НОКАРДА ГУНАҲ

Сиёсат 20.02.2010 15:00

чаро гуноҳи дигаронро бар дӯш мегирад?

Рӯҳи шаҳидони баҳманмоҳро ором кунед

Бо гузашти 20 сол аз Баҳманмоҳи хунин ҳанӯз ҳам оби дидагони модарони раҳинтизори ҷигаргӯшаҳои гулгункафан нахушкидааст. Ҳанӯз ҳам бархе аз онҳо ба умеди пайдо кардани сабаби марги ҷигаргӯшаҳои худ бо сад умед дар мекӯбанд. Соли гузашта буд, ки яке дӯст гуфт, модаре ҷигарреш, ки фарзандашро дар Баҳманмоҳи хунин қурбон ёфтааст, суроғаи нашрияи Шуморо меҷуст.

Дигар аз он модар дарак нашуд. Вале дарёфтем, ки дили модар чӣ мехоҳад. Ҳақиқат! Ҳақиқати марги ҷигаргӯшаи бегуноҳи худро, ки танҳо гуноҳаш ин буда, ки аз он майдон роҳгузар будааст.

Аммо бо гузашти 20 сол аз он ҳодисаи нангин ҳеч як давлатмарде ҳозир нашудааст, аз рӯҳи гузаштагони ин дасиса узр бихоҳад. Дасисае, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон замина гузошт ва бори нангу орро ба гиребони миллати шарафманди тоҷик часпонд. Ва ҳанӯз паёмадҳои ин дасисае, ки баҳои воқеии худро ҳанӯз ҳам наёфтааст, тоҷики овораву бечораи моро дар поётахти кишваре, ки хиёбонҳояш бо мармари қалби ин ватан мармарӣ шудааст ва бо обилаи дасти мардони кораш обод мешавад, бечоратар ва хору зор кардааст.

Иштибоҳи ҳукумати вақти Тоҷикистон боис шуда, ки имрӯз ҷуброни ин иштибоҳотро на танҳо мардуми бечора, балки ҳукумати кунунӣ мепардозад.

Сиёсате, ки дар шароити "ба қавле, дигар поён инро намехост ва боло идора карда наметавонист", маҳз бо худхоҳии ҳукумати Маҳкамов, ки нахост иштибоҳашро бипазирад ва ислоҳ кунад, дар ҳукумати кутоҳумри Набиев ҳам идома ёфт. Боис шуд, ки рехтани хун идома кунад ва қурбонии бештаре бигирад. Сияҳном шудани миллати шарафманди тоҷик бо дасти ҳукумати дастнишондаи Кремл дар матбуоти Русия боис шуд, ки то имрӯз ин бадномӣ аз мо қурбонӣ мегирад. Аммо набояд давлати кунунӣ барои иштибоҳоти ҳукумати гузашта ҷуброн бипардозад. Танҳо кифоят аст, ки иштибоҳоти гузаштаро эътироф кунад ва ҷойи хуни рехтаи аввалин шаҳидони баҳманмоҳ санги хотира бигузорад ва аввалин гулчамбарро ба хотири гиромидошти рӯҳи шаҳидон ин ҷо бигузорад, то дасти додхоҳон аз домони ҳукумат раҳо шавад. Дар акси ҳол тамоми иштибоҳоти ҳукуматҳои дастнишонда ва корношоям, ки боиси рехтани хуни ҳазорон нафар шудааст, бар дӯши шонаҳои ин ҳукумат бор хоҳад шуд, ки ҳатман ҳукумате дигар ин иштибоҳотро ҳатман ислоҳ хоҳад кард ва танҳо бадномиш барои ҳукумати вақт хоҳад монд.

Аммо вақте ки ин ҳукумат тавониста хеле аз ормонҳои мардумиро пиёда бикунад ва дар хеле мавзеъҳо азхудгузаштагӣ нишон бидиҳад, ҷанги овардаи ҳукуматҳои заъифу нотавонро бартараф созад ва дар гузоштани гулчамбаре ба хотири рӯҳи қурбониёни ин набард дасткутаҳӣ нишон бидиҳад, пас зеҳниятеро ба вуҷуд хоҳад овард, ки тамоми иштибоҳот ва гуноҳони ҳукуматҳои қаблиро ҳамроҳ бо курсии ҳукумат бар худ гирифтааст. Вале чаро ҷуброни гуноҳони дигаронро ин ҳукумат бипардозад?


"Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97