ЧАШМАНДОЗЕ БА АҲЗОБИ СИЁСИИ КИШВАР

Сиёсат 05.03.2010 15:43

ҲИЗБИ КОММУНИСТИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) вориси Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравии пешин аст. Ҳамзамон бо фурӯ¬пошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 Ҳизби коммунисти Тоҷикистон монанд ба дигар меросбарони Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯра¬вӣ дар ҷумҳуриҳои ҷудогона ба бозсозии созмонӣ водор шуд. Баҳори соли 1992 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ин ҳизб сабти ном шуд ва монанди аҳзоби коммунистии кишварҳои тозаистиқлоли пасошӯравӣ аз "мероси молӣ"-и Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ "бенасиб" монд.

Иллати аслӣ ин буд, ки давлатҳои ҷадиди ба сари қудрат расида дороиҳои ҲК-и Иттиҳоди Шӯравиро мусодара карда буданд. Ба назари коршиносони умури сиёсӣ, ҲКТ пас аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва пеш аз Ҳизби наҳзати исломӣ аз лиҳози пойгоҳи иҷтимоӣ аз аҳзоби пешсаф дар сартосари кишвар дониста мешавад. Теъдоди бештари аъзои ҲКТ аз шумори коммунистони қаблии даврони шӯравӣ мебошанд. Дар байни аъзои ҲКТ шумораи ҷавонон камтар гуфта мешавад. Масъулон ва дастандаркорони ҲКТ дар солҳои охир ҷиҳати ҳифзи нишонаву ёдгориҳои замони шӯравӣ кӯшишу талошҳое кардаанд, вале саъйу ҷӯҳди онҳо таъсиргузор ба назар намерасад. Ҳатто муҷассамаҳои доҳии ин ҳизб ва чеҳраҳои дигари аҳди шӯравӣ, ки коммунист буданд, аз пойтахти кишвар ва дигар марокизи навоҳиву вилоёти кишвар аз хиёбону ҷойҳои ҷамъиятӣ канда шуданд. Нашрияи ҲКТ "Ранҷбар" ном дорад ва ҳафтае як бор ва гоҳо дар чанд ҳафта як бор интишор меёбад. ҲКТ-ро ҳизби пайравони В. И. Ленин ҳам мегӯянд.

Масъулияти раҳбарии ҲКТ-ро Шодӣ Шабдолов яке аз сиёсатмадорони варзидаи кишвар бар дӯш дорад. Масъулони ин ҳизб аз мухолифини давлати феълии Тоҷикистон дониста мешаванд.

Бунёди ҷомиъаи сусиёлистӣ, баробарӣ, озодӣ, ватанпарастӣ ва ҳамзистии сокинон бар пояи иқтисодии муштараки ҷомиъа аз нуқтаҳои асосӣ ва ҳадафҳои аслии ҲКТ мебошанд. Барои ширкат дар интихоботи порлумонии соли ҷорӣ аз дар феҳристи ҲКТ 19 номзад расман сабти ном шудаанд. Дар байни онҳо танҳо як нафар бону- Заррагул Мирҳасанова ҷой дорад. Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизб, Исмоил Талбаков, муъовини ӯ, Аъзам Насимов, Латиф Сафаров, Ғуфрон Рустамов Ҳайдаршоҳ Пирумшоев, аз ҷумлаи номзадҳои ин ҳизб ба интихоботи порлумонии 28 феврал мебошанд.

ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) 10 августи соли 1990 таъсис ёфт. Дар авоили даҳаи 1990 ва дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 ҲДТ ҷузъе аз Иттиҳоди мухолифони давлат буд. Масъулони ин ҳизб шумори аъзои онро беш аз чаҳор ҳазор нафар мегӯянд. Дар соли 1997 дар пайи баргузории анҷумани ҳизби демократ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, ҷонибдорони ин ҳизб ба ду ҷиноҳ: ҷиноҳи Алмаато ва ҷиноҳи Теҳрон ҷудо шуданд. Раёсати ҷиноҳи Теҳронро Шодмон Юсуф, раҳбари нахустини ҳизби демократ ва Аъзам Афзалӣ ба ӯҳда доштанд. Ҷиноҳи Алмаато аз сӯйи Ҷумъабой Ниёзов раҳбарӣ мешуд. Дар соли 1997 ҷонибдорони ҷиноҳи Теҳрон дар Вазорати адлияи Тоҷикистон дубора сабти ном шуда, фаъолияти худро дар дохили кишвар аз сар гирифтанд. Дар анҷумани 8-уми ҳизби демократ, ки 25 сентябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аъзои ин ду ҷиноҳ муттаҳид шуданд ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров раҳбари ҳизб интихоб шуд. Дар соли 2003 Ҳизби демократи Тоҷикистон танҳо ҳизбе буд, ки раъйпурсӣ ё референдум барои ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистонро расман таҳрим кард. Бар асоси ин ислоҳот шароити интихоби дубораи раиси ҷумҳурии феълии Тоҷикистон барои ду мӯҳлати ҳафтсолӣ ба ин симат фароҳам шуд. Дар соли 2005 Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари ҳизби демократ дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Сипас, Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ба иттиҳоми даст доштан ба чанд ҷиноят, аз ҷумла кӯшиши табаддулоти давлатӣ, барои 23 сол равонаи зиндон кард. Баъд аз зиндонӣ шудани М. Искандаров, дар суфуфи ҲДТ ихтилофоти тозае рӯ зад. Дар аввал, Масъуд Собиров бо баргузории як анҷумани изтирорӣ аз сӯйи ҷонибдоронаш раҳбари ҲДТинтихоб шуд. Баъд аз он, Саидҷаъфар Исмонов, ки аз ҷонибдорони Масъуд Собиров буд бо баргузории як анҷумане дигар бо теъдоде аз демократҳо худро раҳбари ҲДТ эълом кард. Вале Вазорати адлияи Тоҷикистон дар соли 2006 дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар аз миёни ин се гурӯҳи демократҳо танҳо ҷиноҳи Масъуд Собировро ба расмият шинохт. Он замон ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров интихоботро таҳрим карда буд. Дар анҷумани 8-уми ҲДТ Маҳмадрӯзӣ Искандаров раҳбари ҳизб интихоб шуд. Саъйу талоши ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва Саидҷаъфар Исмонов дар додгоҳ барои ҳалли ин қазия бенатиҷа монд. Мутобиқи ҳукми додгоҳ ин ду ҷиноҳ муваззаф шуданд, ки аз корбурди номи "ҳизби демократ" дар фаъолияти худ даст кашанд. Бо ин вуҷуд, ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров худро ҳизби демократи воқеъӣ медонанд. Раҳматулло Валиев, муъовини Искандаров, мегӯяд, ки бештари шохаҳои маҳаллии ҳизби демократ дар манотиқи мухтфлифи Тоҷикистон ҷонибдори онҳо ҳастанд. Вале ба гуфтаи тарафдорони Масъуд Собиров, ҳудуди 40 бахши ин ҳизб дар навоҳии мухталифи Тоҷикистон аз онҳо пуштибонӣ мекунанд. Дар ин миён, фаъолияти Саидҷаъфар Исмонов тайи ду-се соли ахир камранг аст. Ҷонибдорони Масъуд Собиров бо баргузории анҷумани пешазинтихобтии худ дар остонаи соли нави мелодӣ тасмим гирифта буданд, ки ба феҳристи ҳизбӣ нуҳ номзади интихоботи порлумонии моҳи февралро муаррифӣ кунанд. Вале дар охир танҳо ду номзади худро тавонистанд номнавис кунанд. Масъуд Собиров мегӯяд, ки онҳо воқеъбин ҳастанд ва медонанд, ки дар порлумони ҷадид аз ин бештар курсӣ ба даст нахоҳанд овард. Ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров, ки аз ҳаққи муъаррифии номзадҳои худ аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ бархӯрдор нестанд, тасмим гирифтаанд, ки дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон ширкат накунанд. Бо ин вуҷуд, тасмим шудааст, ки ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба маҷолиси маҳаллӣ номзадҳои худро муъаррифӣ хоҳанд кард.

ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), умдатарин ҳизби мухолифи ҳукумат ва ягона ҳизби дорои хусусияти динӣ дар Осиёи Миёна 26 октябри соли 1991 таъсис ёфта, дар моҳи декабри ҳамон сол расман сабти ном шуд. Он замон масъулияти раҳбарии ин ҳизбро Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, аз чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ ва исломии Тоҷикистон бар дӯш дошт. Арзишҳо ва аҳдофи ҲНИТ чунин тавсиф мешаванд: "Бо инояти Худованди муттаъол, пайравӣ аз Паёмбари гиромӣ (с) ва эътимод ба нерӯву хиради мардум, ноил шудан ба бунёди ҷомеъаи пешрафта, озода ва босубот, расидан ба авлавияти қонун ва адолати иҷтимоъӣ, мардумсолорӣ, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ бар асоси арзишҳои миллию маҳзабӣ ва умумибашарӣ". Замони ҷанги дохилии солҳои 1992 -1997 дар Тоҷикистон ҲНИТ якҷо бо ҲДТ ва созмони "Лаъли Бадахшон" алайҳи давлати вақти коммунистӣ сангар гирифта буд. Дар авоили соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ эълон кард. Он замон пойгоҳҳои аслии ин ҳизб ва нерӯҳои дигари мухолиф дар Афғонистон воқеъ буд ва онҳо маъмулан дар шарқи Тоҷикистон, бо нерӯҳои давлатӣ дар арсаи кашмакаш буданд. Дар моҳи июни соли 1997 Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон ба имзо расид ва шароит барои бозгашти аъзои ҲНИТ ба кишвар фароҳам шуд. Дар моҳи августи соли 1999 ин ҳизб дубора ба расмият шинохта шуд ва фаолияти худро дар дохили кишвар суръат бахшид. Он замон Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон дар анҷумани ҲНИТ раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Мухолифони шахси Нурӣ бештар ӯро ба муомила бо давлат ва ҳимояти ошкор аз Эмомалӣ Раҳмон, интиқод мекарданд.

9-уми августи соли 2006 Абдуллоҳи Нурӣ аз ҷаҳон даргузашт ва роҳбарии ҲНИТ бар дӯши Муҳиддин Кабирӣ вогузор шуд. ҲНИТ бо номзади худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 ширкат дошт. Дар ин интихобот Давлати Усмон, намояндаи ин ҳизб, танҳо ҳудуди 4 дарсад аз орои интихобкунандагонро соҳиб шуд. Ин ҳизб дар ду интихоботи порлумонӣ дар солҳои 2000 ва 2005 муваффақ шуд, ки дунафарӣ аз намояндагони худро вориди порлумон кунад. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар анҷумани ин ҳизб дар авохири моҳи декабри гузашта гуфт, ки теъдоди аъзои ин ҳизб беш ба 50 ҳазор нафар аст. Ҳафтаномаи "Наҷот" ва маҷаллаи "Сафинаи умед" аз ҷумлаи нашрияҳои ҲНИТ маҳсуб мешаванд. ҲНИТ ба интихоботи порлумонии 28 феврал, аз тариқи феҳристи ҳизбӣ 20 номзад ва дар ҳавзаҳои инфиродӣ 20 номзади дигар пешниҳод кардааст. ҲНИТ ҳамчунин бо 165 номзад дар интихоботи шӯрои вилоятӣ ва 982 номзад дар интихоботи шӯроҳои ноҳияӣ ширкат хоҳад кард.

ҲИЗБИ ХАЛҚӢ - ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ин кишвар ҳизби бонуфузтарин ба ҳисоб меравад. Ин ҳизб 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфт ва то соли 1997 "Ҳизби халқии Тоҷикистон" ном дошт. Раҳбарии ин ҳизбро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ӯҳда дорад. Гуфта мешавад, теъдоде зиёд аз аъзои ин ҳизб мақомҳои ҳизби коммунисти собиқ ва мансабдороне ҳастанд, ки пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва камранг шудани нуфузи коммунизм ба ин ҳизб шомил шудаанд. Дар порлумони феълии Тоҷикистон намояндагони ин ҳизб аз 63 курсӣ 46 ададро дар ихтиёр доранд. Маҷлисҳои маҳаллии кишвар низ асосан аз ҷумлаи намояндагони ин ҳизб ташкил шудаанд. Манбаъҳои ҲХДТ теъдоди аъзояшро бештар аз 120 ҳазор нафар мегӯянд. 35 дарсади он занон ва бештар аз 48 дарсадаш ҷавонон ҳастанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан эълом шуда буд, дар як соли ахир ҳудуди бист ҳазор нафар аз саффи ин ҳизб ихроҷ карда шудаанд. Давлаталӣ Давлатзода, ҷонишини собиқи раҳбари ин ҳизб, чанде пештар дар ин бора гуфта буд: "Агар яке барои номувофиқатиаш бо аҳдофи ҳизби мо ихроҷ шуда бошад, дигарӣ барои ришваситониву фасодкорӣ. Пӯшида нест, ки миёни аъзои ҳизби мо нафароне низ буданд, ки танҳо ҳадафҳои хусусии худро дунбол мекарданд ва зимни ришваситонӣ боздошт ва муҷозот шуданд".

Дар анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ, ки дар моҳи декабр баргузор шуд, Давлатзода дар канори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раҳбари Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ва Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, ки аз бунёдгузорони ин ҳизб ба шумор мераванд, аз вазифаи ҷонишинии раҳбари ин ҳизб барканор шуданд. Ба назари коршиносон ин амр ба талоши Эмомалӣ Раҳмон барои таҷдиди чеҳраи ҳизби ҳоким бастагӣ дорад. Дар анҷумани мазкур ҳамчунин Рустами Эмомалӣ, писари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ба узвияти раёсати ин ҳизб интихоб шуд.

Гуфта мешавад, ки ҲХДТ аз ҷумлаи аҳзобест, ки дар чанд соли ахир ба тақвияти сохтори ҳизбии худ иқдом кардааст ва ба комёбиҳое ҳам ноил шудааст. Дар интихоботи соли 2010 ҲХДТ иҷрои тарҳҳои энержии кишвар ва иртибототи давлатро шиори худ қарор додааст ва ваъдаи ин ҳизб бо ҳамин роҳ боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

ҲИЗБИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) дар моҳи июни соли 1996 дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, таъсис ёфт. Дар нахустин анҷумани он Моҳнисо Ҳорисова раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Дар соли 1997 раҳбарии ҳизбро Сафаралӣ Кенҷаев, раиси пешини Шӯрои Олӣ ё порлумони Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони Ҷабҳаи миллии Тоҷикистон ба ӯҳда гирифт. Сафаралӣ Кенҷаев дар моҳи марти соли 1999 дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе кушта шуд. Пас аз марги Кенҷаев, Мирҳусейн Назриев, корманди Пажӯҳишгоҳи физикаи нуҷумии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар соли 2000 масъулияти раҳбарии ин ҳизбро бар ӯҳда гирифт. Дар соли 2004 дар саффи аъзо ва тарафдорони ин ҳизб рахнаҳо рӯ зад. Дар моҳи июли ҳамон сол Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев бо баргузории як ҷаласаи ин ҳизб Мирҳусейн Назриевро аз симати раҳбарии ҲСТ дар ҳоле, ки ҳузур надошт, барканор карданд. дар ин ҷаласа Абдуҳалим Ғаффоров раҳбар ва Қурбон Восиев муъовини вай интихоб шуданд. Аммо ин ҷаласаро тарафдорони оқои Назриев напазируфтанд ва онро "ғайриқонунӣ" медонанд.

Вазорати адлияи Тоҷикистон дар остонаи интихоботи порлумонии соли 2005 қонунӣ будани раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоровро эътироф кард. Пас аз он гурӯҳи А. Ғаффоров дар он интихобот номзад¬ҳои худро пешбарӣ кард. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 Абдуҳалим Ғаффоров номзадии худро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ карда буд.

Ба гуфтаи масъулони ҲСТ-и ҷиноҳи Ғаффоров, ин гурӯҳ беш аз 17 ҳазор аъзо дорад ва дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ 120 ҳазор овоз гирифтааст. Аммо, ин ҳизб натавонистааст ба ҳадди 5-дарсадии оро барои ширкати номзадаш дар интихобот даст ёбад. Сарвари ҲСТ мегӯяд, ҳалли мушкилоти қишрҳои нотавони ҷомиъа, монанди модарони танҳо ва сарбозони собиқи ҷангро аз аҳдофи барномаи интихоботии худ қарор додааст.

Мирҳусейн Назриев, раҳбари ҷиноҳи дигари ҳизби сотсиалистӣ бошад, машрӯъияти гурӯҳи Абдуҳалим Ғаффоровро зери суол мебарад ва ба расмият шинохта шудани ин гурӯҳ дар вазорати адлияро мудохилаи давлат дар умури дохилии ин ҳизб донистааст. Ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев, ба гуфтаи худи ӯ, беш аз 15 ҳазор узв дорад, ки равшанфикрон беш аз 30 дарсад ва ҷавонон 55 дарсади онро ташкил медиҳанд. Ҳадафи аслии ҳизби сотсиалисти Мирҳусейн Назриев муттаҳид кардани ҳамаи мардуми Тоҷикистон барои рафъи буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ, беҳбуди сатҳи зиндагии сокинон ва ҳимоят аз ҳуқуқу озодиҳо гуфта мешавад.

ҲИЗБИ СОТСИАЛ-ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) дар соли 2002 дар заминаи ҳизби "Адолат ва Тараққиёт", ки фаъолияти он соли 1999 аз суйи додгоҳ мутаваққиф шуд, ташкил шуд. Ҳизби "Адолат ва Тараққиёт" дар соли 1998 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуда буд.

Раҳбари ин ҳизб Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқдони 52-сола мебошад. Р. Зоиров дар солҳои 2002-2003 мушовири аршади Президенти Тоҷикистон дар умури робита бо порлумон ва масоили ҳуқуқӣ буд. Шумори аъзои ин ҳизб ҳоло беш аз 7000 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад ва гуфта мешавад беш аз 40 дар сади аъзои онро сокинони шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд. Зоиров мегӯяд яке аз аҳдофи ҳизб дифоъ аз ҳуқуқи ҳамаи бошандагони Тоҷикистон сарфи назар аз миллияту маҳалли онҳо аст. Р. Зоиров танҳо мақоме дар раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки аз симати худ истефо дод. Ҳамчунин, ба гуфтаи масъулони ҳизби сусиёл-демократ, ҳудуди 42 дарсади аъзои ин ҳизб занон ва духтарон буда ва барои ширкат дар интихобот аз ҷумлаи ҳафт номзади интихоботӣ ду нафарро занон ташкил медиҳанд. Масъулини ҲСДТ мегӯянд, бештари ҷонибдорони ин ҳизб дар шаҳри Душанбе ва манотиқи Суғду Бадахшон сукунат доранд ва теъдоди аъзои ҲСДТ-ро беш аз ҳафт ҳазор мегӯянд. Ҳадафи асосии ин ҳизб таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳокимияти мардумӣ, авлавияти қонун, озодии баён ва риояти таъаҳҳудоти байналмилалии Тоҷикистон, бавижа дар робита бо ҳуқуқи башар, мубориза бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ, ислоҳот дар сиёсати кодрӣ, таъйини авлавиятҳо дар сиёсати хориҷӣ бо дарназардошти манофеъи миллӣ унвон шудааст. ҲСДТ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла дар марокизи ду вилояти Суғд ва Бадахшон ва дар шаҳри Душанбе созмонҳои маҳаллии худро таъсис додааст. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳизб бештар намояндагони қишри фарҳангӣ, кормандони муассисоти илмӣ ҳуқуқдонҳо ва кормандони арсаи беҳдошт узвият доранд. Ба гуфтаи масъулони ҳизби сусиёл-демократ, беш аз 70 дар сади аъзои ин ҳизбро ҷавонон ташкил медиҳанд. Шиори ҲСДТ "Хирад, адолат ва тараққиёт" мебошад. ҲСДТ таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомиъа, барқарор кардани ҳокимияти мардумӣ аз поён ба боло, волоияти қонун ва ҳуқуқ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва дифоъ аз онро аз аҳдофи умда дар барномааш ҷой додааст. Дар аввал ин ҳизб 22 нафар аз аъзояшро ба унвони номзад барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ пешниҳод карда буд. Вале ба сабаби гарон будани гаравпулӣ, онҳо имкони пешниҳоди танҳо ҳафт нафар аз номзадро доштаанд. Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизб, Ният Абулназаров, Дилбар Самадова, Алим Шерзамонов аз ҷумлаи номзадҳои ин ҳизб дар интихоботи порлумонӣ ҳастанд.

ҲИЗБИ ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар моҳи октябри соли 2005 бо баргузории анҷуман ва тасвиби низомномаву интихоби раҳбараш таъсис ёфт. Ба гуфтаи масъулон, ин ҳизб, ки раҳбараш Олим Бобоев, иқтисоддон ва феълан вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон аст, теъдоди 16500 узв дорад. Ин ҳизб ва ҳизби аграрӣ ду ҳизби сиёсианд, ки дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 таъсис шуданд. Раёсат ва шӯрои ҲИИТ умдатан аз мутахассисон ва олимон дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ташкил ёфтааст. Муовини раҳбари ҳизб, Маҳмадшариф Нозимов, му¬ҳақ¬қиқи дигари иқтисодист, ки дар бахши кишоварзӣ рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Вай ҳамакнун ҷонишини раиси Кумитаи амвол ва сармоягузории давлатӣ аст. Файзулло Фатҳуллоев, ҷонишини дигари раҳбари ҲИИТ, низ иқтисоддони кӯҳнакор ва корманди аршади Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аст. ҲИИТ ҳашт номзади худро барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи феврал пешбарӣ кардааст. Масъулони ҳизб мегӯянд, ки ҳадаф доранд дар интихобот аз 5 то 7 курсӣ касб кунанд ва фраксияи худро дар порлумон таъсис бидиҳанд. Коршиносон бо ишора ба мавзеъгирии ҳизби ҷавони ислоҳоти иқтисодӣ ин ҳизбро як ҳизби "муҳофизакор ва марказгаро" хондаанд. Масъалаҳои аслие, ки ба гуфтаи масъулони ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, дар барномаи пеш аз интихоботияшон ба он таъкид мешавад, рушди иқтисод дар минтақаҳои рустоӣ ва беҳбуди вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби тавсиаи бахши хусусӣ дар кишвар аст.

ҲИЗБИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) дар моҳи декабри соли 2005 таъсис ёфтааст. Раҳбарии ҳизби аграрии Тоҷикистонро Амир Қароқулов донишманди умури аграрӣ ё худ кишоварзӣ ба ӯҳда дорад. Шиори ин ҳизб "Беҳ аз санноъи олам деҳқон аст", мисраъе аз Носири Хисрав мебошад ва "Ҳимоят аз манфиатҳои деҳқонон ё кишоварзони Тоҷикистон" аз ҷумлаи ҳадфҳои аслии ин ҳизб эълом шудааст. Вай солҳои зиёде раиси Пажӯҳишгоҳи ҷонваршиносӣ ва аз соли 2001 ба ин сӯ ҷонишини раиси Фарҳангистони улуми аграрии Тоҷикистон аст. Ҷонишини аввали Қароқулов Рустам Латипов, коршиноси муҳити зист аст, ки солҳои зиёде дар вазорат ё кумитаи муҳити зист ва муддате дар дастгоҳи раёсати ҶТ кор кардааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон ба умури кишоварзӣ машғуланд, ин ҳизб ҳимояти густарда дар ҷомиъаи рустоии ин кишварро таваққӯъ дошта, вале зоҳиран ба ҷалби таваҷҷӯҳи умумӣ чандон муваффақ нашудааст. Қароқулов дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 ширкат дошт, аммо теъдоди ночизе аз орои интихобкунандагонро ба даст оварда ва ноком шуд. Ҳизби аграрии Тоҷикистон барои бори аввал дар интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ ширкат мекунад. Дар феҳристи ин ҳизб барои интихоботи порлумонӣ 21 номзад ва дар ҳавзаҳои инфиродӣ 4 номзади ҳизби кишоварзӣ пешниҳод шудаанд. Нашрияи ҳизби аграрии Тоҷикистон "Меҳргон" мебошад.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97