РАФТАНИ КАРИМОВ БА РУСИЯ БАРОИ МИНТАҚА ЧӢ ПАЙОМАД ДОРАД?

Сиёсат 26.04.2010 15:22

РУСИЯ БОЗИНГАРИ АСОСИИ ОСИЁИ МАРКАЗИСТ

Шароити кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ бо тамоми вижагиаш имконияти мӯътадил шуданро дорад, зеро масъалаи асосии муносибатҳои байнидавлатӣ дар он сатҳе қарор дорад, ки бе задухӯрди қувваҳои ҳарбӣ ва эълони ҷанг баҳамдигар, бо роҳи гуфтушунид имконияти ҳал шуданро дар худ дорад. Аз тарафи дигар, амалан, дар тӯли соҳибихтиёрӣ, давлатҳои навтаъсиси Осиёи Марказӣ миёни худ дар ҷанги иттилотӣ ва муҳосираи иқтисодӣ қарор гирифтаанд ва ин шароит дар ҳоле мӯътадил мегардид, ки агар абарқудрате ба муносибати дохилии кишварҳо мудохила кунад ва ҳамчун довар байни онҳо нақш бозад.

Ин албатта, то ба андозае дуруст аст, зеро ҳуқуқ ва анъанаҳои байналхалқӣ нақши давлат ё давлатҳои саввумро ҳамчун паёмади нек ва институти устувор арзёбӣ менамоянд. Ин метавонад то ба ҳадде мусоидат намояд. Вале саволи матраҳ ин аст, ки чаро кишварҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд муносибатҳои худро дар дохили минтақа бе иштироки бозингари хориҷӣ ҳал кунанд ва роҳҳои қонеъкунандаи истифодаи захоири дарёҳои фаромарзӣ ва миллӣ, алахусус қазияи гидро-энержиро барои фоидаи худ ва саодати мардуми минтақа дарёбанд. Андешаи созанда ва давлатдории муосир онро тақозо мекунад, ки бояд аз пирӯзӣ ва манфиатҳои кӯтоҳмуддат ба хотири устувории минтақа ва манфиатҳои дарозмуддати миллии кишварҳо даст кашида, стратегияи ягонаро бо имконоти иштироки баробари таҳия намуд.

Сабаби аслии ин воқеият дар он аст, ки давлатҳои дар минтақа ҷой дошта, аслан таҷриба ва фарҳанги муносибатҳои дарозмуддати байнидавлатиро надоранд ва иштироки бозингарони хориҷӣ дар ҳалли қазияҳои онҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Мисоли равшан ин рақобат дар дохили Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ буд, ки кишварҳо барои худро нағз нишон додан дар назди "акаи калонӣ" "думҷунбонӣ" менамуданд ва барои бартарияти худро таъмин намудан аз Марказ истифода мекарданд.

Надоштани таҷрибаи иштироки мустақим дар муносибатҳои байналхалқӣ ва берун шудани минтақа аз манфиатҳои геоистратежии абарқудратҳои ҷаҳон дар муддати 130 сол, аз замоне ки Империяи Русия Осиёи Марказиро ғасб кард, ҳолати кунунии байнидавлатиро ба вуҷуд овардааст. Инчунин, кишварҳо дар роҳи бунёди давлати миллӣ қарор доранд ва барои таъмини легитимияти ҳукумати худ аз тамоми имконоти таърихӣ ва фарҳангӣ истифода мебаранд. Ин ҳолат ба он оварда расонид, ки худи фарҳанги иштирок дар сиёсат дар кишварҳо фарқкунанда буда, арзишҳо ва манифатҳои умумиминтақавӣ дар ҳолати ба вуҷудомадан қарор доранд.

МАВҚЕИ УЗБАКИСТОН ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Камтарин қишварҳои ҷаҳон дар минтақаи қарордоштаи худ имконияти бартарияти хуби ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва диниро соҳибанд. кишварҳое ҳастанд, ки бо доштани яке аз ин зарфиятҳо онро ба манфиати тамоми манотиқ истифода мебаранд ва дар вақти зарурӣ аз он истифода менамоянд. Агар дар он кишварҳо таърихан, ду қисмати аввал ҷой дошта бошад, доштани марказҳои бузурги динӣ барои муттаҳид намудани аҳолӣ ва ташаккул додани ҷаҳонбинии динӣ ба таври хеле мусоид истифода мегардад. Агар мо, дар мисоли Узбакистони кунунӣ ҳарф занем, вай имкониати хуберо нисбат ба дигар давлатҳо дар минтақа соҳибӣ менамояд ва инчунин марказҳои таърихӣ, фарҳангию динии Осиёи Марказиро дар ҳудуди худ, дар мисоли Самарқанд ва Бухоро дорад. Рисолати ин ду шаҳр дар таърихи ташаккули тамаддуни мардуми таҳҷоии минтақа, пеш аз ҳама тоҷикон назаррас буда, ҳарду ҳамчун маркази динӣ ва сиёсӣ дар тӯли асрҳои зиёд баромад кардаанд, ки иҷро кардани ин рисолат барои Узбакистони кунунӣ душвор уфтодааст.

Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ Узбакистон мавқеи кишвари аввалро байни кишварҳои минтақа дошт ва тамоми масъалаҳои марбут ба минтақа дар Тошканд ҳал мегардид. Ҳатто намояндаи Узбакистон аз номи Кирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар Бюрои Сиёсии ҲКИШ аъзо мешуд ва вақти сафари Дабири Кулли ҳизби коммунист ба Тошканд, ҳамаи роҳбарони кишварҳои минтақа ӯҳдадор буданд, ки ба пешвозагирӣ ба Тошканд оянд ва ба мудохилаи шадиди ин кишвар ба корҳои дохилии давлатҳои худ таҳаммул кунанд.

Аз нигоҳи воқеияти имрӯза марзҳои давлатҳои соҳибихтиёри Осиёи Марказӣ, Узбакистон мавқеи истротежиро соҳибӣ менамояд ва ба ақидаи аксари коршиносон "дарвозаи Осиёи Марказӣ" аст ва тамоми роҳҳо ба минтақа аз ин кишвар оғоз ва анҷом меёбанд. Ба ибораи дигар тамоми кишварҳое, ки мехоҳанд дар Осиёи Марказӣ ба таври амалӣ мавқеи таъсиррасон дошта бошанд, бо надоштани муносибатҳои хуб бо Узбакистон комёб намешаванд. Ин зарфият аз тарафи роҳбарияти ин кишвар хело хуб дарк шуда, сиёсатбозиҳои рахнакунандаи устувории давлатҳои дигар маҳз дар ҳамин ҷода амалӣ мегарданд.

УЗБАКИСТОН - ИН ИСЛОМ КАРИМОВ АСТ

Агар ба шахсияти президенти ин кишвар Ислом Каримов назар кунем, соли равон 20 сол мешавад, ки роҳбарии ин кишварро дорад. Зеро 24 марти соли 1990 аввалин маротиба аз тарафи Шӯрои Олӣ президенти ҶШС Узбакистон интихоб шуд ва тавонист дар муддати ин солҳо мансаби худро аз тамоми қувваҳои дохилӣ ҳимоя намояд ва амалан собиқадортарин роҳбари давлат дар манотиқи пасошуравӣ ба шумор равад. Бо аксарияти роҳбарони давлатҳои минтақа зиддиятҳои шахсиро дорад ва ба андешаи коршиносон маҳз ин гуна муносибат роҳи ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказиро халалдор намудааст. Инчунин, имрӯзҳо Узбакистон ва Каримов вожаҳои ҳаммаъно ҳастанд ва ҳукумати авторитариаш тамоми сохтори кишварашро фаро гирифта, дар зери фишори шахси аввал қарор дорад. Дар ин самт будани захираҳои бойи табиӣ, аз қабили нафту газ барои нигаҳ доштани ин ҳукумат фоидаи амалӣ мерасонад.

Зарфияти дигари Узбакистон дар доштани роҳҳои хуби баромад ба тамоми кишварҳои минтақа аст. Аз тарафи дигар бе убури марзҳои ин кишвар як кишвари минтақа ба дигар кишвари минтақа молу маҳсулотро интиқол дода наметавонанд ва устувории иқтисодиёташ бе мусоидати Узбакистон ғайри имкон аст. Ин сиёсат ба таври дағал бо тамоми вазн нисбат ба дигар кишварҳои минтақа амалӣ шуда истодааст ва барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои созишномаҳои байналхалқӣ сабабҳои сунъӣ ва ғайри мантиқиро ба пеш оварда, сиёсати зиддиятноки хешро нишон медиҳад. Ба ибораи дигар Узбакистон кишваре мебошад, ки беиштирокаш ягон амали иртиботӣ ва ҳамгироёна дар минтақа сурат намегирад ва ин ҷо мо ба стратегони болшевизм, ки ин давлатро бо ин гуна ҳудуд дар Осиёи Марказӣ сохтаанд ва дурбинии расидан ба ҳадафҳои худ дар ояндаро тарҳрезӣ намуда буданд қоил мешавем. Аз лиҳози истротежӣ Узбакистон тавре сохта шудааст, ки барои ҳамкориҳои судманди худи давлатҳои минтақа дар вақти соҳибихтиёрӣ сарчашмаи асосии мухолифат ва мамониятҳо мебошад.

ШАКЛҲОИ МУДЕРНИ МУНОСИБАТИ УЗБАКИСТОН БО РУСИЯ

Ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта, сиёсатшиноси машҳур ва ходими давлатии Амрико З. Бжезинский андешаи худро нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баён намуда, гуфта буд, ки Узбакистон кишвари марказӣ ва меҳвари Осиёи Марказӣ аст, ва барои танг намудани мавқеи Русия аз ин минтақа бояд аввал Русияро аз Узбакистон берун овард, бо ин роҳ таъсири Русия ба минтақа кам мегардад ва ҳалқаи давлатҳои зиддирусиягӣ дар қисмати ҷанубӣ, яъне дар Осиёи Марказӣ пурзӯр мегардад. Ин масъала ҳам аз тарафи Русия ва ҳам аз тарафи Узбакистон дарк карда шуд ва кишвари охирин дар сиёсати хориҷии худ "сиёсати лағжиш ва бесамтаро" касб кард.

Ин то ҳодисаҳои маълуми Андиҷон, ки даҳшати ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба ҳукуматдорони Узбакистон ба вуҷуд овард, ҳукумати расмии Узбакистон бо Русия муносибати сард дошт. Чун Русия ҳодисаҳои Андиҷонро кори дохилии Узбакистон арзёбӣ намуда ва онро мубориза бо гурӯҳҳои тундгаро ва террористони исломӣ хонд, наздикии муносибатро байни Русия ва Узбакистон ба вуҷуд овард. Мувофиқи андешаи коршиноси рус ин омил тавонист таъсир расонад, ки бозгашти дубораи Узбакистонро ба самти Русия таъмин кунад. Русия дар ҳолатҳои вазнинтарин ҳукумати вақтии Ислом Каримовро дастгирӣ намуд ва ин ҳолат то оғози солҳои 2008, то замоне ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо муносибати худро мӯътадил намуданд давом дошт ва аз ин баъд сиёсати бесамтаи Узбакистон боз авҷ гирифт.

Баъди сафари Президенти Русия Д. Медведев дар таърихи 22 январи 2009 ба Тошканд ва дастгириаш аз мавқеи расмии Узбакистон дар ҳалли масъалаҳои обию энержӣ дар минтақа дигаргуние ба вуҷуд омад, кишварҳои болооб Тоҷикистону Қирғизистон аз ин мавқеи Русия нигаронӣ намуданд ва самти равиши геополитикии Осиёи Марказӣ ба тарафҳои гуногун равон гашт, вале баъди гузашти камтар вақт, бархилофи он изҳороти аз мавқеи Узбакистон ҳифз намуда, Русия бо Қирғизистон созишномаро дар бораи бунёди муштараки нерӯгоҳи барқи обии Қамбарато ба имзо расонид ва ин амал хашми Ислом Каримовро овард.

Инчунин, боздоштани аъзогии Узбакистон аз ЕврАзЭС ва нигарониаш аз он ки ҳамгироӣ ва сармоягузори дар чорчӯбаи ин созмон мувофиқи мақсад нест, муносибати Узбакистон ва Русияро дуртар намуд, ки намунаи он ҳузур надоштани сафири Узбакистон дар Маскав аз охири соли 2008 то охири соли 2009 мебошад, ки ҳамаи ин муддат сафир дар ватанаш буд. Ин гуна таҷриба дар таърихи муносибати Русия бо кишварҳои пасошуравӣ танҳо бо Украина дар замони Юшенко ҷой дорад. Барои ба роҳ мондани муносиботи созанда ва аз байн бурдани шароити ба амал омада,дар охири соли 2009 сафари Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Тошканд сурат гирифт. Мувофиқи андешаи коршиносон Лавров кӯшиш намуд ҳам дар муносибат ва ҳам дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатияи Тошканд нисбатан муътадил ва самимӣ бошад. Дар ҳамин ҷо Лавров бидуни истирдод изҳор кард, ки яке аз сабабҳои сафараш ба Тошканд ин омодагӣ ба вохӯрии сарони давлатҳо мебошад, ки аввали соли 2010 бояд баргузор гардад. Ин гуна ҳолат дар дипломатияи Русияи муосир нисбати муносибаташ бо кишварҳои пасошуравӣ нодир аст. Инчунин аз тарафи Узбакистон низ гузашти дипломатие ба амал омад ва сафири нави Русия - Тюрденев бе супоридани эътиборнома бе иҷрои протоколи расмӣ шахсан аз тарафи Лавров ба Каримов муаррифӣ гашт. Дар вақти ин сафар Вазири корҳои хориҷии Узбакистон, Владимир Норов Русияро шарики истротежии Узбакистон унвон кард.

Навобаста аз ин сафари Лавров, муносиботи Узбакистон ва Русия муътадил нагардид ва ҳарчанд Узбакистон хоҳиши хуб шудани муносибаташро бо Русия дошт, вале бо сабаби ба назар нагирифтани мавқеаш дар бобати ҳалли қазияи Афғонистон аз иштирок дар Конфронси Лондон дар оғози соли 2010 худдорӣ намуд ва мамоният барои сафари Дабири Кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Муродбек Имоналиев эҷод кард. Сафари Дабири Кулл ҳаматарфа аз ҷониби Русия омода мегашт, вале Узбакистон бо истифода аз нуқтае, ки дар оиномаи СҲШ дар бораи розигии ҳамаи аъзоёни созмон дар иштироки Дабири Кулл дар чорабиниҳои байналхалқӣ омадааст, ба манфиати худ истифода намуд. Маълум аст, ки роҳбарияти Узбакистон назари хешро дар ҳалли ин масъала баён мекунад, ки ин мавқеъ аз тарафи ташкилкунандагон ба назар нагирифта шуд. Ҳамаи ин омилҳо сабаб шуданд, ки сафари Ислом Каримов ба Маскав ба қафо гузошта шавад.

Дигар тарафи масъала дар он аст, ки оғози соли 2010 барномаи густариши ҳамкориҳои Узбакистон бо Амрико аз тарафи Ислом Каримов ба имзо расид ва мувофиқи он сафари дабири давлатии ИМА ҳилари Клинтон ва намоянда депортаменти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон Ричард Ҳолбрук ба Узбакистон сурат мегирифт. Инчунин, ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун байни кишварҳо ба нақша гирифта шуда буданд. Ҳамаи ин тасмимгириҳо яктарафа буда, бояд амалӣ мешуданд. Баъди ба матбуот баромадани ин нақша ба сафири Амрико дар Узбакистон зарурият пеш омад, ки дар нишасти матбуоти қайд кунад, ки масъалаи омадани Ҳилари Клинтон ба Узбакистон муайян нест ва ҳатто мешавад, ки умуман баргузор нагардад ва тамоми тасмимгириҳои Узбакистон яктарафа ва бидуни мувофиқа ба матбуот баромадаанд. Ин ҳолат ҳам сабаб гардид, ки Узбакистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон дар Конфронси Лондон иштирок накунад.

ИСТИҚБОЛИ САМИМИ РАСОНАҲОИ РУСӢ АЗ САФАРИ КАРИМОВ

Пеш аз баргузории сафари Ислом Каримов ба Маскав дар таърихи 31 марти соли равон нишасти кории комисияи байниҳукуматии Узбакистону Русия баргузор гардид. Дар он роҳбари ҳайати Русия Сергей Иванов ба Тошканд омада дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун аз қабили сармоягузорӣ, нақлиёт, мошинасозӣ, илм, кайҳон ва ғайраҳо гуфтушунид анҷом доданд. Аз тарафи коршиносони ҳар ду кишвар ҷаласа баҳои мусбат гирифт. Сергей Иванов ба таври ҷиддӣ иброз дошт, ки дар ҳалли масъалаҳои истифодабарии захоири обии дарёҳои фаромарзии минтақаи Осиёи Марказӣ Русия мавқеи президенти худ, ки аввали соли 2009 изҳор дошта буд, (пурра мавқеи Узбакистонро) чонибдорӣ мекунад ва бояд бунёди нерӯгоҳҳои барқию обӣ (НБО) бо розигии ҳамаи давлатҳои минтақа сурат гиранд. Мувофиқи гуфти ӯ, аз ҳама нуқтаи муҳим ин ба инобат гирифтани манфиат ва риоя намудани баланси истифодаи об аст, ки дар ин ҷода Русия Узбакистонро дар назар дорад ва аз мавқеаш дастгирӣ менамояд.

Дар бобати масъалаи доғи муносибати Узбакистону Русия, яъне хариди гази табиӣ Сергей Иванов хеле мушаххас гуфт, ки тарафҳо дар асоси қонунҳои бозорӣ ҳамкорӣ мекунанд ва зарурат ба доштани созишномаҳои дарозмуддат аз манфиат холӣ намебошад.

Аз тарафи дигар Русия яке аз ҳамкорони бузурги Узбакистон дар савдои хориҷӣ мебошад, ки мувофиқи натиҷаи соли 2009 савдо бо Русия 21 % гардиши молро ташкил дод, ки ба 4,5 млрд. доллари амрикоӣ баробар аст. Аз ҷониби дигар дар Узбакистон 800 корхонаҳо бо иштироки сармояи Русия фаъолият мекунад, дар Русия бошад 350 корхона бо сармояи Узбакистон фаъолият доранд.

Масъалаи омодагӣ ба сафари Ислом Каримов ба Маскав дар таърихи 19-20 апрели соли равон аз тарафи расонаҳои русӣ ва узбакӣ бо пахши иттилооти мӯътадил пазироӣ шуд. Дар ҳоле, ки чунин пазироии самимӣ аз кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон ба чашм намерасид. Бар асоси маълумоти онҳо Ислом Каримов бо Димитрий Медведев шоми 19-ум дар Барвиха мулоқот анҷом дод ва санаи 20-уми апрел боз вохӯрӣ намуда, пеш аз бозгашт ба ватан бо сарвазири Русия Владимир Путин дидан кард ва дар натиҷаи сафар чанд ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ ба имзо расиданд.

САФАРОВАРДАҲОИ ИСЛОМ КАРИМОВ АЗ МАСКАВ

Якум ва аз ҳама муҳимтарин қарордоди сафар дар соҳаи ҳарбию техникӣ байни кишварҳо мебошад, ки чанд пайомади худро ба тамоми минтақа дорад. Маълум аст, ки Русия бо тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибати хуби дифоӣ ва ҳарбиро дорад ва дипломатияи ҳарбӣ авлавияти худро нисбат ба дигар соҳаҳо муддати тӯлонӣ касб намудааст. Эҳтимолияти натиҷаи ин қарордод он аст ки шояд мавқеи Русия дар минтақа пурзӯр шавад ва бо истифодаи фурудгоҳи Навоӣ, ки он ҷо аз ҷониби Узбакистон минтақаи озоди саноативу иқтисодӣ номгузорӣ шудааст, дигар рақибони Русияро, аз қабили Амрико, Чин ва Иттиҳоди Аврупоро роҳ надиҳад ва дар ҳалли қазияи Афғонистон бо доштани имконоти васеъ дар маркази логистии Осиёи Марказӣ мавқейи калидиро касб кунад. Инчунин, аз назар дур нест, ки ҳамгироии Узбакистон ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ва қувваҳои он дар ояндаи наздик ба вуҷуд ояд. Ин нуқта дар он ҳолат амалишаванда аст, агар даъвати Ислом Каримов дар анҷоми сафараш аз Димитрий Медведев дар бобати ташрифоти расмӣ ба Узбакистон амалӣ шавад. Розигии пешакии Медведев дар ин бобат садо дод ва тарафҳо созиш карданд, ки санаи сафар бо роҳҳои дипломатӣ муқаррар мегардад.

Дуввум масоили обию энержӣ. Русия бори дигар аз мавқеи расмии Узбакистон ҷонибдорӣ намуд ва нуктаи Ислом Каримовро дар ҳалли қазия "аз меъёрҳои маъмули ҳуқуқи байналхалқӣ ва боназардошти манфиатҳои тамоми давлатҳои минтақа" ҳал шуданашро дуруст шуморид. Инчунин тарафҳо созиш намуданд, ки "гузаронидани ташхиси комили мустақили байналхалқӣ барои баҳогузории тамоми пайомадҳои манфии сохтмони нерӯгоҳҳои азими барқию обиро дар рӯдҳои фаромарзии минтақа дастгирӣ менамоянд". Ин мавқеъ дар ҳоле садо дод, ки ҷониби Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ба ин изҳорот бевосита дахлдор, иброз намудааст, ташхиси мустақили байналхалқии НБО Роғунро, ки аз тарафи Сандуқи байналмилалии пул гузаронида мешавад, розигӣ додааст. Дар изҳорот махсусан қайд шудани "пайомадҳои манфии сохтмони НБО-и азим" барои Тоҷикистон ташвишовар аст, ки ин ду кишвар то чӣ андоза баъди натиҷаи барояшон номусоид аз ин мавқеашон даст мекашанд? Зеро мафҳуми "ташхис" ин на боздошти сохтмон, балки пурзӯр намудани қисматҳои заифро дар назар дорад. Аз ҷониби дигар ин дар ҳоле рух медиҳад, ки агар Узбакистон ба қарордоди ҳарбию технекии то соли 2012, ки барои ин муддат имзо шудааст, содиқ мемонад ва аз тарафи дигар Русия аз имконоти васеаш дар дигар кишвари минтақа, алалхусус Тоҷикистон, ки калонтарин пойгоҳи ҳарбиашро дорад, бемасъулиятӣ изҳор мекунад. Мо боварӣ дорем, ки ё бо сиёсати бесамт ва лағжони Узбакистон ва ё бо дарки дурусти масъала аз тарафи Русия дар чаҳорчӯби манфиатҳои миллиаш аз ин амал дар муддати кӯтоҳ даст мекашад. Дар ин ҷода таҷрибаи ҳамкориҳо дар минтақа нишон медиҳад ва исбот ҳам кардааст, ки Тоҷикистон ҳамеша бо шариконаш муносибати ҳасана дошт ва дар чорчӯбаи амалишавии манфиатҳои миллии тарафайн хулоса мебаровард.

ТЕЛЕВИЗИОНИ УЗБАКИСТОН ДАР РУСИЯ

Саввум барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ. Ин пеш аз ҳама барои Русия манфиатовар аст. Зеро дар тӯли солҳои истиқлолият мавқеи забони русӣ ва мардуми рустабор то ба андозае дар Узбакистон коҳиш ёфтааст. Саромади ин амал дар ивази алифбои кирилӣ ба алифбои лотинӣ сурат гирифт, ки пайванди наслҳо ва хатари аз байн рафтани фарҳанги зиёда аз як асраи русиро дар Узбакистон ба вуҷуд овард. Барои Русия муҳим аст, ки эътибори забони русӣ дар манотиқи Осиёи Марказӣ дар ҳолати зарурӣ бояд нигоҳ дошта шавад ва аз даст рафтани ин минтақаи паҳни забон дар охир ба коҳиш ёфтани мавқеи худи Русия сабаб мешавад ва умумияти таърихии ҳамзистӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ барои наслҳои баъдинаи минтақа берабт мешавад. Аз тарафи дигар, пешниҳоди Димитрий Медведев дар бобати пахш намудани мавҷҳои телевизионҳои Узбакистон дар ҳудуди Русия бо истифода аз имконияти кайҳониву маснӯъиаш пайомадҳои манфиро барои дигар кишварҳои минтақа дорад. Зеро, маъмулан, чунин ҳамкорӣ дутарафа буда, имконоти хуби ворид шудани каналҳои Русияро бо истифода аз мавқеи ҳудудии Узбакистон ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто то Афғонистану қисмаҳои Эрон таъмин менамояд ва сиёсати пайгирона ва идеологияи худро дар ин минотиқ паҳн мекунад. Дар ин самт таъмин намудани амнияти иттилоотии Тоҷикистон чӣ аз садо ва синамои Русия ва чӣ Узбакистон барои мо мушкил мегардад. Дар ин ҷода, ба назари мо ҳамкорӣ дар ин самт ба манфиати худи Ӯзбекистон нест, зеро бе ин ҳам телевизионҳояш имконияти пахшро дар марзи худ ва ноҳияҳои наздисарҳадии кишварҳои ҳамсояаш дорад ва пахши барномаҳои узбекӣ дар ҳудуди Русия тақрибан фоидаи амалиро ба Узбакистон намеорад, вале одат намудани мардум ба ВАО-и хориҷӣ, амнияти миллии Узбакистонро зери таҳдид қарор дода, амалан аз чиҳати иттилоотӣ дар зери таъсири Русия қарор мегирад ва сиёсати бисёрсолаи даврони истиқлолият барабас гум мешавад.

Чаҳорум шароити Қирғизистон. Дар изҳорот омадааст, ки Русия ва Узбакистон ҷонибдори ҳокимияти устувор дар Қирғизистон ҳастанд ва кӯшиш мекунанд то мардуми қирғиз дар кишварашон саодатмандона зиндагӣ намоянд. Агар масъалаи таъмини субот дар Қирғизистон зери таъсири Ислом Каримов монад, ду намуди ба пеш рафтани ҳодисот аст. Якум ҳукумати нави Қирғизистон дар бунёди НБО Қамбарато аз мавқеи Узбакистон пайгирӣ мекунад, ки ин ба манфиатҳои милли Қирғизистон комилан зид аст. Дуввум, шадид шудани вазъияти дохилии Қирғизистон ва то ба ҷанги шаҳрвандӣ расонидани шиддат. Зеро Узбакистон манфиатдор нест, ки ҳукумати нав аз нақшаҳои ҳукумати пешин дастгирӣ кунад ва Ислом Каримов то тавонад ҳаракат мекунад, ки саф ва нуфузи кишварҳои болооби аз мавқеаш норозиро кам кунад. Дар ин самт низ ба назари мо Русия барои муташанниҷ шудани шароити Қирғизистон роҳ намедиҳад ва барои саодати амалии мардуми ин кишвар саҳмгузор мегардад.

Яъне аз сафари Ислом Каримов - соҳиби ғайрирасмии Осиёи Марказӣ аз нигоҳи абарқудратҳо, ба Русия ва розигии Медведев ба сафари ҷавобӣ натиҷа гирифтан мумкин аст, ки Русия дар ҳалли қазияи минтақа аз Узбакистон ҳимоят мекунад. Тоҷикистон ба сифати асоситарин кишвари мухотаби изҳороти ин ду аз кадом шакли муносибат кор мегирад? Ва хеле муҳим аст, ки бо кӣ?


Иршод СУЛАЙМОНӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97