Лужков рафт, Бознишаста мешавад ё зиндонӣ?

Сиёсат 29.09.2010 16:15
4

Рафтани деррасида 

28 сентябри 2010 тибқи иттилои хадамоти матбуотии Кремл, шаҳрдори Маскав Юрий Лужков   аз вазифааш сабукдӯш карда шуд. Раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев таҳти як фармон, шаҳрдори пойтахтро аз вазифааш озод намуда, собиқадортарин муовини 74 солаи ӯ Владимир Ресинро муваққатан ҷойгузини ӯ таъин кардааст.

Ин амри хешро Президенти Русия “аз даст додани эътимод” ба шаҳрдорӣ тавзеҳ додааст. Ҳамин тариқ шаҳрдори дарозумртарини Маскав баъди 18 соли кору фаъолият, ки аксар коршиносон истеъфои ӯро ногузир медонистанд бе  ягон огоҳии пешакӣ аз вазифа барканор шуд. Юрий Лужков  баъди рухсатиии меҳнатӣ танҳо тавонист як рӯз иҷрои вазифа намояду халос. Бино ба гуфтаи коршиносон ӯ аз ин амри президент хабар надошт ва баъди бозгашт аз рухсатӣ гуфт, ки нияти истеъфо рафтанро надорад, баръакс корро бо рӯҳи тоза шурӯъ хоҳад кард. Дар ин бора  хабарнигори “Вести ФМ” Николай Осипов чунин гуфтааст: “Ҳанӯз рӯзи душанбе  маркази матбуоти шаҳрдории Маскав дар бораи нақшаҳои октябрии шаҳрдорӣ хабар дода буд. Тавре  менамуд, ки гӯё  касе хабар надорад. Танҳо рӯзи сешанбе хабари бекор намуданаш сартосари матбуотро пур намуд.”

Лужков  аз ин хабар  субҳи барвақт дар дафтари кории хеш иттило ёфтааст.

 

Лужков ба хушӣ

рафтан нахост

Бисёрии коршиносон мондани Лужковро камаш ду моҳи дигар пешгӯӣ менамуданд ва ҳеҷ кас бад ин зудӣ сурат гирифтани онро интизор надошт. Каме дертар сухангӯи раиси ҷумҳур, Наталия Тимакова ба ин сабукдӯшкунии овозадор чанд рӯшание андохт. Ба қавли ӯ, Юрий Лужковро пешниҳод намуданд, ки ихтиёрӣ ба  истеъфо равад, вале ӯ аз ин созиш даст кашид ва сабаб шуд, ки кор бо чунин сахтӣ сурат бигирад. Сиёстшиносон ба ин назаранд, ки ин гуноҳи худи Лужков буд ва нахост бо давлатдорон созиш намояд. Саркашии ба истеъфо нарафатанашро Павел Данилин- сиёсатшиноси Фонди сиёсати манфиатовар, ҳамчун як маризии шӯҳратталабӣ арзёбӣ намудааст. “Юрий Лужков фаромӯш кард, ки ӯ мансабдорест, ки аз ҷониби сарвари давлат таъин шудааст ва хост то худро болотар аз дигар мақомдорон  гузорад. Ана ҳамин буд, ки ӯ барканории қонуниро бо аз даст додани эътимод ба даст овард. Аз чунин як амри новақтии раиси ҷумҳури Русия чунин хулоса намудан мумкин аст, ки ӯ ягон нияти бо шаҳрдори мустаъфӣ вохӯрӣ карданро надорад ва ба нафақа рафтанаш бе дабдаба хоҳад буд. Инро сухангӯи раиси ҷумҳур низ таъкид намудааст.

Тибқи иттилои расонаҳо ҳамчунин В. Путин аз пуштибонони қавии Лужков низ нияти мулоқот бо ӯро надоштааст.

 

Ҳамсар ё дарди сар?!

Аксари коршиносон ба ин назаранд, ки ин амр танҳо бо барканории Лужков анҷом наёфта, балки давомдор хоҳад буд. Зеро ин барканорӣ тамоми команда ва атрофиёни ӯро, ки тиҷорат ва  манофеи Маскавро дар даст доранд, дар бар хоҳад гирифт. Гумон меравад, ки ин кор то ба додгоҳ кашида шавад. “Баъди чунин сабукдӯшкунии новақтӣ мумкин аст, ки ба фаъолияти собиқ шаҳрдор мақомоти қудратӣ сару кор гиранд” - гуфтааст Сергей Митрохин - сарвари ҳизби “ЯБЛОКО”  дар як мусоҳибаи хеш ба телевизиони РБК. Инчунин мебояд гуфт, ки тақдири минбаъдаи Лужковро шояд бештар тафтишотҳои мақомоти қудратӣ дар бар дошта бошанд. Зеро дар ВАУ-и Русия дар бораи азхудкунии маблағҳо аз ҷониби ҳамсари Лужков, Елена Батурина борҳо таҷдиди назар кардаанд. Ӯ дар қатори 14 миллардерзани машҳури олам, ки бевосита ин маблағро худ ба даст овардааст қарор дорад. Гуфта мешавад, ҳамсари Лужков корро аз ширкати истеҳсоли масолеҳи плостикӣ шурӯъ намуда, дертар чандин ширкатҳои сохтмонӣ ва тиҷоратиро соҳиб гардид. Маблағи умумии ӯро коршиносон беш аз се миллиард ҳадс мезананд. Ҳоло ширкати истеҳсолӣ- сохтмонии “Интеко”-ро дар даст дорад. Бо барканории шавҳараш ӯро низ тафтишот  аз ҷониби мақомот дар назар аст.

 

Муҳоҷирон аз рафтани

Лужков хушҳоланд

Дар тӯли фаъолияти хеш Лужков барои  Пойтахти Русия хело корҳои назаррасеро анҷом дод. Бештари сокинони ин шаҳр аз аз чунин шаҳрдор қаноатмандии хешро зоҳир мекарданд. Аммо нисбати муҳоҷирони кории (гастебайтерҳо) бисёр сахтгир буд. Борҳо барои дур намудани онҳо аз шаҳри Маскав ва кам намудани квота барои онҳо дар ВАУ-и Русия   пешниҳодҳо менамуд. Ҳатто гоҳ-гоҳ суханони таҳқиромезу пастро нисбати муҳоҷирин раво медид.  Акнун баъди рафтани Лужков аз вазифа ки хоҳад омад суолест то ҳанӯз беҷавоб. Коршиносон ба ин назаранд, ки Ресин дар ин вазифа дер нахоҳад монд. Зеро ӯ низ аз командаи шаҳрдори собиқ аст. Ҳоли маскавиҳо ва корҷӯёни муҳоҷир аз ин ба баъд чӣ гуна хоҳад буд? Суолест, ки посухашро анқариб хоҳем гирифт.

Бояд қайд намуд, ки ҳар мақомдору қудратманд бояд андеша намояд, ки мансаб якумрӣ нест ва рӯзе мерасад, ки аз курсӣ сарозер хоҳад шуд. Пас бояд фикри баъди онро низ бояд кард. Лужкове, беш аз 18 сол якктозӣ майдони шаҳдории бузургтарин кишвари олам-Русия  буд ва худро ҳокими якумрии он мешуморид, ронда гашт... Ин дарсест, дарс барои ҳамагон, ки бузургон гуфта:

Чунин аст расми сарои барин

Барорад ба аршу занад бар замин.

Аъзамшоҳи Қуқаншо

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97