РАҲМОН ҶОЙИ ЛЕНИНРО БА ШОҲТЕМУР ДОД

Сиёсат 23.10.2009 18:51

Дар аввали моҳи ҷорӣ дар Бадахшон муҷассамаи Шоҳтемур насб шуд. Раиси ҷумҳури кишварамон ахиран дастур додааст то муҷассамаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар майдони марказии шаҳри Хоруғ, ҷойгузини муҷассамаи Ленин шавад. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маросими таҷлил аз 110-умин солгарди таваллуди Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчунин гуфтааст, ки Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шавад ва дар наздиктарин фурсат оромгоҳи Шоҳтемур дар Русия тармим ва нимпайкарааш дар сари қабраш насб карда шавад.

Шириншоҳ Шоҳтемур дар бораи таъсиси Тоҷикистон ба унвони як ҷумҳурии мустақил дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷ шудани он ба унвони як ҷумҳурии худмухтор аз Узбакистонро дар номае ба Иосиф Сталин навиштааст.

Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсии даврони Шӯравӣ ва нахустин раиси кумитаи марказии ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон буд.

Шириншоҳ Шоҳтемур аз соли 1923 барои як сол дар кобинаи давлати вақти Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистони Шӯравӣ фаъолият дошт. Ӯ дар соли 1929 дар Маскав дар донишгоҳи коммунистии Шарқ таҳсил карда ва баъд аз он ба симмати нахустин котиби масъули ҳизби коммунистиТоҷикистон таъйин шуд. Вай аз соли 1930 то 1932 ба ҳайси котиби дувуми ин ҳизб фаъолият кард.

Аввалин номаи дархостӣ ба Сталин дар бораи ҷудошавии Тоҷикистон аз Узбакистонро Шириншоҳ Шоҳтемур дар соли 1926 фиристод ва сипас сиёсатмадорони дигари тоҷик ба ҷонибдории ӯ ба Маскав номаҳои зиёде фиристоданд. Шириншоҳ Шоҳтемур дар он нома аз азияту озори тоҷикон дар Узбакистони Шӯравӣ мисолҳои зиёд оварда ва пешинҳод кардааст, ки ба ҳамин хотир, Тоҷикистон бояд ба увнони як ҷумҳурии мустақил ба ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ пайвандад.

Шоҳтемур он замон аз хатароти ҷараёни понтуркизм, ки дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Тошканд ривоҷ ёфта буд, нигарон буд.

Шириншоҳ Шоҳтемур дар моҳи июли соли 1937 ба Маскав барои ширкат дар ҷаласа даъват шуда буд ва 18 июл аз толори ҷаласа дар Кремл боздошт ва ҳамон сол чун "душмани халқ" ба қатл расид. Танҳо дар соли 1956 баъд аз марги Сталин, Шириншоҳ Шоҳтемур бегуноҳ эълом шуд.

Дар соли 2006 бар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба Шириншоҳ Шоҳтемур унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" дода шуд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97