РУСИЯ ШАРИК Ё РАҚИБИ КИШВАРҲОИ ФОРСИЗАБОН? ё вақти он аст, ки дӯстро аз душман фарқ кунем!

Сиёсат 10.06.2010 16:41

Форсизабонони ориёитабор аз кӯҳанзамон ба далели доштани тамаддуни воло ва фарҳангу ҳунари асил ҳамвора бо ду бархӯрди ба ҳам зид аз сӯи давлатҳо ва қавмиятҳои сокин дар дуру наздик рубарӯ будаанд:Якум: Эътироф ва арҷ ниҳодан ба фарҳангу тамаддуни форсизабонон. Барҷастатарин намунаи ин гуна арҷгузорӣ каломи гуҳарбори Паёмбари Ислом-Ҳазрати Муҳаммад(с) хитоб ба Салмони Форсӣ аст, ба ин шакл, ки-"Агар илм ба Сураё биравад, мардоне аз Форс (Ирон) ба он дастрасӣ меёбанд".

Ва низ дар идомаи ин матлаб метавонем ба ин гуфтаи баарзиши донишманди қарни 19-уми рус академик Иван Павлов дар бораи тоҷикон руҷӯъ кунем;- "Мо акнун шоҳиди эҳёи ин миллати ҷонсахт, халлоқ ва боистеъдод ҳастем, аз ин пеш онҳо на зиндагӣ, балки ҳақирона рӯз кӯр мекарданд, ва ин фақру аҷз натиҷаи се зарбае буд, ки Чингизхон, Темур ва Манғит ба пайкараш заданд, аммо дар дунё кам миллате ёфт мешавад, ки чунин зарбаеро таҳаммул карда, боз зинда бимонад. Тоҷикон аз ҳама ақвоми дигар сахтҷонтаранд, қадре фурсат кофӣ буд, ки дубора ҷон бигиранд ва эҳё шаванд".

Дуввум: Ҳасодат, тамаъварзӣ ва бадхоҳӣ. Мутаассифона ин маврид намунаҳои зиёде дорад. Аз ҳамлаҳои Искандару Чингиз дар қарнҳои гузашта гирифта, то таҷовузи Шӯравӣ ба Афғонистон, ҷанги Ироқ алайҳи Ирон бо пуштибонии тамоми қудратҳои вақти ҷаҳон ва низ мухолифатҳои Амрико ва пайравонаш бо барномаҳои сулҳомези ҳастаии Ҷумҳурии Исломи Ирон дар замони охир, ҳамагӣ реша дар тамаъҷӯӣ ва душманиҳо бар алайҳи порсигӯёни мусалмон доранд. Шубҳае нест, ки мушкилофариниҳои кунунии Узбакистон барои Тоҷикистон низ дар идомаи раванди зикршуда сурат мегирад…

ЧАШМҲОРО БОЯД ШӮСТ...

Аз миёни тарафҳои хориҷӣ, Русия дар муносибат бо мардумон ва мулкҳои форсизабон дорои ҷойгоҳи ба зоҳир матлуб, вале агар амиқтар нигоҳ кунем, аз чиҳатҳое манфӣ низ ҳаст. Таври маълум мо ва ҳамзабононамон насл андар насл нисбати мардумон ва кишвари Рус то ҳудуди зиёд назари эҳтиромона доштаву дорем, вале ин ҷараён аксаран яктарафа будааст. Мо бо хушбоварии шарқиёна ба сиёсатҳои зимомдорони ҳоким дар Санкт-Петербургу Маскав менигаристему менигарем. Албатта омилҳое низ дар дохили ҷомеа¬ҳои мо аз қабили истибдоди ҳокимони маҳаллӣ ва ақибмондагиҳои фарҳангиву саноатӣ вуҷуд дошта, ки ба роҳаттар пиёда шудани сиёсатҳои имперотурии Кремл кумак ва заминаи ҷалби таваҷҷуҳ ба ин равандро фароҳам мекард. Дар ҳамин заминаҳо буд, ки бузургмарди илму адаби қарни Х1Х тоҷик Аҳмади Дониш аз сафарҳо ба Русия асосан бардоштҳои мусбат дошт. Аз сӯйи дигар Аллома Дониш фасоди ахлоқӣ ва шаробхориҳои ифротии русҳоро ба боди танқид кашидааст, ки дар замони шӯравӣ ин қисмат аз раҳоварди сафари ӯ бар хилофи қисмати аввал ба китобхои дарсӣ роҳ наёфтанд. Зимнан фасоди ахлоқиву маънавӣ ва одатҳои хоси ҳоким дар ҷомеаи рус, аз қабили шаробхорӣ, истеъмоли гӯшти хук, бараҳнагии занон ва ғайра, баъдҳо тавассути болшевикҳо дар ҷоме¬аҳои ҷумҳуриҳои навташкил густариш пайдо кард, ки зарбаи ҷуброннопазире ба пайкараи фарҳангии ҷомеаҳои суннатӣ, бахусус тоҷикони мусалмон зад. Албатта, бузургтарин ҷинояти фиристодагони Ленин ривоҷи бединӣ буд. Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода-аз чеҳраҳои шинохташудаи сиёсӣ-динӣ, ин ҷиноятҳоро дар китоби "Шариат ва ҷомеа" чунин қаламдод кардааст;-"...Ҷомеаи мо дар муддати беш аз ҳафт даҳсола дар шароити давлати зиддидинӣ ва атеистии шӯравӣ ба сар бурда, хусусан дар даҳсолаҳои нахусти он, ки мубориза бо фарҳанги гузашта хусусияти ифротӣ доштааст, бахши бузурге аз унсурҳои арзишманди фарҳангии худро аз даст дод. Дар ин давра мардум на танҳо аз дин, балки аз маҷмӯаи арзишҳои миллии худ ба тадриҷ (оҳиста-оҳиста) дур карда шуда, дар зери раванди сунъии "эҷоди миллати ягонаи шӯравӣ" симои миллии тоҷикон хеле камранг гардид. Ин раванд ба муҳимтарин арзишу намодҳои фарҳангии мо чун тафаккури миллӣ, забони миллӣ, суннатҳои миллӣ, либоси миллӣ, низоми маорифи миллӣ ва хусусан ба арзишҳои диниасоси фарҳанги мо зарбаи шадид ворид кард. Дар ин миён хароб кардани садҳо масҷиду мадрасаи маърифатомӯз, ба оташ кашидани садҳо ҳазор нусха китоб, нобуд сохтани қишри уламои исломӣ ва зиёиёни ҳақиқии миллӣ, тағйири алифбои ниёкон ба алифбои лотинӣ ва сипас русӣ, манъи таълимоти динӣ, таълими бисёр таҳрифшудаи таърих ва фарҳанги гузашта ва ғайра, зербинои илмиву ақлонии фарҳанги моро басе заиф намуда, пайванди табии наслҳои навини миллатро аз фарҳанги асили миллӣ тақрибан қатъ намуд". Гуфтанист, зарбаҳои ворида бар асари ҷиноятҳои зикршуда ба думболи осебҳои расида аз равишҳои золимонаи чандинасраи ҳокимони маҳаллӣ пас аз инқирози сулолаи Сомониён мақоли "болои сӯхта намакоб"-ро мемонд.

Ва аммо аз омилҳои дигари хушнигарии мо, натиҷаи таблиғоти чандин даҳаина дар замони Шӯравӣ буд, ки ҷиҳатҳои торик ва номатлуби сиёсати давлатмардони русро дар баробари миллатҳои сокин дар ин тарафи марзҳои ҷанубии Русия, нишон намедод ва баракс, он сиёсатҳо ҷумлагӣ ҳақ бароварда мешуданд. Ба унвони мисол ҳар гоҳе, ки сухан дар бораи Шӯравӣ равад аз некуаҳволи ва таъминоти матлуби иҷтимоӣ ёд мешавад. Аммо ҳақиқат ин аст, ки тоҷикон асосан бо сиёсатҳои табъизомез аз сӯйи ҳукумати марказӣ рӯ ба рӯ буданд. Донишманди барҷастаи тиб профессор Саъдиниссо Ҳакимова дар китоби хеш "Заложники Империи" (Гаравгонони Империя) далелу рақамҳои зиёде меорад, ки гӯёи поён будани сатҳи маишату даромади аҳолии Тоҷикистон ва баракс боло будани сатҳи маргу мири кӯдакону модарони тоҷик дар қиёс ба дигар ҷумҳуриҳои ИҶШС (СССР) аст. Ба ҳар ҳол акнун, ки дар роҳи бозёбии ҳувияти миллӣ ва фарҳангии хеш ҳастем, фурсат фаро расидааст, то ба арзёбии воқеии муносибат бо шрикони дуру наздик дар муомилоту муодилот ва ба таври хос, Русия бипардозем. Дар ростои ин зарурат бидуни онки рӯ ба моҷароҷӯиву иғвогарӣ биоварем, ниёз ба шикастани қолабҳо ва баёни ҳақиқатҳо аст. Ба қавли шоири ширинхаёл Сӯҳроби Сипеҳрӣ :

Чашмҳоро бояд шуст,

Ҷӯри дигар бояд дид! ...

ТАҶОВУЗҲОИ РУСИЯ БА ҚАЛАМРАВИ ФОРСИЗАБОНОН

Барасии воқеъбинонаи таҳаввулот, махсусан дар се садаи охир нишон медиҳад, ки Русия чун шарик ва ҳамсояи торихӣ ва бузурги ҷаҳони форсӣ, асосан ба усулҳои ҳамҷаворӣ пойбанд набуда ва барои расидан ба ҳадафҳои кӯтоҳ ва дарозмуддати худ, ҳамвора манфиатҳои моро зери по гузоштааст. Ин рафтори кохнишинони Кремлро ба як калом метавон чун тамаъҷӯӣ ва манманиву такаббур таъбир кард на чизи дигар. Ҳаминҷо ҳам қайд мекунем, ки ин баҳогузорӣ, асосан хоси муносибати сарони алоҳидаи Русия нисбати мост, ҳол он ки бузургони адабу ҳунари ин мардум, амсоли Пушкин, Толстой, Есенен, Горкий ва ғайра эҳтиромона ва аз рӯи муҳаббату эътироф ба тамаддуни форсӣ-исломӣ нигоҳ кардаанд. Чернишевский - адиби бузурги рус дар зиндону бадарға ҳам аз "Шоҳномаи"-и безаволи Фирдавсӣ ҷудоӣ надошт ва ҳатто Владимир Путин ҳам, ки чун меъмори сиёсатҳои императорихоҳии навини Русия шинохта шудааст, чанд сол пеш иқрор карда буд, ки рубоиёти Хаём китоби рӯимизиаш аст...

Русия дар тӯли қарнҳои Х1Х-ХХ се дафъа ба Ирон, ду дафъа ба Осиёи Миёна ва ду дафъа ба Афғонистон ҳамлавар шудааст. Натиҷаи ин таҷовузгариҳо ба давлати Форс (Ирони кунунӣ) се сулҳи ноодилонаи Туркманҷой, Гулистон ва Аҳал буд, ки сабабгори аз даст рафтани сарзаминҳои шимолии Ирон шуд. Дар мавридҳое, ки инглисҳо ба ҷануби Ирон таҷовуз мекарданд, Русияи подшоҳӣ аз пушт ба Ирон ханҷар мезад ва шимоли Иронро ишғол мекард. Ҳатто онҳо як бор дар замони шӯриши Мирзо Кӯчакхон маъруф ба Наҳзати Ҷангал бар алайҳи истибдоди салтанати Кочорӣ ва тачовузҳои Бритониёи Кабир, бо вайрон намудани аҳдномаи хеш бо ин раҳбари шӯришии мардумӣ, онҳоро аз пушт мавриди ҳамла қарор доданд ва дар ниҳоят сабабгори шикасти ин қиём шуданд. Аз ҷинояти гӯшношуниди низомиёни Русияи подшоҳӣ, ки дар зеҳни мардуми Ирон абадӣ нақш бастааст, ҳамла ба оромгоҳи Имом Ризо-авлоди паёмбари ислом дар шаҳри Машҳад аст, ки соли 1912 рух додааст... Ин сиёсатҳо дар поёни қарни ХХ бо ҳимояти ҳамаҷонибаи Маскав аз режими Саддом дар ҳамла ба давлати навпои Ҷумҳурии Исломӣ дар зарфи солҳои 1980-1988 идома пайдо кард. Ҷанги таҳмилие, ки миллионҳо куштаву захмӣ ва беномунишоншуда бар ҷой гузошт....

Дар нимаи дувуми қарни Х1Х Русияи подшоҳӣ бо истифода аз заъфи хонҳои маҳаллӣ бештари манотиқи Осиёи Миёнаро ба ишғоли худ даровард. Болшевикҳо ишғолгариро дар Осиёи Миёна такмил карданд. Дар ин ҷараён агарчӣ ба тоҷикон мақоми ҷумҳурӣ доданд, вале хат ва марказҳои таърихии ин мардум, яъне Самарқанду Бухороро гирифтанд ва дари моро ба рӯйи ҳамзабононамон дар он сӯйи Ому бастанд. Захмҳои ин "табартақсим" ҳамчунон бар пайкари миллат боқист. (Мо агарчи сиёсатҳои золимонаи Кремлро дар баробари тоҷикон маҳкум мекунем, аммо ин ба он маъно нест, ки хидматҳои мутахассисони оддии рус ва дигар аҳолии русзабонро дар ободии ҷумҳурии Тоҷикистон нодида гирем. Ин хидматҳо ҳамсони саҳмгирии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар сохтмонҳои Русия тайи солҳои охир аст. Ба ҳар ҳол ҳамеша ҳисоби мардуми оддӣ аз ҳукуматдорон ва низомиён ҷудост.) Таҳлили амиқи ҳаводиси солҳои 20 қарни гузашта гӯёи ин ҳақиқат аст, ки Ленин ва ҳамсафонаш аз бунёд сиёсати зиддитоҷикӣ доштанд ва дар ин асос ҳатто ба ақидаи вазири хориҷаашон Чечерен, ки бо мутолиоти анҷомдодааш тоҷиконро соҳибони аслии обу хок ва фарҳангу тамаддуни Осиёи Миёна медонист, мувофиқат накарданд. Болшевикҳо бар асоси барномаи ҳисобшуда ва бо пойбандӣ ба тавофуқи Русияи подшоҳӣ бо Бритониёи кабир тоҷиконро аз ҳамзабонони худ ҷудо карданд. Тибқи китоби рӯшангароёнаи Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ "Фитнаи инқилоби Бухоро" болшевикҳо дар ростои сиёсати зикршудаашон ба тақвияти ҷараёни пантуркизм ёрӣ доданд. Пантуркизм агарчи пасонтар ба зоҳир тавассути ҳукумати Сталин саркӯб шуд, вале ба шакли пинҳон дар даврони ҳокимони шӯравии Узбакистон, бахусус Шароф Рашидов таъқиби фарҳангу забони тоҷикиро идома дод. Натиҷаи кори ин чараён аст, ки акнун миллионҳо тоҷик дар кишвари ҳамсоя аз мактаб ва корбурди забони модарӣ дар берун аз хона маҳруманд. Ин раванд беш аз як қарн идома дорад ва қатъан аз ҳимояти пасипардагии Кремл бархурдор будаву ҳаст. Бавижа дар замони Шӯравӣ, ки дастгоҳҳои ҳукуматӣ ва амниятӣ тамоми ҳаракатҳои дохили ҷомеаро таҳти назар доштанд, имкон надошт аз сиёсатҳои зиддитоҷикии мақомоти Тошканд бехабар монда бошанд...

Дар Афғонистон низ маҳз дахолати низомӣ ва махфии болшевикҳои рус дар соли 1929 мӯҷиби сарнагунии давлати Бачаи Сақои тоҷик ё Ҳабибуллоҳи Калаконӣ шуд. Шоири шӯҳратёр Халилуллоҳи Халилӣ ба унвони шоҳиди моҷаро дар китоби "Таҷовузи нахустини рус ба Афғонистон" ва шодравон Ҳақназар Назаров дар китоби "Нақши тоҷикон дар Афғонистон" даҳшатҳои ин таҷовузро муфассал шарҳ додаанд. Берамзу роз нест, ки Владимир Ленин-барпокунандаи низоми шӯравӣ ҳозир шуд ду чеҳраи мухолиф бо фарҳангу тамаддуни тоҷикон -яъне Амонуллохон ва Анварпошшоро дар Кремл ба ҳузур бипазирад. Ин ҳаводис гӯёӣ он аст, ки сардамдорони коммунисти Кремл ҳамагӣ як сиёсат ва он ҳам золимонаро дар муқобили тоҷикон дар ду тарафи рудхонаи Ому пиёда кардаанд. Яке аз намунаҳои санади бебаҳси ин сиёсати зиддиинсонӣ, таҷовузи Артиши сурхи Шӯравӣ ба Афғонистон дар соли 1979 буд, ки 14 сол ба тӯл кашид. Оташи фитнае, ки он замон генералҳои рус бо дастури Кремл дар Афғонистон рӯшан карданд, ҳанӯз ҳам инсонҳои бедифову бегуноҳро ба доми худ кашидан дорад. Ҳамин оташ бузургтарин сипаҳсолори тоҷик Аҳмадшоҳ Масъудро, ки дар дифоъ аз озодии Ватани хеш камари низомиёни шӯравиро шикаста буд, шаҳид кард ва сипас пои Амрикои ҷаҳонхорро ба Осиёи Миёна ва Афғонистон кашонд.

НУФУЗИ ЯҲУДИЁНИ ҶОҲТАЛАБ ДАР КОХИ КРЕМЛ

Мисолҳои дар боло баён шуда, ба хубӣ нишон медиҳанд, ки сиёсатҳои минтақаии Русия аз ҷумла дар баробари кишварҳои форсизабон бар асоси зургӯӣ ва бар хилофи урфи ҳамсоягӣ сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки мардуми оддӣ ва рӯшанфикрони асили рус назару дидгоҳҳои мухолиф бо сиёсатҳои раҳбаронашонро доро будаву мебошанд. Ин қишри ҷомеаи Русия дар мисоли ҳамзистӣ ва таомул бо мусалмонон ва форсизабонон дар замони шӯравӣ ва ҳатто пеш аз он, эътироф доранд, ки хубиҳои ин ҳамзистӣ садҳо баробар бештар аз мушкилоту нохушиҳост. Мо аз назари мусбат ва муҳтарамонаи бузургони илму адаби рус нисбати мардуми худ огоҳ шудем. Аммо дар боби мардуми оддии рус фақат ба ин нукта басанда мекунем; тақрибан ҳеҷ русеро наметавон пайдо кард, ки дар бораи тоҷикон назари манфӣ дошта бошанд. Махсусан онҳое, ки пас аз фурӯпошии шӯравӣ аз Тоҷикистон кӯч бастаанд, ҳамвора аз тоҷикон ба некӣ ёд мекунанд. Ҳамин назарро аксари ҳамдиёронамон дар баробари дӯс¬тон, ҳамкорон ва ҳамсоягони русашон доранд. Дар бастагӣ ба ҳамин алоқаи дуҷониба буд, ки чанд сол қабл сокинони шарифи Кӯлоб зимни як икдоми инсонӣ дар ободонии мазори масеҳиён дар ин шаҳр саҳм гирифтанд.

Бар асоси ончи зикр шуд, ин тасаввур беҷо нест, ки манфиати миллии Русия дар таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ бо кишварҳо ва миллатҳои ҳамҷавор ва ҳамминтақа, аз ҷумла олами форсӣ, ки нажодан ҳам аз як реша ҳастанд, нуҳуфтааст. Пас суоле пеш меояд, ки бар чӣ асос сиёсатҳои Кремл дар баробари ин мардум бархилофи мантиқ ва урфи ҳамсоягӣ сурат мегирад?

Таҳлилгарон сабабгори аслии сиёсатҳои зикршударо нуфузи яҳудиёни ҷоҳталаб дар доираҳои ҳукуматии Русия медонанд, ки доимо дар ҳоли ситезонидани миллатҳо ва кишварҳо бар алайҳи якдигар ҳастанд. Ин тоифа, ки аз онҳо ба ҳайси "яҳудиёни сионист" ёд мешавад, дар тӯли садаҳои охир ҳамвора ба моҷароҷӯи, иғвогарӣ, фурсатталабӣ ва ҷангафрӯзӣ мутаҳам ҳастанд. Таҳлили амиқи ин мавзӯъ аз маҷоли мақола берун аст, бинобар ин танҳо ба мавридҳое ишора мекунем, ки дар доираи баҳси мо қарор доранд.

Акнун ба касе пӯшида нест, ки ин гурӯҳ аз яҳудиёни ҷоҳталаб дар аксари дигаргуниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, инқилобҳо, ҷангҳо, табаддулотҳо ва тағйироти сиёсӣ-амниятӣ ё бевосита ё бавосита нақш доранд. Бар ҳамин асос бисёре аз таърихшиносон поягузорони инқилоби Октябр ва давлати Шӯравиро ба саркардагии Ленин, яҳудиасл медонанд. Тротский, Бухарин, Зиновев, Сталин, Каганович, Молотов, Каминев, Свердлов ва дигарон аз ҳамин қабил шуморида мешаванд, ҳарчанд, ки кам касон аз асрори онон огоҳ буданд. Масалан, бар асоси матолибе, ки моҳи гузашта матбуоти Русия ва сомонаҳои интернетӣ нашр карданд, маълум гардид, ки бо дастури махсуси КГБ-и ИҶШС ифшои асолати хонаводагии Ленин, ки аз тарафи модари яҳудӣ аст, мамнӯъ гардида буд. Аз ҷумлаи барномаҳои ин гурӯҳ "табартақсим"-ҳои маъруф буд, то ки заминаи низоъ дар доираи шӯрави боқӣ бимонад. Зарбаи ҷуброннопазире, ки тоҷикон аз ин барнома хурданд ба ҳамагон маълум аст, ки ба ёд оварданаш ҳам дили ҳар ҳамдиёри баномусамонро ба дард меорад. Дар айни ҳол сарони яҳудитабори болшевик аз тамоми дунё тарафдорони ҳамкеши худро ҷамъ намуда, барои нуфуз дар дигар кишварҳо ва миллатҳо барномарезӣ мекарданд. Чунончи тибқи китоби профессор Худойназар Асозода "Саргузашти Устод Лоҳутӣ" ин шоири шаҳир аз таҳсили яҳудиёни зодаи Ҳиндустон, Ироқ ва дигар кишварҳои атрофи ҷанубии Русия дар Дорулфунуни заҳматкашони Шарқ дар Тошканд дар солҳои 20-уми асри гузашта нақл мекунад, ки ному насаби худро тағйир дода, таҳти ҳимоят ва ҳидояти болшевикҳо қарор доштанд..

Ба навиштаи воқеанигори рус А.Сивастиянов дар китоби "Что от нас хотят евреи" (Яҳудиён аз мо чӣ мехоҳанд) яҳудитаборон дар солҳои поёнии Шӯравӣ ва Русияи пас аз он, ба раҳбарии Борис Елсин қудрати аслиро дар Кремл ба даст гирифта, сиёсатҳои ҷанҷолбарангези худро дунбол карданд. Фурӯпошондани асроромези СССР бидуни дар назар гирифтани манофеи ҷумҳуриҳои ғайриславянӣ, авҷи "шоҳкорӣ" ин қудрати навзуҳур дар "шашяки рӯи замин" ба ҳисоб меомад. Сухани маъруфи тоифаи мазкур "шикамбаи зиёдатӣ" буд, ки аз забони Солженитсин дар мавриди ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна садо дод. Дар ҳамин давра буд, ки "баҳманмоҳи хунин"-и соли 1990 дар Душанбе ва ҷанги ба зоҳир дохилӣ, вале дар асл таҳмилии Тоҷикистон тайи солҳои 1992-1997 рух дод (Таҳмилӣ ва аз хориҷ барномарезишудани ҷанги Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон-Раиси Ҷумҳури кишварамон борҳо мавриди таъкид қарор додааст). Андрей Козиреви яҳу¬ди¬асл ва Павел Грачёв - вазирони хориҷа ва дифои даврони Елсин аз сиёсатмадорони саҳим дар ин ҷанг шинохта шудаанд. Дар ин байн аз Евгений Примаков-сиёсатмадори барҷастаи рус бояд ба некӣ ёд кард, ки бархилофи ин ду барои мусолиҳаи тоҷикон талош кард.

НАҚШИ КРЕМЛ ДАР ҶАНГИ ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон агарчӣ дар соли 1992 расман истиқлоли сиёсӣ ба даст овард, аммо бисёре аз масоили он бахусус дар бахши низомӣ-амниятӣ тавассути намояндагони Маскав ҳаллу фасл мешуд. Онон бо истифода аз заьфи Раҳмон Набиев-Раиси Ҷумҳурии вақт монеъ аз миллӣ шудани Артиши ба мерос монда аз Шӯравӣ гардид. Ин Артиш мутаалиқ ба Русия дар Тоҷикистон шуд. Коре, ки дар дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ баракси он сурат гирифт. Низомиёни рус дар ҷанги дохилии Тоҷикистон ба зоҳир худро бетараф мегирифтанд, аммо далелҳои зиёде вуҷуд дорад, ки онон бо фурӯхтани силоҳу муҳимот ба ҳарду тарафи даргир, барои идомаи моҷарои хунин мусоидат мекарданд. Моҷарои маъруфи "дуздидан"-и танкҳо аз қисми низомии Русия дар Қурғонтеппа тавассути Маҳмуд Худойбердиевро ҳама медонанд, ки гуфтугуҳои ду тарафи тоҷик барои оштиро дар он марҳила ба бод дод. Худойбердиев ба унвони афсари ин қисм хиёнат ба Тоҷикистонро аз ҳамин дуздӣ оғоз карда, бо ду шӯриши хунин идома дод ва ҳанӯз ҳам чун хатар ба амнияти кишвар боқӣ мондааст.

Аслан бисёриҳо ба шумули Раиси Ҷумҳурӣ ҳамон тавре, ки болотар қайд шуд, муътақиданд, ки ҷанги Тоҷикистон аз берун сарчашма гирифтааст. Профессор Ҳакимова дар китоби "Заложники Империи" дар ин робита таҳдиди Валентин Севастянов-корманди масьули Кумитаи Марказии ҲК ИҶШС (КПСС)-ро меорад, ки ба ин шакл аст: "На примери вашей республики мы проучим всех осталных" (Дар мисоли ҷумҳурии Шумо, мо ба дигарон дарси ибрат хоҳем дод). Муаллиф дар идома менависад; "6 сол пас, яьне соли 1992 замоне ки аввалин тирпарронӣ дар назди бинои КГБ-и Тоҷикистон дар наздикии хонаи ман, дар шаҳри Душанбе рух дод, таҳдиди Севастянов ба ёдам омад. Ҳамон лаҳза дарк кардам, ки ӯ ишора ба ин ҷанг мекард…".

Лозим ба зикр аст, низомиёни Русия солҳои дароз худро қудрати бечунучаро дар Тоҷикистон медонистанд. Аз аввалин икдомоти онон иҷозаи фуруд надодан ба ҳавопаймои ҳайати Ирон дар фурудгоҳи Душанбе буд, ки соли 1992 барои ширкат дар ҷашни Наврӯз ба назди ҳамзабонони худ раҳсипор буданд. Онҳо бо ин рафтори худ гӯё фаҳмондани буданд, ки авлоди онҳое ҳастанд, ки даҳсолаҳо пеш миёни мо ва ҳамзабононамон марз эҷод кардаанд. Ҳамин низомиён то охирин лаҳза талош карданд дар марзи кишвари мустақили Тоҷикистон боқӣ бимонанд. Солҳое, ки марзбонони рус дар марзи тоҷику-афғон қарор доштанд, дар Русия номи тоҷиконро ҳамрадифи "қочоқчии маводи мухаддир "ба забон меоварданд. Дар ин кори шум ва ғайриинсонӣ махсусан намояндаи яҳудитабори Дума Евгений Ройзман фаъол буд. Он замон ва ин замон ҳам касе ба ин савол посух надода, ки дар ҳоле ки марз дар ихтиёри сарҳадбонони рус буд ва маводи мухаддири Афғонистон асосан аз онҷо ва аксаран бо мушорикати онон қочоқ мешуд, чаро фақат тоҷики бечора доғи қочоқчиро ба пешони дошта бошад. Ҳоло он ки даст доштани низомиёни рус дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба касе пӯшида нест. Яке аз намунаҳои он дар паи амалиёти нерӯҳои вазорати дохилаи Тоҷикистон дар моҳи марти соли 1997 ифшо шуд, ки маълум гардид чархболҳои низомиёни русӣ аз Хоруғ ба Душанбе ва аз онҷо ба Қирғизистон ва Русия маводи мухаддир мекашондаанд. Ба ин қисмат фақат як ҷумла илова мекунем; аз замоне, ки марзбонони тоҷик ҷойгузини ҳамкасбони русии худ шуданд, мизони қочоқи маводи мухаддир ҳам аз Афғонистон рӯ ба коҳиш ниҳод.

РУСИЯ ШАРИКИ ТОҶИКИСТОН; ҲА Ё НА?

Солҳои сол буд, ки Тоҷикистон Русияро шарики стратегии худ арзёбӣ мекард. Ҳамин пиндор буд, ки Душанбе гузаштҳои зиёде ба Маскав кард. Додани пойгоҳи низомӣ ва Маркази назорати кайҳонии "Панҷара" дар Норак, аз ҷумлаи муҳимтарини ин гузаштҳо аст. Оё дар иваз Русия кори қобили зикр барои Тоҷикистон анҷом дод?

Чанд сол мақомоти Тоҷикистонро бо баҳонаи мушорикат дар сохти неругоҳи Роғун саргардон кард ва монеъ аз ҳузури дигар кишварҳо, бахусус Покистон ва Ирон дар ин тарҳи азим шуд ва дар ниҳоят ҳам ба таври ғайридӯстона аз мавзеи мухолифи Узбакистон бо Роғун ҳимоят кард, саҳмияҳои неругоҳи Сангтудаи-1-ро ноодилона 75 ба 25 тақсим намуд ва акнун ба дунболи аз худ кардани фурудгоҳи Айнӣ аст. Оё ин иқдомотро метавон дар ҷиҳати дӯстӣ номид?

Таҳқиру беэҳтиромӣ ба тоҷикону Тоҷикистон аз сӯйи расонаҳо ва ҳукуматдорони русӣ поённаёфтанӣ ба назар мерасад.Тозатарин маврид ҳам хабари даргузашти як шаҳрванди Узбакистон дар Русия ба сабаби гирифторӣ ба бемории полиоелит аст, ки дар нашрияи интернетии Утро таҳти унвони "Таджикский вирус начал убиват" чоп шудааст. Ба ин ибораи таҳқиромези: Таджикский вирус" диққат кунеду сиёсатҳои бузургманишонаи Русияро таҳлил кунед, ки аз чанд қарн ба инҷониб ҳазорҳо тоҷик ва нафақат ононро куштаву бехонумон кард. Дуздиву даҳондарозӣ... чизе дигар наметавон гуфт!

Дар ҳоле ки бо хомӯшии тарафгиронаи Маскав боздоштани ҳаракати каторҳои бории Тоҷикистон тавассути Узбакистон идома дорад, Русия нархи бензини содиротӣ ба Тоҷикистонро афзоиш дод. Аз ин гуна ҳаракатҳои шубҳабарангези мақомоти русӣ метавон мисолҳои зиёде овард. Оё бо ин ҳама метавон Русияро шарик номид?

АЛАМИ ИСОРО АЗ МӮСО МЕГИРАНД?

Кремл, ки бо васвасабозии Кохи Сафед ба Афғонистон лашкар кашид ва шармандавор берун ронда шуд, ҳанӯз аз он шикаст ба худ наомадааст. Инак ба назар мерасад сарони Кремл қофияро дар ин кишвар ба Ғарб бохтаанд ва шояд ҳам мавқеи геополитикии худро дар ин моҷаро дудаста ба НАТО ва Амрико тақдим кардаанд. Ҳамин тахмин ба воқеият наздик аст ва аз он рӯшантар алами Исоро аз Мӯсо гирифтани онҳост, ки дар мисоли фишорҳояшон ба Тоҷикистон ва Ирон ба мушоҳида мерасад.

Ҳукуматдорони русӣ бо мавзеъгириҳои охири худ дар баробари Ирон худро вориди дарди сари бузурге карданд. Ин ҳаракатхо дар ҳоле ки аксари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва МАГАТЕ сулҳомез будани барномаи ҳастаии Ҷ.И. Иронро иқрор кардаанд, суде ба ҷуз обрӯрезӣ барои Маскав нахоҳад дошт. Мақомоти иронӣ нишон доданд, ки дар роҳи мантиқ ва усули худ бо ҳеҷ кас муомила нахоҳанд кард. Онҳо бо ёдоварии кашолкориҳои масъулони русӣ дар роҳандозии нерӯгоҳи Бушеҳр ва бозии "каҷдорумарез"-и Русия дар масалаи ҳастаӣ, ба сарони Маскав дар бораи идомаи ин сиёсатҳо ҳушдор доданд. Дар тозатарин вокуниш перомуни ин моҷаро Ҳамидризо Миртоҷидинӣ -муовини порлумонии Раиси Ҷумҳурии Исломии Ирон таъкид кард: "Ингуна мавзеъгириҳои сарони Русия ба зарари худашон хоҳад буд. Думболаравии русҳо аз Амрико барои онон гарон тамом хоҳад шуд ва қатъан афкори умумии ҷаҳон ва миллатҳо ин равиши Русияро маҳкум хоҳад кард".

Ба назар мерасад дар пархошгари сиёсӣ бо Ирон ҳам Русия фиреби Амрикоро хурдааст. Нашрияи амрикоии "Ню Йорк таймс" рӯзи 27-уми май номаи маҳрамонаи Барак Обама-Раиси Ҷумҳурии Амрико ба Лолу Да Силва -Раиси Ҷумҳурии Бразилияро чоп кард, ки бар асоси он Обама аз Да Силва хостааст то барои тавофуқ бо Ирон талош кунад. Ин нома пеш аз 17-уми май, ки Ирон, Туркия ва Бразиля дар бораи табодули сӯхти ҳастаӣ ба тавофуқ расидаанд, навишта шудааст. Маънии номаи зикршуда ин аст, ки Амрико бо вуҷуди таҳрики зоҳирии кишварҳои дигар бар зидди Ирон, худ паси парда думболи як навъ гузашт ва канор омадан бо масоили ҳастаии Ирон аст. Дар ҳамин робита, акнун беш аз пеш сиёсатмадорони амрикоӣ ва урупоӣ ба эътирофи Ирон ба унвони як қудрати ҳастаӣ таъкид мекунанд ва он рӯз дур нест, ки ин рухдод амалӣ шавад. Дар чунин вазъият мавзеъгирии маълуми Русия дар баробари Ирон кори бачагона ба назар меояд... ва муайян аст, ки ҳеч нафъе барои имрӯзу ояндаи ин давлат нахоҳад дошт.

РОҲИ ҲАЛ - БОЗНИГАРӢ ДАР МУНОСИБОТ

Бо мисолҳои зикршуда ҷои баҳс намемонад, ки мавзеъгириҳои Русия дар баробари форсизабонон дар тӯли таърих дар маҷмӯъ ноодилона будааст. Акнун, ки дар ҳазораи сеюм ва даврони тағйиру дигаргуниҳои асосӣ дар муодилоти ҷаҳонӣ қарор дорем, идомаи ноадолатиҳо дар муносиботи байни якдигарӣ қобили қабул нест. Дар пайванд бо ин матлаб интизори огоҳону хирадмандон ин аст, ки сарони Русия дар муносиботи худ бо кишварҳои ҳамшарик ва ҳамманфиат ва ҳамҷавор бознигарии куллӣ намуда, ба самти андешидани иқдомоти созанда пеш хоҳанд рафт. Аз ҷумла Кремл бояд ба садоқати Тоҷикистон посухи муносиб диҳад. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон пойгоҳ ва дигар манфиатҳои муштарак дорад, бояд ба фикри ҳифзи ин манофеъ бошад, ки ин кор ҳам бо эҳтироми ба тарафи муқобил анҷомшуданист на бо фиребу зӯр. Дар Афғонистон низ танҳо аз роҳи сиёсати мустақил ва на вобаста ба Ғарб метавонад, ҷои по пайдо кунад. Ва ниҳоят дар муносибат бо Ирон ин тавсияи Леонид Ивашов - раиси Маркази таҳқиқоти геополитикии Русия метавонад корсоз бошад, ки ахиран дар сӯҳбат ба хабаргузории ИРНА гуфтааст: "Ҳамроҳии Русия бо сиёсатҳои Вашингтон дар иртиботи муносибот ва ҳамкорӣ бо Ирон бархилофи манофеи миллии Маскав аст ва вобастагӣ надоштан ба сиёсати Амрико дар баробари Ирон ба суди ҳамкориҳои муштарак бо Теҳрон хоҳад буд.

P.S. Маҳмуди Аҳмадинажод, Раиси ҷумҳури Ирон барои чандумин бор аст, ки ба Тоҷикистон сафар мекунад ва тайи ин сафарҳояш дар пакети дипломатиаш тарҳҳоеро барои пиёда кардан бо ҳамтои тоҷикаш армуғон меоварад. Ҳамкориҳои Ирон ва Тоҷикистон тайи солиёни ахир ба гармӣ гаройидааст ва аммо пурсарусадотарин ваъдаи Ирон дар баробари таъсиси як шабакаи телевизиюни форсӣ ҳамоно иҷро нашуда боқӣ мондааст. Ва оё Маҳмуди Аҳмадинажод, ки дар сохтани нақби Истиқлол кишвараш саҳим аст, оё тайи сафари ахираш аз гузаргоҳи роҳи пулакӣ, ки гузашт, пул дода бошад? Тафсилоти бештари мавзӯъ дар шумораҳои баъдӣ.


Ҳошим Холзода НЕКВАРЗ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97