МОТАМИ ҲАМСОЯ АЗ ОН АСТ, КИ ВАТАНДОРЕ ЗИДДИ "РОҒУН" НЕСТ

Сиёсат 05.01.2010 14:40

Форсҳо нахустин халқи таърихӣ ба шумор мераванд. Онҳо инкишофро ба вуҷуд оварданд, табаддулот карданд, ки хусусиёти таърихӣ дошт. Дар Форс бори нахуст нур афканданд, равшанӣ доданд, ин нур ба олами маърифат тааллуқ дошт. Дар давлати Форс мо ягонагии соф олиро мебинем, ки ба озодии шахс роҳ мекушояд, нур падидор мегардад, мо ваҳдатро мебинем, ки ба фард ҳукмронӣ мекунад, фақат аз баҳри он ки ҷасоратро бедор кунад, хусусиятҳои махсуси хешро зоҳир намояд.

Нур ҳаётбахш аст, вай ба инкишоф мусоидат мекунад. Вай зидди торикӣ аст. Ба шарофати ин усули фаъолият ҳаёт зоҳир мегардад. Шарти инкишоф дар таърихи Форс тантана мекунад, аз ин лиҳоз ростӣ, таърихи умумиҷаҳонӣ маҳз аз таърихи Форс оғоз меёбад.

Г.В.Ф. Гегел

ШИКАСТИ ОРИЁН ШИКАСТИ НУР БУД

Ориён нахустин таърихи тамаддуни башарият аст, ки садсолаҳо пештар аз адёне чун масеҳият, насронӣ ва соири динҳо ба вуҷуд омадааст ва оғози онро кишвари бузурге бо номи Бохтар ибтидо гузоштааст ва тамоми шарқу ғарбро тамаддуни созандааш мусаххар намудааст ва кишварҳои имрӯзии қораи дунё маҳз аз сарчашмаҳои илмии ин сарзамин рушд ёфтаанд.

Ҳамин нурбахшиҳо ва созандагиҳояш буд, ки Ориёнро ҳалқаи хасимону душманони камаршиканаш дар муҳосира қарор доданд ва бо кашидани ҳалқаҳои танг гулӯяшро бӯғӣ карданд, ҳадаф ин буд, ки кишвареро ба сони нурафкан аз рӯи замин бардоранд ва осори маърифативу илмиашро ба суҳулат аз худ намоянд. Сангинтарин давраи рукӯъ дар ҳаёти сиёсӣ ва илмиву фарҳангии ин сарзамини молики тамаддуни башарӣ замоне оғоз ёфт, ки душманони қавмӣ бо истифода аз нирӯҳои ақлонӣ ва зеҳнии ин сарзамин тавонистанд бо ҳадоёи симу зар зархаридонеро аз дохил ба сӯи худ ҷалб намоянд ва оҳиста-оҳиста империяи ориёиро заъиф ва ба шикастҳо рӯ ба рӯ созанд.

Охирин сулолаи ориёиҳо империяи бузурги Сомониён буд, ки душманонаш натавонистанд бо пешрафтҳо ва дастовардҳои илмиаш созиш кунанд ва тарси ҷаҳонгирии маърифати ин миллат онҳоро муттаҳид сохт ва дар фикри аз байн бурданаш шуданд. Агар дар он давру замон шоҳони сомонӣ ба айшу нӯшу бодагустарӣ даст намезаданд ва инони ҳукуматро ба дасти хеш мегирифтанд, шояд аз ҳалокат раҳо меёфтанд. Ғамангезтарин фоҷеаи давр ин буд, ки ашхоси ғайри форс сари қудрат омада буданд, ки ин худ аз заволи давлати сомониён шаҳодат медод. Ҳарчанд донишманде ба мисли Абулфазли Балъамӣ кӯшишҳое кард, то шоҳи сомониёнро аз ин нуктаи марговар огоҳ намояд, вале кор аз кор гузашта буд ва қавми турку араб тавонист кори Исмоили Сомониро анҷом диҳад. То имрӯз дигар нируе натавонист ин миллати парешро бо ҳам мутаҳид созад.

ГОМЕ БА СӮЙИ НУР ВА МУХОЛИФАТИ УЗБАКИСТОН

Бо ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон сиёсати миллӣ дар навбати аввал гузошта шуд ва тамоми ниру ва тавоноии қудратҳои давлатдорӣ ба хотири эҳё ва таҷдиди сохторҳои давлатӣ нигаронида шуд. Сохтмони роҳ ва бунёди захоири барқӣ масъалаи умда ва аввалиндараҷаи сиёсати созандаи давлат қарор дода шуд. Лоиҳаи сохтмони ниругоҳҳои барқии хурду бузург, ки боиси хушбахтӣ ва рушди ҷомеъа маҳсуб меёбанд, дар як давраи хеле кӯтоҳ рӯи даст гирифта шуд ва бо азми росих ва ниятҳои нек тамоми ниру ва имконот баҳри бунёди онҳо маътуф гардид.

Ҳанӯз ҳазорсолаҳо пеш бадбинони кишвари Ориён алайҳи кишваре, ки нурбахшанда аст, худ месӯзаду дигаронро рӯшноӣ медиҳад, бархостанд ва имрӯз ҳамсоягони мо кишваре чун Узбакистон бо далоили беасосу пуч кишвари абарқудратеро ба мисли Русия бар зидди мо ба шӯр овард ва ба ҳар восита мехост дар ниругоҳсозии Тоҷикистон садҳое эҷод намояд. Ҳатто Русия дӯсти дирӯзу бародари аршади мо ба хотири манофеи миллии хеш дар раъси раиси ҷумҳураш ҳангоми сафари кориашон ба Тошканд, аз тариқи телевизион ба мо ҳушдор дода буд, ки дар сохтмони ниругоҳи Роғун ҳатман ризоияти Узбакистон гирифта шавад ва дар сурати муроот нагардидани ҳуқуқи ҳамсоядорӣ аз шаклҳои шадидтари кор истифода хоҳад шуд ва аз азми хеш моро ҳушдор дода буданд. Ин кор ба он хотир анҷом дода шуд, ки Русия ва Узбакистон қарордодҳоеро оид ба харидории нафту гози ин кишвар ақд мекард.

Тоҷикистон бо овардани далелҳои шайъӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ тавонист кишварҳои дуру наздикро мутмаин созад, ки истифода аз обҳои дохилӣ ҳуқуқи ҳалолаш ҳаст ва ба касе иҷоза намедиҳад, ки раъйи ҳукуматро дар амри бунёди ниругоҳи "Роғун" лағв намояд. Ин азми росихи Президенти кишвар буд ва мушти сангине дар даҳони бадбинони миллат зад. Ҷасорати Президент тавонист як бори дигар ниятҳои шуми кишвари ҳамсояро ошкор созад ва дар амри сохтмони ниругоҳи "Роғун" тамоми мардуми Тоҷикистонро дар гирди худ муттаҳид созад.

УЗБАКИСТОН АЗ ОЗАНГУ НАМЕФАРОЯД…

Ахиран дар Анкабути ҷаҳонӣ- Интернет хабарҳое пахш мешаванд, ки Порлумони Узбакистон барои муқовимат ба тарҳҳои энержии Тоҷикистону Узбакистон омода мешавад. Хабари ахир ин буда, ки дар муносиботи Тошканд бо Бишкек як нармӣ ба вуҷуд омадааст. Аммо ҳамоно чашми танги Тошканд Тоҷикистонро дида намеавонад.

Бино бар иттилои хабаргузориҳо Комиссиюни марказии интихоботи Узбакистон интихоботи рӯзи 27 декабрии Палатаи қонунгузори порлумони ин кишварро баргузоршуда эълон кардааст. Дар ин интихобот 506 нафар номзадо аз 4 ҳизб - Ҳизби Сотсиал - демократии "Адолат", Ҳизби Демократии "Эҳёи Миллӣ", Ҷумбиши соҳибкорон ва коршиносон, Ҳизби Либерал-Демократ ва Ҳизби хаклқӣ-демократӣ барои ишғоли 150 курсӣ мубориза бурдаанд.

Тибқи қонунгузории Узбакистон 135 курсӣ аз рӯи натиҷагирӣ аз интихобот тақсим шуда, 15 курсӣ ба номзадҳои "Ҷумбиши экологии Узбакистон" махсус дода шудааст.

Коршиносон бар он ҳастанд, ки ин иқдом барои муборизаи сарсахтонаи сиёсии Узбакистон алайҳи тарҳҳои энержии Тоҷикистону Қирғизистон гирифта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Созмони дифоъии "Ҳюман Райтс Вотч" аз нақзи густардаи ҳуқуқи интихобкунандагон ва тадобири қатъии идораҳои интизомии Узбакистон дар остонаи интихобот дар нисбати мухолифини ҳукумати вақт хабар додааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, даҳҳо нафар дар ин муддат маҳкум ба ҳабси хонагӣ буда ва шиносномаи шаш нафари дигар мусодира шудааст. Бино ба ин гузориш чораҳои зидди мухолифон андешидаи ҳукумати Узбакистон аз латукӯб, ҳабс ва шиканҷа иборат будааст. Шевае, ки барои ҳукумати вақти Узбакистон анъана шудааст. Аммо акнун тундхӯйӣ ва аз зӯр кор гирифтан аллайҳи мардумони ин кишвар барои ҳукумати вақти Узбакистон гуфтем, ки ба усули давлатдорӣ мубаддал шуда, аз марзҳояш фаротар рафтааст. Ва маълум аст, ки ба ҳеч ваҷҳ ин усулашро тағйир додан намехоҳад, ки интихоботи ахираш исботи ин иддаъост.

Мақоли машҳури тоҷикист, ки мегӯянд; "хона нахар, ҳамсоя бихар"! Мо, ки ҷавру ҷафои ин ҳамсоядориро зиёд кашидаем, ба хусус бо вазидани боди сарди зимистон ва ях бастани муносиботи ҳамсоя бо мо, танҳо метавонем, ба интихоби дурусти мардуми ин кишвар, ки бештар ҷафои ин сиёсатҳои нодурустро мекашанд, умед бубандем. Зеро солҳост, ки на танҳо тоҷикон, балки дигар миллиятҳо, аз ҷумла узбакони ҳарду кишвар аз ин сиёсатбозиҳо хаста шудаанд ва ҳатто деворҳои "чинии" Узбакистон онҳоро аз ҳақи ширкат дар ҷанозаи наздиконашон маҳрум сохтааст.

МОТАМИ ҲАМСОЯ АЗ ОН АСТ, КИ ВАТАНДОРЕ

ЗИДДИ «РОҒУН» НЕСТ

Имрӯз ватандоре нест, ки нисбати сарнавишти "Роғун" бетафовут бошад. Ҳарчанд ашхосе ҳастанд, ки бо афкори нотавону қалби мариз ба ин пружаи сарнавиштсоз бо дидаи бухл ва надомат нигоҳ мекунанд. Итминон дорем, ки ҳеҷ гоҳе як тоҷики асил ва ватандори баномус чунин як фикри бадеро дар дилаш ҷой намедиҳад ва бадхоҳон ҳатман онҳоеанд, ки миллати ғайриориёианд.

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро ҳамсояи наздик нисбат ба мо ин қадар бадбинӣ дорад ва дастовардҳои Тоҷикистонро мотами хеш мепиндорад? Ҷавоб яктост. Таърихи башарӣ гувоҳ аст, ки ин қавми бодиянишин, ки дар хӯрдани гӯшти ҳайвонот дандонҳои худро тез кардааст, садсолаҳост мехоҳад гӯшти ҳамсоягонашро ҳамчунон пора-пора кунад. Кулбаеро, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад ва дар ин хонадон бузургтарин мутафаккирону олимони ҷаҳонӣ ба дунё омада, дар илми дунявӣ ва ухравӣ инқилобҳое кардаву оламеро аз зулмот ба суфраи рушан расонидааст, ба торикистон ва кулбаи яъсу ноумедӣ мубаддал гардонад. Маҳз гурӯҳи сардамдорон, ки нақшаи тахрибкорӣ ва бадном кардани Тоҷикистонро матраҳ карда буданд ва билохира онро ба кор бурдаву кишвари моро ба коми ҷанг кашида буданд, имрӯз ҳам хостори ноамнии кишвари моанд ва бо истифода аз ахбори дурӯғин дар бадном кардани мо аз амале даст намекашанд. Хушбахтона он рӯзҳои шум мутмаинам, ки дубора барнамегарданд ва миллат акнун бо чашми боз ва ақли солим тақдиру сарнавишташро ба дасти хеш гирифтааст.

Бо иродаи матини раҳбари давлат миллат гомҳои устуворе бармедорад ва дар роҳи иктишофоти навин қадам мегузорад. Имрӯз мо дигар худро мӯҳтоҷи гози боминнати ҳамсоя намебинем, ҳарчанд мо онро бо нархи ҷаҳонӣ харидорӣ менамудем. Кашфиётҳое, ки дар ҷустуҷӯи нафту гоз анҷом дода шудааст, хеле итминобахшу манфиатовар аст. Дар ин бора дар сафаҳоти рӯзномаи "Миллат" мақолаҳои ҷолибе низ нашр шуда буд. Ва аз ҳама муҳим иқтидори тавлидотии нируи барқи "Роғун", ки 13,5 млрд. кВт-ро ташкил медиҳад, хонаҳои на танҳо тоҷикистониён, балки ҳамсоягони неки моро рушаниву гармӣ мебахшад. Муҳим дар соли 2009 ин буд, ки дар қатори сохтмони роҳҳо, истифодаи ниругоҳҳо, хати барқи ҷанубу шимол бо ҳам пайваста шуд ва вилояти санъатии Тоҷикистон аз бунбасти энержӣ раҳо шуд, ки ин орзуи якумрии миллат маҳсуб меёфт. Албатта ин дастовардҳо бадбинони моро мутаассир ва дар паи тавтеаҳои нав водорашон месозад. Бо ин ҳама мо дигар тарсе дар дил надорем ва бо итминон дар роҳи бунёдкорӣ ва созандагӣ қадам бармедорем. Муҳим барои мо ин аст, ки миллат якпорча ва ҳамфикру муттаҳид аст ва дар ибтикороту иқдомоти сарвари худ ҳамфикр аст.

СОЛИ 2009 СОЛИ ЭҲЁИ МИЛЛАТ

Барои дастовардҳои ҳар чи бештар моро ҳушёрии миллӣ ва дарки масъулияту ватандории воқеӣ хеле зарур аст. Ғурур ва ғаюриро, ки то имрӯз ба дасти фаромӯшӣ супурда будем, дубора бояд ба даст овард. Далериву шуҷоъӣ меваи музаффарият аст ва дар ин набарди пардапӯшона тановули танҳо меваҳои ин дарахт метавонад моро ба сӯи пирӯзиҳо раҳнамун созад. Онҳоеро, ки мехоҳанд, вазифаи жандармиро дар минтақа ифо намоянд ва аз худ ҳайсиятҳо бисозанд, аз саҳна дур андохта, ҳаққи ҳалоли худро талаб намоем. Аҷиб ин аст, ки дузди зӯр мехоҳад қабл аз сирқати гов соҳибашро бибандад ва ин кор то имрӯз идома дошт. Соле, ки гузашт, ин ҳама беҳамиҳоро аз байн бурд. Бузургӣ ва шаҳомати соли 2009 маҳз ҳамин аст, ки мо дубора дорем ба хотири барқарор намудани ҳайсиятҳои ҳазор сол пеш аз даст додаи худ бармегардем. Сулолаи бузурги Сомониён дар аввоили давлатдории худ маҳз бо шуҷоату ғаюрӣ тавониста империяеро, ки саропо аз маърифату тамаддуни башарӣ буд, бунёд намоянд.

Ҳар чи буд гузашт ва вазифаи насли имрӯз ин аст, ки бо дастовардҳои худ бинозад ва давлатеро, ки аз даст дода буд, дубора бунёд намояд. Зеро, мо берун аз ватани худ ватани дигаре надорем. Тоҷикистон хонаи якумрӣ ва мадфани абадии мост.


Ибодуллоҳи Оқилпур
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97