"ҚАТОРСАНҶИШ" БО "УСУЛИ" ҲАМСОЯ Ва ё: Дар Аврупо ҳам ин "токтик" роиҷ аст?!...

Сиёсат 27.03.2010 16:08

Ҳар навъ роҳе набошад: хоҳ ҳавоӣ, баҳриву обӣ, хушкиву ба қавле "рӯизаминӣ" ҳам бошад имрӯз василаи равобит миёни давлатҳову халқҳост, ки аз он ба манфиати ҷонибҳо истифода мешавад. Магар давлате ҳаст, ки дар танҳоӣ, бе гузаштан аз марзу хоку обу ҳавои…кишвари дигаре ё ҳамсояаш истифода набурда, кору пешрафташро сомон бидиҳад?! Хоҳу нохоҳ бузургтарин давлате ҳам ба мисли Русиёву Амрико Чину Бритониё… низ бе истифодаи роҳи ҳавоӣ, заминӣ ва обии кишвари фавқе "оҷизу нотавон" хоҳад буд.

Барои мисол: Амрикои абарқудрат барои мададу ёрмандии нерӯҳояш дар Афғонистон аз хоки иддае аз давлатҳои ҳамҷавори ин кишвари ҷангзада тавассути роҳи ҳавоӣ ва заминӣ истифода мекунад, ки барои "ин кор" ҳатто метавонанд давлатҳои атроф иҷоза надиҳанд. Зеро ин "мадад" аз рӯи мақсади дигаре аст, на аз рӯи ноилоҷии ин кишвари пурқудрат…

"УСУЛИ" АВРУПОЁН ЧУН АСТ?!...

Ва ё кишварҳои зиёди қораи Аврупоро бигирем. Яке паси дигаре қарор доранду ҳамсояанд ва аз миёнашон ба ғайри роҳҳои дигар, роҳи мошингарду қатораӣ ҳам мавҷуд аст, ки тавассути ВАО аз мушкил доштан дар ин ростои ин кишварҳо нахонда ва нашунидаем. Пас, онҳо ҳамингуна роҳҳои оҳан ва мошиниро амри замону дунёи муосир пиндошта, яке намегӯяд, ки "аз хоки ман нагузар, ё инро барои гузаштанат бидеҳу онро"…Зеро оне, ки "ину он талаб мекунад" ва қатораҳоро бесабаб манъ ва санҷишу тафтиши беасос мекунад, худаш ҳам медонад, ки "ман ҳам аз хоки кишвари дигаре истифода мекунам, агар чунин бикунам, маро онҳо чӣ мегӯянду баҳрам чӣ иқдомоте мекунанд?!"….

Мо дар ин ҷода: роҳи нақлиётҳои ҳавоӣ, мошинраво ва оҳан бо ҳамсояҳоямон чӣ ҳолу аҳвол дорем?! Агарки бо ҳамсояи бузургамон давлати бо мо дӯсти Чин пайвасти роҳи мошинӣ дорем, алҳол мушкиле нашунидаем, ки беасос мошинҳои пурбори моро роҳ бигиранду ҳафтаҳо "хоб" бикунанд. Бо Афғонистон ҳам роҳи оҳан кунун надорем, вале мошинҳои ҳарду ҷониб дар равуоанд, агар мабод "тафтише" ҳам рух бидиҳад тӯлонӣ несту беасос… Агар дар ҷодаи гашту гарди мошинҳои ҷониби ду ҳамсоя-Тоҷикистону Қирғизистон ҳам аз усулҳои байналмиллалӣ кор гирифта намешуд, бовар доштем, ки "вокунише" дар ВАО ба назар мерасид. Вале бо ин ҳамсояи наздик ҳам "саддгузориии" беасосе камтар рух медиҳад. Мо гуфтанӣ нестем, ки бо ин се ҳамсоядавлати ба ёд овардаамон ҳама корҳо "ванг"-хуб асту проблеме нест. Мақомотҳои марбут ба ҷодаи сарҳаддорӣ, роҳу нақлиёти ин се кишвар худ беҳтар медонанд, ки чӣ мушкиле ҳаст ва роҳи ҳаллаш дар куҷост. Аммо бо бовар гуфта метавонем, ки мушкилоти роҳи нақлиётии мошинию оҳан ва ҳавоие, ки бо ҳамсояи Узбакистон дорем, бо ин се кишвари дӯст надорем. Ин чӣ мушкилот аст ва ба чӣ хотир роҳандозӣ мешавад, ки ба ҳеҷ қонуну қавоиди байналмиллал рост намеояд?! Оё давлатҳои яке пайи ҳам ҷогирифтаи Аврупо ва на танҳо аз ин гӯшаи олам, қатораҳои якдигарро ҳафтаҳо, моҳҳо бе ҳеҷ асосе боздошт мекунанду мусофирони қатораҳоро ба азобу уқубат гирифтор?!... Медонед, ки агар чунин мешуд, дар ин қитъаи пешрафтаи олам "чӣ шӯре" мешуду ғавғое! Оё кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Иттиҳоди Аврупо ё созмонҳои байналмиллали бонуфуз хабар надоранд, ки кишваре бо ном Узбакистон дар "роҳу нақлиёт" бо ҳамсояҳояш ва ба хусус Тоҷикистон "қонуну қои¬даҳои" нонавиштаро ҷорӣ кардааст?! Агар бидонанд, чаро хомӯшанду ба ин кишвари осиёӣ намегӯянд, ки: "ин қои¬даҳое, ки ту қабул кардаӣ-тафтишу боздошти нақлиётҳои ҳамсояаат бе ҳеҷ ҷурму гуноҳе, дар ҳеҷ гӯшаи олам "маъмул" ва қабулшуда набуду ҳанӯз ҳам нест. Оё худат ҳам аз хоку марзи кишвари дигаре бо ин усули нақлиётӣ-роҳи оҳан истифода намекунӣ ва агар ҳафтаҳо қаттораҳояту мошинҳоятро ҳам¬роҳ бо мусофиронашон: Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия ва кишвари дигаре тафтишу санҷиши беасосро ба мӯҳлати тӯлонӣ идома бидиҳад, чӣ мекардӣ ва ба куҷо шиква мебурдӣ?!… Барои ҳамсояаат-Точикистон, ки аз оби худододи худаш на танҳо барои худ, барои кулли минтақа "Роғун"-ро сохтан иқдом гирифтааст, ба куҷоҳое, ки арзу дод бурдан намехоҳӣ"…

Пас, чӣ ҳамсояро ин қадар "маҷбур" кардааст, ки аз ин "токтик" доман қапидааст?! Ин ба ҳеҷ касе пӯшида нест: мақсади давлати ҳамсоя дар ин қибол як чиз аст: рушду тараққии ҳамсояро нахостану беҳбудии рӯзгори мардумашро!...Оё Узбакистони ҳамсоя намедонад, ки ҳамммилатону ҳамтаборонаш дар Тоҷикистон кам нестанд ва боз бештар маҳз онҳо ба тиҷорату савдо ва истифода аз нақлиёти оҳан ҳавасманди истифода бурдананд?! Акнун мешунавад ва ё то ҳол намедонист?!

Тоҷикистони соҳибистиқлол бо вуҷуди солиёни тӯлонӣ дар ин ҷода ва амалҳои дигари ҳамсояааш ба мушкилот мувоҷҷеҳ гаштааст, вале шиквае ба созмон¬ҳои бонуфуз, аз ҷумлаи СММ ва Иттиҳоди Аврупо набурда, ки "бубинед, дар минтақа чӣ амалҳое сурат намегиранд"…

Дар кадом гӯшаи олам ва миёни кадом ҳамсоядавлатҳо бишнидаем, ки қатораҳояшро, ки молу мавод аз кишвари сеюм овардаанд, ҳамсояи "дарбадевораш" манъ кардаву гӯё тафтишу санҷиш мегузаронад ва ба муддати тӯлонӣ пеши роҳ мегирад?! Шояд дар он ҳолатҳое, ки сабабе пайдо шавад ва ба мӯҳлати каму муваққат. Вале Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлол гардиданаш қатораҳояш азоб доранд ва низ мусофирони бе ҳеҷ гуноҳе аз қатора берун намерафтааш… Охир, қаторае, ки аз давлатҳои Русия, Қазоқистон ё давлати дигаре ба Тоҷикистон бору муҳиммот барои мардум меорад, бо кадом асос боздошт мешудаасту ба мӯҳлати тӯлонӣ?! Магар боздоштгарон намедонанд ва ё то ин дараҷа сангдиланд, ки молу мавод вайрон шуда, сифаташ паст мешавад ва бар зарари ҷониби интиқолдиҳанда аст?! Пеши назар биоваред, агар он боздоштгари мошини мо ва ё қатораамон, ду кило гӯшти аз бозор харидааш мабодо вайрон шавад ва ё бӯй гирад, ба кадом аҳвол гирифтор мешавад?! Магар саргарангу дилбеҳузур намешавад барои ду кило гӯшт?!! Пас, наход даҳҳо тонна молу маводи мавриди ниёзи аввалияи мардуми ҳамсояаатро боздошт бикуниву "мижаат таҳ нахурад"…Инро чӣ мегӯянд?! "Миллати мусулмон, ҳамсоядорӣ, рафтору кирдори накӯ, ҷавонмардӣ, миллати башардӯст?!"….

Ҳарчи бигӯем, зиндагӣ худ баҳо медиҳад ва таърих гувоҳ аст. Гувоҳ аст, ки "ҳамсоя агар вафо кунад, хеши ман аст"…

БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД!...

Пас, чораи халосӣ аз "ин ночорӣ" куҷост?! Ва агар аз ин "усули" ҳамсояҳо, ба қавле ҷилавгирӣ накунем, оё имкон надорад, ки ба ҳамсоякишварҳои дигаре "сироят" бикунад?! Мисли мӯде, ки агар дар як гушаи олам "ҷило" дод, фардо ҷилояш аз гӯшаи дигари олам падидор аст. Ҳошо, ки ин гуна "усулҳои қатораӣ" дар ҳеҷ гушаи дигари олам "чашмак" назанад, ки бар суди ҳамсояҳо ва мардумони онҳо нест!

Кӣ метавонад ин "усулҳои нораворо" танзим бикунад, аз онҳо ҷилавгирӣ намояд то ҷавобгӯи меъёрҳои байналмиллал бигарданд?! СММ, Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳое ба мисоли: Русия, Амрико, Чину Бритониё…, ки нуфузашон дар олами муосир рӯшан аст ва ҳарфи онҳо аввалтар бошад! Ин ниҳодҳои номбаршуда қудрату нуфуз доранд то аз ҳар гуна "усулҳои норавои" зиёновар пешгирӣ бикунанд.

Дунёи муосир бо дастовард¬ҳои навини бар суди инсонҳо овардааш, аз асри 9-ву 10 ва асри сангин тафовут дорад ва имрӯз ҳеҷ давлате дар танҳоӣ, бо он ҳама тавоноиаш пешрафта ва тараққӣ карда натавонад, минҷумла, Тоҷикистону Узбакистон…ҳам. Зеро роҳҳо ҳаргунае набошанд аз дили ҳар кишваре ба кишвари дигаре мегузаранд ва рисолаташон ҳам суд овардан ба ҳар давлате буду ҳаст. Бастани роҳҳову аз усулҳои ғайр кор гирифтан, танҳо зиён тавлид шаваду рахна ба дӯстиву ҳамбастагии халқ¬ҳо ва кишварҳо овардан.

Аминем, ки давлати ҳамсояи Узбакистон ҳам дар дунёи пешрафти имрӯза рӯзгор ба сар дораду хоҳони пешрафт аст ва мекӯшад, ки бо ҳамсояҳояш дар робитаи ҳасана бошад то рӯзгори мардумонаш шукуфотар бигардад!

Кор гирифтани "тронзити гози" Русия ба Аврупо аз сӯи Укроин чӣ пайёмаде ба худи "ин коргир" овард ва давлатҳои аврупоӣ аз чӣ усулҳое, ки истифода набурданд, ҳамагон бохабарем! …Ва давлатҳои хайрхоҳ бояд бидонанд, ки ҳалли ҳамин гуна "ҳамсоядорӣ" танҳо дар ҳамбастагӣ ва ҳусни тафоҳум некрӯзиро ба бор овараду бас!...

Беҳуда дами дари пештоқи СММ нанавиштаанд, ки:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд!...

Мо ҳамсояҳо низ аз ин зумраем!...


Неъматуллои НУРУЛЛО,
рӯзноманигор
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97