БА ПОРЛУМОН БА ХОТИРИ ХИДМАТ БА МАРДУМ

Сиёсат 26.02.2010 22:32

ЛАТИПОВ МАҲМУД МАНСУРОВИЧ

(МАҲМУД ЛАТИФӢ)

Интихоботи порлумонӣ, ки аз муҳимтарин маъракаҳои сиёсӣ дар ҷомиъаи демократӣ мебошад, соҳибназарон ва рӯшанфикрону фарҳангиён ва дар маҷмӯъ якояк фарди ватандӯстро нисбати баргузорияш бетафовут намегузорад. Шахсони ватандӯст ва ононе, ки ҷуръати сиёсӣ доранд вориди ин корзор мешаванд. Бо вуруди хеш ба саҳнаи сиёсӣ ё идома бахшидани роҳи интихобкардаи пешини худ бархе мехоҳанд ба порлумони кишвар роҳ ёбанд то барои ояндаи меҳан хидмате арзанда анҷом бидиҳанд.

Маҳмуд Латифӣ аз ҷумлаи родмардонест, ки дар ин навбат аз интихоботи порлумонӣ номзадии худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ваҳдат, рақами 10 пешниҳод кардааст.

Латипов Маҳмуд Мансурович, ки дар байни донишмандони кишвар бо номи Маҳмуд Латифӣ шӯҳрат дорад, соли 1963 дар ноҳияи Ваҳдат таваллуд шудааст. Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог - муаллими забон ва адабиёт ва Донишгоҳи байналмилалии Покистонро бо ихтисоси арабшинос хатм намудааст.

Латифӣ дар вазифаҳои ходими хурди илмии шӯъбаи фолклор, сипас ходими илмии шӯъбаи адабиёти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллими забони тоҷикии кафедраи умумидонишгоҳии ДДТ, сипас муаллими калони кафедраи филологияи араби ДМТ ва ДИТ кор кардааст. Ҳамзамон аз соли 2007 ба соҳибкорӣ низ машғул мебошад.

ДАР АРСАИ ПАРВАРИШУ ТАЪЛИМ

Барои аксари аҳли илму адаби ҷумҳурӣ чеҳраи Маҳмудҷон Латифӣ ошност, зеро вай тӯли қариб 24 сол ба касби илм ва таълиму тарбия машғул аст. Дар ин муддат шогирдони бисёреро таълим ва тарбия додааст, ки дар гӯшаву канори кишвари азизамон машғули касбу кор ва таълими илму ҳунар ба фарзандони миллат ҳастанд. Мардуми огоҳ медонанд, ки касе ба ин кор шуғл меварзад, ки шикебову сабур ва қаноатмандӣ дорад! Устод Латифӣ мардест пероста бо накутарин авсофи ҷавонмардӣ ва сифатҳои як донишманди огоҳ ба маънои томми он.

Ӯ ғайр аз таълиму тарбия рисолаҳои илмие навиштааст, ки дорои аҳаммияти илмӣ мебошанд. Латифӣ аз зумраи донишмандонест, ки чанде аз рисолаҳои худро бо забони арабӣ таълиф кардааст. "Тадқиқи ғазали Ҳофиз дар Ирон", "Ҳикоя ва масодири арабии он дар Бӯстони Саъдӣ" (ба забони арабӣ), "Бадеъуззамон Ҳамадонӣ ва мақомоти ӯ" (ба забони арабӣ) ва чандин навиштаҳои дигар мансуб ба қалами устод Латифӣ мебошанд. Дар тарҷума, баргардон, таҳия ва омода намудани китобҳои "Баёзи фолклори тоҷик", "Номаҳои Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор ва ҳаммаслакони ӯ", "Барномаи таърихи адабиёти араб" ва чанд китобҳои дигар саҳим буда, ҳамзамон дар ҷоддаи омӯзишу таълим бо устуворӣ гом мениҳад.

БА ПОРЛУМОН БО ШАШ ЗАБОН

Номзад ба вакилӣ Маҳмудҷон Латифӣ забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ,урду ва паштуро медонад. Ҳар як вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад. Донистани забонҳои умдаи дунё ва минтақа, ошноӣ бо қавонини байналмилалӣ ва идроки аҳамийяти порлумон дар тасвиби қавонини муҳимми иҷтимоӣ аз ҷумлаи хусусиятҳоест, ки номзад Латифӣ онро дорад. Муҳимтарин ҳадафи номзад ба вакилӣ дар порлумони кишвар - Маҳмуд Латифӣ, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия, пешниҳод, қабул ва ҷонибдорӣ аз қонунҳое мебошад, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомиъаро дар шароити нави сиёсиву иҷтимоъӣ танзим менамоянд ва суботу пешрафти кишварро таъмин мекунанд.

Умед аст, ки мардум чунин номзади арзандаро интихоб мекунанд, то битавонанд таҷрубаи дигар кишварҳоро бо забони мардумаш биомӯзанду аз ончи, ки манфиатбор аст, барои манофеи миллӣ ва ободии ватан ба кор бубаранд.

МАСОИЛЕ, КИ ҲАЛЛИ

САРЕЪ МЕХОҲАНД…

Ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, рушди савияи дониш ва худшиносии мардуми диёр; иштирок дар таҳияи механизмҳои нави маблағгузории муассисаҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ тавассути ашхосу созмонҳои хайрхоҳ; масъалагузорӣ дар мақомоти олии қонунгузор баҳри баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи буҷавӣ, аз он ҷумла муаллимону табибон, инчунин бар¬қарор кардани имтиёзҳо ба онҳо; ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарбияти ҷисм; ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва тарбияи баланди инсонии фарзандон аз умдатарин масоиле мебошанд, ки Латифӣ мехоҳад дар сурати интихоб шудан дар порлумон пешниҳод кунад.

Номзад ба вакилии порлумон М. Латифӣ ҳамчунин ният дорад, ки дар порлумони кишвар масоили иҷтимоӣ ва маишие аз қабили таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ; ҳифзи саломатии модару кӯдак, таъминоти сифати баланди хизматрасонии тиббӣ; гузаштан аз хизмати 2 - солаи ҳарбии ҳатмӣ, ба хизмати 1 солаи ҳарбии ҳатмӣ ва инчунин ҷорӣ кардани хизмати ҳарбии алтернативӣ; мубориза алайҳи унсурҳои номатлуби ҷомиъа: ҷинояткорӣ, фасод(коррупсия), нашъамандӣ, фоҳишагӣ ва ғайраро барои баррасӣ пешниҳод кунад.

ИҚТИСОДИ ПЕШРАФТА

ВА ОБОДИИ ВАТАН

Ҳамчунин Латифӣ азми устувор дорад, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот муҳимтарин масоили зисту зиндагии мардуми кишварро дар ҳузури намояндагон ва бо ширкати фаъоли онҳо баррасӣ намуда, роҳи ҳалли мушкилотро пайдо кунанд. Саҳми муносиб гузоштан барои амалӣ кардани сиёсати иқтисодии мамлакат ва рушди иқтисоди миллии Ҷумҳуриро яке роҳ ҳалҳои мушкилот медонад.

Ҳамчун номзад ба вакил муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати сохта ба истифода додани НБО-и Роғун ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад ва дигар шаҳрвандонро ҳам ба ин кори хайр даъват менамояд. Дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, боло бурдани рақобатнокӣ, қобилияти содиротии молҳо ва ба таври васеъ ба роҳ мондани ташкили ҷойҳои нави корӣ яке аз ҳадафҳои дигари иқтисодии ин номзад мебошад. Ба назари ӯ таҳкими минбаъдаи заминаи рушди кишоварзӣ, дастгирии давлатии комплекси агросаноатӣ аз буҷаи давлатӣ ва барқарор кардани мактабҳои ҳунаромӯзӣ ва эҷодиёти техникии наврасону ҷавонон аз ҷумлаи иқдомоте ҳаст, ки бояд ба хотири ободӣ ва пешрафти Ватан амалӣ шаванд.

Дар оянда мехоҳад барои беҳтар кардани таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, бунёд ва таъмири муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳанг бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамкорӣ кунад.

Ҳамкорон ва дӯстони Латипов Маҳмуд Мансурович ё худ Маҳмуд Латифӣ мегӯянд, ки ӯ ҳамчун муаллим масъулиятро дар назди интихобкунандагони худ дарк мекунад.

Боварист, ки интихоби Латипов Маҳмуд Мансурович ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҷомиъа ва кишвар хоҳад буд.

Умед аст, ки интихобкунандагон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латипов Маҳмуд Мансуровичро намояндаи сазовори худ дар порлумон дониста, ӯро интихоб мекунанд.


Б. КАРОМАТУЛЛОҲ, устоди ДМТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97