ЗАНОН ДАР ИНТИХОБОТ ШИРКАТ НАКАРДАНД

Сиёсат 20.05.2010 18:36

ЗАЪФИ АҲЗОБИ СИЁСӢ

Бо боварӣ гуфта метавон, ки алҳол дар вилояти Хатлон ягон ҳизби сиёсӣ дар кори ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон муваффақ нагардидааст. Ба чунин хулоса баровардан маро натиҷаҳои тадқиқот миёни аҳзоби сиёсӣ, ки ташкилоти ҷамъиятии "РУШД"-и вилояти Хатлон солҳои 2008-2009 гузаронид, водор месозад. Чунин вазъият ҳатто дар ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократии Тоҷикистон низ, ки аз ҷиҳати шумораи аъзову тарафдорон ва ҳамчунин аз ҷиҳати таъминоти моддӣ-техникӣ нисбати аҳзоби дигар бартарии куллро соҳиб аст, мушоҳида мегардад.

ЗАЪФИ АҲЗОБИ СИЁСӢ

Бо боварӣ гуфта метавон, ки алҳол дар вилояти Хатлон ягон ҳизби сиёсӣ дар кори ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон муваффақ нагардидааст. Ба чунин хулоса баровардан маро натиҷаҳои тадқиқот миёни аҳзоби сиёсӣ, ки ташкилоти ҷамъиятии "РУШД"-и вилояти Хатлон солҳои 2008-2009 гузаронид, водор месозад. Чунин вазъият ҳатто дар ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократии Тоҷикистон низ, ки аз ҷиҳати шумораи аъзову тарафдорон ва ҳамчунин аз ҷиҳати таъминоти моддӣ-техникӣ нисбати аҳзоби дигар бартарии куллро соҳиб аст, мушоҳида мегардад.

Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ҳатто фаъолони шӯъбаҳои маҳаллии ин ҳизб дар навоҳии гуногуни вилоят ҲХДТ-ро аз ҲДТ фарқ намекунанд. Барои фаъолияти бобарор миёни шаҳрвандон шӯъбаҳои маҳаллии ҳама аҳзоб аз ҷиҳати нарасидани мабла? ва ҳам норасоии дониши ҳуқуқиву сиёсии аъзояшон танқисӣ мекашанд. Миёни эҳтиёҷоти гуногуни шӯъбаҳои маҳаллии аҳзоб, ки аз ҷониби муҳаққиқон муайян гардид, бештаринро (70,5%) баланд бардоштани дониши сиёсӣ ва ҳуқуқии аъзои аҳзоб ташкил медиҳад.

Яъне, агар бо ибораи дигар бигӯем, фаъолияти шӯъбаҳои маҳаллии аҳзоб дар айни замон заъиф аст ва дар чунин ҳолат як "қувваи пешбарандаи сиёсӣ" ба пешравии ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсири мусбат расонида наметавонад. Акнун назар меафканем ба вазъи ширкати занон дар фаъолияти шӯъбаҳои маҳаллии ба қавле "ғайрифаъол"-и аҳзоб дар миқёси ин вилояти сернуфуз.

Роҳбарии аҳзоби сиёсӣ дар сатҳи миллӣ шаҳодати он аст, ки занон он ҷо ягон нақши таъсирбахш надоранд, зеро роҳбарони ҳама ҳашт аҳзоби расман ба қайд гирифта, мардон ҳастанд. Яъне, ин ҷо ба занон танҳо вазифаи муовиниро бовар намудаанду халос.

ЗАНОНИ ХАТЛОН ФАЪОЛ НЕСТАНД

Таҷрибаи вилояти Хатлон тасдиқ менамояд, ки занон дар ҳаёти сиёсӣ чандон фаъолона ширкат надоранд. Аз ҷумла, ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ нисбат ба мардон камтар ҷалб гардидаанд. Масалан, аз 213 пешвоёни маҳаллии аҳзоби сиёсии бо тадқиқот фаро гирифташуда занон танҳо 28 нафар ё 13%-ро ташкил доданд. Дар мавриди роҳбарӣ ба шӯъбаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии аҳзоб низ занон аз мардон ҷиддан қафо мондаанд. Аз 119 роҳбарони маҳаллии аҳзоби гуногуни Хатлон, ки муҳаққиқони ташкилот бо онҳо сарукор доштанд, занон ҳамагӣ 11 нафар (9%)-ро ташкил медиҳанд. Ба шӯъбаҳои маҳаллии чор аҳзоб - ҲАТ, ҲДТ, ҲНИТ, ҲСДТ умуман ягон зан роҳбарӣ намекунад. Ҷалби занон ба роҳбарии шӯъбаҳои маҳаллӣ дар аҳзоби зерин мушоҳида мегардад: ҲХДТ - 5 нафар, ҲИИТ - 3 нафар, ҲКТ - 2 нафар ва ҲСТ - 1 нафар . Дар сатҳи вилояти Хатлон танҳо роҳбарии як ҳизб - ҲСТ-ро зан ба ӯҳда дорад.

ЗАНОН ДАР ИНТИХОБОТ ШИРКАТ НАКАРДАНД

Инчунин вазъи ширкати занон дар интихобот ба ҳайси интихобкунанда низ чандон таъсирбахш нест. Агарчанде занон анқариб 52% шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳанд ва онҳо дар мавриди ҳузури доимиашон дар ҳудуди кишвар як гурӯҳи нисбати мардон устувортарро ташкил медиҳанд, ҳоло низ ширкати онҳо дар интихобот ба натиҷаҳои овоздиҳӣ таъсири ҷиддӣ намерасонад. Тадқиқоти гузаронидаи ТҶ "РУШД" нишон медиҳад, ки дар вилояти Хатлон 11,5% шаҳрвандони ҳуқуқи интихоботӣ дошта дар интихоботи президентии соли 2006 умуман ширкат наварзидаанд. Илова бар ин ба ҷои 24 нафари дигар (17 зан ва 7 мард) аъзои оилаашон овоз додаанд. Тааҷҷубовар он аст, ки ба ҷои ҳама 24 нафари номбурда аз оилаҳояшон танҳо мардон, яъне падарон, бародарон, шавҳарон ва ё писарон овоз додаанд.

Агар боз ҳам бо забони рақамҳо ҳарф занем, интихоботи соли 2006-ро 82,6% нозирони мард ва 17,4% нозирони зан мушоҳида намуданд.

Ҳама мисоли дар боло зикргардида нишон медиҳад, ки ширкати занон дар ҳаёти сиёсӣ-ҷамъиятии кишвар, бахусус интихобот - яке аз маъракаҳои муҳим ва тақдирсози сиёсӣ беҳбудии куллро тақозо дорад. Зеро интихобот дар рушди умумии кишвар яке аз он марҳилаҳоест, ки барои дар қабули қарор бевосита ширкат варзидани шаҳрвандон, аз ҷумла занон имкони фарох медиҳад.

Вазъи назорати дохилии интихобот аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ дар вилояти Хатлон. Қуғонтеппа, 2009. Саҳ. 15

(матни суханронӣ аз конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ-ҷамъиятӣ" таҳти унвони "Ширкати занон дар фаъолияти шӯъбаҳои маҳаллии аҳзоби сиёсӣ", 3 маи соли 2010)


ЮСУФ МАҲМАДОВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97