Генерал Қаҳҳоров: «Бар зидди ришакиҳо амалиёт нагузаронидаем!»

Сиёсат 20.10.2010 12:44

Имрӯз, 20 октябр вазири умури дохилаи Тоҷикистон, генерал- полковник Абдураҳим Қаҳҳоров бо намояндагони расонаҳои хабарии дохил ва хориҷи кишвар нишасти матбуотӣ орост.

Вазири умури дохила зикр кард, ки наздик ба ду моҳ аст кормандони вазораташ дар ҳолати пурзӯри омодабоши низомӣ қарор доранд, ки ин ба фирори зиндониён аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ, таркиш дар бинои Раёсати мубориза бо ҷиноёти муташаккили шаҳри Хуҷанд ва ҳамлаи ноҷавонмардона ба сарбозони неруҳои мусаллаҳи кишвар дар Дараи Камароб бастагӣ дорад.

Абдураҳим Қаҳҳоров аз кушта шудани кормандони зердасташ дар воқеъоти рӯзҳои ахир таассуф хӯрда, ба шаҳодат расидани фармондеҳи дастаи ОМОН- и Раёсати умури дохилаи Хатлон, полковники милиса Зоҳиршоҳ Қаландаровро талафоти ҷуброннопазир номид. Мавсуф зикр намуд, ки ин террору ҳамлаҳо рӯҳияи кормандони вазорати дохиларо шикаста натавониста, балки онҳоро ба ҳифзи амният ва тартибот, мубориза бо ҷинояткорон неруи нав бахшидааст.

Дар бораи вазъи минтақаи Рашт сухан гуфта ҷаноби Қаҳҳоров қайд намуд, ки вазъ он ҷо комилан ором буда мардум саргарми кору рӯзгори хешанд. Гурӯҳҳои террористиву ҷинояпеша алъон дар пинҳонгоҳҳои худ дар кӯҳу дараҳои мавзеъи Камароб пинҳон шудаанд. Иддае аз хабарнигорон аз он ки вазири умури дохила дар мавриди шумори афроди мусаллаҳи зиддидавлатӣ дар Камароб, сулҳи дар шаҳраки Ғарм ба даст омада бо Мирзохуҷа Аҳмадов, убури афроди мусаллаҳ тариқи марз ба хоки Тоҷикистон, мушкилот доштан дар дарёфти хабар аз масъулини вазорати дохила посухи қонеъбахш надод изҳори нороҳатӣ карданд ва генерал Қаҳҳоров аҳд кард, ки баъди анҷоми омодабоши пурзӯри низомӣ нишасти хосса ороста ба ҳама суъолҳои хабарнигорон ҷавоби мушаххас хоҳад гуфт.

Дар бораи муҷрим будан ё набудани Мирзохуҷа Аҳмадов генерал Қаҳҳоров гуфт, ки ҳеч кас нагуфтааст ӯ бегуноҳ аст, ман ҳам намедонам ӯ гунаҳкор аст, ё бегуноҳ. Ба суъоли хабарнигори «Миллат» дар мавриди натиҷаи тафтиши қазияи ба ҳалокат расидани 9 тан сокинони ноҳияи Ванҷ дар моҳи июли соли равон, дар мавзеъи Суфиён(ағбаи Хобу Работ)-и ноҳияи Дарвоз, ки ҳамон шабу рӯз ҳаракат тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Тавилдара- Дарвоз ҷиҳати дар тармим қарор доштани пули мошингарди болои рӯди Хингоб расман мамнӯъ буд, вазири умури дохила гуфт, ки «роҳ расман маҳкам буд, постҳо(яъне дидбонгоҳҳои милиса. Шарҳи мо. Т. С.) мавҷуд набуд, роҳсозон ба ронандаи он мошин кӯмак кардаанд ва аз купрӯк гузаштааст.

Тафтиши ин ҳодиса то ҳол давом дорад.» Ба суъоли як хабарнигор дар бораи боздошти ришдорон ва манъи фурӯши мавъизаҳои рӯҳониёни кишвар вазири умури дохила гуфт, ки «ҳеч гуна амалиёт бар зидди ришакиҳо нагузаронидаем», танҳо кормандони бахши шиносномадиҳӣ ҷиҳати бо расми дар шиносномаҳо буда мувофиқат накардани чеҳраи баъзе афрод санҷиш бурдаанд ва дар масъалаи манъи фурӯши дискҳои амри маъруфи муллоҳо бошад мо аз соҳибони дӯконҳо хостаем то барои роҳандозӣ намудани фаъолияташон иҷозатномаи расмӣ бигиранд.

Агар онҳо литсензия(яъне иҷозатнома. Т. С.) дарёфт кунанд, дигар ҳеч мушкил нест. Дар мавриди теъдоди мактабҳои хусусии таълимоти динӣ дар қаламрави кишвар ва ба Маркази таҳқиқи хушунати хонаводагӣ, ки дар назди ин вазорат се моҳ боз созмон ёфтааст, чӣ миқдор бонувон муроҷеъ шудаанд, касе аз масъулини вазорати умури дохила посухи мушаххасе нагуфт.

Генерал Қаҳҳоров ба ҳамаи рӯзноманигороне, ки бо гузоришҳои воқеъбинона рӯҳияи милисаи тоҷикро боло бурда, ба фаъолияти эшон ёрии беғаразона расонидаанд, изҳори миннатдорӣ кард.

 

Толибшоҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97