ЗАМИН БА ДЕҲҚОНОН! Ё ордфурӯшҳо хешони кистанд?! Ва ё ниёз ба як инқилоби маданӣ

Сиёсат 16.11.2009 14:57

БО ҚАНД ГУФТАН ДАҲОН ШИРИН НАМЕШАВАД

Дар асоси омори Вазорати кишоварзии кишвар соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва деҳқонони инфиродӣ як миллиону 97 ҳазор тонна гандум истеҳсол кардаанд, ки чунин комёбиро Тоҷикистон ҳеҷ гоҳе ба даст наоварда буд. Кишти гандум дар 332 ҳазор га. замини обӣ ва 230 ҳазор га. замини лалмӣ сурат гирифтааст. Тибқи иттилои Саидмурод Баҳриддинов, раиси бахши зироаткории Вазорати кишоварзӣ аҳолии Тоҷикистон ба 1 миллиону 250 ҳазор тонна гандум ниёз доранд.

Дар сурати истеҳсоли ин миқдор гандум зарурати харидории он аз хориҷи кишвар боқӣ намемонад. Ба гуфтаи коршиносон истеҳсоли ин миқдор гандум имконият фароҳам меоварад, ки Тоҷикистон дар таъмини аҳолӣ бо орд мустақилияти комилеро ба даст биорад.

Ин муждаи нек аст, вале бо қанд гуфтан даҳон ширин намешавад. Истеҳсоли ғалла агар аз арқоми зикр гардида ду баробар зиёд шавад ҳам, нархи орд дар бозорҳои кишвар ҳеҷ гоҳе поин нахоҳад омад. Тоҷикистон дар саросари дунё ягона кишварест, ки ҳеҷ як қонуну талаботи бозору бозоргониро риоя намекунад. Шеваву тарзи кори бозаргонони мо, вазорату раёсатҳои марбута ва ашхоси масъули ҳукумат, ки дар танзими нарх дар бозорҳои кишвар масъуланд, солҳост аз чаҳорчӯбаи қонунҳои тиҷоратии дунявӣ берун баромада, манофеи шахсӣ болотар аз манофеи мардуму давлат қарор гирифтааст ва таъмини амнияти арзоқа (шакли дурусти озуқа) дар кишвар, ки як рукни асосии барномаи Президенти кишвар маҳсуб меёбад, зери хатар мондааст. Адами мавҷудияти рақобати солим дар бозорҳои кишвар, ки он ҳам бо гуноҳи гурӯҳи муташаккили бозоргонон ва ширкатҳои воридкунандаи орду ғалла сурат мегирад, шароит фароҳам овардааст, ки нархи маводи аввалияи ғизоӣ дар бозорҳо бо суръати кайҳонӣ боло равад.

ЯККАТОЗӢ. ХЕШОНИ КӢ ОРД МЕОРАНД?

Дар ворид намудани маводҳои ғизоӣ, аз ҷумлаи орд, гандум ва шакар ширкатҳои «Захира», «Саманд» ва «Нури Дилшод» чандин солҳост, ки фаъолият доранд. Зимнан, ширкати «Захира» ҳамон оҷонси ғаллаи собиқ аст, ки аз пардохти молиёту андоз озод аст ва ба гуфти коршиносон захираи ғаллаи давлатро, ки дар сол то 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, маҳз ҳамин ширкат харидорӣ ва ба кишвар ворид мекунад.

Ширкати «Сахӣ» низ дар ворид намудани орд ба кишвар саҳми босазоеро ишғол менамояд ва яке аз ширкатҳои бузургест, ки дар байни дигар ширкатҳо аз ҳайсият ва обрӯи бузург бархурдор аст. Ба қавли иддае аз тоҷирони шинохта ширкати мазкур пуштибони қавие дорад, ки ҳар лаҳза омода аст ба кӯмакаш биштобад ва аз ҳама гуна «балову офатҳо» ҳифозаташ намояд. Ширкати мазкур мутааллиқ ба наздикони Муродалӣ Алимардон, собиқ раиси бонки миллӣ, ҳоло муовини нахуствазири Тоҷикистон мебошад, ки ӯро пуштибон ва сармоягузори ин ширкат медонанд.

МАМНӮЪ: БАРОИ «БЕГОНАГОН»!

Ҳамин тариқ дилхоҳ ширкатҳои воридкунандаи маводи ғизоии кишварро агар дақиқан биомӯзем, ба хубӣ равшан мегардад, ки ин ширкатҳо бозорҳои кишварро комилан тасарруф намуда, ба «бегонагон» иҷозаи ворид кардани маводи ғизоиро намедиҳанд ва ин тиҷорати манфиъатоварро байни худ тақсим кардаву ба яккатозӣ машғуланд.

Сабаби болоравии нархи маводи ғизоӣ, махсусан орду гандум пеш аз ҳама дар он аст, ки ширкатҳои воридкунандаи орд рақиби мушаххас надоранд ва дар бозорҳои кишвар тавре, ки дилашон мехоҳад, нархҳоро болову поин мебардоранд. То имрӯз касе дар ворид намудани орд монеъи онҳо нагардидааст ва шояд ин амал ҳеҷ гоҳе аз тарафи тоҷирони «тасодуфӣ» сурат нагирад. Вақте ки сухан дар бораи даромадҳои бузург меравад ва манфиъати яккатозони бозори дохилӣ ҳимоят мегардад, ба ҳеҷ ваҷҳе тоҷири боинсофе дар ин миён дохил шуда наметавонад. Агар фарз кардем бозаргоне бихоҳад ба ворид кардани орду гандум аз хориҷи кишвар машғул шавад, шояд дар аввалин ҳафтаи тиҷорат ва ворид шудан ба бозори дохилӣ ба шикасти калоне мувоҷҷеҳ гардад. Мо инро дар таҷруббаи на чандон калони тиҷоратии худ дидаем ва аз бахилии тоҷирони баднафс, ки мақсадашон яккатозӣ дар ворид намудани колоҳҳои мушаххас аст, зарарҳои калони моливу равонӣ дидаем. Ба истилоҳ тамоми соҳоти тиҷоратии Тоҷикистон ба гурӯҳҳо тақсим шудааст ва ширкатҳову ашхоси мушаххас дар ин самту соҳаҳо ба бозаргонӣ машғуланд.

ГУНАҲКОРОНИ НАРХҲОИ ДАНДОНШИКАН

Қонуни бозор нозукиҳои зиёде дорад ва ин қавоид агар муроот нагардад, рақобати носолим ва инҳисор аз тарафи гурӯҳе аз ширкатҳо ва тоҷирон боиси болоравии нарх дар бозор мегардад. Тибқи иттилои коршиносон ҳамин рақобати носолим аст, ки саҳми бозори сиёҳ дар ҳоли ҳозир 60 дарсади иқтисоди кишварро ташкил намудааст. Тавсеаи рақобати носолим ва инҳисор барои ширкатҳои яккатоз хеле муфиду фоидаовар аст. Онҳо бо ин васила нархро дар тамоми бозорҳои кишвар муайян намуда, назорати онро таҳти контроли худ қарор медиҳанд.

ОСИЁБИ ГАРДОНИ ЧИНӢ

Рақобати носолими бозоргонӣ пеш аз ҳама мушкилоти сангинеро ба сари мардум бор мекунад. Имрӯз нархи як халта орди «Шамалған»-и Қазоқистон дар бозорҳои кишвар аз 103 то 110 сомонӣ муайян гардидааст. Харидории орд бо ин нархро киссаи мардуми оддӣ бардошт карда наметавонад. Гузашта аз ин дар бисёр мавридҳо мардум дар харидории орди қазоқӣ дучори иштибоҳ мешаванд ва ба ивази он орди истеҳсоли ватаниро бо тамғаи қалбакии фирмаи «Шамалған» бо нархи гарон харидорӣ мекунанд. Раиси бахши зироаткории Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов низ ин далелро дар мусоҳибаҳояш рад намекунад. Ба гуфтаи мавсуф, 50 фисади орди бозорҳои дохили кишвар аз гандуми худӣ дар осиёбҳои сохти чинӣ орд карда шуда, ба мардум фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки тоҷири баднафс агар киллои гандумро аз деҳқон бо нархи 85 дирамӣ харидорӣ намояд, бо тамоми масорифи кардааш ва бо дарназардошти манфиаташ набояд як халта орд аз 65-70 сомонӣ боло равад.

ТАҶРИБАИ ДАШТҲОИ ДАНҒАРА

Турақул Махсумов, ки дар тиҷорат хеле моҳиру соҳиби таҷруббаи калон шудааст, як сол қабл дар даштҳои Данғара замин гирифта, гандум кишт намуда буд. Мавсуф бо риояи тамоми қавоиди агротехникӣ тавонист аз заминҳои лалмии ин даштҳо ҳосили хубе ба даст биёрад. Ба гуфтаи ӯ, як кило гандум бо дарназардошти тамоми масорифи анҷом дода шуда аз 45-50 дирам боло намеравад. Мутаассифона, ашхоси бо ном деҳқон, ки солҳост заминҳоро ғасб кардаанд, ба ҳеҷ ваҷҳе розӣ намешаванд, ки бо ин нарх гандумашон ба фурӯш биравад. Онҳо мехоҳанд, ки яку якбора панҷ панҷаро дар даҳон бигзоранд. Болоравии нархҳо ҳам ба фаъолияти ҳамин гурӯҳҳо вобастагии калон дорад. Ба ҳеҷ ваҷҳ онҳо намехоҳанд, ки нархи гандум поин биёяд. Бо ин сабабҳо дар солҳои наздик ва аз ин ба баъд арзоншавии нархи орду гандумро мунтазир шудан нашояд.

МАСЪУЛИН НАМЕХОҲАНД ҒАМИ МАРДУМРО БИХӮРАНД

Роҳи арзон кардани нархи орду гандум вуҷуд дорад, вале ин корро амдан масъулин амалӣ намекунанд. Агар Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисоду саноат ва Ҷамъияти матлуботи ҷумҳурӣ барномаи мушаххасе тартиб дода, дар мавсими кишти зироатҳои ғаллагӣ муштаракан саҳм бигиранд ва дар бозорҳои кишвар маҳсулоти худро бифурӯшанд, онгоҳ гурӯҳҳое, ки бозорро таҳти назорат қарор додаанд, маҷбур мешаванд барои ба фурӯш рафтани маҳсулоташон нархҳоро бо нархи бозор мутобиқ намоянд. Онҳо хуб медонанд, вақте дар бозорҳои хӯрока рақобат вуҷуд надорад, ба ҳар нархе, ки хоҳанд орду гандумашонро мефурӯшанд.

«ПОМЕЩИК»-ҲОИ МАНСАБДОР

Таассуфовар ин аст, ки ашхоси баландмартаба аксари заминҳои киштро ишғол намудаанд, вале ин заминҳо бештар ба ҳайси чарогоҳ истифода мешаванд. Молиёти заминҳои лалмӣ пули сиёҳест ва пардохтанаш барои заминдор мушкилотеро эҷод намекунад. Роҳи ҳалли масъала ин аст, ки як комиссиюни босалоҳияти муштарак аз ҷумлаи қудратҳои давлативу мардум таъсис ёбад ва масъалаи тақсимоти замин дар саросари ҷумҳурӣ аз нав дида шавад. Замин аз дасти заминдорони ҷаълӣ гирифта шуда, ба соҳиби аслиаш-деҳқон дода шавад. Шояд дар ин сурат вазъи нарху наво дар кишвар мӯтадил гардад. Роҳи дигари масъала ин аст, ки ҳукумат тамоми умури заминдоронро шадидан таҳти назорат қарор диҳад. Техника ва васоили техникиро аз ҳисоби маблағҳои буҷа ва ё грантҳое, ки ба хотири рушди соҳаи кишоварзӣ ихтисос мегарданд, харидорӣ намояд. Чун солҳои замони шӯравӣ МТС-ҳои бузурге ташкил намояд ва тамоми соҳоти кишоварзиро бо техникаи зарурӣ таъмин намояд.

«МӮЗАДӮЗИ БЕМӮЗА» МОЕМ

Сармутахассиси бахши техникии «Тоҷикагролизинг» Муҳаммадсодиқ Абдуғаниев мегӯяд: - Бо дарназардошти талаботи имрӯза барои тамоми Тоҷикистон беш аз 30510 адад трактор, 3474 адад комбайнҳои ғалладарав, 2081 адад мошинҳои пахтачин ва ба ин техникаҳо таҷҳизоти лозимӣ, ки маблағи умумии харидории онҳо 740 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, зарур аст. Дар ҳоли ҳозир 10089 адад трактор, 359 адад комбайни ғалладарав, 409 адад мошинҳои пахтачинӣ фаъол ҳастанд, ки ин барои коркарди замин ва баланд бардоштани соҳаи кишоварзӣ кофӣ нест. Тоҷикистон, ки кишвари аграрист, бояд ба ин соҳаи басо муҳим таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир намояд. Дар шароити имрӯза «Тоҷикагролизинг» ягона корхонаи давлатист, ки метавонад тамоми хоҷагиҳои деҳқонии кишвар ва ашхоси инфиродиву ҳуқуқиро бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ таъмин намояд. Корхонаи мазкур имкон медиҳад, ки деҳқон маблағи техникаро дар давоми се сол пардохт намояд ва ин як кӯмаки хубе барои заминдору деҳқон аст, ки ҳам дар як муддати кӯтоҳ соҳиби техника ва таҷҳизот мегардад ва ҳам аз замин самаранок истифода менамояд. Ногуфта намонад, ки «Тоҷикагролизинг» ҳамон кореро, ки дар замони шӯравӣ анҷом дода мешуд, имрӯз анҷом медиҳад ва дар шаҳру навоҳии кишвар ҳамакнун 24 адад Марказҳои хизматрасонии техникӣ таъсис додааст ва талаботи мардум барои дарёфти техника ва таҷҳизот аз ин Корхона хеле зиёд аст. Мутаассифона Корхона имконияти бароварда сохтани талаботи деҳқононро надорад, зеро барои харидории техника ва таҷҳизот маблағи лозимӣ ҷудо карда намешавад.

ВАҚТЕ ЗАМИН СОҲИБАШРО ПАЙДО КАРД…

Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки агар Марказҳои хизматрасонии техникӣ (МТС-ҳо) ба фаъолияти мусаммар пардозанд, ягона муассисае хоҳад буд, ки ҳам ба сектори хусусӣ ва ҳам ба заминдорони калон рақиби асосӣ шуда метавонад. Барои ин корро ташкил кардан маблағҳои калоне лозим аст. Корхона имрӯз даст болои даст нагузошта, барои дарёфти маблағ бо ташкилотҳои хориҷӣ гуфтушунидҳоеро анҷом додааст ва дар ин замина лоиҳаҳоеро ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва муҷҷаҳаз сохтани сектори кишоварзӣ бо техникаву таҷҳизот ба онҳо пешниҳод намудааст.

Аз ҷумла бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардори намояндагии Агентии Байналмилалии Ҳамкориҳои давлати Ҷопон «JICA» дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуда, лоиҳаро ба маблағи 5 миллион доллари амрикоӣ гранти бебозгашт оиди таъсиси Марказҳои хизматрасонии техникӣ, расонидани кӯмакҳои амалӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ) камбизоат ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ омода намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Идораи амволи давлатӣ супурд, ки онҳо лоиҳаи мазкурро дастгирӣ намуданд. Корхона ҳамчунин, гуфтушунидҳоро бо «Эксимбонк»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати ҷудо намудани 8 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ба мӯҳлати то 15 сол идома дода истодааст, ки бо ин миқдор маблағ КВДҶ «Тоҷикагролизинг» метавонад техника ва таҷҳизотҳои лозимии кишоварзиро аз дохил ва хориҷи кишвар дастрас намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор диҳад. Ҷониби давлати Чин дар ин замина номгӯи техникаҳо ва таҷҳизотҳои кишоварзиро аз мо дархост намудааст. Гуфтушунид бо Намояндагии бонки Таҷдид ва Рушди Урупоӣ дар Тоҷикистон дар мавриди ихтисос додани 2 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ба мӯҳлати се сол идома дорад. Дар сурати амалӣ гардидани нақшаҳо ва таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техника ва таҷҳизот замин соҳибони худро пайдо мекунад ва маҳсулоти кишоварзӣ фаровон гардида, нарху наво арзон хоҳад шуд. Тасаввур кунед, ҳоло дар Тоҷикистон 697827 гектар замин кишт мавҷуд аст, ки 415000 гектараш зироатҳои донагӣ кишт карда мешавад. Агар дар ин миқдор замин дувумбора кишти такрорӣ гузаронида шавад, тасаввур кунед, ки масъалаи арзоқа дар Тоҷикистон ба пуррагӣ ҳал мегардад. мегӯяд М. Абдуғаниев.

ИНҚИЛОБИ МАДАНӢ; ДОДАНИ ҲАҚҚИ ДЕҲҚОН

Назари мутахассисон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, ба таври мусаммар истифода бурдани замин, баланд бардоштани соҳаи кишоварзӣ ва поин овардани нархи орду гандум ва дигар зироатҳои донагии мухталиф аст. Ҳадафи асосии онҳо заминро ба деҳқон додан аст ва танҳо ҳамин деҳқон аст, ки метавонад соҳиби аслии замин бошад. Аз ин рӯ масъулинеро, ки дар бахши соҳаи кишоварзӣ машғуланд, зарур аст, ки ҳади аққал матолиберо оид ба Инқилоби мадании Ҷумҳурии мардумии Ҷин мутолиа намоянд. Нуктаи асосӣ дар ин матолиб он аст, ки ҳукумати Чин заминро танҳо ба деҳқонон дода, онҳоро бо техникаву таҷҳизот пурра таъмин намудааст. Маҳсулоти истеҳсол гардидаро деҳқонон бо нархи озод ба ҳукумат мефурӯшанд ва ҳукумат ба ин васила тавонистааст нарху навои бозорро пурра таҳти назорат қарор диҳад.


Ибодуллоҳи ОҚИЛПУР
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97