СЕ ТОҶИК ДАР ТАРКИШҲОИ МАСКАВ ҶОНИ ХУДРО БОХТАНД

Сиёсат 30.03.2010 19:42

Бар асари силсилаи таркишҳое, ки субҳи 29 март дар метроҳои шаҳри Маскав рух дод, 38 нафар кушта шуд, ки дар ин миён 3 нафар шаҳрванди Тоҷикистон низ мебошанд. Бино ба иттилои Шоҳин Самадӣ, сухангӯйи Сафорати Тоҷикистон дар Русия, ин шаҳрвандони Тоҷикистон: Абдураҳмонов Умед Ҳусейнович, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Вахш, Қаршиев Нодирбек Очилдиев, соли таваллудаш 1986 ва Эшназаров Исломҷон Камолович, соли таваллудаш 1985-сокинони шаҳри Турсунзода мебошанд. Ҳамаватони дигари мо Назаров Ориё Ёсинович зодаи ш. Душанбе, соли таваллудаш 1984, дар беморхонаи ёрии таъчилии Склифосовский бар асари захмӣ шудан дар ин таркишҳо бистарӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 29-уми март дар се истгоҳи метрои Маскав инфиҷор рух дод, ки бар асари он 38 нафар ҷони худро аз даст дода, беш аз 95 нафар захм бардоштаанд.

Имрӯз дар Русия дар пайи ин таркишот, ки теъдоди зиёди кушта бар ҷой гузоштааст, рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Ҳамчунин Ҳукумати Русия барои осебдидагони ин инфиҷорот дар ҳаҷми 1 миллион рубл барои кушташудагон ва 500 ҳазор рубл барои захмиён ҷубронпулӣ ваъда кардааст.

Идораи нашрияи "Миллат" бар хонаводаҳои қурбониёни ин таркишҳо изҳори таслият арз мекунад.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97