Дар давраи сармоя ҳамсоя нашуд соя

Сиёсат 11.05.2010 19:54

Репортажи узбакӣ

Санаи 11-уми апрели соли ҷорӣ дар шабакаи телевизионии "Мулоқот"-и Ҷумҳурии Узбакистон дар барномаи иттилоотии "Ахборот" гузориши кӯтоҳеро пахш намуданд, ки матни он тақрибан чунин тарҷума мешавад:11-уми апрели соли ҷорӣ сарҳадбонони мо дар ҳудудҳои бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммарз паqи шинаҳоро дарёфт карданд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии ҷустуҷӯи дере нагузашта ба ду нафар сарҳадбонони Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди оддӣ дучор шуданд, ки ғайриқонунӣ бо аробаи боркаш молҳои номаълумеро ба ҳудуди Узбакистон ворид кардаанд. Сарҳадбонони тоҷик аз ин бархӯрди ногаҳони дасту по гум карда, саросемавор ду се маротиба ба ҷониби сарҳадбонони мо тир кушоданд, сипас ба ҷониби Тоҷикистон фирор карданд. Дар вақти фирор кардан як қуттии дар болои ароба буда тасодуфан ба замин афтод, ки ин шумнафасҳо натавонистанд онро бо худ баранд. Зимни тафтишот маълум гардид, ки дар дохили қуттиҳои картонӣ ба миқдори зиёд маводи мухаддир ҷойгир карда шудааст".

Дар охири гузориш ровии ахбор ба узбекистониён муроҷиат карда, мегӯяд:

"Ҳамватанони азиз! тасаввур намоед, агар ҳамаи он маводи мухаддираи дар дохили арроба буда ба ҳудуди ватани азизамон ворид мегашт, чӣ ҳодисаи нохушеро дар пай дошт. Маҳз бо туфайли зиракии сарҳадбононамон ҳар моҳ пеши роҳи даҳҳо нафар ин қабил шумнафасҳои тоҷикистонӣ ва ҳамтабақҳои онҳо гирифта мешавад".

(тарҷума аз ӯзбакӣ)

Сохтакории ниҳодҳо

Замоне наворҳои гузоришро тамошо мекунед аз ин ҳам аҷибтар аст. Барои нафаҳмидани сохтакориҳои журналистони ҳамсоякишвар нобино будан ҳам кам аст. Ба ҷои ин онҳо мегуфтанд, ки сарҳадбонони тоҷикро бо 1кг маводи мухаддир дастгир кардаанд, шояд боварибахштар мешуд. Сабт ва матни гузориши мазкур то чӣ андоза ноӯҳдабаро будани сарҳадбонони "зирак" ва кормандони васоити ахбори оммаи ҳамсоякишварро нишон медиҳаду бас. Ҳарчанд фикр мекунед, ба ақли солим намеғунҷад, ки чӣ гуна сарҳадбонони тоҷик бо аробаи бузурге, ки одатан онро хару асп мекашанд, дар рӯзи равшан тавонистаанд ба ҳудуди ҳамсоякишвар ворид шаванд. Аз марз убур кардан бо ин гуна ароба ва ин миқдор маводи мухаддир дар ҳама ҳолат номумкин аст, зеро сарҳадҳои Ҷумҳурии Узбакистон бо симхор ва минаҳо муҳофизат карда мешавад ва дар баъзе ҷойҳо барои нагузаштани нақлиёт хандакҳои нисбатан хурдтар ҳам кандаанд.

Ҳангоми тамошои навор боз хатоҳои дигари таҳиягароини гузоришро пайхас мекунед. Масалан қуттие, ки аз арроба тасодуфан ба замин афтодааст, тақрибан 2 м дуртар аз пайроҳа мехобид. Чунин ҳолат танҳо дар мавриди ба дасти одам ҳаво додани он рух медиҳаду халос, зеро қутти чоркунҷа ҳангоми ба замин афтодан ба мисли чизҳои доирашакл ҳаракат намекунад. Бар замми ин, пайроҳа ҳам дар ҷои ҳамвор ҷойгир шудааст. Маводи мухаддири дохили қуттӣ низ хеле шубҳаовар аст. Аз рӯи наворҳо мушоҳиди мешавад, ки зимни тафтиши қуттӣ дар дохили он як қуттии нисбатан хурдтар баромад. Дар дохили он бошад халтаҳои хокаи ҷомашӯии тамғаи "made in chine", ки ҳоло сар нокушода буд. Маълум нест, ки хокаи дар он буда героин аст ё собун. (шояд он сарҳадбонони зирак собунро аз героин фарқ карда натавонанд, дар ин ҳолат ба маълумоти онҳо мерасонем, ки то кунун касе ба ҷои маводи мухаддир хокаи ҷомашӯиро истеъмол накардааст).

Чизи дигаре, ки сохтакорӣ будани ин мазҳакаро ошкор мекунад, он аст ки ҳангоми тиркушоии сарҳадбонони тоҷик чаро сарҳадбонони Узбакистон оташи ҷавобӣ накушоданд. Онҳо (сарҳадбонони тоҷик) чӣ гуна тавонистанд на танҳо ҷони худ, балки аробаи пурборро низ наҷот диҳанд. Албатта, аз рӯи маълумоти худи журналстони узбакистонӣ аробаи сарҳадбонони мо "мотор" надоштааст, ки бо суръати баланд гурехта тавонанд. Тавре аз наворҳо маълум мегардад, сарҳадбонони ӯзбакистон гӯё аз ақиби сарҳадбонони мо омадаанд. Дар ин ҳолат ба ҳама маълум аст, ки онҳо бо ароба танҳо ба як самт, яъне ба пеш ҳаракат кардан ва ё гурехта метавонистанду бас (зеро аз рӯи навор ду тарафи пайроҳа дарахтзор буда гузаштани арроба номумкин аст). Дар ин ҳолат агар онҳо ба пеш ҳаракат карда бошанд, ин маънои онро дорад, ки онҳо ба ҳудуди Узбекистон гурехтаанд, на ба Тоҷикистон.

"Провакатсия"-ҳои ВАУ-и ҳамсоя

Ин яке аз он даҳҳо гузоришест, ки журналистони ӯзбак тайи моҳҳои охир таҳия ва пахш мекунанд. Дар ин гуна гузоришҳо на танҳо мақомотҳои қудратии кишвар, балки миллати тоҷик низ ошкоро таҳқир карда мешаванд. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки таҳқири миллати тоҷик аз ҷониби ҳамсоягон падидаи нав нест. Масалан соли гузашта дар сайти оҷонсии иттилоотии "fergana.ru" яку якбора се маводи таҳқиромез пайдо шуд, ки маҳсули эҷодиёти журналистони кишварҳои ҳамсоя буд. Дар мақолаҳои мазкур ҳатто чеҳраи тоҷикон низ масхара карда мешуд. Аламовараш он аст, ки дар навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистон кам касоне ҳастанд, ки забони ӯзбекиро намедонанд ва шабакаҳои телевизионии ҳамсоякишварро тамошо намекунанд. Дар навбти худ расонаҳои хабарии ҳамсоякишвар лабрез аз маводе мебошад, ки мазмун ва мӯҳтавои он рӯҳияи зидди тоҷикӣ дорад.

Журналистони ӯзбакистонӣ мисли рассоме ҳастанд, ки ҳар сухани аз забони сарварашон Каримов баромадаро ба обу ранг тасвир мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дастгоҳи тарғиботиву ташвиқотии ҳукумати Узбакистон пурқувват буда, онҳо метавонанд алайҳи ҳар гуна қудратҳо ва гурӯҳҳои мухолифашон ҷангҳои иттилоотии босамарро роҳандозӣ намоянд. Масалан, оғози солҳои 2000-ум вақте ки муносибати Каримов бо Москав сард шуд, дар расонаҳои хабарии ин кишвар як зумра хабару гузоришҳое омода намуданд, ки рӯҳияи зиддирусӣ дошт. Дар ин гуна гузоришҳо аз президенти собиқи кишвар Борис Елсин сар карда то матбуоти мустақили Руссия мавриди танқиду таҳқир қарор гирифта буд. Имрӯзҳо бошад, вобаста ба сиёсати пешгирифтаи Ислом Абдуғаниевич баъзан Руссияро шарики муҳими стратегии худ меноманд. Ҳамаи инро ба назар гирифта мо метавонем чунин хулоса барорем, ки ин гунна барномаҳо саҳначаи мазҳакавие беш нест, ки ҳукуматдорони Узбакистон барои таблиғи идеалогияи худ эҷод кардаанд. Бар хилофи ҳукумати ҳамсоякишвар дастгоҳи идеалогии ҳукумати мо хомӯштарин мақомоти кишварамон ба ҳисоб меравад. Ягона коре, ки онҳо анҷом медиҳанд, ин ташкили шоу-консертҳо бо иштироки сарояндагони эстрадӣ мебошад, ки аз он ба истиснои киссаи ду-се нафар дигар ба ҳеҷ кас ягон манфиате нест.

Ахбор ё ангезаҳои сиёсӣ?

Ҳатто бесаводтарин одамон ҳам медонанд, ки ин гуна рафтор кардани мақомотҳои ӯзбакӣ ангезаи сиёсӣ дорад. Оре, ангезаи сиёсӣ доранд ин гуна барномаҳо, митингҳои донишҷӯёни Тирмиз, ток-шоуҳои шабакаҳои телевизионии Узбакистон дар мавзӯи "РОҒУН".

Экологҳои онҳо бонги истироб мезананд, ки аз дасти корхонаи "ТАЛКО" насли навраси онҳо заҳролуд шуда истодааст. Дар Тоҷикистон бошад, маълум нест, ки ягон мутахассиси соҳаи экологӣ мавҷуд ҳаст ё на?

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон, ки масъулияти таъмини амнияти иттлоти кишварро низ доранд дар ин росто мавқеи мушаххасе надорад, то ҳатто намегуянд, ки ин гуна барномаҳо сохтаанд. Ҳатто мавқейи расмии давлатиро низ матраҳ ва муайян намекунанд. Аммо гап сари он аст, ки истеъмолгарони ВАО-и Узбакистон чеҳраи аслию воқеии моро гардолуд ва нопайдо кардаанд.


Кодиров Бехруз Вилояти Сугд
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97