ҶУНБИШИ ЗАНОН Ё ҲИЗБИ ЗАНОН ТАШКИЛ МЕШАВАД?

Сиёсат 19.02.2010 11:00

ЗАН ИНТИХОБКУНАНДА ВА ИНТИХОБШАВАНДА

Хонандагони азизи "Миллат" дарак доранд, ки бо ибтикори нашрияи сиёсии "Миллат" ҳузури занон дар интихоботи порлумонии соли 2010 дар як мизи гирд мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт. Дар он нишаст, ки рӯзи 9-уми январ дар толори Иттифоқи журналистони кишвар таҳти унвони "Ҳузури зан дар интихобот" бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои хабарӣ баргузор шуд, мавзӯи "Зан - интихобкунанда ва зан - интихобшаванда" ҳам дар меҳвари баҳсу баррасӣ ҷой дошт.

Дар се шумораи қаблӣ мо ба ҳадди имкон суханрониву изҳори назарҳои ширкаткунандагонро ба нашр расонидем ва дидгоҳҳову назароти аҳзоби сиёсӣ дар мавриди ҳузури камранги занон дар маъракаҳои интихоботӣ, ба вижа интихоботи порлумонӣ интишор ёфтанд. Ҳадафи баргузории ин мизи гирд барасии ҳузури густурда надоштани занон дар феҳрасти аҳзоби сиёсӣ, адами ҳузури занони даъвогари вакилӣ аз ҳавзаҳои инфиродӣ ва баррасии кундии фаъолияти бонувон ҳамчун интихобкунанда бо масоили марбут ба ҳамин мавзӯъ буд.

"Мо мунтазир будем, ки созмонҳои марбут ба интихобот ҳамчунин ҳамойишҳоеро баргузор ва мушкилотро баррасӣ кунанд ва мо инъикоскунандаи ин рӯйдод бошем. Аммо камрангии омодагӣ ба интихобот дастандаркорони "Миллат"-ро водор кардааст, ки даст ба кор шаванд ва ҳамчунин мизи гирдеро ташкил бикунанд", - гуфта буд муассиси нашрия Адолати Мирзо. Албатта, "Миллат" бо ҳадафи ҳарчи гармтар кардани корзори интихобот ва ҷалби бештари мардум барои ширкат дар интихобот ин нишастро баргузор кард.

Ҳарчанд баргузории ин нишаст барои таъсиргузорӣ дар интихоботи кунунии порлумонӣ як амали дершуда қаламдод гардид, аммо дар мисоли худ бесобиқа ва ҷолибтарин мизи гирд дар пешорӯйи маъракаи интихоботӣ унвон шуд.

НАТОИҶ ВА ХУЛОСАИ "ҲУЗУРИ ЗАНОН ДАР ИНТИХОБОТ"

Ҷолибтар аз ҳама ин буд, ки дар нишаст намояндагони ҳама аҳзоби сиёсии фаъоли кишвар изҳори ақида карданд. Дар пайи таҳлилу баррасии маводи мизи гирд ба хулосае расидем, ки мӯҳтавои он дар зер оварда мешаванд:

а) Яке аз сабабҳои аслии ҳузур наёфтани бонувон ба камфаъолиятии онҳо дар саҳнаи муҳими сиёсӣ, минҷумла, интихобот вобаста мебошад.

б) Иллати дигари ҳузур наёфтани бонувон мушкилоти молӣ будааст, ки бар асари тангдастӣ наметавонанд вориди рақобатҳои интихоботӣ барои вакил шудан дар порлумон шаванд. Адами ҳузури занон на танҳо мушкили ҳизбҳои бӯҳронзада, балки ҳизбҳои муқтадиртаре ҳамсони Ҳизби ҳокими халқӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ будааст.

в) Сабаби дигар набудани идеологҳои сарсахт, ба вижа аз шумули занону мардони фаъол низ рӯҳафтодагии аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро бармало месозад.

БАҲСИ БОНУВОН ВА НАЗАРИ АҲЗОБ

Дар мизи гирд баҳси Раиси созмони ҷамъиятии "Дурнамо+" бону Ойниҳол Бобоназарова бо вакили мардум дар Маҷлиси намояндагон Хадича Ҳакимова таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро аз ҳама бештар ҷалб намуд. Бону Бобоназарова фаъолияти сусти бонувон дар порлумони кишварро ба риштаи интиқод кашид. Аммо бонуи вакил Ҳакимова изҳори ақида кард, ки бонувони порлумон хеле фаъоланд ва дар навиштани қонунҳое, ки дар порлумон ба тасвиб мерасанд, нақши ҷиддӣ доранд.

Пеш аз ин ҳам гуфта будем, ки мавзӯи интихобкунанда ва нодида гирифтани шумориши раъйи ӯ аз муҳимтарин ва камрангтарин мавзӯъотест, ки то ҳоли ҳозир дар интихоботҳои Тоҷикистон матраҳ будааст.

Дар мизи гирд хулоса шуд, ки дарвоқеъ фаъолияти занон новобаста ба зиёд шудани теъдоди онҳо дар мақомоти давлатӣ ҳанӯз ҳам камранг мебошад. Зеро дар шароите, ки теъдоди азиме аз раъйдиҳандагон бо сабаби дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷ аз кишвар будан дар аксари маврид бо сабабҳои гуногун аз додани раъй маҳрум аст ва танҳо бонувони фаъол ҳастанд, ки раъйашон сарнавишти ояндаи ин миллатро таъйин мекунад. Дар мизи гирд аз чеҳраҳои саршиноси кишвар вакилони МН Исмоил Талбаков, Хадича Ҳакимова, Муҳиддин Кабирӣ, инчунин намояндагони Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, Ҳизби коммунистӣ, ҲХД, Ҳизби аграрӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуда, вориди баҳс ҳам шуданд.

Абдуҳалим Ғаффоров - раиси ҲСТ изҳор дошт, ки занҳои мо ҳуқуқҳои худро намедонанд. Мо бояд имрӯз тавассути радио, тавассути маҷаллаҳо ва мизҳои мудаввар занҳоеро, ки фаъол ҳастанд, гирд оварем ва дар бораи фаъолияти онҳо пурра ва ҳаматарафа гуфтан лозим аст. Танҳо тавассути тарғибу ташвиқ мо метавонем мақоми занро боло бардорем. Дар муқобил, Раҳматилло Зоиров раиси ҲСДТ иброз намуд, ки занҳои мо ҳуқуқҳои худро аз мардҳо бисёртар медонанд. Ба назари Зоиров, дар бораи мушкилоти бонувон масъалаҳои бисёр аст ва дар худи занон ҳам проблема вуҷуд дорад, зеро модарон бояд дар тарбияти фарзанд, озодфикрӣ ва баробарҳуқуқиро истифода баранд, лекин ҳамин ақида дар занҳои мо нест. Агар занҳои мо фарзанди худро бо ҳамин фикру ақида тарбият карда тавонанд, ман фикр мекунам , ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон мешавад.

Вакили Маҷлиси Намояндагон Хадича Ҳакимова бо изҳори қаноатмандӣ аз фаолияти занон дар Порлумон мегӯяд, ки ман ба фикри Раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ дар бобати номуттаҳидӣ дар байни занон мувофиқам.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар баҳси ҳузури бонувон дар интихобот ёдовар шуд, ки Беназир Бҳутто аз тариқи ягон квота наомада буд. Ба андешаи Кабирӣ, квота ба як объекти рақобати байни худи занҳо табдил шудааст. Зан дигар мардро ҳамчун рақиб намешиносад, балки зани дигарро рақиб мешиносад, ки чӣ кор кунам , то дар ҳамон чорчӯбаи квота дохил шавам. Агар мо ҳозир квотаро барҳам диҳем шояд панҷ-шаш соли дигар барои хоҳарон душвор шавад, вале баъдан ба ин натиҷа мерасанд, ки танҳо ва танҳо дар рақобати озод, шаффоф ва ва бо ҷуръату ҷасорат метавонанд вориди сиёсат шаванд.

Ҳуриннисо Ғаффорзода аз занони фаъоли кишвар, ки дар интихоботи пештара ба ҳайси интихобшаванда фаъолият бурдааст, мегӯяд: Ман ҳизби сиёсиро аз вазъи молияш баҳо медиҳам. Ҳизбе, ки пул надорад, ки ҳамон чор-то коргари худашро хӯронад, вай чи гуна мардумро дунболаш мебарад? Он марде ё он зане, ки маблағ надорад, вақте ки вазъи иқтисодии хонаашро дуруст кардан наметавонад, чӣ гуна мардумро ба сиёсат мебарад? Ман ҳизби сиёсиро аз лиҳози молиаш баҳо медиҳам. Ба назари ин бонуи фаъол беҳбудии вазъи моли ҳизб аз авомили пешрафти он аст. Ӯ мегӯяд: Ҳизбҳои сиёсии мо то андозае вазъи молиашон, вазъи иқтисодӣ-иҷтимоиашон, равандҳои сиёсиашонро ҳоло намегӯям, сустанд. Ин як сабаб аст, ки наметавонанд ба сиёсати калон ворид шаванд. Занҳои мо ҳам ҳамин хеланд. Аз лиҳози молӣ таъмин нестанд.

Бону Зарафо Раҳмонӣ, ки фаъолтарин зан дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба назар мерасад, ба андешаи Ойниҳол Бобоназарова дар бораи фаъолияти суст ва камии теъдодии занон норизо буданашро изҳор дошта гуфт: Ман воқеиятро мегӯям, аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи занон қариб 50% ҳастанд. Ман мегӯям, ки имрӯз занҳои мо назар ба соли 2005, ки ман номзад шуда будам, хеле фаъол шудаанд. Имсол мо мебинем, ки занҳо меоянд назди мо ва мепурсанд, ки интихобот кай шурӯъ мешавад, кай мо бояд овоз бидиҳем, мо чӣ гуна биравем ҳавзаҳо ва ингуна сӯҳбатҳо хеле зиёд мешаванд ва мо ҳам кӯшиш мекунем, ки дар навбати худ аз ҷониби наҳзати исломӣ як гурӯҳи занони хеле фаъол дорем, ки онҳо байни мардум барои фаҳмондадиҳӣ ба бонувон бираванд ва сӯҳбат кунанду онҳоро бифаҳмонанд, на танҳо барои ҳузур дар интихобот ё ташвиқот бубаранд, балки онҳо раванд ва раъйи худро худро соҳиб шаванд. Ба натиҷаҳое ҳам расидаем, иншоаллоҳ.

Дар умум, аз ин мизи мудаввар ба хулосае мерасем, ки фаъол шудани бонувон ҷиҳати ширкат дар интихобот ва дигар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба беҳтар шудани авзои иқтисодӣ вобастагӣ дорад.

Ба иловаи ин, шинохти бештар ва беҳтари бонувон аз арзишҳои маънавӣ ва миллӣ аз дигар авомили муҳиме ба назар мерасад, ки онҳо битавонанд дар оянда дар майдони сиёсат ва пешрафти кишвар саҳим бошанд.

Дар мизи гирд аз ҷониби ширкаткунандагон ҷиҳати фаъолгардонии бонувон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар пешниҳодҳои гуногун ҳам шуд.

Пешниҳоди муҳимтарин аз ҷониби бонувон ин буд, ки як ҷунбиш ё ҳаракати бонувон дар кишвар таъсис шавад, то занон битавонанд тавассути он мушкилоти хешро бароварда созанд.

Мо умедворем, ки бонувони гиромии мо нисбат ба сарнавишти худу ватан бетараф нестанд ва рӯзи интихобот пушти сандуқҳои раъй мераванд, то овозашон суистифода нашавад.

ХАДИЧА ҲАКИМОВА: БОНУВОН

ДАР ПОРЛУМОН ФАЪОЛАНД

Ман ба фикри Раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ мувофиқам, ки мегӯяд байни занон муттаҳидӣ нест. Сад дар сад ба ин фикр тарафдорам. Аммо ба ин ақида, ки муаллимаи мӯҳтарам Бобоназарова оиди фаол набудани занон дар Порлумон мегӯяд, розӣ шуда наметавонам. Зеро дар Порлумон ҳамаи занон аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳастанд, аз ҷумла, 4 нафар зан аз ҳавзаҳои интихоботии якмандата ва дигаронаш аз рӯйхати ҳизбӣ онҳо ҳамаи фаолияташонро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон, Конуни ҶТ "Дар бораи маҷлиси Олии ҶТ", қонуни каниститутсионии ҶТ "Дар бораи узви маҷлиси миллӣ ва вакили маҷлиси намондагон" ба роҳ монданд. Бояд як чизро аз назар дур накард, ки ҳар як вакили маҷлиси намояндагон фаъолияташро дар чаҳорчӯбаи қонун, яъне, ки аз мақомоти қонунгузорӣ ва намояндагӣ ба амал мебарорад. Оиди он ки занон дар парлумон фақат бо тугмазеркунӣ сару кор доранд, розӣ ба он хотир набояд шуд, ки аксари занон дар парлумон, чуноне ки даъвати сеюм нишон дод, занони мо имрӯз аз таҳияи қонун, аз мақомоти намояндагӣ, аз мақомоти қонунгузорӣ баромада метавонанд. Зеро аксарияти занони мо, агар ҳамаашонро гӯем, хато намекунем, таҳияи қонунҳои мукаммалро пешниҳод мекунанд. Бояд қайд намуд, ки имрӯз фаъолияти занон на ин ки дар фаъолияти қонунгузорӣ, ҳатто дар фаъолияти намояндагӣ низ зоҳир мегардад. Мутобиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ҳар як вакиле, ки аз ҳавзаи якмандата интихоб мешавад, ду маротиба бо интихобкунандагон вохӯрӣ мегузаронанд. ҳангоми вохӯрӣ он мушкилиҳое, ки ба интихобкунандагон доро мебошад, ҷамъбаст намуда, сипас барои иҷроиш ба ҳукумати ҶТ ирсол карда мешаванд. Бояд як чизро мо аз хотир дур накунем, ки назорати иҷрои қонунҳо мутобиқи Кониститутсияи ҶТ моддаи 93 ба зиммаи мақомоти прократура мебошад.


"Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97