БАН ГИ МУН КУҶО ОМАДА БУД?

Сиёсат 09.04.2010 15:00

Интизориеҳоеро, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз сафари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид - Бан Ги Мун дошт, бароварда нашуд. Барои мо хеле муҳим буд, ки раиси кулли бонуфузтарин созмони дунё дар мавриди мушкилоти минтақа чӣ мегӯяд. Ва хелеҳо ҳадс мезаданд, ки шояд бо сафари Бан Ги Мун ба Осиёи Марказӣ мушкилэҷодкуниҳои сунъӣ бартараф мешаванд ва ё ҳадди ақал ҳарфи дабири кулли СММ таъсиргузор мешавад. Вале Бан Ги Мун рӯйи ин масоил камтар таваҷҷуҳ кард. Дар сӯҳбат бо раиси Ҷумҳури Тоҷикистон сари ин масоил чӣ гуфтугузоре сурат гирифт, то ҳол маълум нест, вале тибқи иттилои расмӣ раиси ҷумҳур масъалаи мушкили энергетикии кишварро бо ҷаноби Бан Ги Мун матраҳ кардааст.

Ҷаноби Бан дар сӯҳбат ба хабарнигорон изҳор дошт, ки кишварҳои минтақа бояд сари мизи гуфтушунид биншинанд. Ҳамчунин изҳор дошт, ки СММ дар доираи салоҳияташ имконоти худро истифода мебарад. Ҳамчунин чаро маросими дидори дабири СММ аз маҳалли сохтмони Роғун ҳазф шуд боиси гуфтугузори ҷиддӣ дар доираҳои сиёсӣ ва расонаӣ кишвар гардид. Агар ҷаноби Бан аз ин иншоот дидан мекард шояд ҷиддияти масъала каме тағйири шакл менамуд ва ҳамаи ин дар ҳолест, ки намоишҳои эътирозии Узбакистон, роҳбандиҳо ва садгузориҳои он дар мавриди интиқоли бору колоҳо тариқи роҳи оҳан ба сохтмони Роғун иртибот дода мешаванд.

Таъкидҳои Бан Ги мун, ки истифодаи самаранок ва муассири захирҳои обу энержӣ барои панҷ кишвари минтақа хеле муҳим аст ва бояд тамоми муаммоҳои баҳснок аз роҳи гуфтушунид ҳал шаванд, маънои роҳҳалҳоро ба ихтиёри ҷонибҳо гузоштанро дошт. Дар сӯҳбат ба хабарнигорон ҳам он чизеро гуфт, ки Тоҷикистон онро аслан тарафдорӣ ва риоя менамояд. Яъне бояд захираҳои об, газ, нефт ба манфиати кишварҳои минтақа истифода шавад ва шакли истифода мунсифона бошад. Ҳамчунин эҳтироми манфиатҳои ҳамдигарро низ таъкид намуд. Ин суханони ҷаноби Бан замоне садо медиҳанд, ки Узбакистон эҳтироми манфиатҳои Тоҷикистонро ба ҷо намеорад ва боздошти беасос ва ғайриқонунии вогонҳои ашёи муҳими Тоҷикистон то ҳол ҷой доранд.

Масоиле, ки дар сафари дабири СММ дар Душанбе матраҳ шуданд, бештар ба муносиботи Тоҷикистону Узбакистон марбутанд. Аз ҷумла мушкили мингузорӣ шудани марзҳои Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон. Ҷаноби Мун аз мавҷудияти ин минҳо изҳори нигаронӣ намуд. Ба назар чунин мерасид, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз сафари дабири СММ хушбин буд ва ҳадди ақал интизори ҳарфи ҷиддие буд. Аммо бархеҳо бар ин назаранд, ки худи ин ташриф аллакай аз масъалаи ҷиддӣ будани мушкилоти минтақа дарак медиҳад.

Акнун мавқейи расмии СММ, ки то ҳол нисбат ба мушкилоти минтақа ва дақиқтараш нисбат ба муносиботи сарди Узбакистону Тоҷикистон, агар боздиди дабири кулли СММ аз Арал ва нарафтанаш ба Рогунро ба эътибор нагирем, маълум нест, анҷоми танишҳо ҳам дар муносиботи ин ду кишвар низ зери суол ҳаст.


Умари ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97