Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон дар бораи дар қаламрави кишвар мондан ва ё намондани пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бетараф буда наметавонам. Дар ҳақиқат дар сиёсати берунаи Тоҷикистон Русия нақши аввалро мебозад. Агар дар солҳои охир таҳаввулоте дар мавзеъгирии онҳо ба чашм мерасад, ин ба манфиати дипломатияи тоҷик аст. Аммо Русия нисбат ба Тоҷикистон тайи солҳои охир сиёсати дурустеро пеша накардааст. Ҳузури пойгоҳи низомии 201-ум ба сиёсати имрӯзаи тоҷик таъсири амиқ гузоштааст.
Пойгоҳи низомии як давлат дар давлати дигар метавонад, истиқлоли сиёсии ин давлатро зери шубҳа қарор бидиҳад. Ба хотир меоварем, вазъияти қарибулвуқӯи Тавилдараро, ки дар он аз рӯи маълумоти мақомоти қудратии Тоҷикистон шаҳрвандони Русия низ даст доштанд. Аз сӯи дигар ҳангоме, ки марзҳои Тоҷикистонро марзбонони рус зери ҳимоят қарор доштанд, нооромиҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бештар ба чашм мерасиданд;- ба мисли марзшиканӣ, таркиш, қочоқи маводи мухаддир, тирпарронӣ ва ҳатто куштор. Дар чунин ҳолат гоҳҳо вазъи фавқуллода (чрезвичайное положение) эълон мекарданд. Дар асл, вазъият дар марз дар бештари маворид ором буд. Аммо онҳо ба нишон додани вазъи ноором дар марз манфиатдор буданд. Ин нооромиҳои сохтакорона ба манфиати марзбонони Русия буд. Дар чунин ҳолат маоши афсарону хизматчиён боло мерафт. Ин ҳам дар ҳолест, ки 75 дар сади маош аз буҷаи Тоҷикистон пардохт мешуд. Аз сӯи дигар марзбонони рус ҳушдор медоданд, ки бе кӯмаки онҳо тоҷикон худро аз терористону фундаменталистҳо дар марз наҷот дода наметавонанд.
Ҳангоми тарки марз техникаву лавозимоти ҳарбиро бо худ бурданд, ҳазорҳо техника ва лавозимоти дигари заруриро бурида, қисмеро бо танкҳо пахш карда, ба дарё партофтанд. Дар ҳоле ки онҳо қобили истифода буда, марзбонони тоҷик ба онҳо ниёз доштанд.
Дар қуллаи ағбаи Хобу Руботи ноҳияи Дарвоз локаторҳои марзбонон аз замони Шӯравӣ гузошта шуда буд, ки мавқеъи муҳими стратегӣ дошта, фазои наздимарзиро назора ва ҳимоят мекард. Аммо ин локаторҳо низ насиби марзбонони мо нашуда, онҳоро қисм-қисм ҷудо намуда, бо худ бурданд. Аммо мутаассифона, бародарон фаромӯш карданд, ки Тоҷикистон ҳам як қисми «ҷудонашавандаи» Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва ин техникаву лавозимоти ҷангии мерос аз он давра моли Тоҷикистон низ буд. Аммо ҳатто ҳамин техникаву лавозимоти куҳнашударо низ лоиқи мо надонистанд. Марзбонони рус ҳамчунин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ худсарона маводҳои тарканда ва минаҳои зиёдеро дар ҷамоати деҳоти Сағирдашту деҳоти Ширговаду Курговади Дарвоз ва Язгуломи ноҳияи Ванҷ дар маҳаллоти аҳолинишин боқӣ гузоштанд. Онҳо бояд пеш аз тарк намудани марз минрӯбӣ мекарданд , аммо ин тавр нашуд. Дар натиҷа на танҳо чорво, балки одамони зиёде ба ин минаҳо бархӯрда, маҷрӯҳ ва ё ҳалок шуданд.
Ҳангоме ки марзбонони тоҷик ҳимояти марзро бар дӯш гирифтанд, нооромиҳо бартараф шуданд. Қисми марзбонии Хоруғ ва дидбонгоҳҳои марзӣ дар Бадахшон ба хубӣ аз ҳимояти марзи Ман шахсан муқобили ҳамкорӣ бо Русия нестам, аммо чунин мешуморам, ки вобаста ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳаққи иҷора бояд пардохт шавад. Аммо талаби ҳаққи иҷора набояд бародарони руси моро ба таҳлука биёрад.
Тасмим оид ба мондан ва ё намондани ин пойгоҳ салоҳияти ҳукумати ҷумҳурӣ аст. Лекин набояд фаромӯш кард, ки ин пойгоҳ дар ҷанги шаҳрвандӣ даст дошт ва вазъи сангини моро боз ҳам сангинтар карда буд. Зеро тарс аз ба сари қудрат омадани рӯшанфикрони миллат низомиёнро ба чунин амал водор кард.
Имрӯз ҷумҳурии моро ягон хатаре таҳдид намекунад. Мо дорои артиши миллӣ ҳастем, ки қодир ҳаст аз марзу бум дифоъ кунад. Аз ин рӯ мавзеъгирии ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди талаби ҳаққи қонунии иҷора амри табиӣ ва қобили қабул ҳаст. Ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод ва нагузорем, ки ҳаводиси гузашта дигарбора дар кишвар такрор шавад.
Рустам Содиқов