ҶАШНИ СУЛҲ Ё ҒАЛАБА Ё 13 солагии таслимшавии ИНОТ?

Сиёсат 08.07.2010 15:00

СУЛҲ БО ШИРКАТИ ЯК ҶОНИБ ВА БИДУНИ КОМ

Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи 27 -уми июн дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон доир шуд. Муҳиддин Кабирӣ, вориси сиёсии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари мухолифини пешин (ё ИНОТ) ва касе, ки дасти ҷониби дигарро фишор додаву ба Созишномаи сулҳ имзо гузоштааст, дар таҷлили 13-умин солгарди имзои ин санад ширкат надошт.

Ва барои аввалин бор ин Рӯз бе ширкати яке аз ду ҷониби сулҳкунанда таҷлил гардид. На танҳо намояндагони ҲНИТ, ки нерӯи аслии сулҳкунанда бо ҳукумат буданд, дар ин ҷашн ширкат надоштанд, балки барои аввалин бор аъзои Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон (КОМ) низ ба ин ҷашн даъват нашуданд. КОМ, ки аз намояндагони ИНОТ ва давлат иборат буд, зарфи се соли фаъолияташ нуктаҳои асосии Созишномаи сулҳро амалӣ кард.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари ИНОТ, ки дар соли 1997 ба Созишномаи умумии сулҳ имзо гузошт, раиси КОМ-и Тоҷикистон буд ва дар боз овардани субот нақши муҳим иҷро кард ва дар ҳамаи солрӯзҳои Ваҳдат то дами маргаш ширкат намуд. Агарчанд дар соли 2006 -ум, бо вуҷуди бемории бистарӣ будан ба ҷашнгоҳ рафт ва дар ҷашни Ваҳдат барои аввалин бор дар паҳлӯи ҷониби дигари сулҳкунанда дар ин рӯз дар Ғарм ҷой наёфт. Ӯ борҳо давлатро ба аҳдшиканӣ дар қиболи Созишномаи сулҳ танқид карда буд.

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, муовини раҳбари мухолифини пешин, муовини собиқи сарвазир ва раҳбари музокироти сулҳ аз сӯи мухолифин низ ба ҷашни навбатии саросарии Рӯзи ваҳдат даъват нашудааст.

ЗАБОНИ ТУРАҶОНЗОДА БА ТАБРИКИ ИН РӮЗ НАМЕГАРДАД

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, раҳбари ҳайати ИНОТ дар ҳамаи давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон гуфтааст, ки имрӯз Ваҳдат дар ҷомеъаи Тоҷикистон таъмин нест ва усули ризояти умумӣ зери по шудааст. Ӯ афзудааст, ки "забон ба табрик гуфтан намегардад".

Ба гуфтаи ӯ, суханони зиёде дар бораи Ваҳдат гуфта мешавад, аммо худи Ваҳдати воқеъӣ вуҷуд надорад. Ва шикоф дар ҷомеъа, хоса миёни аҳзоби сиёсӣ ва давлат рӯз аз рӯз зиёд мешавад, фишор ба гурӯҳҳои мазҳабӣ афзоиш дорад ва озодиҳои маданӣ маҳдуд мегардад. Ва ҷавонони зиёде ба баҳонаи узвият дар гурӯҳҳои мазбаҳии мухталиф ба зиндон андохта мешаванд. Бархе дигар ба далели таълим додани усулҳои аслии ислом ҷарима мешаванд. Ин ҳама ба эътиқоди ӯ омилҳои ваҳдатшикан мебошанд ва нерӯҳое вуҷуд доранд, ки ҳама корро мекунанд то ваҳдати воқеъӣ дар ҷомеъа аз байн биравад.

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода танҳо як нафарро ба рӯзи Ваҳдат табрик гуфтааст ва он ҳам ҳамтои худ дар музокироти сулҳи Тоҷикистон, Талбак Назаров, вазири пешини корҳои хориҷӣ ва раҳбари ҳайати музокироти сулҳ аз сӯи давлат будааст.

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, шарти Ваҳдатро бо вуҷуди ихтилофи назар ва ақида эҳтироми якдигар ва таҳаммулпазирӣ медонад, амре, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон рӯз аз рӯз камтар мешавад.

ҲАЙКАЛИ ЛЕНИН БОЗ ТАФРИҚА АНДОХТ

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, вакили порлумон ва раиси ҲКТ, ки ба ҷашн ба унвони вакил даъват шуда буд, гуфтааст, бо нишони эътироз аз ширкат дар он худдорӣ мекунад.

Ҷойи Ленинро дар Бадахшон ба Сомонӣ доданд ва ё баркандани ҳайкали Владимир Ленин, доҳии пролетарҳо аз маркази шаҳри Хоруғ, ғояе, ки моҷарояш замоне дар Душанбе ифтихори сулҳро имрӯз ба ҳукумати кунунӣ додааст, хотири коммунистҳо ва раҳбари онҳоро озурда сохтааст ва иттифоқчиёни дирӯз имрӯз нахостаанд, ки дар ҷашни Ваҳдат ширкат кунанд. Нуктае, ки эҷоди дарз дар миёни аҳзоби сиёсиро дар 13 -умин солгарди Сулҳ ва ё Ваҳдат бештар ба намоиш даровард.

Ин дар ҳолест, ки масъулини Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Бадахшон аҳзоби мухолифро муттаҳам бар он кардаанд, ки фаъолияти заъифашон нақши онҳоро дар фазои сиёсӣ камранг кардааст ва мақомот аз дар канор мондани намояндагони собиқ мухолифин аз ҷашни Ваҳдат муқассир нестанд.

Аммо масъулини ҲНИТ дар Бадахшон бо таҳаммулпазирӣ аз беэътиноии мақомот нисбат бар онҳо ва бо гузашти айём ва заъиф шудани қудраташон эътироф накарданашонро ҳамчун саҳҳоми сулҳ, пардаи аламҳои худро бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар ба зоҳир мепӯшонанд .

ҲСДТ НИЗ БА ВАҲДАТИ КОМИЛ ШАК ДОРАД

Дар изҳороти Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки рӯзи 28 июн пахш шуд, гуфта шудааст, ки тӯли ду ҳафтаи ахир матолиби шабакаҳои радиё ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон "танҳо ба таблиғи нақши давлат дар дастёбӣ ба сулҳи тоҷикон таъкид карда, саҳми ду ҷониби дигарро нодида мегиранд."

Дар ин изҳорот ҳамчунин таъкид мешавад, ки таҷлили Рӯзи Ваҳдат барои таҳкими субот ва рушди кишвар аз аҳамияти бузург бархурдор аст ва ҷонибдорони ҲСДТ аз он пуштибонӣ мекунанд. Вале баёния меафзояд, ки усули баргузории ин ҷашн ба гунаи таҷрибаи даҳаи 70 ва 80-ум, яъне замони шӯравӣ буда, дархури замони муосир нест.

Аз тамошои ҷашни Рӯзи Ваҳдати имсол, ки дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон баргузор шуд, мушоҳида мешавад, ки дар ин маросим танҳо ҷониби давлати Тоҷикистон ширкат дошта, намояндагони аҳзоби мухолиф дар он ҳузур надоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки созишномаи сулҳи миёни тоҷикон дар соли 1997 аз се ҷониб, яъне давлати Тоҷикистон, Иттиҳоди мухолифони пешин ва созмонҳо ва кишварҳои миёнҷӣ ба имзо расидааст.

Ба назари сотсиал демократҳо, дар остонаи баргузории Рӯзи Ваҳдат ташкили мизи гирдҳо ва ҳамоишҳо бо ширкати намояндагони аҳзоби мухолиф ва коршиносони мустақил барои баррасии таҳдиду хатарҳое, ки ба раванди сулҳи тоҷикон таҳдид мекунанд, муҳимтар аст.

ҲСДТ изҳор доштааст, "ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад".

СУЛҲ БО КӢ?! БО МАРДУМ?

Дар ҳоле сухан дар бораи норизоиятҳои аҳзоби замоне дӯст ва мухолиф меравад, ки хеле аз фаъолони ҷомеа аз беэътиборӣ ва қадрношиносии мақомот гилагузорӣ мекунанд.

Давлатсултон Амрихудоева, як зани бознишаста сокини шаҳри Хоруғ ба радиои "Озодӣ" гуфтааст, ба гӯшаи фаромӯши афтодан на фақат тақдири собиқ мухолифин будааст, балки бисёр занони фаъол, ки бо ташвиқи мақомот ва ба хотири сулҳу салоҳ барои халъи силоҳи собиқ мухолифин гирдиҳамоиҳо ҳам баргузор мекарданд, имрӯз дар канор мемонанд.

ДАРВОЗ КАҲРАМОН НАДОРАД

Ё ба Юнон бурдаанд хокистари Дарвозро?

Рустами Содиқиён, як коршиноси тоҷик бинобар ҳузур надоштани тарафи дигари мусолиҳакунанда дар ҷашни Ваҳдати миллӣ ин ҷашнро нокомил шумурда, аз сӯи дигар, онро нишонаи мунҳал шудани мухолифин медонад. Ба фикри Рустами Содиқиён ба вижа дар ҳоле, ки аз аввал ҷанги тоҷикон таҳмилӣ хонда шуд ва дар ҷашни Ваҳдат аз ҷониби дигар ёд намешавад ва ё нишонае боқӣ намондааст ва маълум нест, кӣ ва бо кӣ мусолиҳа кардааст. Беҳтар мебуд, агар Рӯзи Ваҳдат аз ин ба баъд бо номи Рӯзи миллат ёд шавад. Аммо оё ин дар воқеъ Рӯзи миллат буд? Агарчӣ дар пардаи телевизионҳои Тоҷикистон танҳо хушомадгӯйиҳои мардум ба намоиш даромада буд, намои чеҳраҳои маъруфу саршинос пушти камераҳо маҳфуз ё таги дандони миқрози танзимгари барномаҳо монданд.

Суоле, ки бештар шунида мешуд, ин буд, ки чаро Мӯъмин Қаноат, ки аламбардори Сулҳу Ваҳдат аз замони Шӯравӣ дар гуфтугузорҳои Сулҳи Ховари Миёна ва баъдан корвони Ваҳдати Тоҷикистон буд, дар пардаи телевизион ба намоиш надаромад? Намедонем, ки устод Қаноат дар ин ҷашни пуровозаи Дарвоз буда ва ё набуда, аммо дақиқ медонем, ки дар барномаҳои ҳукуматии ҷашн рӯнамоӣ аз хона музейи шоир ҷо надошт. Шояд сабаб чопи як хабараке дар расонаҳо дар камэътибории мақомоти маҳаллӣ барои ҳарчӣ зудтар мавриди истифода қарор додани ин хона музейи шоир аст, ки устод дар зиндагиаш мехоҳад арҷ гузорӣ ба устодони суханро ба мардуми кишвар ёд бидиҳад ва ё заҳмат надиҳад, ки пас аз сари ӯ дар фикру талоши баландбардории мақоми ӯ бошанд. Ба сад дар сар халондаву бо заҳмат ин кохро устод бунёд кард, бо умеде, ки сухан қадрашро гум накунад. Ёфт мешаванд навкисаҳое, ки агар як хиште барои бунёди ин Кох сарф кардаашонро миннат мегузоранд, аммо ҳамаи зари дунё пеши қиммати сухан арзише надорад.

Ба ҳар сурат масъулини Ҷашни Ваҳдат ва судҷӯёни баргузории ин ҷашн дар Бадахшон аз барнома берун кардан ва бо ҳидоят накардани Президент барои ифтитоҳи ин Хона музей фурсати муносиберо аз пешашон бурданд. Вагарна арзиши маънавии ширкат дар ифтитоҳи ин хона музей, ки бо дастони худи шоир бунёд шудааст (ӯро бо ранги офтобхӯрдаву сияҳҷурда ахиран дида будем, ки бо ҳавас аз анҷом шудани корҳои бунёдӣ то ҷашни Ваҳдат сӯҳбат мекард) ба маротиб бештар аз он аст, ки чанд синфхонаеро ба усули ибтидоии асри ХХ бунёд кардаву дар дилгаҳи таътил бардурӯғ талабаҳоро пушти партаи синфхонаҳо мешинонанд ва дурӯғи худро бидуни сурх шудан ба намоиш мегузоранд (инро писари мактабхони мо ҳатто ишора кард; "инҳо дарс мехонанд?!).

Вақте бархе аз афроди тамаъҷӯ аз таърифу тавсифи баргузории ҷашн кафки даҳон мепаронданд, шунидем, ки ҳамагӣ чанд чақрим дуртар аз базмгоҳи Шоҳони Дарвоз Фотима Сӯфихонова танҳо қаҳрамони Дарвоз аз қадрношиносии мақомоти маҳаллӣ шиква дошт, ва чун хабари шикваи ин бонуи заҳматкаш ба гӯши мансабдораке расидааст, қаҳрамони Иттифоқи Шӯравиро "нодида" хондааст. Холаи Фотима дар посух ашки чашмонашро бо гӯшаи докаи сафедаш пок карда гуфтааст, ки ҳамаро дидаем, нодидаи ҳамин тоифаи нодидақаҳрамонӣ будем, ки ҳам дидемашон.

ҚУМАНДОНҲОИ МУРДА ВА ЗИНДА

Дар ҷашни Ваҳдати имсола нишонае аз собиқ фармондеҳони саршиноси мухолифин, ки ҳанӯз ду сол қабл ҳаводиси пурсару садо ба номашон алоқаманд буд, ҳам ба назар намерасад.

Акнун бархе аз ин афрод, бо меҳмонхонаҳо ва қаҳвахонаҳояшон, ки бо кӯмаки молии созмонҳои байналмилал ва қарзҳои бо имтиёзи бонкҳо бунёд кардаанд, дар хидмати меҳмонони ҷашн қарор доранд. Яке аз чунин афрод бо нишонаи меҳмоннавозӣ гурӯҳи журналистони ҷумҳуриро ба хонааш таклиф карда, зиёфат додааст.

Собиқ мухолифини саршинос дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдат ҳатто аз изҳори назар тавассути расонаҳои хабари худдори меварзанд. Онҳо намехоҳанд, ки изҳори назарашон кӯшиши халадор гардидани субот талақ¬қӣ шавад ва аз болояшон шикор аз нав шурӯъ шавад.

Ба гуфтаи як сокини Хоруғ, онҳо ба ифтихори ҷашн ва дарки муҳимияти Ваҳдат ба бардоштани акси яке аз собиқ фармондеҳони мухолифин Абдуламон Аёмбеков, муллақаб ба Алёша, ки то ба ҳол дар яке аз кӯчаҳои шаҳр рӯи девор зада шуда буд, ризоият доданд.

Дар ҳоле ки чунин акс ва нимпайкараҳои бархе аз лидерони собиқ фронти халқӣ ҳанӯз дар вилояти Хатлон побарҷо ҳастанд ва роҳгузаронро нороҳат месозанд.

РӮЗИ ВАҲДАТ АРЗИШАШРО МЕБОЗАД?

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар воқеъ дар рӯзи 24 -уми июн аз шаҳри Хоруғи маркази вилояти Бадахшон ва маҳалли баргузории ҷашни Ваҳдати имсол дидан кард. Аммо ба далели барномаи сафар ба кишварҳои Аврупо ва Русия, сафари худро қатъ кард ва ба Душанбе баргашт.

Коршиносон мегӯянд, ин иқдоми ҷаноби Кабирӣ метавонад то ҷое бозгӯи нороҳатии ӯ аз бархурди мақомот бо ҷонибдорони ҳизбаш ва ё ҳам аз сиёсати ҳукумат дар баробари усулҳои оштии миллӣ бошад.

Дар интихоботи порлумонии моҳи феврал ҲНИТ таблиғоти густардаеро ба роҳ андохт. Аммо зимни натиҷагирӣ аз интихобот бештар аз ду курсиро натавонист соҳиб шавад. Ин ҳам дар ҳоле ки раҳбари ҲНИТ муътақид аст, ки ҳизбаш тавонистааст, ҳудуди 30 то 40 дарсади овозҳоро ба даст оварад. Аммо мегӯянд, масъулини ҲНИТ бар он боваранд, ки ин овозҳо ба нафъи ҳизби ҳоким тақаллуб шудааст.

Ба изофаи он, дар чанд ҳафтаи пеш як фаъоли ин ҳизб дар Хатлон фақат ба хотири раъй додан ба ҷои хонаводаи худаш ба зиндон маҳкум шуд.

ЭЪТИРОЗИ МАДАНИИ КАБИРӢ

Раҳбари ҲНИТ метавонад ин иқдомро шикастани усули оштии миллӣ ва ваҳдат унвон кунад. Зеро ҳатто дар гузоришҳои нозирони САҲА низ дар интихоботҳо аз раъй додани як нафар ба ҷои чанд нафар таъкид мешавад. Аммо барои чунин иқдоме ҳаргиз ҳеҷ касе дар Тоҷикистон ба ҷуз ин фаъоли ҲНИТ ба ҷазои ҷиноӣ кашида нашудааст.

Ба ҳар ҳол, мухолифони собиқ мегӯянд, ки Рӯзи ваҳдат бо чунин бархурди мақомот ба оҳистагӣ арзиши аслии худро аз даст медиҳад.

Бинобар ин, ширкат накардани Кабирӣ дар ҷашни Ваҳдат дар Хоруғ метавонад навъе эътирози маданӣ ба муносибати мақомот ба Созишномаи сулҳ ва афроди сулҳкунандае бошад, ки ҳанӯз зиндаанд.

Агар чунин намебуд, ба назари таҳлилгарон, Кабирӣ ба содагӣ метавонист, сафари худ ба Аврупоро лағв кунад, ки накард.


"Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97