16 000 тоҷикписар дар ин ҷанг, аз соли 1979 то 1989 ширкат кард ва 350 нафарашон кушта шуданд. Акнун бо гузашти сӣ сол аз бозмондагони ин ҷанг суоли мо ин аст, ки: "Аз иштирокатон дар он ҷанг эҳсоси ҳиҷолат ё надомат мекунед? Ё он қаҳрамонӣ буд?
Аҳмадшоҳи КОМИЛЗОДА - хабарнигор,
собиқ тарҷумон дар Афғонистон
Ман дар Афғонистон ба унвони тарҷумон кор кардам ва гоҳе аз рӯи заруратҳо дар гирдоби амалиётҳои низомӣ афтодаам. Яъне ман ҳақ дорам, ки дар бораи ҷанги Афғонистон бо Шӯравӣ ҳарф бизанам.
Ман таҷовузи Шӯравиро ба Афғонистон маҳкум мекунам, зеро ҳуҷуми Шӯравӣ ба ин кишвари бенаво ҳеҷ зарурате надошт. Ман бо чашми худам дидаам, ки деҳкадаҳои ин кишвар бо аҳоливу тамоми дороиҳояшон нобуд мешуданд.
Аз ин рӯ, ҳар тоҷике, ки дар ин ҷанг иштирок кардааст, барои ман ҳамон таҷовузгари Шӯравист. Ман ба ҷанговарони собиқи Афғонистон, ки дар солҳои 1991 - 1992 мукофоту ҳуҷҷатҳои ифтихории худро ба нишони эътироз дар майдони марказии шаҳри Душанбе оташ заданд, изҳори сипосу қадрдонӣ мекунам.
Бадбахтона, имрӯз Амрико ва ҳампаймононаш ба ин кишвари бенаво сар даровардаанд. Агарчӣ далели Амрико - мубориза бо даҳшатафканӣ, дар баробари далели Шӯравӣ хеле бартар аст, аммо ин низ ҳуҷумест ба Афғонистон. Чунки дар пайи амалиётҳои низомӣ садҳо ва ҳазорон одамон қурбон мешаванд.
Мирзои ТИЛЛО - пизишк,
сарбози собиқи ҷанги Афғонистон
Албатта, ки аз ҳузур ва иштирокам дар ин ҷанг эҳсоси хиҷолат мекунам. Моро ҳамчун сарбоз ба ин ҷанг маҷбурӣ бурда буданд ва аввал фикр мекардам, ки наҷотдиҳандаи миллати Афғонистон ҳастем. Аммо чун воқеият нишон дод, ки артиши Шӯравӣ наҷодиҳандаи мардуми Афғонистон не, балки ба ин кишвар таҷовуз кардааст ва банда низ узви ин артиш будам, шармам меомад. Акнун ҳар гоҳ ки аҳволи бади мардуми ин кишвари ҷангзадаро мебинам ва аз ҳузурам дар ин ҷанг ёдам меояд - эҳсоси хиҷолат ва надомат мекунам ва аз Худованд илтиҷо мекунам, ки ин миллат маро бубахшад.
Ҷумъаназар САИДАҲМАДОВ - додситон,
сарбози собиқи ҷанги Афғонистон
Ман эҳсоси хиҷолат намекунам. Аз ҳузурам дар Афғонистон ифтихор мекунам. Ин супориши давлат буд ва қарзи Ватан. Ман фикр мекунам, ки бо сарбаландӣ хизматро адо кардем. Ягон хел таҷовуз не, балки аз тарафи Шӯравӣ ин як кӯмаки ҳарбӣ ва молӣ дар асоси шартнома буд. Ман ҳаргуна инъому мукофотро барои хизматам қабул дорам ва ифтихор мекунам. Ҳузури Шӯравӣ дар Афғонистон аз ҳузури Амрико фарқ мекунад. Чи хеле ки аз расонаҳо мешунавему мушоҳида мекунем ва мардуми Афғонистон мегӯянд - Амрико ба мазмуне таҷовуз кардааст.
Ибодуллоҳи ОҚИЛПУР - хабарнигор,
сарбози собиқи ҷанги Афғонистон
Ростӣ, ман ба симати як сарбоз ба нируҳои маҳдуди Шӯравӣ дар Афғонистон даъват шуда будам ва аз рӯзҳои аввал эҳсоси хиҷолат мекардам. Ба он хотир, ки аз хурдӣ дар қалбҳои мо эҳсоси миллатдӯстиву ватанпарвариро падарону бобоҳои мо парвариш карда буданд. Ва мегуфтанд, ки бародарони мо, қавҳои мо, хешҳои мо дар он тарафи Ому зиндагӣ мекунанд. Ва имрӯз бубин, ки дар ҳамин шароити бисёр ҳасос як нируи бисёр мусаллаҳ бо лавозимоти муқтадир ба сари мардуми бесилоҳ ҳуҷум кард.
Ман худам шоҳиди амалиёти низомӣ дар дараи Панҷшер болои Аҳмадшоҳи Масъуд ҳастам ва онҷо аз Худо илтиҷо мекардам, ки аз ҳамин тире, ки аз силоҳи ман мепарад, Худо накунад, ки ба сари кадоме бирасад. Ба ҳамин хотир ман аз ҳамон рӯзи аввал хиҷолат мекашидам, ки ба сифати як тоҷик болои тоҷики дигар силоҳ мекашам.
Хуҷҷате, ки бароям дар Маскав доданд, яъне "ҷаговар-интернатсионалист", пас аз онҷо баргаштанам бисту чанд сол аст, ки то ҳол накушодамаш ва аз кушоданаш шамр медорам, ягон маротиба аз он ҳуҷҷат истифода ҳам накардаам. Пешниҳоди ҳеҷ мукофот ё инъомро барои иштирокам дар ҷанги Афғонистон қабул надорам ва намекунам.