РОҒУН БОЯД ФОСИД НАШАВАД!

Сиёсат 15.12.2009 17:15

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар рӯзи сешанбеи 8 декабр зимни мулоқот бо хабарнигорон ва аҳли қалами кишвар ба ин нукта таъкид кард, ки дар бунёди "Роғун" муҳим ҳамраъйии мардум барои ин иншооти бузург аст, на сармоя.

РАСОНАҲОРО БА ҲУКУМАТӢ

ВА ҒАЙРИҲУКУМАТӢ ТАҚСИМ НАКУНЕД!

Ин нахустин дидори президент Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини расона?ои милл? ва чунин ҷамъи васеъи намояндагони ҳокимияти чорум буд. Раиси ҷумҳур таъкид кард, ки расонаҳои мустақили кишвар баробари расонаҳои расмӣ ҳақи баробари фаъолият доранд ва онҳо низ бо вуҷуди дигарандеш будан як узви муҳимми ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.

Ӯ аз мақомоти давлатӣ даъват кард, то расонаҳоро ба худиву бегона ва ҳукумативу ғайриҳукуматӣ ҷудо накунанд ва зимни ин хостори ҳамраъйии бештари хабарнигорон шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиат ба хабарнигорон гуфт, ки Президентро, ҳукуматро интиқод кунед, аммо дар масоили давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ эҳсоси ватандориро фаромӯш накунед. Зеро ба гуфтаи раиси ҷумҳур ҳимоят аз арзишҳои миллӣ ва давлат ин вазифаи муқаддаси ҳар фарди соҳибватан аст.

…ЗИ СУРОХ БЕРУН КУНЕД МОРРО!

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар дар ин мулоқот ба масоили вобаста ба инъикоси мавзӯоти муҳими ҷомеа, аз ҷумла, вазъи энержии кишвар ва татбиқи ҳадафҳои стратегии ҳукумат дар роҳи расидан ба исти?лоли энержӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва инъикоси воқеъбинона ва ҳирфаӣ дар расонаҳо таъкид кард.

Ҳамзамон раиси ҷумҳур аз хабарнигорон хост, ки дар ин мавзӯоти муҳимми кишвар, ба хусус барномаи энергетикӣ ва бунёди роҳҳо, ки кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ бояд берун бикашад, бештар таваҷҷуҳ кунанд ва зимни додани гузориш ба далелҳои мутақоидкунанда ва мутахассисони варзида такя кунанд.

Президент ҳамчунин рӯ ба адибон оварда гуфт, ки "Роғун" метавонад манбаъи илҳоми шумо бошад ва "қаҳрамон"-ҳоро дар ҳамин ҷо суроғ бигиред.

Раиси ҷумҳур афзуд, ки хабарнигорон метавонанд бо гузоришҳову барномаҳои худ ба дили инсонҳо роҳ ёбанд ва ҳамраъйии бештареро дар атрофи ин иншооти муҳимми стратегӣ ба вуҷуд биоваранд. Ӯ таъкид кард, ки зимни сохтани барномаҳову гузоришот хабарнигорон, ба хусус кормандони телевизион аз касбият берун по наниҳанд ва аз ҳамсӯҳбатони ҳарзагӯ бипарҳезанд, балки бештар суроғи онҳое бираванд, ки ҳарфе барои гуфтан доранд. Раиси ҷумҳур ба пахши гузоришоте аз изҳори ҳамраъйии як пирамард ва як пиразани солманд ёдовар шуда, гуфт, ки инҳо сармояи бузургу бебаҳо барои бунёди ин ниругоҳ мебошанд. Сармояе, ки ба гуфтаи раиси ҷумҳур кам кишварҳое ба он мушарраф ҳастанд.

"РОҒУН"-РО БА ҲАР ҚИММАТЕ МЕСОЗЕМ!

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо хабарнигорон ҳамчунин гуфт, ки моҷарои "Роғун" собиқаи пешина дорад ва акнун нест, ки аллайҳи бунёди ин ниругоҳи сарнавиштсоз тавтиъаҳое роҳандозӣ мешаванд. Балки аз сӯйи мухолифони ин тарҳ ҳамеша кӯшиш ба харҷ дода шудааст, то ин ниругоҳ ба ҳар қиммате, ки бошад, бунёд нашавад. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии кишвар ишора карда гуфт, ки ҳезумкашони оташи ин ҷанг маҳз онҳое, буданд, ки ба ҳеч ваҷҳ намехостанд Тоҷикистон як кишвари пешрафта ва мутараққӣ бошад. Ӯ гуфт, ҳар гоҳе ки тарҳҳое барои бунёди Тоҷикистон рӯйи даст гирифта мешавад, тавтеъае дар миён меояд. Раиси ҷумҳур ба амалиёти шаш сӯйиқасд бар ҷонаш ишора карда гуфт, ки решаи ҳамаи ин дар як ҷо нуҳуфтааст ва танҳо ба хотири дар тангно қарор додани Тоҷикистон ва дар фақру нодорӣ нигаҳ доштани мардумони кишвари азизамон мебошад.

Президент ҳамчунин гуфт, ки мушкили аслии Осиёи Марказӣ монеъасозии сунъии баъзе кишварҳо дар роҳи гардиши озоди мол, мардум ва хадамот ва сиёсати дугонаи абарқудратҳо мебошад. Ӯ гуфт, ки агарчӣ ин иқдомҳо аллайҳи давлату миллати мо низ зарарҳои ҷуброннопазир дорад, ба хусус дар фасли сармо барои дарозмуддат дар сардиву торикӣ нигаҳ доштани мардум ва дар пайи ин сар задани садҳо фоҷиа, мардуми сабури мо ба намоиш гузошт, ки иттиҳод ва ҳамбастагӣ ва якпорчагии кишвари азиз барояшон муҳимтар аз ҳама чизи дигар аст.

Раиси ҷумҳур гуфт, бо вуҷуди ин ҳама сиёсатҳои номашрӯъ ҳамчуноне, ки ҷаҳон дар муқобили барномаи ҳастаии Ирон қарор дорад ва дар муқобили мо ҳам қарор бигирад, мо "Роғун"-ро хоҳем сохт!

БУНЁДИ "РОҒУН" МАСЪАЛАИ ҲАЁТ ВА МАРГ АСТ!

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мо "Роғун"-ро барои идомаи ҳаёти миллат месозем, муборизаи мо барои зистан аст ва "Роғун" зиндагии шоистаро барои мардуми мо эҳто хоҳад кард.

Президент гуфт, ки тайи чанд соли охир дар фасли сармо тамоми роҳҳои интиқоли барқ ба Тоҷикистон масдуд аст. Ӯ афзуд, ки ҳар фасли зимистон, вақте бӯҳрони энержӣ оғоз мешавад, ман ҳамроҳ бо мардуми кишвар азият мекашам. Вақте дар зимистони соли 2008 дар кишвар аз сабаби бебарқӣ кӯдакони навзод фавтиданд, хеле дардовар буд. Аз ин рӯ имрӯз тамоми Тоҷикистон аҳамияти Роғунро дарк мекунанд, ки бунёди Роғун барои Тоҷикистон масъалаи ҳаёт ва марг аст.

Раиси ҷумҳур гуфт, ки он рӯз дур нест, ки мардуми Тоҷикистон ба ояндаи дурахшон наздик мешавад ва бунёди "Роғун" сарнавишти миллати моро ба сӯйи беҳбуд тағйир хоҳад дод.

АФСОНАИ АРАЛ

Раиси ҷумҳур гуфт, ки бунёди "Роғун" на танҳо бар суди Тоҷикистон, балки бар суди кишварҳои поёноб низ аст. Ӯ гуфт, иддаъоҳо дар мавриди хушкшавии баҳри "Арал" бебунёд ҳастанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, афсонаи Арал кӯҳна шудааст. Ба гуфтаи раиси ҷумҳур фоҷиаи Арал аз солҳои 50 уми асри ХХ ҳанӯз замони побарҷойии кишвари абарқудрати Шӯравӣ сар зада буд ва иллати аслиаш обёрӣ шудани даштҳои сӯзони ҳамсоякишварҳо будааст. Он замон 2.5 ҳазор га. заминҳои обёришуда ва 20 миллион аҳолӣ дар роҳи расидан ба Арал сукунат доштанд ва бо афзоиши аҳолӣ ва обёрии заминҳои нав маълум аст, ки об то Арал намерасад. Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон танҳо як дар сади обҳои қаламравашро истифода мекунаду бас ва 99 дар сади ин обҳо ба кишвари ҳамсоя сарозер аст, дар вақти обёрӣ ҳам Тоҷикистон танҳо 5 фисадро истифода мекунаду халос ва дар Тоҷикистон 5 моҳ фасли обёрӣ аст, ҳафт моҳи дигар дарёҳои Тоҷикистон ба ҷойи Арал ба обанборҳои сунъии захиракунандаи Узбакистон мерезанд ва барои обёрии заминҳои пахтаи кишвари поёноб захира мешаванд. 50 обанбор , ки дар собиқ Шӯравӣ дар Узбакистон сохта шудаанд ва 6 обанбори нав, ки сохташудаистодааст дарёи Омуро намегузорад ба Арал бирезад.

Зимни даъват аз хабарнигорон барои инъикоси воқеъии вазъият раиси ҷумҳур таъкид кард, ки дар баёни андеша ба эҳсосот роҳ надиҳанд ва иштибоҳоти солҳои аввали истиқлолро такрор накунанд. Зеро -гуфт ӯ, - ҳанӯз сояи манҳуси душманон аз сари ин миллат дур нашудааст ва ҳар лаҳза метавонанд тавтиъаи наверо алайҳи мо роҳандозӣ кунанд.

"РОҒУН" БА ҲАМРАЪЙӢ НИЁЗ ДОРАД!

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки "Роғун" номуси миллист ва ин номусро бояд касе доғдор накунад. Ӯ гуфт, ба ҳеч ваҷҳ касеро маҷбур барои саҳмгузорӣ дар бунёди "Роғун" накунед, ҳар кас метавонад бо амри дил дар бунёди ин иншооти сарнавиштсоз саҳим бошад. Ҳамраъйӣ ва харидории саҳмияҳо кифоят мекунад, ки "Роғун" сохта бишавад. Набояд мардумро барои ин тарҳи муҳим маҷбур ва дилсард кард,-гуфт раиси ҷумҳур. Ӯ гуфт, барои бунёди "Роғун" ҳатман сармоя пайдо мешавад, вале мо бояд эътимоди мардумро аз даст надиҳем, муҳимтарин сармоеяеро, ки на ҳамаи кишварҳо доранд. Мо газ, нафт ва дигар сармояҳои модии кофии имрӯзро дар даст надорем, аммо муфидтарин сармояи мо эътимод ва иттиҳоди мардумамон аст, ки ҳифзи он вазифаи ҷонии мост-иброз дошт раиси ҷумҳури кишвар.

Раиси ҷумҳур ҳамчунин бо таъкид гуфт, набояд чунин тасаввур ҳосил шавад, ки барои Тоҷикистон ба ҷуз Роғун дигар ҳеч чизе лозим нест. Дар ҳамин маврид ӯ афзуд, ки дар баробари бунёди "Роғун" роҳҳо, иншооти фарҳангӣ ва илмӣ ва инчунин дигар иншооти ҷашнӣ ба пешвози 20 умин солгарди ҷашни Истиқлол низ сохта хоҳад шуд, аммо аввалтар аз ҳама таваҷҷуҳ бар бунёди "Роғун" бояд бошад.

Раиси ҷумҳур гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон бидуни фурӯши саҳмияҳо ва кӯмакпулӣ низ метавонад "Роғун"-ро бисозад, аммо барои ин мо фурсати камтаре дар ихтиёр дорем, зеро ин фурсатро бо машғул доштанҳо ва саргарми тавтиъа карданҳо хайрнохоҳони ин миллат аз мо гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон эълом дошт, ки саҳмияҳои Роғун шурӯъ аз 6-уми январи соли ояндаи милодӣ ба муомилот бароварда хоҳад шуд.

ХАБАРНИГОРОН ВА "РОҒУН"

Зафар Абдуллоев, раиси Анҷумани "Медиа Алянс" дар ин мулоқот аз раиси ҷумҳур хост, ки назорат кунанд, то бозори рекломи кишвар ба танзим дароварда шавад ва расонаҳо ба худиву бегона тақсим нашаванд. Ӯ гуфт, ки мутаассифона дари бозори реклом ба рӯйи нашрияҳои хусусии тоҷикзабон бастааст ва ҳеч ниҳоде дар Тоҷикистон омода нест бо ин расонаҳо ҳамкорӣ кунад. Ба гуфтаи раҳбари "Медиа Алянс" агарчӣ ин расонаҳо дар бисёр масъалаҳои миллӣ бештар аз дигарон масъулият эҳсос мекунанд ва ҳам дар дифоъ аз ин арзишҳо камари ҳиммат баставу амал мекунанд, аммо мавриди таваҷҷуҳи рекломдиҳандагон қарор намегиранд, ба хусус дар мавриди ҳамчун ормони миллӣ шинохтани бузургтарин корхонаи арзизи тоҷик "Талко" хидмати ин матбуот аст, бо ин вуҷуд дида мешавад, ки рекломдиҳандагони онҳо намехоҳанд таблиғҳои худро дар ин матбуот ба нашр бирасонанд.

Толибшоҳ Сайидзода, муовини "Бонувони Тоҷикистон" ба раиси ҷумҳур пешниҳод дод, ки як Ситоди вижаи матбуотӣ дар маҳали сохтмони "Роғун" бо иштироки журналистони ҳир¬фаӣ ва ормонгаро таъсис дода шавад.

Орзу Исоев, муҳаррири Муассисаи давлатии телевизиони "Сафина" ба раиси ҷумҳур аз як таҷрибаомӯзиаш дар Ҷопон қисса кард ва гуфт, аз таҷрибаи ин кишвар бармеояд, ки барои рушди Ҷопон, давлатмардони ин кишвар тадобири сангине аллайҳи ришвахорон, аз тариқи қатл кардан, андешиданд ва имрӯз ҷаҳониён ба Ҷопон бо ҳасад менигаранд. Ӯ гуфт, хуб аст, агар дар Тоҷикистон аз усули қатл кардан ҳам истифода нашавад, дар баробари ба ҷавобгарӣ кашидани ин тоифа, муҳокимаи ин афроди фасодкор дар ихтиёри расонаҳо вогузор шавад.

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон низ бо изҳори миннатдорӣ аз раиси ҷумҳури кишвар барои таваҷҷуҳаш ба хабарнигорон гуфт, ки хуб мешавад, соле як ду дафъа раиси ҷумҳур ҳамчунин гуфтугӯ ё мулоқоте ҳамроҳи журналистон дошта бошад. Раиси Иттиҳодияи журналистон хостори назорат барои фосид нашудани сохтмони "Роғун" ва ба ифрот роҳ надодан шуд.

Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи "Миллат" бо таъкид ба аҳамияти бунёди "Роғун" ва талошҳои ин нашрия барои моликияти истисноии давлат шудани ин ниругоҳ дар ин мулоқот гуфт, ки хушбахтона, мо ба ин саодат расидем, ки сохтмони ин иншоот дубора аз сар гирифта шудааст ва аммо ҷанги лафзӣ дар баробари бунёди ин иншоот дар ҳоли афзоиш аст, ки дар ин набард Тоҷикистон бештар бохт додааст. Ӯ афзуд: Аз мулоқоти кунунӣ бар ин хулоса расидем, ки имрӯз зарурати таъсиси як расонае дар сатҳи байналмилалӣ барои Тоҷикистон пеш омадааст то ба ин сангандозиҳо ва компайнҳои таблиғотии аллайҳи бунёди НБО-и "Роғун", ки дар хориҷ аз кишвар роҳандозӣ мешаванд, посухгӯ бошад. Ба гуфтаи сардабири "Миллат" имрӯз давлати тоҷикон бештар ба афроди усулгаро ва побанд ба арзишҳои миллӣ ва дар ин роҳ ниёз дорад, то дар сохтани давлати миллӣ ва шароите, ки имрӯз кишвар ба он рӯ ба рӯст, аз ин нируҳо истифода шавад. Ӯ муътақид аст, ки расонаҳои дохилии Тоҷикистон наметавонанд дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба нафъи Тоҷикистон фазосозӣ кунанд ва афкори ҷомеаро ба вуҷуд биоваранд. Сардабири "Миллат" афзуд, ки беҳтар аст, давлати Тоҷикистон аз бархе расонаҳои давлатӣ, ки имрӯз нақши камранге дар ба вуҷуд овардани афкори ҷомеа ҳатто дар дохили кишвар доранд, сарфи назар кунад ва бо истифода аз фурсат ва технологияи навин ба фазои иттилоотии фаромарзӣ роҳ биҷӯяд.

Нахустин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур бо масъулини расонаҳои миллӣ дар Кумитаи радио ва телевизион панҷ соат тӯл кашид ва раиси ҷумҳур ваъда дод, ки дар остонаи Наврӯз ҳамчунин мулоқоте бо намояндагони расонаҳои хабарӣ хоҳад дошт.

Худоё моро то Наврӯз бирасон, яъне то баъди интихоботи моҳи феврал.


Умари Давлат
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97