Додситонии кулл гуфтааст, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи 49 нафар аз ҷонибдорони ин гурӯҳ бо шумули шаш шаҳрванди Русия ва панҷ табаъаи Узбакистон барои муҳокима ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ироа шудааст. Ҳамчунин Додситонии кулл таҳқиқи парвандаи гурӯҳи дигари ҷиноиеро анҷом дода, ки қасд доштааст, ба як зиндони кишвар ҳамла ва маҳбусонро озод кунад. Ин хабари Додситонии кулли Тоҷикистон шоми рӯзи 14 декабр аз тариқи шабакаи аввали телевизиюни давлатии кишвар пахш шуд.
Дар ин гузориш омадааст, ки ахиран Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулл таҳқиқи парвандаи ҷиноии гурӯҳи марбут ба Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фармондеҳи аршади Нируҳои иттиҳоди мухолифони тоҷик буд, анҷом додаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни таҳқиқи ин парванда 49 нафар боздошт шудаанд, ки панҷ нафар аз онҳо аъзои Ҷунбиши Исломии Узбакистон муаррифӣ шудаанд. Тибқи натиҷагирии бозрасон, ин гурӯҳ, аз ҷумла Неъмат Азизов бо ташкили як иттиҳоди мусаллаҳи ҷиноӣ қасд доштаанд, ки бо истифода аз зӯр ва силоҳ ҳокимиятро дар Тоҷикистон ба даст оваранд. Вале ба ҳангоми амалиёти нируҳои давлатӣ дар тобистони соли ҷорӣ алайҳи ин гурӯҳ дар Тавилдара Мирзо Зиёев боздошт мешавад. Аммо ба таъйиди манобеи расмӣ, баъди боздошт Мирзо Зиёев аз сӯи ҳаммаслакони худаш ҳадафи тир қарор мегирад.
Ҳамчунин ниҳодҳои интизомӣ аъзои ин гурӯҳро ба иртикоби мавориди зиёди қатл, роҳзанӣ, қочоқи маводди мухаддир муттаҳам кардаанд. Аз ҷумла дар гузориши расмӣ гуфта шуда, ки Мирзо Зиёев ва пайравонаш зери ниқоби ислом даст ба аъмоли ҷиноӣ задаанд. Вале ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар моҳи июни соли ҷорӣ аз фаъолияти ин гурӯҳ ҷилавгирӣ кардаанд ва худи Мирзо Зиёев аз сӯйи ҳаммаслаконаш кушта шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҷараёни таҳқиқи ин парванда чаҳор муассисоте, ки қаблан аз сӯйи Мирзо Зиёев ба таври ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида шуд, ба давлат бозгардонда шудааст. Дар ин замина, аз ҷумла аз муассисоте дар маркази шаҳри Душанбе ва маркази ноҳияи Тавилдара ном бурда мешавад, ки дар гузашта ба унвони хонаҳои Мирзо Зиёев шинохта мешуд.
Талошҳо барои дарёфти иттилоъи бештар дар бораи ҷузъиёти ин парванда дар Додситонии кулли Тоҷикистон бенатиҷа анҷом ёфт. Масъулони ин ниҳод танҳо гуфтанд, ки дар ҷараёни таҳқиқи ин парванда мавориди зиёди иртикоби ҷароими мухталиф аз сӯйи аъзои ин гурӯҳ ошкор шудааст.
Дар ду соли қабл Мирзо Зиёев пас аз барканор шуданаш аз мансаби вазирӣ аз сӯйи раиси ҷумҳур эълом кард, ки ба зодгоҳаш ноҳияи Тавилдара бармегардад ва ин ҷо зиндагӣ ихтиёр мекунад. Ӯ, ки пас аз ин тасмимаш дар Тавилдара ба сар мебурд ва овозаҳое дар бораи сар задани мухолифат миёни ниҳодҳои интизомӣ ва ҷонибдорони ӯ пахш мешуданд. Вале дар чанд мусоҳибаи ахири худ Мирзо Зиёев ин сару садоҳоро такзиб карда ва изҳор дошта буд, ки ҷонибдори таъмини амният дар кишвар аст.
Дар моҳи июни соли ҷорӣ давлати Тоҷикистон аз баргузории амалиёти "Кӯкнор-2009" дар шарқи кишвар хабар дод ва он замон гузориш шуда буд, ки гурӯҳе ба раҳбарии Мирзо Зиёев даст ба аъмоли ҷиноӣ задааст. Мақомот дар он рӯзҳо билофосила масъулияти марги Зиёевро ба дӯши ёрони ӯ бор карданд, вале бо гузашти беш аз 5 моҳ аз рӯйдодҳои Тавилдара ҷузъиёти боздошт ва ҳалокати Мирзо Зиёев, маъруф ба Мирзо Ҷага асроромез арзёбӣ мешуд. Дар амалиёти "Кӯкнор-2009" ҳамчунин панҷ шаҳрванди Русия ва Неъмат Азизов, яке аз фармондеҳони дигари мухолифони пешин кушта шуданд.
Дар гузориши ахири телевизиюнии Додситонии кулли Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи таҳқиқи парвандаи як гурӯҳи ҷиноии дигар хабар дода шудааст. Гуфта мешавад, ки бозрасони Додситонии кулл аъмоли ҷиноии Абдулло Ҳамдамов, мулаққаб ба "Мулло" ва Рукниддин Шаропов, мулаққаб ба "Гуантанамо"-ро таҳқиқ кардаанд.
Ба гуфтаи додситонӣ, ба ин гурӯҳ 14 нафар шомил будаанд ва аз онҳо миқдори зиёди аслиҳа ва лавозими низомӣ кашф ва мусодира шудааст. Тибқи ин хабар, ин гурӯҳ қасд доштааст ба зиндони шумораи 3/2 ҳамла карда ва маҳбусони онро озод кунад.
Хабари қасди сарнагунии ҳукумат аз сӯйи Мирзо Зиёев ва ёрони ӯ дар ҳоле пахш мешавад, ки ҳанӯз маълум нашудааст чӣ шахсиятҳои матраҳе дар сатҳи сиёсӣ ва низомии кишвар мехостанд дар қасди табадуллот ба ӯ ҳамдастӣ кунанд. Қаблан, Ёқуб Салимов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ғаффор Мирзоев бо иттиҳоми қасди табадуллоти давлатӣ барои солҳои мухталиф равонаи зиндон шуда буданд.