ИРОН ДУБОРА ҶОЙИ ПОЯШРО ГУМ МЕКУНАД ё Наҷмиддини Шоҳинбод давлатмардони Иронро ба андеша водошт

Сиёсат 01.12.2009 16:42

Хабаргузории «Форс» менависад: Коршиносони тоҷик муътақиданд, ки ифтитоҳи пеш аз мӯҳлат ва адами иқдом дар мавриди бархе аз пружаҳо, аз ҷумла тунели «Истиқлол», ки дар миёни мардуми Тоҷикистон ба унвони намоди қудрати Ирон шинохта мешуд, ин рӯҳияро тазъиф кардааст. Ба гузориши хабарнигори хабаргузории «Форс» дар Душанбе як ҳайати иронӣ ба раёсати қоиммақоми вазорати нируи Ирон Ҳамиди Читчиён ба манзури ошноӣ бо тарҳҳои дар ҳоли иҷрои ҷумҳурии исломӣ дар Тоҷикистон аз Душанбе пойтахти ин кишвар дидор кард.

Қоиммақоми Вазорати нируи Ирон дар ин сафар аз маҳалли сохти тунели «Истиқлол ва ниругоҳи «Сангтӯда 2» боздид ба амал овард ва сипас бо ҳайати молӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ба раёсати Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири дороии ин кишвар дар мавриди ин ду пружа ба баҳсу гуфтугӯ пардохт.

Таври маълум, тунели «Истиқлол» дар 26 июли соли 2006 бо ҳузури руасои ҷумҳури ду кишвар ифтитоҳ шуда буд. Ва дар се соли пеш ифтитоҳи ин тунел ончунон шӯру шавқи хосе дар миёни мардуми тоҷик эҷод кард, ки рӯзи ифтитоҳи он ба наҳве бо Рӯзи миллии Тоҷикистон қобили муқоиса арзёбӣ мешуд. Дар маросими ифтитоҳи ин тунел раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни қадрдонӣ аз кӯмаки бародаронаи Ирон дар ин замина, сохти ин тунелро орзуи ҳазорсолаи миллати тоҷик унвон кард.

Дар маросими ифтитоҳи «Истиқлол» раиси ҷумҳури Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод бо баёни онки пешрафти Тоҷикистон пешрафти Ирон аст, эълом намуд: Иҷрои ин тарҳи бузург ба дасти тавонои муҳандисони иронӣ ва ҳамкории давлат ва мардуми Тоҷикистон баёнгари азми ду кишвар барои даст задан ба иқдомоти бузургтар дар роҳи созандагӣ, тавсеъа ва пешрафти Ирон ва Тоҷикистон дар ояндаи наздик аст.

Аҳмадинажод бо ишора ба сахтии кор ва азамати пружаи «Истиқлол» онро пружаи қарн хонд.

Масъуд Собиров – устоди Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо хабарнигори «Форс» нақши пружаи тунели «Истиқлол» дар муаррифии тавонмандиҳои Ирон дар се соли пешро фавқулъода мусбат арзёбӣ кард ва гуфт: Дар ҳақиқат иҷрои ин пружа бо шароити сахт ва дар замони нисбатан кутоҳ мазҳари қудрати текнулужии Ирон буд.

Вай зимни ёдоварии ахбор ва матолиби расонаҳои дохилии Тоҷикистон ва ҳамчунин минтақа мабнӣ бар ин ки Теҳрон бо иҷрои ин пружа зарфияти фанноварии худро ба намоиш гузошт, гуфт: Ирон бо пружаи «Истиқлол» собит кард, ки дар заминаи эҳдоси зерсохтҳои мухталиф аз тарафҳои асосӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Қиёмиддин Сатторӣ коршиноси тоҷик бо ёдоварии фазои се соли пеш дар Тоҷикистон гуфт: Пеш аз сохти тунели «Истиқлол» ба далели вуҷуди гарданаи мушкилгузари «Анзоб» ва барфгир будани ин минтақа миёни шимол ва ҷануби Тоҷикистон иртиботи мустақими заминӣ вуҷуд надошт.

Вай афзуд: Дар паи фурӯпошии шӯравӣ рафту омади мардум аз тариқи хоки Узбакистон бо мушкилоти фаровон ҳамроҳ буд ва дар чунин шароите Ирон иқдом ба эҳдоси ин пружаи муҳимро кард ва бо пайванд додани шимолу ҷануб истиқлоли миллии Тоҷикистонро амалан такмил намуд.

Ин коршиноси тоҷик таъкид кард: Мардуми Тоҷикистон интизор доштанд, ки бо ифтитоҳи ин тунел иртиботи шимолу ҷануби кишвар ба сурати чаҳорфасл барқарор мешавад. Аммо ин тавр нашуд ва таи се соли гузашта мардум борҳо шоҳиди баста шудани чандҳафтаӣ то чандмоҳии ин тунел буданд ва баночор аз гарданаи мушкилгузар рафтуомад карданд, ки ҳаводис ва қурбониҳои мутаъаддидеро ба ҳамроҳ доштааст.

Масъуд Собиров низ бо ҳассос донистани ин мавзӯъ, изҳор дошт: Ин тунелро дар Тоҷикистон ба Ирон марбут медонанд ва мардум ба масоиле аз қабили таносуби саҳҳоми Ирон ва Тоҷикистон ва чанду чуни мабоҳиси молии миёни тарафайн коре надоранд. Дар зеҳни мардум танҳо ин нукта нақш бастааст, ки ин тунелро Ирон сохтааст, пас ҳам муваффақият ва ҳам нақоисашро ба номи Ирон мешиносанд.

Ин устоди донишгоҳи Тоҷикистон афзуд: Бо оғози бозсозии ҷодаи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанак тавассути Чин, ки тунели «Истиқлол» низ дар масири он қарор дорад, вазъият бисёр тағйир кардааст ва афкори умумии мардуми кишвар таҳти таъсири иқдомоти муҳандисии чинӣ қарор гирифтааст.

Вай афзуд: Чиниҳо бо суръати зиёде барномаҳои худро дунбол мекунанд ва мардум низ аз кайфияти кори онҳо розӣ ҳастанд.

Собиров ҳамчунин аз роҳандозии тунели «Шар-шар» ёд кард ва кори таҳвилдодаи чиниҳоро дар сатҳи стандартҳои урупоӣ донист. Вай гуфт: Мардум ҳамарӯза дар ин масирҳо тараддуд мекунанд ва ба сурати табиъӣ шароити тунели «Шар-шар» ва ҳамчунин тунели «Шаҳристон»-ро, ки ба дасти чиниҳо дар ҳоли сохт аст, бо тунели «Истиқлол» муқоиса мекунанд ва ба натиҷае мерасанд, ки албатта ба нафъи Ирон нест. Қиёмиддин Сатторӣ низ бо таъйиди ин воқеият дар ҷомеаи Тоҷикистон, ёдовар шуд: Афкори умумӣ ба муқоисаи вазъи тунели «Истиқлол» бо тунелҳои эҳдосшуда ва ё дар ҳоли сохти чиниҳо мепардозад ва гоҳе шунида мешавад, ки мардум мугӯянд: Кош Душанбе пружаи тунели «Истиқлол»-ро ба Чин вогузор мекард. Яъне мавзӯъе, ки замоне нуқтаи қуввати Ирон шинохта мешуд акнун, баръакс, ба нуқтаи заъфи Ирон табдил шудааст ва танҳо бо итмоми корҳои мондаи тунел метавон муваффақ ба тағйири афкори умумӣ шуд.

Қоиммақоми вазорати нируи Ирон дар посух ба суоли хабарнигори «Форс» дар мавриди далоили пеш омадани ин вазъият гуфт: Дар қарордоди давлати Тоҷикистон бо ширкати иронии «Собир» системҳои рушноӣ, оташнишонӣ ва таҳвия пешбинӣ нашуда буд, аммо акнун дӯстони тоҷик эҳсос мекунанд, ки ниёз ба ин системҳо вуҷуд дорад. Ба дастури раиси ҷумҳури Ирон ба ин манзур 6 миллион доллар ихтисос ёфтааст ва тарафи иронӣ омодаи ниҳоӣ кардани пружа аст, аммо лозим аст дар мавриди шароити молии ин баҳс ба тавофуқ бирасем ва агар ба тавофуқ нарасем, табиъист, ки ин кор ҷузъи масъулияти ширкатҳои иронӣ нест.

Аммо вазорати ҳамлу нақли (нақлиёт ва комуникатсия) Тоҷикистон бо назари тарафи иронӣ мабнӣ бар ин ки Теҳрон ҳанӯз дар соли 2006 бо ифтитоҳи тарҳ вазифаи худро ба анҷом расонидааст, розӣ нест. Муовини ин вазорат дар сӯҳбат бо «Форс» гуфт, ки тарафи иронӣ на танҳо дар се соли пеш, балки то кунун низ бархе аз таъаҳҳудоти пешбинишуда дар қарордодро ба таври комил анҷом надодааст ва ин ҷои баҳс надорад. Ин мақоми тоҷик мушкили аслиро ба мавзӯъи таъмини молии пружа марбут донист ва ибрози итминон кард, ки дар сурати вуҷуди сармоя ва ба тавофуқ расидани тарафайн қудрати технологии Ирон имкон медиҳад, то умури такмилӣ дар замони кутоҳ ва бо кайфияти муносиб иҷро гардад.

Тибқи иттилоъи дафтари хабаргузории «Форс» дар Душанбе ҳайати иронӣ зимни музокира бо тарафҳои тоҷик барои ҳаллу фасли масоили марбут ба истифода аз 6 миллион доллари ихтисосёфта ҷиҳати такмили умури сохти «Истиқлол» пешниҳодотеро ироа карда ва интизори посухи мусбати Душанбе қабл аз бозгашт ба Теҳронро дошт, аммо мақомоти тоҷик эълом карданд, ки ин пешниҳодот ниёз ба баррасиҳои бештарро дорад.

Як масъули Бонки миллии Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо «Форс» таъкид кард: Бадеҳкории хориҷӣ ва таъаҳҳудоти Тоҷикистон дар баробари Сандуқи байналмиллалии пул дарёфти вомҳои ҷадидро танҳо бо шароити пешниҳодии ин сандуқ имконпазир сохтааст, ки ин амр монеъи дастёбии сареъи тарафайни тоҷику иронӣ дар мавриди сармоягузории нави Теҳрон рӯи пружаи «Истиқлол» шудааст.

Дар ин миён се моҳ аст, ки тунели «Истиқлол» ба далели идомаи умури такмилӣ бори дигар масдуд шуда ва мардуми тоҷик ин интизорро доранд, ки дар ояндаи наздик шоҳиди ниҳоӣ шудани ин пружа хоҳанд буд. Вале рафтуомадҳо ва музокироти ҳайатҳои ду тараф то кунун натавонистааст ба натоиҷи мушаххас бирасад.

Ин дар ҳолест, ки чиниҳо дар ду тарафи тунели «Истиқлол» бо галерея ва тунелсозӣ машғул буда, бо пешрафтҳои рӯзафзуни худ дар ин замина нақш ва аҳамияти пружаи «Истиқлол»-ро камрангтар сохтаанд.

Масъуд Собиров устоди донишгоҳ дар Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти мавзӯъ дар ин кишвар гуфт: Ирон набояд ба «Истиқлол» сирфан ба унвони як пружаи иқтисодӣ бингарад, зеро ки баҳс аз он фаротар рафтааст ва ин мавзӯъро дар миёни давоири сиёсӣ ва коршиносӣ ба наҳве бо масъалаи ҷойгоҳи геополитикии Ирон дар Тоҷикистон ва минтақа иртибот додааст.

Воқеият доштани ин мавзӯъ бо далоили фаровоне дар Тоҷикистон собит шудааст, ки ба унвони мисол ба танз кашида шудани баҳси тунели «Истиқлол» на танҳо дар миёни мардуми Тоҷикистон, балки сафаҳоти бархе аз расонаҳои ин кишвар низ ба чашм мехурад.

Ҳафтаномаи «Миллат» чопи Душанбе, ки яке аз расонаҳои мӯътабар ва мавриди таваҷҷуҳи нухбагони фикрӣ ва рушанфикрони тоҷик аст, дар охирин шумораи худ дар сафҳаи «Табассуми Миллат» бо титри «Нома ба Амрико» ба танз навишт: Амрико метавонад нигарони сохти силоҳи ҳастаии Ирон набошад, зеро дар 20 соли оянда чунин амре ҳаргиз таҳаққуқ пайдо нахоҳад кард, чунки бародарони иронии мо чанд соли пеш вориди тунели «Истиқлол» шуда ва ҳанӯз берун наомадаанд...


Фишурда аз Хабаргузории «Форс»
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97