МАТБУОТ ВА НИЗОМИ СИЁСӢ

Сиёсат 24.03.2010 14:39

МАСЪАЛАИ БАҲСИ МАТБУОТИ МИЛЛӢ

Оё дар Тоҷикистон аз оғози истиқлолият то кунун матбуоти миллӣ ташаккул ёфтааст? Масъалаи ташкил ва ташаккули матбуоти миллӣ дар Тоҷикистон то имрӯз мавриди баҳс қарор дорад. Дар журналистика ченаки махсусе, ки матбуоти миллӣ бар ососи он арзиш дода шаванд вуҷуд надорад. Аммо аксари матбуоти Тоҷикистон ҳамеша даъвӣ бар матбуоти умумимиллӣ доранд. Дар воқеъ матбуоти мо, то расидан ба сатҳи як нашрияи умумимиллие, ки тавониста бошад мавриди баррассӣ ва пазириши ҳамагӣ қарор гирад хеле роҳи дигарро бояд тай намояд.

Матбуоти аввали солҳои истиқлол ҳарчанд, ки намунаи аввалини ташаккулёби матбуоти миллии моро ташкил мекунанд, натавонистанд, ки ҳамчун нашрияҳои сатҳи миллӣ шӯҳрат ёбанд ва ин ҳам чанд сабаб дошт:

1.Шароит ва фазое, ки онҳо ба вуҷуд омада буданд аз нигоҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ хеле муташанниҷ буд ва онҳо рисолати як воситаи ахбори миллиро иҷро карда натвонистанд;

2.Матбуоти ин солҳо вобаста ба мавзеъгириашон эътибори гуногун пайдо карданд. Яъне барои як тараф маҳбуб буданд ва барои тарафи дигар тамоман номақбул. Чунин тарзи шинохт барои эътибори умумимиллӣ пайдо кардани онҳо халалҳои ҷиддӣ мерасонид;

3.Шароит ва ташаннуҷи сиёсӣ имкон надод, ки онҳо ба сифати як ниҳоди иҷтимоӣ таъсиргузор шакл гиранд ва аксари онҳо бо дахолати сиёсӣ ва ё фишоровариҳо баста шуданд ё ин ки ба буҳрони эҷодӣ расиданд;

4.Давраи фаъолияти онҳо хеле кӯтоҳ буд ва мавҷудият дар чунин як фосилаи маҳдуди таърихӣ имкон надод, ки пояҳои институтсионалии онҳо устувор гардад;

5. Матбуоти давлатие, ки дар ин солҳо вуҷуд дошт ё ба вуҷуд омад ва то имрӯз вуҷуд доранд нуфузи зиёд надоранд.

Дар ҳоли ҳозир матбуоти Тоҷикистон барои шакл гирифтан ба сифати матбуоти миллӣ ҷаҳд доранд. Албатта, тақозои ҷомеаи демократӣ ҳаст, ки бояд матбуоти аз нигоҳи моликият гуногун вуҷуд дошта бошанд. Аммо матбуоте, ки мо онро дар контексти матбуоти миллӣ арзёбӣ кардан мехоҳем бояд ба чанд талабот посух гуфта тавонанд;

1. Давлат ва ҳукумат бояд онҳоро ба сифати як институти фаъол ва таъсиргузори ҷомеа бишиносанд. Дар ҳоле, ки матбуоти мо бо шумораи ками аҳоли дар тамоси ҳастанд ин чиз барои ҳукумати иҷроия қобили ташвиш нест ва нақши онҳо дар идоракунии ҷомеа хеле камранг мебошад.

2. Масъалаҳои миллӣ ва давлатсозӣ дар онҳо бояд мавриди баҳс ва таҳлилҳои амиқи коршиносон ва рӯзноманигорон қарор бигиранд;

4. Аз нигоҳи ҷуғрофиёи паҳншавӣ бояд тамоми қаламрави кишварро фарогир бошанд, ки ин имкон диҳад то онҳо барои ташаккул ва савқ додани афкори оммавӣ таъсир дошта бошанд;

5. Низоми идории муосир дошта бошанд. Истиқлоли иқтисодӣ барои матбуоти миллӣ хеле муҳим мебошад ва дар шароите, ки журналистика ба сифати як сохтори тиҷоратӣ дар тамоми дунё мавқеъ ва нуфузи бештар пайдо мекунад, масъалаи менеҷменти матбуот маҳаки асосӣ мегардад;

6. Тираж ё ададаи нашри матбуоте, ки ба сифати нашрияи умумимиллӣ баромад кардан мехоҳад, дар Тоҷикистон набояд камтар аз 50 ҳазор бошад (ин ҳам барои марҳилаи аввал), зеро фарогирии қисмати бештари аҳолӣ нуфузи онҳоро афзоиш медиҳад;

7. Шабакаи мухбирон бояд дар матбуоти сатҳи миллӣ вуҷуд дошта бошад. Тавозуни инъикоси проблемаҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бе доштани шабакаи васеи мухбирон дар аксарияти манотиқи кишвар имконнопазир ҳаст.

Бо назардошти ин авомил матбуоти имрӯзи Тоҷикистон ҳанӯз ба дараҷаи матбуоти миллӣ нарсидаанд. Яъне агар теъдоди нашри матбуоти русзабони Тоҷикистон нисбат ба матбуоти тоҷикзабон бештар ҳаст, онҳо аслан ҳадафҳои тиҷоратӣ доранд. Барои инъикоси проблемаҳои миллӣ таваҷҷуҳ камтар мекунад ва мухолифати муносибатро ба вуҷуд овардан намехоҳанд. Ин гуна муносибат ба бизнеси онҳо таъсир мерасонад ва мувофиқи қонунҳои бозори иттилоотӣ онҳо аз инъикоси масълаҳои ҳалталаби миллӣ ва давлатӣ канорагирӣ мекунанд. Аз ҷониби дигар дар матбуоти русзабони Тоҷикистон бештар нафароне кор мекунанд, ки ҳувияти миллиашон камтар ҳаст. Ин омил сабаб мешавад, ки онҳо дар матбуот ба сифати як бизнесмен баромад кунанд. Матбуоти тоҷикӣ ё тоҷикзабон бошанд дар паҳлӯйи ҳадафҳои тиҷоратӣ ҳадафҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ доранд. Онҳо бештар дар бозори иттилоотӣ аз роҳи ворид кардани иттилооти сиёсӣ ворид шудан мехоҳанд, аммо проблемаҳои иқтисодӣ имкон намедиҳад, ки ин мавзеъгириашонро дифоъ кунанд ё устуворона идома диҳанд. Аз ҷониби дигар ҳукумати иҷроия ва мақомоти дигари давлатӣ дар симои матбуоти ба истилоҳ мустақил як унсури ҷомеаи шаҳрвандиро намебинанд, балки ба он бештар ба як қудрати мухолиф муносибат мекунанд. Матбуоти давлатӣ бошад барои онҳо ҳамчун як "нафари худӣ" мебошанд. Яъне матбуоти давлатӣ дар ҳама гуна маворид аз онҳо ба сифати мақоми давлатӣ ҳимоят мекунанд, ки ин мухолифи принсипҳои журналистикаи демократӣ мебошанд. Ҳоло он ки гап сари мушкилоти ҷомеа меравад ва матбуот новобаста аз шакли моликият проблемаро инъикос кунад ва сабабгори проблема будани мақоми давлатиро бо дар ихтиёри хонанда гузоштани маълумот нишон диҳанд. Фаъолияти камранги мақомотро "хеле хуб" нишон додани матбуот ё воситаҳои ахбори омма хоси кишварҳоест, ки низоми сиёсиашон ғайри демократӣ: тотолитарӣ ё авторитарист.

МУАММОҲО ВА ЗАРФИЯТИ КУНУНИИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Мавҷудияти проблемаҳои касбият, кризиси кадрӣ, низоми ғайримуқаррарии идорӣ, мушкилоти шадиди иқтисодӣ, шумораи ками адади нашр ва омилҳои дигар имкон намедиҳанд, ки зарфиятҳои матбуоти муосири тоҷик самаранок истифода шаванд. Пеш аз ҳама матбуоти муосири тоҷик ба сифати як сохтори тиҷоратӣ мавқеъ надоранд. Бештари онҳо ба фурӯши газета иктифоъ мекунанд, ки ин наметавонад истиқлоли иқтисодии онҳоро таъмин кунад. Ташаккул наёфтани бозори реклама дар матбуоти муосири тоҷик нишонаи он аст, ки сохторҳои тиҷоратӣ нақши онҳор дар ташаккули афкор оммавӣ камранг ё беранг медонанд. Яъне онҳо то ҳанӯз барои истифодаи зарфиятҳояшон пояҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ надоранд. Аз ҷониби дигар, дар матбуоти мо проблемаи касбият ба таври ҷиддӣ эҳсос мешавад. Пеш аз ҳама риоя нашудани принсипҳои универсалии журналистика ва ё ба эътибор нагрифтани онҳо, сатҳи матлабҳои матбуотиро хеле поин бурдааст. Дар шароите, ки журналистика чун як низоми тиҷоратӣ рӯз то рӯз мавқеи бештар пайдо мекунад ва сифати мол аз нигоҳи касбӣ ҷавобгӯйи талаботи бозор нест, таъсири манфии ин ба имиҷ ва рушди матбуот мерасад.

Бар асари камии ҳақмузд, ҷалб нашудани кадрҳои бомаҳорат бӯҳрони кадриро дар матбуот ба вуҷуд меорад. Яъне аксари матбуоти Тоҷикистон аз 5 коргари штатӣ бештар надоранд. Ин имкон намедиҳад, ки матлабҳои муаллифӣ ва ё мавқеи худи идораи нашрия дар мавриди мушкилоти ҷомеа мушаххас гардад. Яъне аз нигоҳи ақлонӣ ва иқтисодӣ матбуоти муосири Тоҷикистон зарфитҳои муҳимеро дар ихтиёр надоранд. Чунин мушкилот имконияти амалигардонии ҳадафҳои матбуотро чун як институти иҷтимоӣ ё сиёсӣ душвор мегардонад.

МАТБУОТИ ТОҶИК ВА ҚУДРАТИ СИЁСӢ

Асоситарин унсури муайнкунандаи равобити матбуот ба қудрати сиёсӣ масъалаи озодии сухан ё озодии матбуот мебошад. Дар Тоҷикистон аз дидгоҳи ҳуқуқӣ озоди матбуот вуҷуд дорад. Конститутсия ва қонун "Дар бораи матбуот ва дигар ВАО" заминаҳои юридикии озодии баёнро кафолат медиҳанд. Пеш аз ҳама сензураи давлатӣ вуҷуд надорад. Аммо муносибати матбуот бо қудрати сиёсӣ ва ё ҳукумати иҷроия танҳо аз ҳамин нигоҳ арзёбӣ намешавад. Пеш аз ҳама назарияи озодии матбуот озодии онро аз ҳокимияти иҷроия дар назар дорад. Дар Тоҷикистон ҳарчанд, ки матбуоти мустақил вуҷуд дорад, дар баробари ин ҳокимияти иҷроя низ матбуоти худро дорад ва то ҳатто матбуоти давлатӣ имтиёзҳои бештареро нисбатан доро мебошанд. Масъалан, обунаи ҳатмии онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва дастрасии бе мамониати онҳо ба сарчашмаҳои иттилоъ ва аз ҳисоби фонди дотатсионии давлатӣ фаъолият кардани онҳо. Мавҷудияти ин авомил муносибати матбуоти мустақилро ба қудрати сиёсӣ ба восита мекунад. Пеш аз ҳама ҳокимияти иҷроия ва ё мақомоти давлатӣ муносибати худро аз роҳи матбуоти давлатӣ бо матбуоти мустақил муайян менамоянд. Яъне ҳокимият ё қудрати сиёсӣ худро масъули вокуниши матлабҳои таҳлиливу танқидии матбуот ё дигар воситаҳои ахбори омма ҳисоб мекунад, балки матбуоти давлатиро чун як шохаи зертобеъаш дар ин радиф масъул медонад. Ин шакли муносибат иртиботи матбуотро ба қудрати сиёсӣ хеле заиф менамояд. Аз ҷониби дигар принсипи ҳокимияти чорум будани ВАО талаб мекунад, ки набояд матбуоти давлатӣ вуҷуд дошта бошанд. Зеро мувофиқи назарияи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳокимияти чорум будани ВАО, матбуот чун дигар шохаҳои ҳокимият бояд мустақил бошад ва барои пешрафти ҷомеа аз имконот ва зарфиятҳояш истифода барад. Принсипи таҷзияи ҳокимият дар ҳуқуқшиносӣ ва сиёсат, аслан се шохаи ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судиро эътироф мекунаду халос. Воситаҳои ахбори омма ба сифати як шохаи мустақили ҳокимият эътироф нашудаанд ва аз нигоҳи мо низ заминаҳои ҳуқуқии ин эътироф вуҷуд надоранд. Аммо дар мисоли Тоҷикистон сареҳан гуфтан мумкин ҳаст, ки ВАО чун ҳокимияти чорум шакл нагирифтаанд. Барои ин пеш аз ҳам бояд ВАО-давлатӣ вуҷуд надошта бошанд, зеро мувофиқи принсипи таҷзияи ҳокимият набояд назорати як шохаи ҳокимият аз ҷониби шохаи дигари ҳокимият вуҷуд дошта бошад. Вақте ки дар Тоҷикистон ВАО-и давлатӣ вуҷуд доранд ва назорати як шохаи ҳокимият-ҳокимияти иҷроия аз болои онҳо асоси қонунӣ дорад, ҳанӯз дар бораи ҳокимияти чорум будани ВАО ё матбуот дар Тоҷикистон сухан гуфтан барвақт ҳаст. Аз ин нигоҳ, гуфтан мумкин ҳаст, ки ду намуди иртиботи матубот ба қудрати сиёсӣ ё ҳокимияти иҷроия вуҷуд дорад; якум матбуот ҳамчун институти иҷтимоии баробарвазни ҳокимият, ки масъулиятро аз роҳи фош кардани низоми идорӣ ва камбудиҳо болои ҳокимияти иҷроия бор мекунад. Дуввум матбуот ҳамчун як ниҳоди давлатӣ, ки бештар барои дастгирии иттилотӣ ё ташвиқи хостаҳои ҳокимияти иҷрои хидмат мерасонад.

Аммо дар як соли ахир ҳокимияти иҷроия дар Тоҷикистон барои ташаккули матбуот ва афзудани таъсири он дар ҷомеа иқдомоти аҷиберо амалӣ кард, ки ин робитаи матбуотро ба қудрати сиёсӣ наздиктар намуд (мисоли барҷастааш фармони 622-и Президент). Аз тарафи дигар матбуоти мустақил низ зарфиятҳои худро барои иртиботи мустақим ба қудрати сиёсӣ истифода бурда истодааст. Пеш аз ҳама матбуоти мустақил дар ду маврид аз мавқейи ҳукумати кишвар ба маврид дифоъ намуд. Якум дар масъалаи муносибати Русия ба дурнамои рушди энергетика дар Тоҷикистон. Аввалин шуда ҳафтаномаи "Миллат" дар соли 2006 баҳси онро гузошта буд, ки НОБ "Роғун" бояд бо сармояи ҷониби Тоҷикистон сохта шавад ва ҳамчун моликияти кишвар боқӣ монад. Инро дар ҳамун шабу рӯз як мавқеи нодурусти нашрия шарҳ доданд ва аммо имрӯз собит шуд, ки он як назари дуруст будааст ва то ҳатто Ҳукумати Тоҷикистон ба натиҷа расид ва ин идеяи "Миллат"-ро дастгирӣ намуд. Мисоли дигар матбуоти Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Русияро баъди сафари президенти он дар соли гузашта ба Тошканд мавриди интиқод қарор гирифтанд, ки ин бевосита ҳимоят аз манфиатҳои миллии мо буд. Мавриди дигар ҳимояи огоҳона ва бамавқеи матбуоти Тоҷикистон дар масъалаи сохтмони Роғун ва баҳсҳои обии Осиёи Марказӣ мебошад. Ба назари мо ин робитаи матбуотро дар Тоҷикистон ба қудрати сиёсӣ наздиктар мекунад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то куҷо худи ҳокимияти иҷроия матбуотро ба сифати як ҳамкор ё қудрат эътироф мекунанд.

НАҚШИ МАТБУОТ ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ СИЁСИИ ҶОМЕА

Таъсири бевоситаи матбуоти ба сатҳи ҷаҳонбинӣ ва мавқегирии шаҳрвандони кишвар; фаъол сохтани ҷомеа ва дарёфти имконотҳои дохилаи он аз рисолати матбуот бояд бошанд. Матбуот дар ҷомеи демократӣ бояд аз ин имконоташ истифода барад. Дар мисоли Тоҷикистон ин зарфият то куҷо истифода мешавад, хеле баҳснок мебошад. Хоҳу нохоҳ нақши матбуот ҳамчун бавуҷудоварандаи комуникатсияи сиёсӣ беназир мебошад. Матбуот ҳамчун ташаккулдиҳандаи шуури сиёсии мардум ва ё шахс ҳамин имкониятро дар ихтиёр дорад. Аммо аз сабаби он ки таъсири имрӯзии матбуоти тоҷик дар маҷмӯъ ба фарҳанги сиёсии мардум камтар ҳаст. Пеш аз ҳама ин чанд сабаб дорад. Аввал ин ки майли мардум ба рӯзномаҳо камтар мебошад. Яъне шумораи мардуми рӯзномахон хеле кам ҳаст ва ин таъсири онро камранг мегардонад. Аз ҷониби дигар барои бедор кардани таваҷҷуҳи аҳолӣ матбуоти мо бояд технологияҳои гуногунро истифода баранд. Дар сурати анҷом дода натавонистани ҳамин нақш, онҳо барои мавқеъгириҳои шаҳрвандии аҳолӣ камтар таъсир мегузоранд. Агар матбуот тавонад, ки ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги сиёсиии аҳолиро ба сӯйи беҳбудӣ тавсеа бахшад ва шуури сиёсии онҳоро ташаккул диҳад, пас мардум аз роҳи фарҳанги сиёсӣ ҳокимияти иҷроия ва сохторҳои дигари ҷомеаро барои фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ "маҷбур" менамоянд ё ҳукумат вобаста ба дарарҷаи бедории сиёсии мардум масъулияти худро бештар эҳсос ва иҷро мекунад.

РАВОБИТИ МАТБУОТ БО СИЁСАТИ ВОҚЕӢ

Сатҳи муносибатҳои кунунии сохторҳои давлатӣ бо матбуот чӣ гуна аст? То чӣ андоза онҳо аз рисолати ҳамдигар бохабаранд ва то чӣ андоза ба ҳам таъсир мерасонанд? Инъикоси воқеияти сиёсӣ дар матбуот чӣ гуна сурат мегирад, бояд суолҳое бошанд, ки ҳар нашрияи даъвии сатҳи умумимиллӣ мекарда ба онҳо ҷавоб гуфта тавонад. Пеш аз ҳама муносибати сохторҳои давлатӣ ба матбуот дар Тоҷикистон ба таври мусбат камтар вуҷуд дорад. Сохторҳои давлатӣ дар симои матбуоти мустақил як нафари мухолифи худро мебинанд, ки ин шинохти демократии матбуотро зери суол мегузорад. Албатта, дар ҷаҳони мудерн исқлоли матбуот зидди давлат будан нест, балки рисолати матбуот он ҳаст, ки дар мавриди нодурустиҳои ҳукумат ва ҳар ниҳоди дигари иҷтимоӣ мавзеъгирӣ кунад. Аммо ҳамин мазеъгириҳоро баъзан сохторҳои давлатӣ ба сифати як навъ мухолифат мепазиранд. Дар баъзе маврид матбуот худро чун мухолифи ин сохторҳо нишон додани мешаванд. Дар ҷомеаи демократӣ рисолати матбуот дар хизмати мардум будан ҳаст ва бояд ҳокимият ва сохторҳои давлатиро маҷбур (бо востиаи анҷом додани рисолати касбӣ) кунад, ки барои иҷро кардани масъулияташон дар назди мардум (дар ҷомеаи демократӣ мардум ифодакунандаи асосии ҳокимият мебошанд) "ҳисобот" диҳанд. Баъзан аз надонистани рисолати якдигар онҳо (матбуот ва сохторҳои давлатӣ)-ро ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд. Аз ҷумла бештари ҳолоти судӣ миёни матбуот ва сохторҳо аз ҳамин пайдо мешаванд. Сохторҳи давлатӣ дахолати бевоситаи матбуотро ба инъикоси мушкил ва фош кардани фаъолияти онҳо намепазиранд, ки ин хоси ҷомеаи демократӣ нест.

Ҷуръати матбуоти мо барои инъикоси воқеияти сиёсӣ бар асоси шароит ва авзои сиёсӣ камттар ҳаст. Албатта дар замоне, ки қудрати сиёсӣ дар кораш мушкил дорад камтар мехоҳад, ки бо матбуот ҳамкорӣ кунад. Канорагирии сохторҳои давлатӣ аз ҳамкорӣ бо матбуот инъикоси воқеияти сиёсиро мушкил мекунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки матбуот воқеияти сиёсиро дар асоси вуҷуд доштани шароити "хуб" амалӣ намояд. Балки бояд матбуот каналҳои қонунуни ҷамъоварӣ ва инъикоси воқеияти сиёсиро коркард ва истифода барад. Агар ҳукумати иҷроия ва сохторҳои дигари давлатӣ барои инъикоси воқеияти сиёсӣ манфиатдор набошанд, пас дар инҷо фосилагирии матбуот ва ҳокимият пайдо мешавад, ки на ҳамеша пайомадҳои мусбат ба дунбол дорад. Дар ин маврид матбуот барои ошкор кардани камбуду нақси он роҳҳо дигарро ҷустуҷӯ мекунад, ки ин масъалаи озодии баён ва меъёри конститутсионӣ будани орнро шубҳанок мегардонад.

МАТБУОТИ ВА АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ

Агар мо матбуоти Тоҷикистонро зимни инъикоси масъалаҳои глобалӣ дар контексти матбуоти миллӣ баррасӣ кунем он чӣ нақше дошта метавонад? Дар шароти тезу тунд гаштани муносибатҳои ҷаҳонӣ ВАО, бахусус, матбуот ба таври дигар вазифадоранд, ки моро аз таҷовузи иттилоотӣ ҳифз намоянд. Васоити ахбори оммаи давлатӣ ҳамчун ҳамоҳангсози сиёсати иттилоотии Ҳукумати Тоҷикистон бояд ин масъулиятро бештар иҷро кунанд. Аммо бо вуҷуди доштаи шумораи зиёди расонаҳо ҳанӯз ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ахборро дар сарчашмаҳо - ВАО-и хориҷӣ суроғ мекунанд. Ин нишонаи он аст, ки маҳсулоти воридкардаи расонаҳои дохилӣ ба талаботи харидор ҷавобгӯй нестанд. Сифати ин маҳсулоти ба бозори иттилоотӣ таъсири манфӣ мерасонад ва таъсир ба амнияти миллии мо таҳдид мекунад.

Матбуоти миллӣ ҳамчун низоми асосии ҳимоякунандаи амнияти иттилоотӣ, арзишҳои миллӣ, асосҳои давлати миллӣ ва манфиатҳои миллӣ бояд баромад кунад. Пеш аз ҳама бояд кормандони матбуот арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои миллиро шиносанд, ки чистанд? Дар сурати шинохта натвонистани онҳо, масъалаи амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ зери суол қарор мегирад. Барои ин, албатта, фароҳам кардани шароити мусоид лозим ҳаст. Бояд низоми сиёсӣ барои нақши матбуот дар пешрафту устувории давлатдории миллӣ имкониат фароҳам оварад. Низоми сиёсии Тоҷикистон аз нигоҳи қонун шароити демократии фаъолияти матбуотро таъмин менамояд, аммо воқеияти амалӣ нишон медиҳад, ки унсурҳои дигари системаи сиёсии ҷомеа, пеш аз ҳама мақомоти давлатӣ ба рушди матбуот монеъ мешаванд. Мисоли барҷастааш дар чанд моҳи ахир ба суд кашидани нашрияҳо ва асосан, аз ҷониби мақомоти давлатӣ. Шароити ғайриформалии монеъшавии унсурҳои системаи сиёсӣ низ дида мешавад. Ҳамаи ин барои матбуот халал ворид мекунанд ва он наметавонад ҳамчунин институти иҷтимоию сиёсӣ таъсири бештар дошта бошад. Вақте ки матбуот аз ҷониби унсурҳои системаи сиёсӣ эътибор ё эътирофро эҳсос намекунад ва мақомоти маъмурию давлатӣ дар симои матбуот як шарики худ ва асоситарин унсури ҷомеаи шаҳрвандиро намебинанд, пас ин тарзи муносибат ба амнияти иттилоотии мо ва дар маҷмӯъ ба амнияти миллиамон хатар дорад.


Иршод СУЛАЙМОНӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97