М. КАБИРӢ: БО САБРУ ТАҲАММУЛ БОШЕД!

Сиёсат 12.03.2010 15:37

Муҳиддин Кабирӣ, Раиси ҲНИТ дар маҷлиси фаъолони ҳизбаш, эълом дошт, ки ҲНИТ аз узвияти Шӯрои Ҷамъиятӣ хориҷ хоҳад шуд. Муҳиддин Кабирӣ ин тасмими ҲНИТ-ро дар ношаффоф ва ғайридемократӣ гузаштани интихоботи порлумонии 28-уми феврали соли равон маънидод кард. Дар ин маҷлис Муҳиддин Кабирӣ ҳамаи аъзои ҳизб ва раъйдодагонро ба сабру таҳаммул даъват кард ва гуфт, аз 1 марти соли ҷорӣ мо таёрии ҷиддиро ба интихоботи соли 2015 оғоз кардем.

Дар маҷлиси фаъолони ҲНИТ, ки зиёда аз 800 нафар иштирок дошт, Кабирӣ аз ҳамаи раъйдиҳандагоне, ки ба ҷонибдории ҳизб овоз додаанд ва ҳамаи нозирони ҳизбӣ, таблиғгарон, ки аз рӯзи аввали маъракаи интихоботӣ фаъол буданд, изҳори миннатдорӣ кард ва гуфт: "Ин интихобот нишон дод, ки ин миллат зинда аст. Андешаи озодӣ, андешаи истиқлол, худшиносӣ ва худошиносӣ, ки ҷавҳари ин миллат аст, ҳеҷ кас ба воситаи тақаллубу зулму хиёнат ин дастовардҳову фитрати миллати моро аз байн бурда наметавонад. ҲНИТ худро хидматгори миллат ва мардум дониста буд ва хоҳад донист. Ин интихобот бо пирӯзии ҲНИТ анҷом ёфт. Мо дар ҳама ҷабҳаҳо бо ин ҳизб пирӯзиро ба даст овардем. Муҳимтарин дастоварди мо ба даст овардани қалбҳои мардум буд".

Ӯ инчунин афзуд: "ҲНИТ дар ин интихобот барои худ саҳифаҳои навро боз кард. Мо ҳазорҳо душманоне доштем, ки ба дӯст табдил шуданд. Ҳазорҳо мардуме буданд, ки ба мо майл надоштанд, тарафдор шуданд. Ҳазорҳо бетарафе буданд, ки ба тарафдор табдил шуданд ва ҳатто рақибоне буданд, ки дар замирашон мубориза алайҳи зулм вуҷуд дошт, агарчи бо мо дар рақобат буданд, сӯйи мо майл карданд. Ин интихобот барои мо нишон дод, ки ҳизби мо аз як неруе, ки ҳамеша дар ҳошия буд ба як неруи мардумӣ ва саросарӣ дар кишвар табдил шуд. Ҳамагон интизор доштанд, ки дар идомаи он инқилобҳое, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ дар натиҷаи интихоботҳо рух доданд, баъзеҳо таҳлил мекарданд ва ҳатто тарс доштанд, ки дар Тоҷикистон чи инқилобе, бо кадом ранге, бо кадом номе анҷом хоҳад шуд.(?) Мо, ки аз корбурдҳои нав ва муосири интихоботӣ истифода кардем, дар зеҳни баъзеҳо ин андеша пайдо шуд. Вале қаблтар эълом карда будем, ки ҲНИТ ҳеч гоҳ ҷонибдори инқилобҳои кӯчагӣ нест, вале мо ҳатман тарафдорӣ аз инқилобҳои фикрӣ кардаем ва мекунем. Ва дар интихоботи соли 2010 мо як инқилоб кардем. Инқилобе, ки ранг надорад, инқилобе, ки ҳанӯз ном надорад. Ин инқилоб инқилоби қалбҳо буд. Ин инқилобе буд, ки на дар кӯча, на дар хиёбон, балки дар қалбҳо ва зеҳни мардум иҷро шуд. Ин инқилоб аллакай анҷом шуд. Месазад ин инқилоби моро инқилоби қалбҳо ном монд. Калимаи инқилоб ва тақаллуб аз як реша аст. Мо тавассути инқилоб қалбҳоро дарёфтем ва онҳо тавассути тақаллуб қалбҳоро шикастанд. Инак вазифаи як ҳизби мардумӣ он аст, ки тавассути қалбҳо тамоси худро бо мардум ҳифз кунад ва идома диҳад".

Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди масъулони интихобот чунин гуфт: "ҲНИТ аз масъулини интихобот, ки амонати мардум дар гарданашон буд, гиламанд нест. Ҳар касе, ки дар интихобот даст дошт, раъйи мардумро тақаллуб кард, мо онҳоро бахшидаем. Онҳо маъзуранд, зеро тақдири интихобот дар дасти эшон набуд, ҷойи дигар ҳаллу фасл шуда буд. Вале мо афсӯс мехӯрем, ки ин гуна аз мардуми шарифи мо омӯзгорон, табибон, шахсиятҳои фаъоли ҷомеъа табдил ба як василаи сиёсие шудаанд, ки аз тариқи онҳо ин хиёнат ва қонуншиканиҳо анҷом ёфт. Онҳо маъзуранд ва аксари онҳо чорае надоштанд. Вале мо умед дорем, ки ин қонуншиканӣ, иштибоҳи кардаашонро дарк хоҳанд кард ва танҳо метавонанд бахшиши гуноҳҳои худро аз Худованд талаб кунанд. Ин як амри муҳиме аст, барои онҳое, ки имон ба Худо ва эътиқод ба рӯзи қиёмат доранд. ҲНИТ узри онҳоро қабул дорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо дар муқобили қонуншиканиҳо хомӯш бошем. Мо шахсан аз ҳар фарди онҳо гиламанд нестем. Мо аз систем, ниҳод ва як низоми интихоботие гиламанд ҳастем, ки ҳамватанони моро дар ҳолати душвор ва хиҷолат қарор доданд. Муҳимтарин нуктае, ки ҲНИТ болои он фикр дорад, ин муайян намудани мавқеи мо дар муносибатҳо бо Ҳукумат ва роҳбарияти кишвар аст. Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки баъзе масъулини давлатӣ, ҳатто дар сатҳи баланд манфиати давлатӣ ва миллиро нодида мегиранд…".

Вай нисбат ба ваъдаи шаффофу демократӣ чунин гуфт: "Ман шахсан ба ин ваъдаи самимона боварӣ кардам. Ва ҳоло ҳам умед дорам, ки ин ваъда самимона дода шуда буд. Акнун онҳое шак доранд, онҳоро бояд мутақоид кард, ки кӣ ин ваъдаро шикаст.(?) Агар ваъда шикаста шуд, бояд ваъдахилоф ва ваъдашикан ҷазо бигирад. Моро мутақоид накунед, онҳоеро мутақоид кунед, ки моро овоз додаанд. Онҳоро бояд мутақоид созанд, ки интихобот шаффофу демократӣ гузашт. Барои ин ваъдаро додан ҷасорат лозим буд, сипас барои эътирофи иштибоҳот ҷасорати дигар лозим аст...".

Ӯ дар мавриди кӯмаки пайдо кардани тақаллубҳо гуфт, агар даркор бошад садҳову ҳазорҳо санаду далелҳо дорем, ки пешниҳод кунем, то ин хиёнатҳо ошкор шаванд ва ин масъулият аз дӯши роҳбарияти кишвар бардошта шавад ва дӯши онҳое, ки ин амалро анҷом додаанд гузошта шавад...

Раҳбари ҲНИТ онҳоеро, ки ваколати вакилиро гирифтаанд табрик гуфт ва қайд кард, ки баъзе аз онҳо фаромӯш накунанд, ки он курсие менишинанд ва он ваколате доранд, моли дигарон аст, ки тасодуфану иштибоҳан ба онҳо афтод...

Инчунин ӯ ба таъкид расонд, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷудӣ аз роҳи қонун кор хоҳад гирифт ва мардумро ба шикебоӣ дар муқобили душворҳо фаро хонд.


У. ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97