ТОҲИРИ АБДУҶАББОР: "БАҲМАНМОҲИ ХУНИН ДАСИСАЕ БУД…"

Сиёсат 22.02.2010 14:00

(Бозчоп аз ҳафтаномаи "Сухан" № 7, 13.02. соли 1992)

Баъди чанд соати саршавии воқеоти хунини баҳманмоҳ ба як зудӣ ғайричашмдошт гунаҳкоронро "дарёфтанд" ва аз тариқи родиову телевизиони тоҷик эълом доштанд, ки "як гурӯҳ нашъамандон, ифротиён, дуздон, бадмастон, авбошон" даст ба бетартибиву хунрезӣ заданд. Он вақт дар ин номгӯй Растохез набуд. Он вақт аз Растохез ҳукуматдорон кӯмак пурсиданд, барои ором кардани мардум, вале баъди "оромкарданҳо" ба он гурӯҳи "созмондеҳи хунрезиҳо" номи Растохезро ҳамроҳ карданд.

Аммо вақте дар дигар минтақаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ чунин хунрезиҳову бетартибиҳо ба вуқӯъ пайвастанду ҳар дафъа "як гурӯҳи ифротӣ, нашъаманд, авбош, дузд ва бадмаст"-ро гунаҳкор эълон карданд, мардуми бехабар фаҳмид, ки ин "гунаҳкорон" бофтаанд, ин ҷо гап дигар аст. Бегуноҳии Растохезро ҳам дертар қариб ҳама фаҳмиданд. Вале "қариб". Аз ин рӯ мо қарор додем, ки бо раиси созмони Растохез - Ҷунбиши мардумии Тоҷикистон, намояндаи халқи ҷумҳурӣ Тоҳири Абдуҷаббор сӯҳбат ороем ва ба баъзе торикиҳо рӯшанӣ андозем.

- Чунин ба назар мерасад, ки воқеаҳои хунини баҳманмоҳи соли навади Душанбе ва воқеаҳои хунини дигар, ки то ва баъди он дар ҷумҳуриҳои гуногуни мамлакат пайи ҳам рух медоданд, шабоҳати зиёд доранд ва аз рӯйи як нақша танзиму амалӣ шудаанд. Ба ёд биоред, воқеаҳои Тифлис, Боку, Ӯш, Фар¬ғона, Вилнюс ва амсоли онҳоро. Мақсади ин амалиёт ба вуҷуд овардани нооромиҳо, эҷоди фазои тарсу ваҳму бесомонӣ ва ба мардум "фаҳмондан"-и он кӣ "бинед, бозсозӣ ва демократия чӣ дод, беҳтараш баргардем ба сохтору сиёсати пешинаамон".

Ҳамаи ин ҳодисаҳо дасисаҳои палидонаи душманони бозсозиву демократия буданд. Равандҳои навини ҷомиа бунёди давлати худкомаи онҳоро пайваста суст мекард, империя ва ҳокимияти диктатурии онҳоро дар хатар гузошта буд. Дар Тоҷикистон мақсади асосии ин амалиёт зарба задан ба нерӯҳои миллӣ ва ватанпараст, сахт тарсонидани мардум, ҷорӣ кардани вазъи фавқулоддаву соати комендантӣ, ғалаба кардан дар интихоботи намояндагони мардумӣ ва аз ин роҳ пойдор намудани режими тоталитарӣ ва тобеи марказдори Тоҷикистон буд. Чунки моддаи 6 ва 7 аз Конститутсия бардошта мешуд ва дар ин маврид шӯроҳоро ба даст гирифтан лозим буд. "Эҷод"-и ин дасиса барои мансабдорони ҳизбӣ боз аз он ҷиҳат лозим буд, ки дар Тоҷикистон пеш аз интихобот эътиборашон миёни мардум ба андозаи назаррас коста буд ва баръакс обрӯи равшанфикрону озоди¬парас¬¬тон пайваста боло мешуд ва тақрибан панҷоҳ нафарашон имкони дар интихобот ғалаба кардан ҳам доштанд. Умуман, ин "ҳодисаҳо" бояд як силсила мушкилоти ҷонибдорони диктатураро осон мекард ва чунин ҳам кард.

- Созмони мардумии Растохез ният дошт, ки рӯзи 17 феврал гирдиҳамоии бисёрҳазорнафара ташкил диҳад. Ва ин пеш аз "ҳодисаҳо" дар тамоми ҷумҳурӣ эълон шуда буд. Оё мумкин буд, ки воқеаҳои "хунин"-ро ҳамон рӯз ба роҳ андозанд?

- Гумон мекунам, ки ҳадафи дигари ҳукуматдорон пешгирӣ кардани гирдиҳамоии рӯзи 17-ум буд. Чунки он метавонист ба натиҷаи интихобот таъсири бузург расонад. Аз тарафи дигар, гирдиҳамоии Растохез мебоист дар ҷои дигар, дар стадиони "Спартак" доир гардад. Ва онро мо идора мекардем. Яъне, он ҷо барои дасисабозиҳои ҳокимони вақт имконият маҳдуд буд. "Ҳодисаҳо"-ро бошад дар ҷои барояшон хеле мувофиқ ташкил карданд - дар сероҳаи марказии Душанбе, ки ҷамъ шудани одами зиёде аниқ буд. Ва боз он чиз барои "тарҳрезон" муҳим буд, ки ҳазорҳо нафари тасодуфан ҷамъшуда "бесоҳиб", яъне бесарвар буданд. Имкони ҳама гуна дасиса мавҷуд буд.

- Онон дасисаю иғворо соз¬мон доданду баъд барои ором кардани мардум аз Растохез ёрӣ хостанд?

- Бале, мо то ҷое, ки тавонистем, барои роҳ надодан ба хунрезӣ кӯшиш ба харҷ додем.

- Чаро ҳукуматдорон аз созмони Растохез чунин тарс доштанд ва дар ҳаққи он дурӯ¬ғу бӯҳтонҳо паҳн карда, онро сиёҳ карданӣ шуданд?

- Аввал ин ки созмон рӯз ба рӯз қувват мегирифт, ҷонибдорони он зиёд мешуд, шӯҳраташ меафзуд. Ин аз як тараф ҳукуматдорон ва мансабдорони ҳизб¬ро тарсонда бошад, аз ҷониби дигар ва муҳимтар аз ҳама, ҳадафҳои Растохез онҳоро ба таҳлука оварда буд. Растохез аз рӯйи таъсисаш таъмини озодию истиқлолияти Тоҷикистон, аз байн бардоштани моддаи 6 ва 7-и Конститутсия, аз дасти ҲК гирифтан ва ба шӯроҳо супурдани ҳукумат, фаъолияти ҳизб, аз байн бурдани системаи тоталитарӣ ва эҳёи суннатҳои миллиро ормонҳои волои хеш қарор дода буд. Ин ҳадафҳоро ҳукуматдорон ҳатто шунидан намехостанд ва дар ҳама ҷо Растохезро чун созмони миллатгароӣ сиёҳ карданӣ мешуданд ва намемонданд Оиннома ва Барномаи он чоп шавад.

- Ҳарчанд худи Шумо дар Душанбе набудед, Шуморо ҳам рӯзҳои баҳманмоҳи хунин дар ҳадафи ҳуҷуми хеш қарор доданд…

- Бале, чӣ ҳуҷуми ноҷавонмардона ва дурӯғу бӯҳтони беҳисобе… Ман он рӯзҳо чун номзад ба депутатӣ дар ноҳияи Ашт бо мардум вохуриҳо доштам ва аз нооромиҳо аз тариқи ТВ Маскав огоҳ шуда, рӯзи 15 феврал ба Душанбе омадам… Дар Ашт бошад, эълон карданд, ки маро чун созмондиҳандаи бетартибиҳо дасту по баста ба Маскав бурдаанд. Рӯзи 23 феврал-ду рӯз қабл аз интихобот "Сир охир ошкор мешавад" ном бӯҳтонномаро дар ҳама рӯзномаҳои асосии ҷумҳурӣ чоп карда, аз он ҳазор¬ҳо варақа сохтанд ва борҳо тавассути родиё шунавониданд, ки ману ҳамсафонам ва дигар рӯшанфикронро дар арафаи интихобот бадном созанд… Аз ҳама шигифтовараш он ки он рӯзҳо роҳпаймоии 26 январро, ки муқобили қонуншиканиҳои ҳукуматдорон ташкил карда будем, бо рӯйдоди баҳманмоҳ пайваста, "филми ҳуҷҷатие" таҳия карданд ва гӯё бо ин боз моро гунаҳкорони воқеоти хунин нишон доданӣ ва гуноҳҳои бешуморашонро сари мо бор карданӣ шуданд… Онҳо дар маъракаи интихоботи Раиси ҷумҳур ҳам бо афтонидани ҳайкали Ленин ин усули озмудашудаи худро бори дигар истифода бурданд…

- Аммо гунаҳкорони воқеа¬ҳои баҳманмоҳ, ки онҳо эълон карданд, бегуноҳ баромаданд. Ҳам Бӯрӣ Каримов, ҳам Нур Табар, ҳам Абдулло Ҳабиб ва ҳам худи Шумову созмони Растохез. Пас гунаҳкорони ҳақиқӣ киҳоянд?

- Гунаҳкорони ҳақиқӣ роҳбарони онвақтаи ҲК Тоҷикистон ва хоҷагони дар Маскав будаи онҳо. Прокуратураи ҷумҳурӣ дар мавриди воқеаҳои баҳманмоҳ ба ғайр аз дурӯғ чизе нагуфта, ҳанӯз ҳам муайян накарда, ки кӣ фармони ба мардуми бесилоҳ тир парронданро додааст. Аввал¬ҳо гуфтанд, ки мардуми ҷамъшуда яроқнок буд ва худ якдигарро парронда. Вақте муайян шуд, ки тирҳо аз силоҳҳои аскарон бурун ҷастаанд, гуфтанд, ки онҳо худ бе фармоне барои ҳимояи хеш яроқро истифода кардаанд. Вале ин ҳама бофтаи дасисабозон аст. Аскар бе фармон тир холӣ намекунад.

- Ва шумораи бегуноҳоне, ки аз дасти дасисабозон шаҳид гаштанд, оё ҳамагӣ 25 нафар аст?

- Шумораи шаҳидон хеле зиёдтар аст ва шумораи маҷруҳон низ. Вале волидону наздикони шаҳидону маҷруҳон ҷиддӣ даъво намекунанд, ки барои муайян намудани гунаҳкорон делои ҷиноӣ кушоянд. Ин, албатта, таассуфовар аст. Чаро нисбати Қаҳҳор Маҳкамов ва ҳамдастонаш делои ҷиноӣ кушода нашавад ва ҷиддӣ тафтиш бурда нашавад?

- Суоли охирин: Бегуноҳии Растохез расман собит ва эътироф шуд ва аз тарафи дигар баъзе аз муҳимтарин мақсаду ҳадафҳои созмон амалӣ шуданд. Пас сабаб чист, ки то ҳол баъзеҳо ба он ба назари шубҳа ва ҳатто тарс менигаранд?

- Чунки мо то ҳол ба пояи миллат нарасида ва мардум манофеи миллии худро дарк накарда. Дар натиҷаи сиёсати 70-солаи тоталитарӣ тоифаи одамон ба ҳадде ба идеяҳои зиддимиллии коммунистӣ гаравида, бемаърифат, зудбовару гумроҳ шудаанд, ки то ҳол аз Растохез - Ҷунбиши мардумӣ меҳаросанд, оинномаву барномаи онро нахондаанд, аз мақсадҳояш огоҳ нестанд ва аз ин рӯ дар қайди бӯҳтон ҳастанд, ки аз тарафи ҷинояткорон паҳн карда шудаанд. Вале умри ин бӯҳтон¬ҳо кӯтаҳ аст ва дер ё зуд назари мардум ба Растохез чун ба воқеаҳои хунини баҳманмоҳ ба куллӣ тағ¬йир меёбад.


Сӯҳбатнигорон:
Камоли ҚУРБОНИЁН, Насибҷон АМОНӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97