ҚАЗИЯИ 1 МИЛЛИОНУ 1 СОМОНА - ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ БО «МИЛЛАТ» ДАЪВО ДОРАД

Сиёсат 25.02.2010 13:03

Рӯзи 25.02.2010 дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мурофиаи додгоҳии вазорати кишоварзӣ ва рӯзномаи «Миллат» оғоз мегардад. Бино ба иттилоъи додгоҳи ин ноҳия «дар истеҳсолоти судии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи гражданӣ аз рӯи даъвои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақолаи бемуаллиф «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод», ки дар шумораи 49 (223) аз 10.12.2009 сол рӯзномаи «Миллат» чоп гардидааст, дар марҳиллаи баррасӣ қарор дорад».

Вазорати кишоварзӣ аз додгоҳ хостааст, ки барои беасос ва ғайриқонунӣ бардурӯғ чоп шудани мақола ва расонидани зарари маънавӣ аз ҳисоби рӯзномаи «Миллат» тибқи қонунҳои муқарраршуда ба маблағи як миллион сомонӣ рӯёнида ба суратҳисоби «НБО»-и Роғун гузаронида шавад.

Аммо масъули нашрияи «Миллат» мегӯяд, ба ақидаи мо, аз тарафи даъвогар ба суд пешниҳод кардани чунин аризаи даъвогии беасос ва ғаразнок таҳдиди вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии рӯзнома, чун воситаи ахбори омма мебошад. Аз ин рӯ мо дар асоси моддаҳои 140 ва 141 КМГ ҶТ аризаи даъвогии муқобили даъворо ба додгоҳ супурдем ва барои ҷуброни рамзӣ аз Вазорати кишоварзӣ тариқи додгоҳ 1 сомонӣ талаб кардем.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97