КОМИССАРИ ҲАРБИИ ВОСЕЪ МУАЛЛИФИ "МИЛЛАТ"-РО ТАҲДИД МЕКУНАД

Сиёсат 15.01.2010 14:53

Ба таваҷҷуҳи Бобоҷон Бобохонов, Прокурори генералӣ ва Шералӣ Хайруллоев, Вазири Дифоъи Тоҷикистон

Тахминан соати 17-и шоми 11 январи соли ҷорӣ замоне, ки дар яке аз марказҳои интернетии шаҳри Кӯлоб Абдулмӯъмини Шерхонд, муаллифи мақолаи "Раҳмат, Шералӣ Хайруллоев" машғули кор буд, рӯзноманигор Билоли Шамс ва як зану марди ношинос вориди марказ шудаанд. Муаллиф мегӯяд, аз рӯи эҳтиром аз ҷой бархосфта бо рӯзноманигор вохӯрӣ кардааст, ки ин замон Билоли Шамс сӯи ҳамон марди ношинос рӯй оварда, иброз медорад, ки "ана, ҳамоне, ки туро навиштааст" (матлаби "Раҳмат, Шералӣ Хайруллоев" -ро дар назар дошта!).

Искандар Назаров, сардори комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ бо таҳдид аз гиребони муаллиф дошта, дуғ мезанад, ки чаро дурӯғ навиштӣ. Дар ҳамин ҳолат кормандони маркази интернетӣ, ки мехостанд, онҳоро берун кунанд, низ аз ҷониби комиссар таҳқир шуниданд.

Баъдан Назаров талаб мекунад, то ҳамроҳи ӯ хабарнигор ба ноҳияи Восеъ биравад ва ӯ дар он ҷо собит кунад, ки воқеан вай дар моҷарои лату-кӯби наздикони сарбози ҳалокшуда даст надорад. Ӯ бо таҳдид мехост бифаҳмад, то кӣ хабарнигорро фармон додааст, ки дар ин маврид мақола бинависад. Назаров изҳор доштааст, ки ҳатман дар ин маврид кори кардаашро мекунад. Ӯ ҳангоми аз дар берун шудан бо таассуф мегӯяд, ки "панҷ соли пеш нест, вагарна бо чунин корат дигар ба додат касе намерасид. Афсӯс, ки он вақто гузашт-да...". Суоли мо ин аст, ки комиссари ҳарбӣ чаро аз гузаштани замони ҷангу ҷидол ва фаро расидани сулҳу суботи комил дар ҷомеа афсӯс мехӯрад. Ё афсӯси ӯ аз чизи дигар бошад?! Субҳи рӯзи дигар боз ҳам таҳдидҳо ба унвони хабарнигор идома кардааст.

Бинобар ин хабарнигор, аз ин ҳарфҳои комиссари ҳарбӣ хатар эҳсос намуда, аз мақомоти дахлдор хоҳиш мекунад, то ба рафтори ӯ баҳои қонунӣ диҳанд ва амнияти як шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистонро таъмин намоянд. Ҳамзамон аз созмонҳои журналистӣ аз ҷумла аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, НАНСМИТ, "Медиа Алянс", ва "Афрӯз" хоҳиш кардааст, ки дар амри ҳалли ин қазия ба ӯ мусоидат кунанд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97