"ФИРИСТОДА, БА ГУФТАН ДАЛЕРУ ТАВОНО БУВАД"!

Сиёсат 26.02.2010 22:38

Дар ҳоле ки рӯзҳои башуморе барои баргузории интихоботи ояндаи Маҷлиси намояндагон боқӣ мондааст, шӯру ҳоле ҷомиъаи Тоҷикистонро фаро гирифтааст, ки то ҳудуде умедворкунанда ба назар мерасад. Ин фазои мусбат ба бовари коршиносон натиҷаи ду омил аст:

1.Ваъдаи Раиси ҷумҳур барои таъмини шаффофият ва қонуният дар интихобот.

2.Ҳузури шахсиятҳои саршинос ва шинохта дар корзори интихобот.

Аҳамияти ҳар гуна рақобати интихоботӣ дар он аст, ки ашхоси босалоҳият ва огоҳу соҳибтаҷриба дар он ширкат кунанд ва бо овоздиҳии шаффофу қонунӣ беҳтаринҳо баргузида шаванд.

Ин мафҳум ба хусус барои интихоботи Маҷлиси намояндагон қобили зикр аст. Маҷлис ургони омодакунанда ва қабулкунандаи қонунҳо аст. Қонунҳое, ки имрӯза ва ояндаи ҷомиъа ва кишвар ба он вобаста аст. Маҷлиси намояндагон макони бархӯрди андешаҳо ва табодули афкор аст. Ва табиист, ки дар набардгоҳи андеша бояд афроди огоҳ ба масоили рӯз ва соҳибназарон ширкат дошта бошанд. Таври маълум дар натиҷаи бархӯрди ду неруи мусбат ва манфӣ барқ ҳосил мешавад, ки осораш нуру рӯшноӣ аст. Ҳамин мисоли содда барои порлумони кишвар низ сидқ медиҳад. Дар ҳар порлумоне, ки бархӯрди афкор бештар бошад, натиҷаҳои хуби сиёсӣ ва иҷтимоӣ барои ҷомиъа дар бар хоҳад дошт. Порлумони якдаст ба ҳеҷ ваҷҳ ҳифзкунандаи манофеъи мардум нест, балки ба абзори дасти давлат ё як гурӯҳи хурди ҳокимон табдил хоҳад шуд. Бар асоси назарияи илми сиёсат як порлумони фаъол ва мардумӣ ба наҳваи вуруд ё худ интихоби намояндагони он бастагӣ дорад. Дар шароити кунунӣ дар Тоҷикистон номзадҳо аз се тариқ вориди порлумон мешаванд:

Аввал, аз рӯйи феҳристи ҳизбӣ; дуввум, аз тариқи ҳавзаҳои мустақил бо ҳимояти давлат ё марказҳои молии вобастаи он; саввум, аз тариқи касби фарогири маҳбубияти мардумӣ.

Дар ҳоли ҳозир дар таҷрибаи сиёсии кишвар номзадҳо аксаран тибқи ду гузинаи якуму дуввум, мунтаҳо бо нишонаи наздикӣ ба давлат ё гурӯҳи ҳоким дар ҷомиъа вориди порлумон мешаванд. Аз ин рӯ, дар солҳои ахир мо шоҳиди ташкили фраксияҳои фаъоли ҳизбӣ дар дохили порлумон набудем. Дар марҳалаи феълӣ бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти иҷтимоии мавҷуд дар ҷомиъа интихоби номзадҳои фаъол, маҳбуб ва мутахассис аз ҳавзаҳои мустақил ба нафъи ҳамаи мардуми кишвар аст. Бинобар ин, ин амр дар сурати мушорикати фаъол ва огоҳонаи мардум ба даст меояд. Аз ин рӯ, бояд ба он ҳатман намояндагоне фиристода шаванд, ки доно, огоҳ, дилсӯз, худшинос, худошинос ва ватандӯст бошанд. Ба қавли ҳаким Фирдавсии покзод:

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

ДАР КОРВОНИ СУЛҲ

Инак, ҳузури шуморе аз ашхоси миллатдӯст ва соҳибназар дар арсаи рақобати интихоботӣ дилгармии хосеро вобаста ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ падид овардааст. Ва ҳамагон интизор доранд, ки натиҷаҳои интихоботи мазкур аз гузаштаҳо фарқ кунад.

Яке аз ин гуна чеҳраҳо, ки вориди рақобатҳои интихоботӣ шудааст, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯйи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст. Номбурда чанд солест, ки чун як фаъоли ҳизбӣ ва таҳлилгару коршиноси масоили сиёсӣ барои оммаи мардум ва бахусус, дар миёни аҳли қалам шинохта шудааст. Бояд гуфт, фаъолияти сиёсӣ-иҷтимоии муҳтарам Сайфуллоҳзода дар ду самт ҷараён дорад. Самти фаъолияти ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ. Мо дар ин навишта қасд надорем дар бораи фаъолиятҳои ҳизбии Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода муфассал баҳс кунем. Рӯйи сухани мо бештар ба амалкарди иҷтимоӣ-сиёсии ӯ аст.

То ҷое, ки огоҳ ҳастем, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ба ҳамроҳии гурӯҳе аз рӯшанфикрони маҳаллӣ дар ноҳияи Панҷ дар солҳои мавҷудияти Шӯравӣ барои ормонҳои миллӣ талош кардааст. Аз ҷумлаи талошҳои онон ширкати фаъол дар татбиқи Қонуни забон буд. Баъд бар асари ҷанги таҳмилшуда аз сӯйи бегонагон қатори ҳазорон ҳамватан ба кишвари ҳамсоя муҳоҷират кард. Ӯ дар муҳоҷират аз ҷумлаи ҳамсафони шодравон устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд ва яке аз иштирокдорони фаъоли имзои Созишномаи Хустдеҳи Афғонистон миёни раҳбари мухолифини пешин ва сарвари давлати Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ҳамон тавре зикр шуд, ҳазорон нафар аз паноҳандагони тоҷик дар Давлати исломии Афғонистон умр ба сар мебурданд ва бозгашт ба ватан ва сулҳу оштӣ ормони аслии онон буд. Сайфуллоҳзода ҳам ба мисли дигар ёрони баори устод Нурӣ барои таъмини ин ҳадафи воло талош мекард. Чун онҳо медонистанд, тӯлонӣ шудани ҷанг ва муҳоҷират ҳаводиси солҳои 20-и қарни гузаштаро такрор мекард. Ҳаводисе, ки садҳо ҳазор ҳаммиллати моро дар ғурбат зиндадаргӯр кард. Аз ин хотир буд, ки ҳамсафони асили Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳони такрори он рӯзгори шум набуданд. Онон дар роҳи бозгашти шарофатмандонаи ҳамватанони паноҳанда ва татбиқи Созишномаи сулҳ бо ҷониби давлат буданд. Талошҳо дар қолаби ин ҳадафи муқаддас аз сӯйи Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар давраи кори Комиссияи оштии миллӣ идома доштаву дорад. Дар ҳақиқат Комиссияи оштии миллӣ як донишгоҳи сиёсӣ дар таҳкими пояи давлатдории мо тоҷикон буд. Ва аксар афроде, ки аз ин мактаб гузаштаанд, метавонанд дар марҳалаи кунунӣ низ дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, ки умдатан решаи минтақаӣ доранд, хидмати сазовор анҷом диҳанд.

Соҳибназар ва ТАҲЛИЛГАРИ ДИЛСӮЗИ МЕҲАН ВА МИЛЛАТ

Яке аз ҷанбаҳои назарраси фаъолияти ҷории Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ҳузури таъсиргузори ӯ дар саҳнаи матбуот ва маҳфилҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ аст. Мақола ва таҳлилҳои коршиносонаи ӯ тайи солҳои ахир дар қариб тамоми нашрияҳои даврии Тоҷикистон ба чоп расида ва бо вокунишҳое дар доираҳои ҳукуматӣ ва дар миёни мардум ҳамроҳ будааст. Номбурда аз ҷумлаи андак қаламбадастоне ҳаст, ки масоили ҷаҳон, минтақа ва кишварро бо нигоҳи амиқ ва бо дарназардошти манофеи миллӣ ва кишвари азизамон арзёбӣ мекунанд. Ба ин маҳсули қалам ва андешаи Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода диққат намоед, ки гувоҳи матлаби боло аст: "Дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳи муносиб пайдо карда натавонистан ва ё нуфузи сиёсӣ касб накардани Тоҷикистон аз заъфи дипломатия шаҳодат медиҳад. Сиёсати хориҷие, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон муайян ва дар мулоқоту сӯҳбатҳои эшон садо медиҳанд, хеле муассир ва ҷиддӣ ба назар мерасанд. Кас гумон мекунад, ки баъди ин гуна сӯҳбату мулоқотҳо ҳар мушкиле ҳаст, аз байн меравад ва роҳи вуруди сармояи хориҷӣ ҷиҳати амалӣ сохтани барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамвор мешавад. Вале, мутаассифона ин тавр набудааст, чунки идомаи кор ва пайдо кардани механизми амалӣ сохтани лоиҳаҳои хурду бузург ба фаъолияти дипломатӣ бастагии бештар дорад. Заҳматҳои чандинсолаи сарвари давлати Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷиро аксари доираҳои таҳлилӣ ва сиёсӣ муваффақ арзёбӣ мекунанд. Аммо, вақте афроди дилсӯз ва сарсупурдаи ҳирфавӣ дар намояндагиҳои дипломотӣ ангуштшуморанд, ҷанбаҳои муҳимми ин сиёсат механизми он ҳалли хешро пайдо намекунанд. Ва ҳамин қазияи обу барқи минтақа ҳам аз заъфи дипломатияи тоҷик шаҳодат медиҳад. Чаро ки онҳо то ба имрӯз услуби муносиби муаррифии сохтмони неругоҳҳои кишвар, бахусус, нерӯгоҳи Роғунро нишон дода натавониста ва дар ин маврид доираҳои ҳавасманд ва ҷиддиро пайдо накардаанд. Вақте дипломат ба хотири тиҷорат ва дарёфти манофеи хеш ҷойро дар намояндагии хориҷии кишвар банд мекунад ва бо созмонҳои бузурги молӣ ва ширкату доираҳои дигари сармоягузор муттасил дар робита қарор надорад, натанҳо сиёсати чандсамта, ҳатто масоили оддӣ роҳи ҳал пайдо карда наметавонанд" (Миллат. 16.05.2009).

Ҳамин тариқ навиштаҳои пурмуҳтавои Сайфуллоҳзода дар мавзӯъҳои забон, таърих, худшиносии миллӣ ва динӣ, ислоҳи соҳаи маориф, истиқлолияти энержӣ, ва дипломотӣ баёнгари он аст, ки ӯ ба масоил ва мушкилоти ҷомеъа ва кишвар ба хубӣ ошно аст. Ҳамин хусусияти афкору назараш боис шуда, ки ӯ аз ҷумлаи даъватшудагон ба аксари маҳфилҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ перомуни имрӯзу ояндаи кишвар аст. Ҳузури Сайфуллоҳзода дар барномаҳои сершумори родиоӣ ва телевизиюнӣ низ дар ҳамин қолаб қобили арзёбӣ аст. Фаҳмиши амиқ, саводи боло, дарки дурусти заруриятҳо ва ниёзҳои ҷомиъа ва кишвар ва аз ҳама муҳимтар нигоҳи дилсӯзона ба имрӯзу ояндаи Миллат ва Ватан сабаб шудааст, ки Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ба яке аз чеҳраҳои шинохташудаи сиёсӣ-иҷтимоии имрӯзи Тоҷикистон табдил шавад. Онҳое, ки бо эшон аз наздик ошноӣ доранд, аз хусусиятҳои писандидаи ахлоқӣ ва инсонии Сайфуллоҳзода шаҳодат медиҳанд. Ҳамаи ин сифатҳо ӯро ба чеҳраи маҳбуб ва мавриди эҳтиром дар ҷомиъа мубаддал кардааст. Мутмаинем, ки ин вижагиҳои ӯро интихобкунандагон дар ҳангоми овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот ба назар мегиранд ва бо интихоби афроди огоҳу шоиста саҳми худро дар раванди рушду созандагии кишвар содиқона хоҳанд гузошт.


Ҳабиб Рабеъ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97