ҲАВЗАҲОИ ГАРМУ САРДИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Сиёсат 16.02.2010 13:30

24 январ рӯзи охирин пешбарии номзадҳо ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба анҷом расид. Тибқи иттилои Раиси комиссияи вилоятии интихобот Асадулло Файзалиев, то рӯзи муайяншуда дар 67 ҳавзаҳои интихоботии вилояти 110 нафар номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ ва тариқи худпешбарӣ номзадии худро пешбарӣ намуда буданд. Дар баъзе аз ҳавзаҳо ҳамагӣ як нафар номзад дар дигар ҳавзаҳо то 5 нафарӣ номзад пешбарӣ шудаанд. Воқеан, номзадҳои танҳо дар баъзе аз ҳавзаҳои интихоботии вилояти латифаи "Ман-Ту"-ро ба ёд меорад, ки поёнтар нақл хоҳем кард.

Дар рӯзи мусоҳибаи мо Асадулло Файзалиев гуфта буд, ки дар ҳавзаи №1 як нафар ва дар ҳавзаи интихоботи вилоятии №2 шаҳри Қурғонтеппа се нафари номзад пешбарӣ шудаанд. Аммо ин иттилои таърихи 28 январ буд, ки баъдан шумораи номзадҳо дар ин ҳавзаҳо тағйир ёфтаанд.

Новбаста аз он ки дар интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ на ҳамаи намояндагони аҳзоби сиёсӣ номзадҳои худро фаъолона пешбарӣ намудаанд, аммо дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қурғонтеппа муборизаҳои сиёсӣ барои курсиҳои вакилии халқ оғоз гардидааст. Дар шаҳри Қурғонтеппа ду ҳавзаи интихоботии вилоятӣ таъсис дода шудааст. Инак:

ИНТИХОБОТИ САРДУ НОМЗАДҲОИ БАРҚӢ

ДАР ҲАВЗАИ №1

Тибқи андешаи фаъолони ҳизбҳои сиёсии минтақа интихоби вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи №1-и шаҳри Қурғонтеппа сарду ором хоҳад гузашт. Зеро дар ин ҳавза номзадии раиси шаҳр Шарифхон Самиев пешбарӣ шуда, чанд рӯзе дар қиболи ӯ нафаре номзадии худро пешбарӣ накард. Аммо ба гуфтаи масъулини ҳавзаи интихоботии №2-и шаҳри Қурғонтеппа баъдтар ҳамкасби эшон аз шабакаҳои барқи шаҳри Қурғонтеппа Шамсулло Мусулмонов низ номзадии худро аз ин ҳавза пешбарӣ намудааст. Тибқи иттилои ба дастомада раиси ҳавзаи мазкур ҳам мутахассиси соҳаи барқ аст. Мушоҳидони сиёсӣ мегӯянд, ки дар ин ҳавза интихобот бидуни "замеканный" доир мегардад, агар ҳарду номзад, ки хатҳои нул ва фазарро мемонанд, бархӯрд накунанд.

Чаро дар ин ҳавза ҲНИТ ва дигар аҳзоби сиёсӣ номзадҳои худро пешбарӣ накардаанд, андешаҳо гуногун аст. Масъулини бахши хатлонии ҲНИТ дар ин бобат гуфтанд, ки онҳо дар ҳавзаҳои интихоботии вилоятии шаҳри Қурғонтеппа ҳамагӣ як номзади худро аз ҳавзаи №2 пешбарӣ намудаанд. Зеро ҳизби мазкур ҳамагӣ 33 нафар номзадро барои ишғоли курсиҳои вакилӣ дар маҷлиси вакилони халқи вилоят пешбарӣ намудаасту халос. Дилбар Солиева, раиси ҲСТ дар Хатлон гуфт, ки дар интихоботи соли 2010 намояндагони ҳизби онҳо дар ягон аз ҳавзаҳои интихоботи якмандатӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ номзадҳои худро пешбарӣ накардаанд. Ба гуфтаи ӯ дар интихоботҳои қаблӣ фаъолони ҳизб кӯшишҳои зиёде карда буданд, аммо ба ҷуз хисороти молӣ аз он интихоботҳо баҳрае набардоштаанд. Шахсан раиси хатлонии сотсиалистҳо бошад, аз рӯйи ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ дар рӯйхат нафари дуюм мебошаду халос.

Ҳамчунин, дигар аз аҳзоби сиёсии вилоят аз қабили ҲИИТ, ҲАТ ягон нафари номзадҳои худро ба ҳавзаҳои интихоботии вилоятии пешбарӣ намудаанду халос. Аммо аз дигар аҳзоби сиёсӣ аз қабили ҲКТ, ҲСДТ иттилое дар даст надорем, зеро телефонҳои мобилии роҳбаронии хатлонии онҳо кор намекунанд. Бобоати ҲДТ умуман иттилое дар даст надорем.

ҲАВЗАИ ГАРМУ БАҲСАНГЕЗИ №2-И

ШАҲРИ ҚУРҒОНТЕППА

Дар ҳавзаи интихоботии вилоятии №2-и шаҳри Қурғонтеппа то мӯҳлати муайяншуда се нафар номзадҳо аз ҲХДТ, ҲНИТ ва ҲИИТ тариқи конференцияҳои ҳизбӣ ҳамчун номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешбарӣ шуда буданд. Гарчанде ки аз мӯҳлати ба анҷом расидаи пешбарии номзадҳо 3 рӯзи дигар ҳам гузашта бошад, аммо миёни фаъолони аҳзоби сиёсӣ сару садоҳо оид ба эҳтимоли ба қайд гирифтани номзади чаҳорум паст намешуданд. Ҳамин тариқ, соати 14:52 баъди нисфирӯзии 27-уми январ Холмурод Шарипов, раиси ҳавзаи интихоботии вилоятии №2 шаҳри Қурғонтеппа дар мусоҳиба бо мо мегӯяд: "То саннаи 24-уми январ дар ҳавзаи интихоботии вилояти №2-и вилояти Хатлон 3 нафар номзадҳо аз қабили Алихон Нуралиев-ҲХДТ, Азимҷон Ваҳҳобов- ҲНИТ ва Зафар Ализода аз ҲИИТ тариқи конференцияҳои ҳизбӣ ҳамчун номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешбарӣ шудаанд. Мо шаҳодатнома дар бораи шахсони бовариноки онҳо ва ҳам номзадии онҳоро ҳамчун номзад ба маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ҳукумат пешниҳод кардаем. Аммо тариқи худпешбарӣ ба ҳавзаи мо ягон нафар номзадии худро пешниҳод накард". Ба суоли он ки; Мегӯянд, ки баъди 24-уми январ ҳам нафароне ҳастанд, ки кӯшиш доранд то номзадии худро тариқи худпешбарӣ ба ҳавзаи интиоботии вилоятии №2 пешбарӣ намоянд, хақиқат дорад? Раиси ҳавзаи №2 шаҳри Қурғонтеппа бо боварӣ мегӯяд: Ин суханҳо ҳамааш як овозае беш нест. Зеро агар нафаре кӯшиш кунад, ки номзадии худро аз ин пас пешбарӣ намояд, мо дар доираи Қонунҳои мавҷуда яъне бо дастрасии моддаи 25-и Қонун "Дар бораи интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳалӣ" ба қайдгирии номзадии онҳоро рад менамоем. Зеро тибқи қонунҳои дар боло номбаршуда то 35 рӯз мондани рӯзи интихобот пешбарии номзадҳо ба маҷлисҳои вакилони маҳаллӣ ба анҷом мерасад.

Аммо душанбеи рӯзи 1-уми феврал нафаре аз номзадҳо аз ҳавзаи мазкур изҳор мекунад, ки дар ҳавзаи интихоботии вилоятии №2-и шаҳри Қурғонтеппа номзадии нафари чаҳорум пешбарӣ шудааст. Ин дафъа раиси ҳавзаи мазкур оромона ба мо гуфт: "Номзаде, ки аз ҲХДТ тариқи худпешбарӣ дар интихобот ширкат карданӣ ҳаст, ҳуҷҷатҳои худро қабл аз мӯҳлати муайяншуда пешбарӣ намуда буд, аммо баъзе аз камбудию норасоиҳое, ки дошт, барои ислоҳи он вақт гирифта буд. Мо дар доираи қонунҳои мавҷуда ӯро ба қайд гирифтаем".

Дар ҳамин ҳол раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Эшбӯрӣ Эсанқулов изҳори ташвиш менамояд, ки пешбарии номзадҳо баъди мӯҳлати муайяннамудаи Қонунҳои мавҷуда дар бораи интихобот доғе ба ин маъракаи сиёсӣ мегузорад. Чун дигар аз аҳзоби сиёсӣ низ аз қонунҳои мавҷуда бохабаранд ва иттилои хубе оид ба шумораи номзадҳои пешбаришуда дар даст доранд. Агар дар ин ҳавза, ки раисии онро аъзои ҲХДТ ба ӯҳда дорад, чунин қонуншиканиҳо рух дода бошад, бахши хатлонии ҲХДТ Холмурод Шариповро дар машварати қарибулвукӯи ҳизбӣ муҳокима хоҳанд кард, - гуфт, Э. Эсанқулов.

МУСТАҲКАМКУНИИ НОМЗАДҲО

Ё МУБОРИЗАҲОИ ДОХИЛИ ҲИЗБӢ

Воқеан, бобати пешбарии якчанд номзадҳо аз як ҳизби сиёсӣ дар як ҳавзаи интихоботӣ сиёсатшиносони маҳал андешаҳои гуногун доранд. Фаъолони ҲНИТ мегӯянд, ки агар нафаре ба ҳизби худ содиқ бошад, бояд дар қиболи ҳамҳизби худ, ки онро конференцияи ҳизбӣ ба ҳайси номзад пешбарӣ намудааст, номзадии худро пешбарӣ накунад, зеро ин гувоҳи беэҳтиромӣ нисбати конференсияи ҳизбӣ мебошад. Аммо раиси дастгоҳи комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Неъматулло Иброҳимов муборизаҳои дохили ҳизбиро ҳамчун нишон аз гуногунандешиҳои дохили ҳизбӣ баён медорад.

Тибқи баъзе маълумотҳо ҲХДТ барои пирӯзӣ дар интихобот дар қатори пешбарии аз ҳама аҳзоб бештари номзадҳо, инчунин, шумораи дастаҳои таблиғотии худро дар умум аз 6 ҳазор нафар зиёд расонидааст.

Ин дар ҳолест, ки нафаре аз масъулини ҳавзаҳои интихоботи пешбарии аз ду зиёда номзадҳоро аз ҳизби ҳукмрон тактикаи сиёсӣ номида изҳор дошт, ки вакил як нафар интихоб мешавад, дигар ҳамҳизбҳо бошанд, дар интихобот нақши "подкрепленный" мустаҳкамкунии номзади ҳамҳизбро хоҳанд бозид.

Умуман интихоботи соли 2010-ум аз маъракаҳои сиёсии солҳои 2000-2005-ум ба кӯлӣ фарқ мекунад. Гарчанде, ки дар вилояти Хатлон дар ин интихобот муборизаҳои байниҳизбӣ бештар байни ду ҳизб ҲХДТ ва ҲНИТ мегузарад, аммо падидаи дигар-муборизаҳои дохилиҳизбии ҲХДТ баръало мушоҳида мешавад, ки фаъолони ҳизби мазкур онро нишони демократии дар ҳизб арзёбӣ менамоянд. Тибқи иттилое, ки дар даст дорем, чӣ дар ҳавзаҳои якмандатӣ ва чӣ дар ҳавзаҳои вилоятӣ дар қатори пешбарии номзадҳои ҲХДТ, инчунин, нафароне аз ин ҳизб тариқи худпешбарӣ низ номзадии худро гузоштаанд. Аммо на ҳамаи онҳо танҳо ба хотири онки дар ҳавзаҳо рӯйхати номзадҳои сари танҳоро пур кунанд, иштирок мекунанд, балки иддае аз номзадҳои худпешбар шонсхои 100% ҳам пайдо мекунанд, ки бархӯрдҳои онҳоро рӯзи интихобот хоҳем дид. Алъон ба порчае аз матни сабти навори мо ин матлабро ба анҷом расонида боқӣ баҳсҳои пеш аз интихоботиро барои рӯзи дигар мегузорем:

Маро гуфтанд, ки номзадиамро гирам. Пешниҳод буд, ки ту номзадиатро гирифта дар худпешбарӣ мону он нафар аз номи ҳизб. Ман рад кардам. Зеро маро конференцияи ҳизб бовар карда, номзадиамро пешбарӣ намудааст. Агар ман ҷафо гардам, мардум мардум чӣ мегӯянд….

Латифа дар ҳамин мавзӯъ:

Дар бозори шаҳр омад-омади депутат фурӯшандаҳоро ба таҳлуқа афтонд. Ҳар нафаре назди дӯкони худро тоза карда маҳсулоти хубтарро ба намоиш мегузошт.

-Мӯҳтарам депутат гӯшти беустухон дорам, хонаба ройи кунам-мӣ?

-Тарбӯзи Қурғонтеппаи мо бо дорӯи Узбакистон пухта расидагӣ, албатта, бо дастгирии Шумоён депутатҳо, кӣ роҳро кушодед..

Аммо депутат, ки савганд хурда буд, ҳафтае як рӯз мисли интихобкунандагонаш ширкадую кадулафкак истеъмол мекунад, худро хоксору оддӣ нишон дода, рост сӯйи дӯкони Абдураҳмони кадуфурӯш рафт.

-Депутати ҷӯе! Кадомаш маъқул бошад, интихоб аз Шумо ҳиммати нархи аз мо,- гӯён мӯйсафед кадуи охиринро бо панҷаҳои ожангпӯшаш алвонҷ медод.

-Бобо як инсоф кунед охир, - ба шиква даромад депутат,- Ҳамагӣ як кадуи сарпусида дорию бо ҳафт забон реклама мекунӣ, ки интихоб кунед. Агар каду ҳамагӣ як то бошад, интихоб карда намешавад. Ҳамту гиред, гӯеду халос. Мантиқ, мантиқ, мефаҳмед? Мантиқи суханро бобоҷон!!!

Мӯйсафед илҳомаш паст шуду кадуро ба замин гузошта, оҳе кашида гуфт:

-Алла ҷу, ҳами худут ни дар интихобот кадуи мн ворӣ як номзади тоқа будӣ. О, мо ни Шумора интихоб кардем ку!


Ҷамолиддини САЙФИДДИН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97