КӢ АФВ МЕШАВАД? Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи афв

Сиёсат 11.11.2009 18:02

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати понздаҳсолагии рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли бузургдошти Имоми Аъзам баҳри амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул мекунад. Моддаи 1. Маҳкумшудагони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, озод карда шаванд.

Моддаи 2. Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои дигар ҷазоҳои ҷиноятии таъиншуда, маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:

а) занҳо;

б) шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд;

в) мардони аз синни 55-сола боло;

г) маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои сил;

д) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд;

е) шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, РСС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд;

ё) шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизматро тарк кардаанд, аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат бо роҳи худсарона баромада рафтан фирор кардаанд ё шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар саркашӣ кардаанд;

ж) шаҳрвандони хориҷӣ.

Моддаи 3. Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъиншуда аз адои ҷазо озод карда шаванд.

Моддаи 4. Маҳкумшудагоне, ки ба онҳо барои бори аввал қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ва дигар ҷазоҳои ҷиноятӣ таъин карда шудаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд.

Моддаи 5. Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо озод карда шаванд:

а) агар нисбат ба онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад;

б) агар нисбат ба онҳо ҷазои ҷиноятӣ шартан татбиқ накарда шуда бошад;

в) агар онҳо шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шуда бошанд ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳи сукунат адо карда истода бошанд;

г) агар онҳо шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод шуда бошанд.

Моддаи 6. Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд:

а) оид ба ҷиноятҳое, ки то эътибори қонунӣ пайдо кардани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 2 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд;

б) нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд;

в) нисбати шахсоне, ки бори аввал қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд.

Моддаи 7. Мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагони зерин, ки таҳти амали моддаҳои 1, 2 ва 4 Қонуни мазкур қарор намегиранд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки дар моддаҳои 8 ва 17 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, кам карда шавад:

а) ҷазои маҳкумшудагоне, ки аз рӯи ҷазои ҷиноятии қаблан таъиншуда доғи судиашон барҳам нахӯрдааст ё бардошта нашудааст ва боз барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз ду як ҳисса;

б) ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз се як ҳисса;

в) ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз чор як ҳисса.

Моддаи 8. Муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур нисбат ба маҳкумшудагони зерин татбиқ карда нашаванд:

а) маҳкумшудагоне, ки бо моддаҳои 61-70, 74, 104-105 (ба истиснои суиқасд ба ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 ва 105) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири соли 1961 маҳкум шудаанд (ба истиснои занон);

б) маҳкумшудагоне, ки бо моддаҳои 104 (ба истиснои суиқасд ба ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104), 1301, 179, 186, 187, 188, 189, 196 қисмҳои 2 ва 3, 199, 237 қисмҳои 2 ва 3, 245 қисми 4 (агар зарари расонидашуда пурра ҷуброн карда нашуда бошад), 247 қисми 4 (ба истиснои ҳолатҳое, ки зарари расонидашуда аз панҷ ҳазор сомонӣ зиёд набошад), 249 қисми 4, 262, 305-310, 313, 319 қисми 4, 331, 332, 3351 қисми 2, 365, 395- 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири соли 1998 маҳкум шудаанд (ба истиснои занон);

в) маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд;

г) маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;

д) шахсоне, ки пештар тариқи бахшиши ҷазо ё бо татбиқи қонунҳои авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазои ҷиноятӣ озод карда шудаанд ва боз қасдан ҷиноят содир намудаанд, агар мӯҳлати ҷазое, ки аз рӯи он Қонун дар бораи авф ё бахшиши ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад;

е) маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, маҳкум шудаанд;

ё) маҳкумшудагоне, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 80 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз муассисаи ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд.

Моддаи 9. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, ё маҳкум гардидаанд, ба истиснои занон татбиқ карда нашаванд:

а) барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61-70, 74, 75, 76 қисмҳои 3 ва 4, 89 қисми 4, 90 қисми 4, 91, 95 қисми 3, 96, 99 қисми 2, 104-105 (ба истиснои суиқасд ба ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104-105), 111 қисми 2, 121, 1341, 135 қисми 3, 154 қисми 4, 155, 156, 160 қисми 3, 186 қисмҳои 2 ва 3, 187 қисми 2, 1871 қисми 2, 2061, 220 қисми 3, 227 қисми 3, 233 қисми 3, 234 қисмҳои 1 ва 2, 2341, 240 қисми 2, 2401, 241 қисми 3, 249 банди «в», 250 бандҳои «б» ва «в», 252 банди «б», 260, 261 банди «в», 270 банди «в», 276-277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири соли 1961;

б) барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои суиқасд ба ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104), 110 қисмҳои 2 ва 3, 130 қисмҳои 2 ва 3, 1301 қисмҳои 2 ва 3, 131 қисми 3, 132 қисми 3, 135 қисми 3, 137 қисми 2, 138, 139 қисмҳои 2, 3 ва 4, 167 қисмҳои 2 ва 3, 179, 1791, 1792, 1793, 181, 184 қисми 3, 1841 қисмҳои 4 ва 5, 1842 қисмҳои 3 ва 4, 1843 қисмҳои 3 ва 4, 1844, 185, 186, 187, 189, 193 қисмҳои 2, 3 ва 4, 195 қисмҳои 2 ва 3, 196 қисмҳои 2 ва 3, 199, 200 қисмҳои 3 ва 4, 201 қисми 4, 202 қисмҳои 2 ва 3, 2021 қисми 3, 2022 қисми 3, 203 қисми 3, 204 қисмҳои 3 ва 4, 205 қисми 2, 206 қисмҳои 2 ва 3, 237 қисмҳои 2 ва 3, 244 қисми 4, 245 қисмҳои 3 ва 4, 246 қисми 3, 247 қисми 4 (ба истиснои ҳолатҳое, ки зарари расонидашуда аз панҷ ҳазор сомонӣ зиёд набошад), 248 қисмҳои 2,3 ва 4, 249, 250, 252 қисмҳои 2 ва 3, 262, 289 қисмҳои 2,3 ва 4, 305-310, 313, 316 қисми 3, 319 қисмҳои 3 ва 4, 329, 331, 332, 335 қисми 2, 3351 қисми 2, 365, 368 қисми 2, 369 қисмҳои 2 ва 3, 370 қисмҳои 2 ва 3, 382, 383, 384, 385, 386 қисми 4, 391 қисмҳои 3 ва 4, 393, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири соли 1998;

в) маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд;

г) маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;

д) маҳкумшудагоне, ки ҷинояти қасдонаро дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ содир кардаанд;

е) маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивистони махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир кардаанд;

ё) шахсоне, ки пештар тариқи бахшиши ҷазо ё бо татбиқи қонунҳои авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазои ҷиноятӣ озод карда шудаанд ва боз қасдан ҷиноят содир намудаанд, агар мӯҳлати ҷазое, ки аз рӯи он Қонун дар бораи авф ё бахшиши ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад;

ж) маҳкумшудагоне, ки тартиби муқарраргардидаи ҷойҳои адои ҷазои ҷиноятиро ба таври ашаддӣ вайрон кардаанд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки дар бандҳои «а», «в» ва «г»-и моддаи 2 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.

Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонуни мазкур нисбати заноне, ки қасдан ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои суиқасд ба одамкушӣ), 1301, 167 қисми 3, 179, 1791, 1792, 1793, 305-310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири соли 1998-ро содир намудаанд, татбиқ карда намешаванд.

Моддаи 10. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар суд мавриди баррасӣ қарор дорад ё аз ҷониби судҳои Тоҷикистон маҳкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳкум шудаанд ва барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Тоҷикистон оварда шудаанд, паҳн мегардад.

Татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад.

Моддаи 11. Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи мақомот ва муассисаҳои зерин гузошта шавад:

а) мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ:

- нисбати шахсоне, ки мавод ва ё парвандаи ҷиноятии онҳо таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд;

б) судҳо:

- нисбати шахсоне, ки мавод ва ё парвандаи ҷиноятии онҳо дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукми онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардааст;

- нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (масъалаи татбиқи Қонуни мазкур аз рӯи пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда ҳал карда мешавад);

- нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи Қонун дар бораи авфро суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ ҳал мекунад);

- нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (масъалаи татбиқи Қонуни мазкурро суде, ки ҳукм баровардааст, бо пешниҳоди иҷрочии суд ҳал менамояд);

в) муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ва ҳукмҳо нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардаанд;

- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян;

- нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ буда, ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст;

- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;

г) фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ:

- нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки бо нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд.

Моддаи 12. Озод намудани маҳкумшудагон аз ҷазоҳои иловагӣ, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур иҷро нашудаанд, ба зиммаи он мақомот ва муассисае гузошта мешавад, ки масъалаи аз ҷазои асосӣ озод намудани чунин маҳкумшудагон ба салоҳияти онҳо вогузор шудааст.

Моддаи 13. Қарор дар бораи татбиқ кардан ё рад кардан аз татбиқи Қонун дар бораи авф нисбати ҳар як шахс алоҳида қабул карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумотҳои зарурӣ дар бораи маҳкумшуда муҳокимаи масъалаи татбиқи авф тибқи Қонуни мазкур то пайдо намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.

Моддаи 14. Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои интизомии ҳарбӣ, муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун дар бораи авфро бо иҷозати (санксияи) прокурор татбиқ менамоянд. Қонун дар бораи авф аз ҷониби судҳо бо иштироки ҳатмии прокурор татбиқ карда мешавад.

Моддаи 15. Ҳангоми татбиқи Қонуни мазкур ҳолатҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:

а) банди «а» моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати заноне татбиқ мегардад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир кардаанд, ба шарте ки ҷинояти содиркардаашон одамкушӣ моддаи 104 (ба истиснои суиқасд ба одамкушӣ) ва ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 1301, 167 қисми 3, 179, 1791, 1792, 1793, 305-310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири соли 1998 набошад;

б) таҳти амали банди «б» моддаи 2 Қонуни мазкур шахсоне қарор мегиранд, ки то рӯзи содир кардани ҷиноят ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасиданд;

в) таҳти амали банди «в» моддаи 2 Қонуни мазкур мардоне қарор мегиранд, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 55-солагӣ расидаанд;

г) банди «г» моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур маъюби гурӯҳҳои I, II ва III дониста шудаанд, инчунин шахсоне, ки гирифтори бемории сил мебошанд ва дар номгӯи чунин бемориҳо тибқи Замимаи №1 Фармони якҷояи вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №335/89 аз 11 августи соли 2003 то ба қувваи қонунӣ даромадани Қонуни мазкур ба қайд гирифта шудаанд;

д) таҳти амали банди «д» моддаи 2 Қонуни мазкур иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, қарор мегиранд.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо шахсоне шуморида мешаванд, ки дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои маҳалли зисташон ба қайд гирифта шудаанд.

Иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон онҳое шуморида мешаванд, ки дар дафтари махсуси бақайдгирии комиҷроияҳои Советҳои депутатҳои халқии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (ҳоло мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) мувофиқи Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 1993, № 312 номнавис шуда буданд, инчунин кормандони сохторҳои қудратие, ки дар ин муқовиматҳо иштирок кардаанд ва собиқ силоҳбадастони Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик, ки рӯйхати онҳо бо қарори Комиссияи Оштии Миллӣ аз 3 марти соли 1999, №15 тасдиқ карда шудааст, номнавис шудаанд.

Шахсони бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида онҳое дониста мешаванд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ба ин гурӯҳ дохил карда шудаанд.

Моддаи 16. Қонун дар бораи авф нисбати шахсоне, ки дар банди «ё» моддаи 2 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ, суд бе даъват намудани ин гурӯҳи шахсон ва пурсиши онҳо татбиқ карда мешавад.

Моддаи 17. Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо айбдор дониста ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз ин ҷиноятҳо дар бандҳои «а» ва «б» моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шуда бошад, вале мӯҳлати адои ҷазо бо тартиби пешбининамудаи моддаи 7 Қонуни мазкур ва бо назардошти талаботи моддаи 8 Қонуни мазкур кам карда мешавад.

Моддаи 18. Мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур қисми мӯҳлати ҷазои адонагардида, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур боқӣ мондааст, кам карда мешавад.

Нисбати шахсоне, ки пештар мӯҳлати ҷазояшон бо тариқи бахшиши ҷазо ё авф кам карда шуда буд, авф бо назардошти мӯҳлати ҷазои адонагардида татбиқ карда мешавад.

Моддаи 19. Шахсоне, ки нисбати онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад, аз барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.

Моддаи 20. Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешаванд. Маҳкумшудагоне, ки мӯҳлати адои ҷазояшон мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур кам карда мешавад, аз адои ҷазоҳои иловагӣ озод карда намешаванд.

Моддаи 21. Вайронкунандагони тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо, ки банди «ж» моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, маҳкумшудагони зерин дониста мешаванд:

а) маҳкумшудагоне, ки тартиби муқарраргардидаи адои ҷазоро то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ба таври ашаддӣ вайрон кардаанд (қисми 4 моддаи 80 ва моддаи 122 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

б) маҳкумшудагоне, ки дар вақти адо намудани ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ дар маҳалли адои ҷазо қасдан ҷиноят содир кардаанд.

Моддаи 22. Нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, Қонуни мазкур танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин намуд ҷиноятҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд (ба истиснои шахсоне, ки дар банди ё) моддаи 2 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд).

Моддаи 23. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот вазифадоранд:

а) барои расонидани кӯмаки иҷтимоӣ бақайдгирии саривақтии шахсонеро, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шудаанд, таъмин намоянд ва рафтори онҳоро таҳти назорат гиранд;

б) назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони ивазкунандаи онҳо вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои ба мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд;

в) масъалаи ҷойгир кардани беморонро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони яккаю танҳоро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ташкил намоянд.

Моддаи 24. Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар давоми се моҳ таъмин карда шавад.

Агар масъалаи татбиқи Қонуни мазкур пас аз мӯҳлати семоҳаи баъд аз мавриди амал қарор додани он ба миён ояд, Қонуни мазкур мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 11 он иҷро карда мешавад.

Моддаи 25. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот баъди се моҳи мавриди амал қарор дода шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои он ҳисобот пешниҳод намоянд.

Моддаи 25. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2009,

№ 560


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97