ОНИШЕНКО: ТОҶИКОН БА "ҒАЗАБИ ХУДО" ГИРИФТОРАНД ё чаро Ҳоҷӣ Мирзо «хомӯшӣ»-ро авло донист?

Сиёсат 07.06.2010 15:18

Сардухтури санитарии Русия Геннадий Онишенко гуфтааст, ки обхезиҳо ва бемориҳои ахири Тоҷикистон ғазаби Худо ҳастанд. Ин гуфтаи Онишенкоро васоити ахбори умуми Русия ба табъ расонидаанд. Аз ҷумла, нашрияи "Комерсантъ" навиштааст, ки "Глава Роспотребнадзора Геннадий Онищенко считает наводнение в Таджикистане "божьей карой". Кроме того, он обеспокоен приездом на территорию России носителей полиомиелита". Дар ин маврид "Миллат" ба чанд тан аз уламои кишвар муроҷеъ шуд, то ҷузъиёти ин гуфтаҳоро аз дидгоҳи шаръӣ барои хонандагон тавзеҳ диҳанд.

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, аз ҷумлаи воизини маъруфи кишвар ва хатиби яке аз масҷидҳои калонтарин дар шаҳри Кӯлоб баъди аз шунидани дархости телефонии хабарнигори "Миллат" телефонашро қатъ кард ва талоши чандин бораи мо барои барқарории тамос бенатиҷа монд ва телефони домулло дигар садои моро «шунидан намехост», ки боиси таассуф аст.

Ду дафъи дигар ҳам, ки хабарнигори мо ба Ҳоҷӣ Мирзо занг зад,, ҷаноби Ҳоҷӣ Мирзо телефонашро боз хомӯш кард. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзада, аз чеҳраҳои саршиноси диннӣ ин гуфтаҳои Онишенкоро чунин тавзеҳ дод:

"Худи мо иқрор ҳастем, ки ин фоҷиаҳое, ки мешаванд, инҳоро пайғамбари Худо дар ҳадисҳо фармудаанд. Селхезиҳои шадид, заминларзаҳои муҳлик ва тӯфонҳои харобиовар аз ҷумлаи ғазабҳои илоҳианд ва аз гуноҳҳое, ки бандаҳош мекунанд ҳушдор медиҳад, барои он ки онҳо аз худ нараванд ва ба сӯйи Худо боз гарданд. Яъне куфрони неъмат накунанд, шариати ӯро хор накунанд. Аслан он касе, ки худаш ба Худо бовар дорад ё надорад (Онишенко дар назар аст) намедонам, дар ин маврид гап заданаш то куҷо мантиқӣ аст. Хубтар аст, дар ин бора ба вай сиёсатмадорон ва масъулон ҷавоб гардонанд".


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97