КӢ ТАРАФДОР? МУҚОБИЛ, БЕТАРАФ, НЕСТ

Сиёсат 25.02.2010 11:00

Номзадҳои мо дар баробари як лӯлидухтар масъулиятшинос нестанд?

Як мавзӯъи доғ дар остонаи интихобот дар музофоти Хатлон ин сатҳи пасти омодагиҳо ба чунин маъракаи сиёсӣ мебошад. Имрӯз боиси таассуф аст, ки чорабиниҳои пешазинтихоботӣ ҳатто дар сатҳи соли 2005-ум ҳам нест. Дар музофоти Хатлон чунин ба назар мерасад, ки гӯиё номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони шаҳру ноҳияҳо аллакай натиҷаи интихоботро пешакӣ дарк карда бошанд. То имрӯз, пеш аз оғози маъракаи интихобот ва дар 5 соли охир ҳам боре нашунидаем, ки вакили маҷлиси вакилони шаҳр ё ягон ноҳия бо интихобкунандагони худ вохӯрӣ доир намуда, ягон масъалаи рӯзмарраи ҷомиъаро бо онҳо муҳокима карда бошад.

Иллати ин ҳама канораҷӯиҳо миёни вакилони маҳаллӣ ва мардум дар он аст, ки ҳамин вакилони шаҳрию ноҳиявӣ ва ҳатто қисми зиёди вакилони вилояти Хатлон вазифаҳои худро дар назди интихобкунандагон фаромӯш кардаанд. Дар панҷсолаи охир борҳо дар маҷлисҳои вакилони шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто иҷлосияи вакилони халқи вилояти Хатлон иштирок намуда, чунин мушоҳида доштем: Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқро дар маҳал баъди ҳар се моҳ доир намуда, вакилон дар ин иҷлосия як нақшро мебозанд. Дастбардорӣ. Кормандони ВАО ҳам борҳо шоҳиди он шудаанд, ки вақте намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нақшаи хароҷоти буҷаи маҳалро мехоҳанд, баъди ҳар қарори баровардаи худ Раис як ҷумлаи хомро такрор мекунад; Кӣ тарафдор? - хоҳиш мекунам овоз диҳед, тарафдор, муқобил, бетараф нест, ташаккур!!! Ҳатто пеш аз қироати нақшаи хароҷоти буҷаи маҳал баъзан Раис гӯиё ба иштирокчиён аз хароҷоти кисаи худ маълумот медода бошад, ки чунин мегӯяд: "Ҳоло раиси дастгоҳ қисми хароҷоти буҷаро дар давраи ҳисоботӣ манзури Шумо мегардонад, аз дастгоҳ хоҳиш мекунем, мушаххастар бигӯяд." Ҳамин тавр бо дастбардориҳои ниму нимкораи вакилон иҷлосия ҷамъбаст мегардаду вакилони маҳал то се моҳи дигар ба танаффус мебароянд. Ва дар муддати 5 сол ростӣ боре шоҳиди он нашудем, ки ҳеч яке аз вакилони маҳаллӣ дар иҷлосияе аз мушкилоти мардум сухан гуфта бошад. Пас чӣ гуна ингуна вакилонро таъйинӣ ном нагирифт? Ҳамин тавр дар шаҳру ноҳияҳо ва қисман дар сатҳи вилояти Хатлон ҳам вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ тӯли 5 соли дар қайди вакилӣ будан кореро ба сомон намерасонанд, ки дар доираи ваколатҳои асосии онҳо бошад. Ё рисолати вакилони маҳаллӣ дар доираи бо ҳамин як дастгирии раисон аз хароҷоти буҷаи маҳаллӣ маҳдуд аст. Бубинед, қисми асосии вакилони иҷлосияҳои маҳаллӣ худи кормандони зерсохторҳои ҳукумати маҳал ҳастанд, ки бо ҳеч ваҷҳ дар иҷлосияҳо мушкилоти мардумро мавриди муҳокима қарор намедиҳанд, магар масъалаҳои ҳукумати маҳалро. Дар ҳоле ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ як механизатор ё коргари одии корхона мардумро дар иҷлосияи "СССР" намояндагӣ мекард, аммо дар навоҳии Хатлон ку деҳқон ё намояндаи табақаи поёнии ҷамъият, ки лоақал вакил дар иҷлосияҳои маҳаллӣ бошад. Ҳамин тавр масъулин дар баробари вазифаҳои давлатӣ ҳамчунин аз имтиёзи "депутатское неприкосновенность " истифода бурда, баъзеашон танҳо бо як мақсад вакил мешаванд, ки дар ҳолати фавқулода, аз имтиёзи вакили дигаргуна истифода баранд. Дар мисоли онки дар 5 соли охир барои кушодани парвандаи ҷиноятӣ нисбати як вакили бо ҷурми одампаронӣ муттаҳамшуда додситонии вилояти Хатлон чи мушкилиҳоеро рӯ ба рӯ нашуд. Ин ки дар панҷсолаи охир мақомоти қудратии вилоят нисбати чанд нафар аз вакилони шаҳру ноҳияҳо парвандаи ҷиноятӣ кушода, иҷозаи вакилонро моҳҳо интизорӣ мекашид, парда аз рӯи асрори орзуи вакил шудани баъзе аз нафаронро боз ҳам кушода мекунад.

Аммо имрӯзҳо, ки маъракаҳои таблиғотии номзадҳо ба вакилӣ оғоз гардидааст, номзадҳои мо дар назди мардум чӣ мегуфта бошанд? Ба хусус он нафароне, ки панҷ соли қаблӣ ҳам вакил буданд. Ё бо ҳамин корвони таблиғотчиёни номзадҳо ба МН якҷоя шуда, боре худро дар толорҳои барҳаво намоиш медиҳанду бо ҳамин натиҷаи интихоботро интизор мешаванд.

Воқеан аз ҷониби дигар дар навоҳии пур аз мушкили иҷтимоию деҳоте, ки мардумонаш аз кори раисони ноҳияҳо ва хӯҷаинҳои замин норизоянд ба миён гузоштани мавзӯи интихобот кори саҳл нест. Аммо чун сухан дар мавзӯи сатҳи пасти баргузории маъракаҳои сиёсии мо меравад, ҳамагон мегӯянд: ҷомиъаи мо ҳоло барои баргузории интихоботҳо омода нест. Яъне қавми бедор надорем?

Шояд мардум қасдан аз иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ ва идоракунии давлат канораҷӯӣ мекунанд. Аслан ҳамин тавр ҳам ҳаст. Бештар аз вакилони мо дар умум аз боварии халқ баромадаанд. Аммо дар ҳамин шабу рӯз ризоияти онҳо барои вакил шудани ин ё он нафар ҳатмист. Имрӯз, ки интихобкунандагон ба гуфтае худро ба нодонӣ мезананд, бояд номзадҳои мо қиссаи хонадоршавии лӯлиҳоро ба ёд биёранд. Чун вақте ки бори аввал лӯлиарӯсакро пеши домодшавандаи худ ба хобгирифта медароранд, номзад чигуна интихобкунандаашро бедор мекунад. Яъне то лаҳзае, ки лӯлиарӯсак тамоми кору бори хона ва мушкилоти рӯзгорро ба ӯҳда нагирифта нагӯяд, ки: "Гадоӣ мекунаму рӯзгоратро таъмин мекунам" номзад чашмашро намекушояд.

Шояд мардум ҳам баъди ҳар панҷсола як мавсими нозу худшиносӣ дошта бошанд ва дарк ҳам кунанд, ки мансабдорон ба райъи онҳо ниёз доранд. Пас имрӯз номзадҳое, ки ҳаваси вакили мардум шуданро доранд, оё иродае доранд, ки дар баробари як лӯлидухтар мардуми худро ба гуфте бедор намуда, мутақоид созанд, ки онҳо номзади арзандаанд?


Ҷ. Усмониён
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97