки ба талаботҳои сӯхторнишонӣ ҷавобгӯй нестанд, ҷиддӣ матраҳ намешаванд. Ё то сухтор сар назанад дар бозорҳои солҳои 1940-1950-ум сохта шудаи Хатлон тартибу интизом ҷорӣ карда намешавад?
Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97