ҶАСАДИ ҚУРБОНИЁНИ ТАРКИШРО БА ВАТАН МЕОРАНД

Сиёсат 01.04.2010 19:47

Бар асари силсилаи таркишҳое, ки субҳи 29 март дар метроҳои шаҳри Маскав рух дод, 38 нафар кушта шуд, ки дар ин миён 3 нафар шаҳрванди Тоҷикистон низ мебошанд. Бино ба иттилои Шоҳин Самадӣ, сухангӯйи Сафорати Тоҷикистон дар Русия, ин шаҳрвандони Тоҷикистон: Абдураҳмонов Умед Ҳусейнович, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Вахш ва ду донишҷуи Донишкадаи пӯлодгудозии шаҳри Маскав - Қаршиев Нодирбек Очилдиев, соли таваллудаш 1986 ва Эшназаров Исломҷон Камолович, соли таваллудаш 1985-сокинони шаҳри Турсунзода, мебошанд.

Ҳамаватони дигари мо Назаров Ориё Ёсинович зодаи ш. Душанбе, соли таваллудаш 1984, дар беморхонаи ёрии таъчилии Склифосовский бар асари захмӣ шудан дар ин таркишҳо бистарӣ шудааст.

Сафорати Тоҷикистон интиқоли ҷасадҳои фавтидагонро ба дӯши худ гирифтааст. Шоҳин Самадӣ сухангӯйи Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар сӯҳбат бо "Миллат" шоми 31-уми март иброз кард, ки агар ҳуҷҷатҳои ду ҷасади дигар низ омода шавад, эҳтимол аст, ҳар се ҷасад ба ватан фиристода шаванд. Ҳамчунин бародари яке аз қурбониён, Умед Абдураҳмонов-Муҳаммадҷон Абдураҳмоновро низ сафорат аз ҳисоби худ ба Тоҷикистон мефиристад,- таъкид намуд сухангӯйи Сафорат.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 29-уми март дар се истгоҳи метрои Маскав инфиҷор рух дод, ки бар асари он 38 нафар ҷони худро аз даст дода, беш аз 95 нафар захм бардоштаанд.

30-юми март дар Русия дар пайи ин таркишот, ки теъдоди зиёди кушта бар ҷой гузоштаанд, рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Ҳамчунин Ҳукумати Русия барои осебдидагони ин инфиҷорот дар ҳаҷми 1 миллион рубл барои кушташудагон ва 500 ҳазор рубл барои захмиён ҷубронпулӣ ваъда кардааст. Инчунин Мири шаҳри Маскав 300 ҳазор рубл барои фавтидагон, 10 ҳазор барои молу колошон, 37 370 рубл баро гӯру чуб кардани қурбониён ҷубронпулӣ дод. Ҳамчунин Ҳукумати Русия низ мабалғҳои дигареро барои гӯру чӯби қурбониён ваъда кардааст. Вале дар мавриди ба фавтидагону зарардидагаони кишварҳои дигар ва аз ҷумла Тоҷикистон додани маблағҳои пешбиншуда иттилое пахш нагардидааст. Зеро тибқи иттилоъи мақомоти Русия пешниҳод кардаанд танҳо падару модар ё хешони наздики фавтидагон ҳуқуқ доранд маблағро бигиранд. Бояд онҳо бовариномае, ки аз тарафи нотариус тасдиқ шудааст ва шаҳодатномаи таваллуде, ки дар он сатҳи хешутабори қайд шудааст ё тасдиқ мешавад бифиристанд.

Сафорати Тоҷикистон интиқоли ҷасадҳои фавтидагонро ба дӯши худ гирифт ва шоми 31-уми март ҷасади Эшназаров Исломҷон ба кишвар интиқол дода шуд. Шоҳин Самадӣ сухангӯйи Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар сӯҳбат бо "Миллат" шоми шоми 31-уми март иброз кард, ки агар ҳуҷҷатҳои ду ҷасади дигар низ омода шавад, эҳтимол аст, ҷасди онҳо низ фиристода шаванд. Ҳамчунин бародари яке аз қурбониён, Умед Абдураҳмонов-Муҳаммадҷон Абдураҳмоновро низ сафорат аз ҳисоби худ ба Тоҷикистон мефиристад,- таъкид намуд сухангӯйи Сафорат.

Идораи нашрияи "Миллат" бар хонаводаҳои қурбониёни ин таркишҳо изҳори таслият мекунад.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97