БЛОКАДАИ УЗБАКИСТОНИ МАҒРУР ВА НОТАИ ТОҶИКИСТОНИ ПУРҒУРУР ё ҳамсояи ба чашм наздику аз дил дури мо

Сиёсат 06.04.2010 20:33

НОТА

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои боздошти вагонҳои ҳомили маводи сӯхт ва таҷҳизоти фаннӣ дар қаламрави Узбакистон, сафири ин кишварро ба вазорат хонда, ба ӯ нота супоридааст. Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишварамон мегӯяд, ин нома ба манзури мусоидат дар ҳалли мушкили марбут ба тавқифи вагонҳои Тоҷикистон дар Узбакистон дода шудааст.

Дар ин нота аз Узбакистон дархост шудааст, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуд мусоидат кунад. Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, "масъалаи дар ҳудуди Ҷумҳурии Узбакистон боздошт намудани вагонҳои ҷониби Тоҷикистонро вазорати хориҷа таҳти назорат дорад ва ба ин мақсад сафири Узбакистон ба вазорат даъват шуда ва аз ӯ дархост шуда, ки дар ҳаллу фасли ин масъала мусоидат намояд ва ҳар чӣ зудтар борҳо ба Тоҷикистон фиристода шавад".

"БЛОКАДА"

Ҳамааш аз чӣ шурӯъ шуд?!

Тибқи иттилои мақомоти ширкати "Роҳи оҳан" - и Тоҷикистон аз авоили моҳи феврал то кунун дар қаламрави Узбакистон ҳудуди ҳазор вагон манъ шуда ва рӯз аз рӯз теъдоди ин вагонҳо дар ҳоли афзоиш аст. Ҳарчанд ҷониби Узбакистон мушкили фаннӣ ва корҳои сохтмонӣ дар қисмате аз роҳи оҳани Турк¬манистонро сабаби ин амр хондаааст, аммо мақомоти ширкати "Роҳи Оҳан"- и Тоҷикистон мӯътақиданд, ки ин як навъ дар муҳосираи иқтисодӣ қарор додани Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон аст.

Бино ба иттилои мақомоти кишварамон, шурӯъ аз ибтидои моҳи феврал то кунун дар қаламрави Узбакистон, бахусус дар истгоҳҳои Хавос, Қаршӣ, Сариосиё, Ҷайрон ва Кудуклӣ ҳудуди 1000 вагони марбути кишвари мо манъ шудаанд ва рӯз аз рӯз теъдоди ин вагонҳо меафзояд. Ба гуфтаи манобеъи мазкур, бар иловаи борҳои Тоҷикистон, ки ҳомили маводи сӯхту гилхок барои Корхонаи алюминийи Тоҷикистон, ҳамчунин, бархе аз вагонҳо ҳомили маводи лозима барои нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон низ мебошанд. Дар теъдоде аз вагонҳо таҷҳизоти фаннӣ, аз ҷумла, булдозерҳо барои неругоҳи Роғун низ будааст.

Масъулони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" зарари моддӣ аз тавқифи ин вагонҳоро ҳудуди панҷ миллион доллар арзёбӣ кардаанд. Нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз он аст, ки банд шудани вагонҳои ҳомили маводи сӯхт дар шароитест, ки киштукори баҳорӣ дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст ва ин амр метавонад ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон зарари ҷиддӣ ворид кунад.

БАҲСИ "БЛОКАДА" ДАР СММ

Оқил Оқилов, сарвазири кишварамон дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк мақомоти Узбакистонро дар робита ба қазияи дар банд андохтани ҳудуди 1000 вагон бори Тоҷикистон ба баҳонаҷӯӣ айбдор кард.

Оқил Оқилов, ки дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат доштааст, дар посух ба ин суоли хабарнигори радиои "Озодӣ", ки "оё Ҳукумати Тоҷикистон ба иддаои ҷониби Узбакистон дар бораи он ки беш аз 1000 вагон бо борҳои Тоҷикистон танҳо бо иллати фаннӣ наметавонанд аз қаламрави Узбакистон убур кунад рози хаст?", гуфтааст, ки ба ин иддао бовар надорад. "Озодӣ" нақли қавл мекунад: "Вазъи кунунии роҳҳои оҳани Узбакистон имкон медиҳад, ки интиқоли борҳо ба таври муназзам сурат бигирад, бидуни ҳеҷ монеъа. Ба ҳама маълум аст, ки қаблан мо ин борҳоро ба таври муназзам дарёфт мекардем. Аммо ду моҳ пеш Узбакистон убури вагонҳо, махсусан бо сӯзишвориро мутаваққиф кард. Чунки мавсими киштукор фаро расидааст. Беш аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебарад ва онҳо наметавонанд саривақт ин сӯзишвориро дарёфт кунанд".

Сарвазири кишварамон ҳамчунин афзудааст, бо иллати ин монеъаҳо норасоии сӯзишвории махсуси ҳавопаймоҳо, техникаи сохтмонӣ, гилхок барои корхонаи арзизи Тоҷикистон ва ғайра ба амал омадааст. Дар аввал ҷониби Узбакистон гуфтааст, ки бо сабаби фаромадани сел баъзе бахшҳои роҳи оҳан осеб дидааст, аммо ба гуфтаи сарвазири Тоҷикистон, баъд аз таҳқиқ маълум шуда, ки роҳи оҳан зарар надидааст ва имкони идомаи транзит вуҷуд дошт: "Агар ин мушкилотро дар Осиёи Марказӣ аз роҳи маданӣ ҳал мекарданд, роҳи ҳаллаш бидуни ҳеҷ мушкил пайдо мешуд. Мо ҳар сол бо Туркманистон дар бораи таъмини нерӯи барқ қарордод мебандем. Қаблан, ин табодули нерӯи барқ сурат мегирифт ва он чизи наве нест. Аммо Узбакистон соли ҷорӣ чунин интиқоли нерӯи барқро аз Туркманистон ба Тоҷикистон иҷозат надод. Ва гӯё, ки иллаташ имконнопазир будани интиқоли нерӯи барқ аз тариқи системаи энергетикии Узбакистон бошад. Яъне дар тӯли чанд даҳсолаи қаблӣ ин имкон дошту ҳоло не?"

ТОШКАНД РАСМАН ХОМӮШ АСТ

Ҷониби Узбакистон то ҳол шарҳи расмии қазияро надодааст. Аммо таҳлилгарон ин мушкилиро ба мавзӯъи баҳси Душанбе ва Тошкант сари сохтмони нерӯгоҳи Роғун рабт медиҳанд.

ГУРГОШТӢ

Агарчи барои аввалин бор аст, ки баҳси миёни Точикистону Узбакистон аз суйи Тоҷикистон ба долонҳои СММ кашонида мешавад ва ҷониби Тоҷикистон як ҷуръати сиёсӣ аз худ нишон медиҳад ва эътироз мекунад, вале таниш дар муносиботи миёни Тошканд ва Душанбе солҳо боз вуҷуд дорад ва бештар мешавад. Зеро Узбакистони мағрур ва бузургманиш, ки тӯли солҳои зиёди ҳукумати Шӯравӣ бар Тоҷикистон султа доштааст, ба ҳеч ваҷҳ ба вазъе, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақил ва муқтадиртар сар буланд кунад, сохтанӣ нест.

Душанбе дар баробари хама зӯргӯиҳои Тошканд то имрӯз сукут ихтиёр кардааст, агарчи солҳо боз Тошканд намехоҳад бо Ҳукумати Тоҷикистон дар шакли ҷадид ҳамкор бошад. Ба хусус, аз сар нагирифтани хати парвози ҳавопаймоҳо аз солҳои 90-и асри гузашта, аз муносибати яхбастаи Тошканду Душанбе дарак медиҳад. Марзҳои минакоришуда аз суйи Узбакистон аз мушкилоти дигарест, ки миёни ин ду кишвар фосилаи ҷиддӣ эҷод кардааст. Ҳамакнун, ки танишҳо миёни ин ду кишвар шадидтар мешавад ва ҷониби Узбакистон дар муқобили мавзеъгирии ҷиддии Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" аз ба истилоҳ "роҳбандӣ" кор мегирад, дар ин сурат оё Тоҷикистон роҳе барои бурунрафт аз ин мушкилро дорад?

Қосими Бекмуҳаммад, як коршиноси масоили минтақаӣ мегуяд: "иқдомоти Тошканд, мутаасифона аслан хилофи ҳар гуна тавофуқоти дуҷонибаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошанд. Ва гузашта аз ин, ҳамаи фазои ҳусни эътимодеро, ки Осиёи Марказӣ бо таваҷҷуҳ ба фазои дохилӣ ва перомуни он, ки беш аз ҳар замони дигар ниёзманд ба он мебошад, ба таври мустақим халалдор мекунад. Мутаассифона, Узбакистон бо ҳеч як аз ҳамсояҳои худ то чанд соли пеш равобити ҳусни ҳамҷаворӣ ба сурати лозимро надошт. То ҷое тайи як ду соли ахир мо шоҳиди гузаштҳои Узбакистон дар баробари дигар кишварҳои минтақа ва ҳамчунин Русия ба он манзур мебошем, ки Тошканд битавонад бо ҳимояти ин кишварҳо монеъи эҷоди зарфиятҳои нави энержӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон бишавад. Ба ин хотир, дар қиёс бо ҳамсояи мо Қирғизистон, мутаассифона, Тоҷикистон бо далели дар ҳошияи Шӯравӣ қарор гирифтан ва мушкилоти иртибототӣ ё комуникатсионӣ таҳти фишорҳои бешумори ғайриқонунии Узбакистон қарор гирифтааст, ки бо таассуф ба ин фишорҳо на ҳеч созмони минтақаӣ ва на байналмилалӣ таваҷҷуҳи лозимро зоҳир намекунад. Ин амр нишон медиҳад, ки ҳар гуна ҳамгироӣ, эҷоди иттиҳоду ҳампаймонӣ дар фазои шӯравии собиқ ва ҳатто фаротар аз он, бо ҳар номе ба суди манофеъи миллии кишварҳои ба истилоҳ нисбатан камзарфият, манзурам аз назари захоири энержӣ ҳаст, ба дарди инҳо намехӯрад. Мо шоҳид ҳастем, ки газ ва нафти саршори дигар кишварҳои Осиёи марказӣ, созмонҳои мантақаӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар баробари ин мушкилоти мантақа ва аз ҷумла, мушкилоти равобити Тоҷикистон бо Узбакистон дар мавзеъи як созмони ғайри мунсиф қарор додааст. Биноан ҳар гуна иқдомоти Узбакистон чи дар заминаи мингузорӣ дар марзҳо, чи дар заминаи масдуд кардани роҳҳо, бахусус ҷорӣ кардани низоми раводид ва амсоли инҳо, ки бешумор аст, баҳси ҳаллу фасли мушкилоти марзӣ, таъини марзи муштараки ду кишвар, тамоми инҳоро бо камоли таассуф Узбакистон ба унвони абзори фишор рӯи Тоҷикистон истифода мекунад. Ва дар ин шароит Тоҷикистон ҷуз такя ба неруи худӣ, ҷуз фароҳам овардани рӯҳияи ваҳдати миллӣ роҳи дигаре надорад. Ва замоне, ки Тоҷикистон барои ҷаҳониён исбот кард, ки дар тасмимоти худ мусамаму қотеъ аст ва миллатро бо ҳамроҳ дорад, ман фикр мекунам, ки дигар тарафҳо аз дари мусолиҳа ва гуфтугӯ бо Тоҷикистон ворид хоҳанд шуд ва ба гунае мулоҳизоти манофеъи миллии моро дар назар хоҳанд гирифт, дар ғайри ин, манофеъи миллии мо дар баробари ин ҳамсояи зӯргӯй рӯбарӯи хисорот ва зиёнҳои ҷиддие хоҳад шуд.

Узбакистон дар баробари Туркамнистон ва Қазоқистон фишораш маҳдудтар аст, ба хотири ин ки абзорҳои камтари фишор дар ихтиёр дорад. Моро ки тамоми хутути иртибототиямон аз қаламрави ин кишвар мегузарад мутаасифона ин абзорҳои фишори Узбакистон болои мо ба маротиб бештар аст. Ва ин ҳаргиз бо руҳиёти ҳусни ҳамҷаворӣ, ки дар масири таърих дар Осиёи миёна вуҷуд доштааст ҳамхонӣ надорад. Узбакистон зӯр мегӯяд, мутаасифона танҳо дар муқобили каломи зӯр, зӯргӯӣ метавонад воқеиятҳо ва мантиқро дарк бикунад. Ва нигарониҳои Узбакистон низ аз иродаи давлат ва миллати Тоҷикистон дар мавриди сохти ниругоҳи Роғун ба ҳамин мавзӯъ бар мегардад".

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Точикистон роҳи дигари барқарории равобитро бо хамсоякишвар дар миён мегузорад: "Дар робита ба муносибати миёни Тоҷикистону Узбакистон, ҳаминро бояд пеш аз ҳама зикр намуд, ки заминаҳои ҳуқуқӣ, шартномавӣ вуҷуд дорад. Вале набудани иродаи сиёсӣ ва баъзе мушкилиҳои хусусияти субективӣ дошта, боиси самарбахш амалӣ нагардидани онҳо низ шудааст. Аз ин хотир, ин боиси боз ҳам пастар гардидани сатҳи зиндагии мардуми ҳарду кишвар низ будааст. Бояд зикр намуд, ки масъала ҳам ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ дорад. Ҷиҳати иқтисодии масъала дар он аст, ки мо барои истифодаи роҳи оҳан ва ҳамзамон барқу газ маблағи муайянро пардохт намоем. Вале то чӣ андоза маблағе, ки пешниҳод мешавад аз ҷониби Узбакистон ба таҷрибаи байналмилалӣ мувофиқ ҳаст ё бештар манфиатҳои миллӣ, иқтисодӣ ва амниятии он кишварро ба инобат мегирад, мавзӯи дигар аст. Вале мувофиқи мақсад мебуд, ки чун мо умумиятҳои зиёд дорем, ин мубориза алайҳи шаклҳои мухталифи пайдошавии экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ва татбиқи барномаҳои иқтисодӣ бо мақсади таъмини ҳаёти шоистаи мардуми ҳарду кишвар ва ғайра, инчунин сарҳади умумӣ доштан бо Афғо¬нистон, ки то имрӯз вазъият онҷо начандон ором аст ва рушди устувори давлатдории ҳарду кишвар таъсири манфӣ расонида истодааст, моро водор мекунад, ки ба ҳамкориҳои худ густариши воқеӣ бахшем. Аммо мушкилиҳои мавҷуда бештар аз сатҳи роҳбарият вобастагӣ дорад. Хуб мебуд, бо истифода аз усул¬ҳои дипломатӣ баҳри моил намудани ҷонибҳо дар татбиқи аҳдномаҳо, шартномаҳо ва тавофуқномаҳои қаблан ба имзо расида порлумони кишвар, вазоратҳои хориҷа ва ғайра мусоидат намоянд.

Вобаста ба минагузорӣ ва саривақт тоза накардани майдони минаҳо аз ҷониби Узбакистон бояд зикр намуд, ки онҳо зери санади марбутаи САҲА имзо накардаанд, аз ин хотир ӯҳдадорӣ надоранд, вале хуб мебуд, ки ҳамин масъала дар мувофиқа бо Тоҷикистон ҳал мешуд ва харитаи махсус медоштанд. Ҳоло ҳарду ҷониб намедонанд дар кадом қитъаҳои сарҳад минаҳо ҳаст. Ҷои таассуф ва нигарони мебошад, ки ҳар сол чанд нафар шаҳрвандон аз ҳарду ҷониб ва бештар аз Тоҷикистон нобуду маъюб мегарданд, ки ин ба густариши муносиботи ду давлат мусоидат наменамояд.

Бояд мо муваққатан аз баҳсҳои хусусияти фарҳангӣ ва таърихӣ дошта худдорӣ кунем ва чун дигар давлатҳои минтақаҳои мухталиф, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупою кишварҳои Арабу инчунин Амрико, ки бештар ба муносиботи иқтисодӣ авлавият медиҳанд, мо низ мувофиқи мақсад мебуд, ки ба ҳамин масъалаҳо бештар аҳамият медодем".

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари мустақил бар он назар аст, ки то ислоҳоти ҷиддӣ дар сохтори ҳукуматҳо ба вуҷуд наояд, мушкил ҳал нахоҳад шуд: "...Мӯътақидам, ки то дар минтақа ислоҳоти ҷиддии сохторӣ ба миён наояд, кишварҳо ором намегиранд. Аммо он чи ки ба "заминаҳои хориҷӣ" марбут аст, мавқеъгирии кишварҳои абарқудрат аст. Нерӯҳои мухолифи сиёсӣ дар ибтидо дар симои онҳо шарикони худро медиданд, феълан муҷримони таҳаввулотнопазир шудани минтақаро. Дигар хел шуданаш имкон надошт. Зеро ин ҳукуматҳоянд, ки ба мухолифони сиёсии худ "доғи хиёнат" ва ҳамбастагӣ бо созмону кишварҳои алоҳидаро "часпонданӣ" мешаванд, аммо дар асл худи ҳукуматҳо он қадар аз кӯмаку дастгирии ин созмону мамолик вобаста шудаанд, ки ҳич кореро бе ишораи онҳо анҷом дода наметавонанд. Ҳатто арзиши нерӯи барқу гази худро барои мардуми худ ва дигарон бе "иҷозат" каму зиёд карда наметавонанд. Ҳол он ки барои ин созмону мамолик ҳадафҳои геополитикиву геостратегӣ муҳимтар аз ҳама чиз аст. Барояшон дар ин доира як рӯз Ислом Каримов "бачаи хуб" мешавад, рӯзи дигар "гапнодаро". Як вақт мебинем, ки Назарбоев "подшоҳу авторитар" аст, рӯзи дигар раиси САҲА.

Агар газу нефти туркманӣ зарур шуд, дар ҳисоботи Амрико аз он "кишвари пешрав" ёд мекунанд. Тоҷикистон чизе ҷуз обу ҳамсояи "хубу бадаш" Афғонистон надорад. Рус агар дар ин ҷо пойгоҳи низомӣ сохтанӣ шавад, Қасри сафед талхакаф, агар баръакс шавад, зери ҳуҷумҳои матбуотӣ хоҳад монд.

Баҳси Тоҷикистону Узбакистон низ ба ғайр аз худхоҳии президент Каримов бастагӣ дорад ба омилҳои баршумурдаи ман. Яъне ман кам бовар дорам, ки ин баҳсҳо танҳо дар қасрҳои ҳукуматӣ роҳандозӣ шаванд. Ҳади ақалл ба баррасии ин мавзӯъҳо дар утоқҳои ҳукуматҳои мамолики минтақа ман шак дорам. Онро дар амбитсияҳои бархе аз раҳбарони феълӣ ва ҳадафҳои стратегиву геополитикии кишвару созмонҳои абарқудрат ҷӯё шудан осонтар менамояд".

ТОШКАНД РАВИШИ ОБРО ЧУН ҲАМЕША САРОЗЕР КАРДАН МЕХОҲАД

Агарчи коршиносон ҳар гуна ҳадс мезананд, гумони ғолиб он аст, ки баъид ба назар мерасад, ки ҳатто агар ҳукуматҳо тағйир кунанд, яхи муносиботҳо об бишавад, зеро Тошканд бисёр мехоҳад, чун гузаштаҳо як ҳукумати фармонбар ва мутеъ дар зери нигини фармонаш дар Тоҷикистон бошад. Чизеро, ки воқеияти замон дигар ин гуна шароитро намепазирад, агарчи Тошканд хаёли инро ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад аз сар дур кунад.

Дар ҳоле ки сарнишинони ҳукумати Узбакистон ба хеҷ ваҷҳ намехоҳанд ба шароити пеш омадаи замона бисозанд, замон ва шароит бар зарари онҳо тағйир мекунад. Дигар муҳаррики вақт дар солҳои 90-и асри гузашта қарор надорад ва Тоҷикистон як кишвари дорои потенсиали миллӣ шудааст. Ҳамчунин дар тӯли ин солҳо шароити дигаре пеш омада ва роҳҳои нави тронзитӣ барои ин кишвари даргузашта дар бунбаст қарордошта, боз шудааст. Акнун Тоҷикистон бо Чин ва дигар кишварҳои наздик роҳи бозро дар ихтиёр дорад ва як кишвари рӯ ба суботи Афғонистонро дар паҳлӯ дорад, ки дар он ҷо оппозитсияи мусаллаҳе ҳам надорад. Баръакс имрӯз Узбакистон омили хатарзо аст, ки душмане ба мисли сарҳанги ошубгар Махмуд Худойбердивро дар остин дорад ва ҳамеша бо афшондани ин остин ҳамсояи дарбадевори худро таҳдид мекунад. Дар ҳоле ки Тоҷикистон гурӯҳҳои мухолифи сарсахти Ислом Каримов Ҷумъаи Намангониро аз қаламраваш ронд ва дар баробари беаҳдиҳои Тошканд усули чавонмардиро ба намоиш гузошт. Бо вуҷуди ин ҳама ин барои Тошканд "дарс" нашуд ва ҳамоно ба суйи Тоҷикистон дандон тез мекунад.

Тайи чанд соли ахир таркишҳои хушдордиҳандае ҳам, ки бо як "ҳусни хат" (подчерк) дар Тоҷикистон гоҳ-гаҳе аз худ дарак медиҳанд, ва ҳамин субҳи рузи 24 март ҳам рух дод, маҳсули ҳамон остинафшониҳои дасти мордори Тошканд ҳаст, ки бори дигар захми бесуботихоро чангол мезанад.

ФИШАНГҲОИ ИҚТИСОДИИ ФИШОР

Рохбандиҳои Тошканд ҳам, як фишори иқтисодист, ки мазмуни сиёсӣ доранд. Ва айби асли дар "ош аст, на дар мош", бунёди неругоҳи "Роғун", ки метавонад фишангҳои фишори газу барқии Тошкандро дар баробари Тоҷикистон нақше бар об кунад, мақомоти узбакро водор кардааст, то аз ин усул кор бигиранд. Зеро суханрониҳои ахири намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд бештар ба нафъи Тоҷикистон буд ва ин боиси норозигии Узбакистон шудааст.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки танҳо фишоре, ки Тоҷикистон метавонад алайҳи ин иқдомоти Узбакистон ба кор барад, бастани пеши роҳи об ба ин кишвари ҳамсоя аст. Коре, ки ҷониби Тоҷикистон онро ғайриқобили тасаввур медонад.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: "Мо обро бастанӣ нестем ва ин бисёр масъалаи ҷиддӣ аст, барои мардуми Узбакистон. Ҳатто имкони бастан низ дошта бошем, ба фикрам Тоҷикистон ин корро намекунад. Чун дар фарҳанги мо нест ва аз лиҳози фарҳанги сиёсӣ низ ин кор барои мо номумкин аст. Лекин роҳҳо дигар аст, ки бояд ҳуқуқшиносон ин масоилро омӯзанд ва роҳи ҳалро пайдо кунанд. Ва бояд ҷониби Узбакистон бар асоси паймонҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон низ онҳоро имзо кардааст, ба интиқоли бор иҷозат бидиҳад. То ба кай ин корро мекунад".

Пас дар шароити феълӣ танҳо умеди Тоҷикистон ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба хусус СММ аст, ки битавонад дар мушкили миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, ду кишвари ҳамсоя мусоидат кунад. Ин ҳам дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон ин баҳсро ба долонҳои СММ бурдааст.

ТАДБИР ЧИСТ?

Мушкиле, ки акнун пеш омадааст, хануз дар ибтидои соли ҷори дар матлабе дар "Миллат" таҳти унвони "Роғун, таҳримҳои Узбакистон ва Маҳатма Гандӣ" (№ 2, 14-уми январи соли 2010 ё сомонаи интернетии мо бо ин сурога http://www.millat.tj/?menu=siyosat&page=1195) пешгуи шуда буд. Дар ҳамон ҷо таъкид шудааст, ки "... таҳрими бештар аз инро ҳам метавонем интизор бошем. Вақте ба рағми майлу иродаи Тошканд, ба бунёди Роғун иқдом кардем, мебоист ин мавридро дар назар медоштем. Ин ҳаргиз ба маънои зери суол бурдани иқдоми бузурги сохтмони Роғун нест. Балки солҳо мо ин интизорро доштем, ки ба рағми тафаккури вобастагӣ аз Тошканд, иқдоми бузургеро анҷом диҳем, ки як гоми маҳкам дар роҳи миллат шудан ва истиқлоли фикриамон бошад. Аммо масъала ин аст, ки аз қабл бояд ҳамаи чолишҳои эҳтимолӣ ва мушкилоте, ки метавонад пеш биояд, пешбинӣ мешуд ва барномаҳои хосе барои муқобила бо ин чолишҳо низ таҳия мегашт".

ҲОЛО ҲАМ ДЕР НАШУДААСТ

Аммо бо вуҷуди он ки сардии муносиботи Тошканд бо Душанберо бархе аз таҳлилгарони мухолифандеши давлати Тоҷикистон ба муносиботи раҳбарони давлатҳо иртибот медиҳанд, ин ҷо мушкил масъалаи манофеъи миллӣ ва давлатист ва рабте ба муносиботи шахсӣ надорад. Аз ин рӯ, дар тасмимгириҳо дар ин маврид бисёр бояд борикбин буд ва ба иштибоҳ набояд роҳ дод.


«Миллат»
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97